Skip to main content

Full text of "Shahnama: Jild e Panjum (Tajik Farsi)"

See other formats


АХТАРОНИ 

АДАБ 



1 


ҲАИАТҲОИ МУШОВАРА ВА ТАҲРИРИЯИ 
50-ҶИЛДАИ ОСОРИ КЛАССИКОН ВА МУОСИРОН 
АЗ СИЛСИЛАИ «АХТАРОНИ АДАБ» 


ҲАЙАТИ МУШОВАРА 

Саидмурод Фаттоев 
Мирзошоҳрух Асрорӣ 
Абдуҷаббор Раҳмонов 
Мамадшо Илолов 
Шарофиддин Имомов 
Сайфиддин Назарзода 
Ато Ҳамдам 


ҲАЙАТИ ТАҲРИРИЯ 

Абдулҳамид Самад 
Абдунабӣ Сатторзода 
Худоӣ Шарифов 
Камол Айнӣ 
Зоҳир Аҳрорӣ 
Амрияздон Алимардонов 
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ 
Сайидалӣ Маъмур 
Фарҳоди Карим 


АБУЛҚОСИМ 

ФИРДАВСӢ 



ШОҲНОМА 

Ҷилди V 



ДУШАНБЕ, 

«АДИБ» 

2008 


ББК 83,3(0)9+83,3 (2 тоҷик) 
А-19 


Таҳияи матн ва лугату тавзеҳот аз 

КАМОЛ АЙНЙ ва ЗОҲИР АҲРОРЙ 


Муҳаррир 

Мубашшир Акбарзод 


А-19 Абулқосим Фирдавси. Шоҳнома. — Душанбе: 

«Адиб», 2008. -480 саҳ. 

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и беза- 
воли Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кӯшиши таҳиягарони мат- 
ни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳаккикон 
дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳнома” истифода 
кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад. 


18В^ 978-99947-32-84-5 


© Нашриёти "Адиб", 2008. 


ДОСТОНИ ДУВОЗДАҲ РУХ 
оғози достон 

Ҷаҳон чун ба зорӣ барояд ҳаме, 

Баду нек рӯзе сар ояд ҳаме. 

Чу бастӣ камар бар дари роҳи оз, 
Шавад кори гетит яксар дароз. 1 

Ба як рӯй ҷустан баландӣ сазост, 
Агар* 2 дар миёни дами аждаҳост. 

Парастандаи озу ҷӯёи кин 
Ба гетӣ зи кас нашнавад 3 офарин. 

5 Ва дигар чу гетӣ надорад диранг, 
Сарои сипанҷӣ чи паҳну чи танг. 

Чу сарви саҳӣ каж бигардад ба боғ, 
Бар ӯ-бар шавад тира равшан чароғ. 

Шавад барг пажмурдаву бех суст, 
Сараш сӯи пастӣ гирояд нахуст. 

Барояд зи хоку шавад боз хок, 

Ҳама ҷои тарс асту тимору бок. 

Сари мояи марди сангу хирад 
Ба гетӣ беозорӣ андархурад. 


1 . ТПЗ - Раҳи донишӣ гиру пас ростӣ, 

К-аз ин ду нагирад касе костӣ. 

2. М- В-агар. 

3. Л- наёбад зи кас. 


5 


10 Агар худ 1 бимони ба гети дароз, 

Зи ранҷи тан ояд ба рафтан ниёз. 

Яке жарфдарёст* 2 бун нопадид, 

Дари ганҷи розаш надорад калид. 

Агар чанд монӣ, фузун боядат, 
Ҳамон* 3 хурди 4 як рӯз бугзоядат. 

Се чизат бибояд, к-аз ӯ чора нест, 

В -аз он низ бар сар-т пайғора нест: 

Хурӣ ё бипӯшӣ ва ё густарӣ, 

Сазад, гар ба дигар сухан нангарӣ, 

15 К- аз ин се гузаштӣ, ҳама ранҷу оз, 

Чи дар оз печӣ, чи андар ниёз?! 

Чӣ 5 донӣ, ки бар ту намонад ҷаҳон 
Чӣ ранҷонӣ аз оз ҷону равон?! 6 

Бихур он чи дориву бешӣ маҷӯй, 

Ки аз оз коҳад ҳаме обрӯй. 7 

ДАРХОНДАНИ АФРОСИЁБ СИПОҲРО 

Дили шоҳи туркон чунон кам шунуд, 
Ҳамеша ба ранҷ аз паи оз буд. 8 

Аз он пас, ки баргашт аз он размгоҳ, 
Ки Рустам бар ӯ кард гетӣ сиёҳ. 


1. Л-Ту. 

2. М- паҳн дарёс. 

3. М- ҷаҳон. 

4. ЛМ-хӯрда. 

5. ИЗ-Чу. 

6. Л-б. 16нест. 

7. И-б. 17 нест 

Л- Чунин аст ин гунбади тезгард, 

Г аҳе шодмонӣ диҳад, гоҳ дард. 

8. ТП- Чу шуд кори Бежан саросар тамом, 

Зи Афросиёб оварам боз ном. 


6 




20 Бишуд тозиён, то ба Халлух расид, 
Ба нанг аз каён сар шуда нопадид. 

Ба кох андаромад пурозор дил, 

Або кордонони ҳушёрдил. 

Чу* 1 Пирону Гарсевази 2 раҳнамун, 
Қарохону чун Шедаву Гарсиюн. 

Чу Ҳумону Калбоду Фаршедвард, 
Чу Рӯини Пирон- наҳанги набард. 3 * 4 

Бар эшон ҳама достон баркушод, 
Гузашта суханҳо ҳама кард ёд, 

25 Ки “То барниҳодам ба шоҳӣ кулоҳ, 
Маро гашт хуршеди тобону моҳ. 

Маро буд бар меҳтарон дастрас, 
Инони маро барнатобид кас. 

Зи ҳангоми разми* 5 Манучеҳр боз 
Набуд дасти Эрон ба Турон дароз. 

Шабехун кунун то дари хони ман 
Аз Эрон бисозанд бар ҷони ман. 6 

Диловар шуд он мардуми нодалер, 
Гавазн андаромад ба болини шер. 

30 Бар ин кинагар кор 7 созем зуд, 

В-агарна бароранд 8 аз ин марз дуд. 


Ба. 

ба озор дил. 

Гаршеваз дил. 

б. 23 нест дил. 

■6. 23 нес 
-Шоҳи. 

пас аз б 28 ин б. омада: 

Ту дидӣ, ки аз баҳри Бежан чӣ кард 
Дар ин буми мо Рустам- он девмард. 

7. И - Бад-ин кина кирдор дил. 

8. И- Вагар не барояд. 


7 


2^2 


Сазад, гар кунун гирди ин кишварам, 
Саросар фиристодагон густарам. 

Зи туркону аз Чин ҳазорон ҳазор 
Камарбастагон аз дари корзор 

Биёрем бар гирди Эрон сипоҳ, 
Бисозем бар ҳар сӯе размгоҳ. 

Ҳама мӯбадон рои ҳушёри хеш 
Ниҳоданд дар пеши* 1 солори хеш, 

35 Ки моро зи Ҷайҳун бибояд гузашт, 
Задан кӯси шоҳӣ бар он паҳндашт. 

Ба Омуй лашкаргаҳе сохтан, 

Шабу рӯз н-осудан аз тохтан, 

Ки он ҷои ҷанг асту хун рехтан, 

Або Геву бо Рустам овехтан. 

Сарафроз гурдони гирандашаҳр 
Ниҳон ҷангро 2 * 3 об дода ба заҳр. 

Чу Афросиёб он суханҳо шунуд, 
Барафрӯхт аз бахту шодӣ намуд. 

40 Абар паҳлавонону бар мӯбадон 
Бикард офарине ба расми радон. 

Нависандаи номаро пеш хонд, 

Сухан ҳарчи боист, бо ӯ биронд. 

Фиристодагон хонд аз анҷуман 
Ба наздики фағфуру шоҳи Хутан. 

Фиристод нома ба ҳар кишваре, 

Ба ҳар номдореву ҳар меҳтаре. 


- бар гуфтӣ. 

-Ба ҳангоми ҷанг. 

- Ба паймони ҷанг. 


8 


Сипаҳ хост, к-андешаи ҷанг дошт, 

Зи Рустам бад-он 1 гуна дил танг дошт. 

45 Ду ҳафта баромад зи Чину Хутан, 

Зи атроф туркон шуданд анҷуман. 2 

Чу дарёи ҷӯшон замин бардамид, 
Чунон шуд, ки кас рӯи ҳомун 3 надид. 

Гала ҳарчи будаш зи аспон яла, 

Ба шаҳр андаровард яксар гала. 

Ҳамон ганҷҳо, к-аз гаҳи Тур боз 
Падар бар писар - бар ҳаме дошт роз. 

Сари бадраҳоро кушодан гирифт, 
Шабу рӯз динор додан гирифт. 

50 Чу лашкар саросар шуд ороста, 
Бад-он бениёзӣ шуд аз хоста, 

Зи гурдон гузин кард панҷаҳ ҳазор 
Ҳама размҷӯёни созандакор. 

Ба Шеда, ки будаш набарда писар, 

Зи шерони ҷангӣ баровард сар, 

Чунин гуфт, к-”Ин лашкари размсоз 
Супурдам туро, роҳи Хоразм соз. 

Нигаҳдори он марзи Хоразм бош, 
Ҳамеша камарбастаи разм бош”. 

55 Дигар панҷаҳ аз номдорони Чин 
Бифармуд, то кард Пирон гузин. 4 


1 . И - Бежан бар он. 

2. Л- б. 44-45 нест. 

3. И -рӯзи равшан. 

4. Л- Биёвард панҷаҳ ҳазори дигар 

Ҳама кинаҷуёни бастакамар. 

Ба Пирони Виса супурд он гаҳе, 

Ки биншаст бар тахти шоҳаншаҳӣ. 


9 




Бад-у гуфт: “То шаҳри Эрон бирав, 
Бинеҳ тахт бар* 1 тахти солори нав. 

Дари оштӣ ҳеч гуна маҷӯй, 

Сухан ҷуз ба ҷангу ба кина* 2 магӯй. 

Кассе к-ӯ барад 3 обу оташ ба ҳам, 

Абар ҳарду- бар карда бошад ситам. 

Ду пурмоя бедордил паҳлавон, 

Яке ҳушвар пиру дигар ҷавон, 

60 Бирафтанд бо панди Афросиёб 
Ба ором пиру ҷавон пуршитоб. 

Або занги* 4 заррину кӯполу теғ, 
Хурӯшон ба кирдори ғурранда меғ. 

ФИРИСТ ОДАНИ КАЙХУСРАВ ГУДАРЗРО 
БА ҶАНГИ ТУРОНИЁН 

Пас огоҳӣ омад ба пирӯз шоҳ, 

Ки омад зи Турон ба Эрон сипоҳ. 

Ҷафопеша, бадгавҳар Афросиёб 
Зи кина на ором ҷӯяд, на 5 * 6 хоб. 

Баровард хоҳад ҳаме сар зи нанг, 

Зи ҳар сӯ фиристод лашкар ба* 7 чанг. 

65 Х,аме заҳр сояд ба нӯки синон, 

Ки тобад магар сӯи Эрон инон, 


- Нигаҳ кун ту он. 

-Кина або ӯ. 

■бизад. 

-кӯсӣ. 

■Наёбад шабу рӯз, Л-Набошад шаби тира. Л- Ба 

- наёбад шаб орому. 

-Фароз омад аз ҳар сӯе сози. 


10 


Саворони ҷанги* 1 чу сесад ҳазор, 

Зи Ҷайҳун ҳаме кард хоҳад гузор, 

Сипоҳе ки ҳангоми нангу набард 
Зи Ҷайҳун ба гардун бароранд гард. 

Далерон ба даргоҳи Афросиёб 
Зи бонги табира наёбанд хоб. 

Зи овози шайпуру захми дарой 
Ту гуфтӣ барояд ҳаме дил зи ҷой. 

70 Гар ояд ба Эрон ба ҷанг он сипоҳ, 
Ҳизабри диловар наёяд ба роҳ. 

Сари марзи Эрон ба Пирон супурд, 
Сипоҳе фиристод бо ӯ на хурд. 

Сӯи марзи 2 Хоразм панҷаҳ ҳазор 
Камарбаста рафт аз дари корзор. 

Сипаҳдорашон Шедаи шердил, 

К-аз оташ ситонад ба шамшер дил. 

Сипоҳе ба кирдори пилони маст, 

Ки бо ҷанги эшон шавад кӯҳ паст. 

75 Чу бишнид гуфтори корогаҳон, 
Пурандеша биншаст шоҳи ҷаҳон 3 . 

Пас он гаҳ чунин гуфт, к-”Эй бихрадон, 
Ман эдун шунидастам аз мӯбадон, 

Ки чун моҳи туркон барояд 4 баланд 
Зи хуршеди Эронаш ояд 5 газанд. 


1. М- Турон. 

2. Л-шаҳри. 

3. Л-шуд шаҳрёри ҷавон. 

4. Турон баромад. 

5. И-боша 


11 


Сияҳмор чун 1 сар барорад, бикуб, 

Зи сӯрох печон шавад сӯи чӯб. 

Чу Хусрав ба бедод корад дарахт, 
Бигардад аз ӯ подшоҳиву бахт” 2 . 

80 Пас он гаҳ 3 ҳама мӯбадонро бихонд, 4 * 5 
Шунида сухан пеши эшон биронд. 

Нишастанд бо шоҳи Эрон ба роз 
Бузургони фарзонаи размсоз. 

Чу Дастони 6 Рустам, чу Гударзу Гев, 
Чу Шедушу Фарҳоду Руҳҳоми 7 нев, 

Дигар Бежану Ашкашу Густаҳам 8 
Чу Гургину чун Зангаву Гуждаҳам, 9 

Чу Туси сарафрози Нӯзарнажод, 
Фарибурзи Ковуси фаррухниҳод. 10 

85 Ҷуз ин номдорони лашкар ҳама, 

Ки буданд шоҳи ҷаҳонро рама. 

Або паҳлавонон чунин гуфт шоҳ, 

Ки “Туркон ҳама разм ҷӯянду гоҳ. 

Чу душман сипаҳ сохт, 11 шуд тезчанг, 
Бибояд басечид моро ба ҷанг.* 12 


1 . - агар 

2. ИМ- тахт; Л-б. 79 нест. 

3. Л- Аз он пас. 

4. И-Ҳама мӯбадонро сӯи хеш хонд. 

5. М-Ҳама мӯбадонро бари хеш хонд. 

6. И-Дастону. 

7. И-Руҳҳому гурдони нев. 

8. И-Бежан Гев бо Гуждаҳам. 

9. И-Густаҳам. 

10. Л-б. 84 нест. 

11. И-кард. 

12. М-Набояд басечад диранг. 


12 


Бифармуд, то бар дараш говдум 
Заданду биҷӯшид 1 рӯинахум. 

Аз айвон ба майдон хиромид шоҳ, 
Биёростанд аз бари пил гоҳ. 2 

90 Бизад мӯҳра дар ҷом бар пушти пил, 
Заминро ту гуфтӣ барандуд нил. 

Ҳаво шуд сиёҳу замин нилранг 3 
Далерони лашкар ба сони паланг. 

Ба ҷанг- андарун гурзу дил пур зи кин, 
Чу дарёи ҷӯшон зи гурдон замин. 4 

Хурӯше баромад зи даргоҳи шоҳ, 

Ки эй паҳлавонони эронсипоҳ, 5 

Касе к-ӯ бисояд инону рикеб, 

Набояд, ки гирад 6 ба хона шикеб. 

95 Бифармуд, к-аз Руму аз Ҳиндувон 
Саворони ҷангу 7 ялону гавон, 

Далерони гарданкаш аз тозиён, 
Басечидаи ҷангу шери жиён. 

Камарбаста хоҳем сесад ҳазор 
Зи дашти 8 саворони найзагузор. 

Ҳар он, к-аз чиҳилрӯза дар пеши шоҳ 
Наёяд, наёбад 9 ба сар-бар кулоҳ. 


1 . ИЛМ - Дамиданду бастанд. 

2. М-Ранг-ранг. 

3. ИМ- нилгун. 

4. Л-б. 91 нест. 

5. И-б. 93 нест. 

6. Л-бошад. 

7. И-ҷангӣ. 

8. Л-ҳар сӯ. 

9. Л-Биёяд, биёбад. 


13 




Пароканда карданд ҳар су савор, 
Фиристода бо* 1 номаи шаҳрёр. 

100 Ду ҳафта баромад ба фармони шоҳ, 
Биҷӯшид дар подшоҳӣ сипоҳ. 

Зи лашкар ҳама кишвар омад ба чӯш, 
Зи гетӣ баромад саросар хурӯш. 

Ба шабгир гоҳи хурӯши хурӯс 
Зи ҳар сӯ ҳаме хост овози кӯс. 

Бузургони ҳар кишваре бо сипоҳ 
Кашиданд саф пеши 2 даргоҳи шоҳ. 

Сари* 3 ганҷҳои куҳан боз кард, 
Сипаҳро дирам додан оғоз кард. 

1 05 Ҳама лашкар аз ганҷу динори шоҳ 
Ба сар барниҳоданд зарринкулоҳ. 4 

Ба баргуставону ба ҷавшан чу кӯҳ 
Шуда оҳанин лашкаре* 5 ҳамгурӯҳ. 

Чу шуд кори лашкар ҳама сохта, 

В-аз эшон дили шоҳ пардохта, 

Нахустин аз он лашкари номдор, 
Саворони шамшерзан сӣ ҳазор 

Гузин кард Хусрав, ба Рустам супурд, 
Бад-ӯ гуфт, к-эй номбардор гурд, 

1 1 0 Раҳи Систон гиру баркаш сипоҳ, 

Ба Ҳиндустон андаровар ба роҳ. 


1. М- Ба даст- андарун. 

2. - ниҳоданд сар сӯи. 

-Дари 

■Ниҳоданд бар сар зи гавҳар кулоҳ; Л-гурдон кулоҳ. 

-шуданд оҳанинтан ҳама. 


14 


Зи Ғазнин бирав то ба роҳи барин, 

Ки гардад туро тоҷу тахту нигин. 

Чу он подшоҳӣ шавад яксара, 

Ба обишхур ояд палангу бара. 

Фаромарзро деҳ кулоҳу нигин, 

Касе к-ӯ бихоҳад, зи лашкар гузин. 

Бизан кӯси рӯину шайпуру ной, 

Ба Кашмиру Кобул фаровон 1 мапой, 

1 1 5 Ки моро сар аз ҷанги Афросиёб 
Наёбад ҳаме хӯрду орому хоб. 

Алонону Ғарча ба Лӯҳросп дод, 

Бад-ӯ гуфт, к- “Эй гурди фаррухнажод, 

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ, 

Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ. 

Саворони шоистаи корзор 
Бубар, то барорӣ зи туркон 2 димор”. 

Ба Ашкаш бифармуд, то сӣ ҳазор 
Даманда ҳизаброни найзагузор 

120 Барад сӯи Хоразм кӯси бузург, 

Сипоҳе ба кирдори даррандагург. 

Занад бар дари шаҳри Хоразм гоҳ, 

Або Шеда гардад ҳаме размхоҳ. 

Чаҳорум сипаҳро ба Гударз дод, 

Бад-ӯ гуфт, к-Эй гурди паҳлавнажод, 3 


1 . Л- фузун з-ин. 

2. И- эшон. 

3. Л-Чи моя варо панду андарз дод. 


15 


Бирав 1 бо бузургони Эрон ба ҳам 
Чу Гургину чун Зангаву Густаҳам, 

Чу Шедушу Фарҳоди Харроду Гев, 
Гуроза сипаҳдору Руҳҳоми нев.* 2 

125 Бифармуд бастан камаршон ба ҷанг, 
Сӯи шаҳри Турон шудан бедиранг. 

Сипахдор Гударзи кашводагон, 
Ҳамон 3 паҳлавонону озодагон 

Нишастанд бар зин ба фармони шоҳ, 
Сипахдор Гударз пеши сипоҳ. 

Ба Гударз фармуд пас шаҳрёр, 

Ки рафтӣ камарбастаи корзор, 

Нигар, то наёзӣ ба бедод даст, 
Нагардонӣ айвони обод паст. 4 

1 30 Касе к-ӯ ба ҷангат набандад миён, 
Чунон соз, к-аз ту набинад зиён, 

Ки напсандад аз мо бадӣ додгар, 
Сипанҷ аст гетиву мо баргузар. 

Чу лашкар сӯи марзи Турон барӣ, 
Макун тез дилро ба оташсарӣ. 

Нигар, то наҷӯшӣ ба кирдори Тус 
Набандӣ ба ҳар кор бар пил кӯс. 

Ба ҳар кор бо ҳар касе дод кун, 

Зи Яздони некидиҳиш ёд кун. 


1. ЛМ-Ки рав. 

2. М- Фарибурзу Ковусу Фарҳоду Гев 

Гуроза сипахдору Шопури нев. 

3. Л-Ҳама. 

4. ТП - баъд аз б. 129 ин б. омада: 

Ба кирдори бад ҳеч макшой чанг, 
Барандеш аз дудаву ному нанг. 


16 




135 Ҷаҳондидае суи Пирон фирист, 
Ҳушивор в-аз ёдгирон фирист. 

Ба панди фаровон-ш букшой гӯш, 

Бирав, чодари меҳрубонӣ бипӯш”. 

Чунин гуфт солори лашкар ба шоҳ, 

Ки “Фармони ту бартар аз чарху моҳ, 

Бад-он сон шавам, к-ам ту фармон диҳӣ, 
Ту шоҳи ҷаҳондориву* 1 ман раҳӣ”. 

Баромад хурӯш аз дари паҳлавон, 

Зи бонги табира замин 2 шуд навон. 

140 Ба лашкаргаҳ омад дамодам сипоҳ, 
Ҷаҳон шуд зи гарди саворон сиёҳ.* 3 

Ба пеши сипоҳ - андарун пил шаст, 
Ҷаҳон паст гашта зи пилони маст. 

Аз он зандапилони* 4 ҷангӣ ҳазор 
Биёростанд аз дари шаҳрёр. 

Ниҳоданд бар пушташон тахти зар, 
Нишастангаҳи шоҳи ботоҷу фар. 

Ба Гударз фармуд, то барнишаст 
Бар он тахти зар аз 5 бари пили маст. 

145 Барангехт пилону бархост гард, 

В-аз он гард некахтарӣ ёд кард, 

Ки аз ҷони* 6 Пирон барорем дуд, 

Бар он сон, ки гарди паи пил буд. 


• ҷаҳонбониву 
ҷаҳон 

•б. 139, 140 нест. 
-жандапилони. 
заррин. 
ҷони. 


17 


Беозор лашкар ба фармони шоҳ 
Ҳаме рафт манзил ба манзил ба роҳ. 1 

ПАЁМ БУРДАНИ ГЕВ АЗ ГУДАРЗ 
НАЗДИ ПИРОН 

Чу Гударз наздики Райбад расид, 
Саронро зи лашкар ҳама баргузид. 

Ҳазор аз далерони найзагузор 
Гузин кард гарданкашу 2 номдор. 

1 50 В-аз эрониён номвар даҳ* 3 савор 
Сухангӯю андархури корзор. 4 

Сипахдор пас Гевро пеш хонд, 

Ҳама гуфтаи шоҳ бо ӯ биронд. 

Бад-ӯ гуфт, к-Эй пури ҳушёрсар, 5 
Барафрохта сар зи бисёр сар. 

Гузин кардаам дархурат лашкаре, 

Ки ҳастанд 6 солори ҳар кишваре. 

Бад-он то ба наздики Пирон шавӣ, 
Бигӯиву гуфтори ӯ бишнавӣ. 

155 Бигӯӣ ба Пирон, ки ман бо сипоҳ 

Ба Райбад* 7 расидам ба фармони шоҳ. 

Шиносӣ ту гуфтору кирдори хеш, 
Беозориву ранҷу озори хеш. 

Ҳама шаҳри Турон бадиро миён 
Бубастанд бо номдори каён. 


1. Л-сипоҳ. 

2. И- гарданкаши. 

3. М-Аз эрониён озмуда. 

4. Л-б. 250 нест. 

5. Л- солорсар. 

6. И- Кушоянда, ки шояд. 

7. М- турон. 


18 


Фаридуни фаррух, ки бо доғу дард 
Ба гетӣ - дарун дида пуроб кард. 1 

Пур аз дард Эрон, пур аз доғ 2 шоҳ, 

Ки бо сӯги 3 Эраҷ натобид моҳ. 4 

1 60 Зи туркон ба танҳо ту бар анҷуман, 
Ситоӣ ба меҳру вафо хештан. 

Дурӯғ аст бар ту ҳаме номи меҳр, 
Набинам-т андар дил орому 5 меҳр. 

Ҳамон аст, к-он шоҳи озармҷӯй 6 
Маро гуфт: “Бо ӯ ҳама нарм гӯй”. 

Бад-он, к-ӯ ба гоҳи Сиёвахши рад 
Наяфканд аз рӯз бунёди бад, 

Ба назди манаш дастгоҳ аст низ, 

Зи хуни падар бегуноҳ аст низ. 

165 Гуноҳе ки то ин замон кардаӣ, 

Зи шоҳон касеро наёзурдаӣ.* 7 

Ҳама шоҳ бугзорад аз ту ҳаме, 

Бадӣ некӣ ангорад аз ту ҳаме. 

Набояд, ки бар дасти ман - бар* 8 табоҳ 
Шавӣ бар гузашта фаровон гуноҳ. 


1 . ИМ - Зи гетӣ бишуд мижжа пур оби зард. 

2. И - сӯг. 

3. И- доғи. 

4. ТПЗ - пас аз б. омада: 

Зи Турон зи Салм омад ин боддам, 
Ки бар Эраҷ омад зи эшон ситам. 

5. И- ороми. 

6. Л-озодахӯй. 

7. М-шоҳони гетӣ кӣ озурдаӣ? 

8. М- ту. 


19 


Магар 1 , к-аз паи ҷанги Афросиёб 
Замона ҳаме бар ту гирад 2 шитоб. 

Бузургони Эрону фарзанди ман 
Бихонанд бар ту ҳаме панди ман. 3 

170 Сухан ҳарчи донӣ, бад-эшон* 4 бигӯй, 
Ҳам эдун аз эшон сухан бозҷӯй. 

Гарат чира гардад бар эшон забон, 
Гузаштӣ зи тимору растӣ зи ҷон. 

Бару 5 буми хешонат 6 обод гашт, 

Зи теғи манат гардан озод гашт. 

Гар эдун, ки сӯи ту гардад* 7 гуноҳ, 
Набошӣ ба ҷон эмин аз дасти шоҳ. 8 * 9 

Наҷӯям бар ин кина орому хоб, 

Ману гурзу майдону Афросиёб, 

175 К-аз ӯ шоҳи моро ба кин хостан 
Набояд 10 басе лашкар оростан. 

Магар панди ман сар ба сар бишнавӣ, 
Ба гуфтори ҳушёри ман бигравӣ. 

Нахустин касе к-ӯ бияфканд кин, 

Ба хунрехтан барнавашт остин. 


1. Л-дигар. 

2. И-нагирад. 

3. Л-б. 169нест. 

4. М- Агар рост бошад дилат бо. 

5. Л- Тану. 

6. И- хеши ту. 

7. М- Гар аз ту падидор ояд. 

8. И- В-ар аз ту ҳаме дид бояд гуноҳ, 

Намонад ба ту меҳру тахту кулоҳ. 

9. М- Намонад ба ту тоҷу тахту кулоҳ. 

10. Л-Бубояд. 


20 


Ба хуни 1 Сиёвуш биёзид даст, 

Ҷаҳоне ба бедод баркард паст, 

Ба сони сагоншон аз он анҷуман 
Бубандӣ, фиристӣ ба наздики ман. 

1 80 Бад -он то фиристем наздики шоҳ, 

Чи саршон* 2 ситонад, чи бахшад гуноҳ. 

Ҳама номи эшон ба девони ман 
Набиштаст шоҳи ҷаҳонбони ман. 

Ту нашнидӣ ин достони бузург, 

Кӣ шери жиён афканад пеши гург? 

Ки ҳар, к-ӯ* 3 ба хуни каён даст охт, 
Замона ҷуз аз хок ҷояш насохт. 

Дигар ҳарчи аз ганҷ наздики туст, 

Ҳама душмани ҷони торики туст, 

185 Зи аспони пурмоя в-аз гавҳарон, 

Зи динору дебову аз афсарон, 

Зи шамшеру аз таргу баргустувон, 

Зи хафтону аз ханҷари ҳиндувон, 4 

Ҳама олати лашкару симу зар 
Фиристӣ ба наздики ман сар ба сар. 

Ба бедод, к-аз мардумон бистадӣ, 
Фароз оваридӣ зи дасти бадӣ, 

Бад-он бозхаррӣ магар ҷони хеш, 
Бубинӣ сари роҳ дармони хеш. 


1 . И- ҷони. 

2. М - ҷонаш. 

3. М - Ҳар он кас. 

4. И- Ханҷар зи Ҳиндустон. 


21 


190 Чи андархури шаҳрёр аст, аз он 
Фиристам ба наздики шоҳи ҷаҳон. 

Бубахшем дигар ҳама бар сипоҳ 
Ба ҷои мукофоти кардагуноҳ. 

Ва дигар, ки пури гузини туро 
Нигаҳбони* 1 гоҳу нигини туро, 2 

Бародарт ҳарду сарони сипоҳ, 3 
Ки ҳазмон 4 бароранд гардан ба моҳ. 

Чу ҳар се бар ин номдор анҷуман 
Фиристӣ гаравгон ба наздики ман, 

195 Бад-он то шавам эмин аз кори ту, 
Барорад дарахти вафо бори ту. 

Бубин, он гаҳе баргузин з-ин ду роҳ* 5 
Яке роҳ ёбӣ ба наздики шоҳ. 

Худу 6 дудмон назди Хусрав шавӣ, 
Бад-он сояи меҳри ӯ биғнавӣ. 

Бибуррӣ дил аз меҳри Афросиёб, 
Набинӣ шаби тира ӯро ба хоб. 

Кунам бо ту паймон, ки Хусрав туро 
Ба хуршеди тобон барорад саро. 

200 Зи меҳри дили ӯ то огаҳтарӣ, 

К-аз ӯ ту набинӣ ба ҷуз сарварӣ. 7 


1. М- Нигаҳдори. 

2. Л- Ва дигар зи гурдони рӯзи набард 

Чу Ҳумону Каҳҳолу Фаршедвард. 

3. Л-Бубахшем дигар ҳама бар сипоҳ. 

4. Л-ҳардам. 

5. М- Барандеш акнун аз ин ҳарду роҳ. 

6. -Чу бо. 

7. Л- меҳтарӣ. 


22 




В-ар аз шоҳи Турон битарси ҳаме,* 1 
Нахоҳӣ, ки оӣ ба Эронзамӣ,* 2 

Бипардоз Турону баркаш ба Чоҷ, 
Бубар тахти соҷу барафроз тоҷ. 

Варат* 3 сӯи Афросиёб аст рой, 

Бирав назди ӯ, ҷанги моро мапой, 

Ки бо он ки бояд басечем* 4 ҷанг, 
Маро дил* 5 чу шер асту чангипаланг, 

205 Ба туркон намонам ман аз тахт баҳр, 
Камони ман абр асту борон-ш заҳр. 6 

Вагар бугзарӣ з-ину ҷангат ҳавост, 
Сарат пур зи бероиву кимиёст, 

Басечидаи ҷанг хез, эдар ой, 

Гарат ҳаст бо шери дарранда пой. 

Чу саф баркашад аз ду рӯя сипоҳ, 
Гунаҳгор пайдо шавад бегуноҳ. 

В-ар* 7 ин гуфтаҳои маро нашнавӣ, 

Ба фарҷоми корат пушаймон шавӣ. 

2 1 0 Пушаймонӣ он гаҳ надорад-т суд 
Ки теғи замона саратро дуруд”. 

Бигуфт ин сухан паҳлавон бо писар, 
Ки бархон ба Пирон ҳама дар ба дар. 8 


■ зи бад. 

■ Эрон сазад. 

- Гарат. 

- Ки бо ман набояд бисечид. 

- зӯри. 

б. 205 нест. 

- Гар. 

- сар ба сар. 


23 


РАФТАНИ ГЕВ БА ВИСАГИРД БА 
НАЗДИКИ ПИРОН 

Зи пеши падар Гев шуд то ба Балх, 
Гирифта ба ёд он суханҳои талх. 

Фуруд омаду кас фиристод зуд, 
Бад-он сон, ки Гударз фармуда буд. 

Ҳамон шаб сипоҳ андаровард гирд, 
Бирафт аз дари Балх то Висагирд, 

215 Ки Пирон бад-он шаҳр буд бо сипоҳ, 
Ки дайҳими Эрон ҳаме ҷусту гоҳ. 

Фиристода чун назди* 1 Пирон расид, 
Сипахдори турконсипаҳро бидид. 

Бигуфташ, ки “Омад сӯи Балх Гев, 
Або ӯ бузургону гурдони нев”. 

Чу бишнид Пирон, барафрохт гӯш, 
Баромад зи гурдони лашкар хурӯш. 

Бизад нои рӯину барбаст кӯс, 

Шуд аз сумми аспон замин обнӯс. 2 

220 Саду даҳ ҳазораш зи лашкар савор, 
Фароз омаданд аз дари корзор. 

Аз эшон ду баҳра 3 ҳамон ҷо бимонд, 
Бирафту ҷаҳондидагонро бихонд. 

Биёмад, чу наздики Ҷайҳун расид, 

Ба гирди лаби об лашкар кашид. 

Ба Ҷайҳун - бар аз найза девор кард, 
Або 4 Геви Гударз дидор кард. 


1. М - пеши. 

2. И -б. 219 нест. 

3. И - Ду баҳра зи лашкар. 

4. Л - Чу бо. 


24 


Ду ҳафта шуд андар суханшон диранг, 
Бад-он то набошад ба бедод ҷанг. 

225 Зи ҳар гуна гуфтанду Пирон шунид, 
Гунаҳгорӣ омад зи туркон падид. 

Бузургони Эрон забон ёфтанд, 

Бар эшон ба гуфтор биштофтанд. 

Барафканд Пирон ҳам андар шитоб 
Наванде ба наздики Афросиёб, 

Ки Гударзи Кашводагон бо сипоҳ 
Ниҳод аз бари тахти Эрон кулоҳ. 

Фиристода омад ба наздики ман 1 * 2 , 
Гузин пури ӯ Геви лашкаршикан. 

230 Маро гӯшу дил сӯи 3 * 4 фармони туст, 
Ба паймон равонам гаравгони туст. 

Сухан чун ба солори Турон 5 расид, 
Сипоҳе зи ҷанговарон баргузид. 

Фиристод наздики Пирон савор 
Зи гурдони шамшерзан сад 6 ҳазор. 

Бад-ӯ гуфт: “Бардор шамшери кин, 
В-аз эшон бипардоз рӯи замин. 

На Гударз бояд ки монад, на Гев, 

На Фарҳоду Гургин, на Руҳҳоми нев, 

235 Ки бар мо сипоҳ омад аз чор сӯй, 

Ҳаме тахти Турон кунанд орзӯй. 


1. И- б. 229, 230 нест. 

2. М- меҳтари анҷуман. 

3. Л - хабар. 

4. М- Яксар. 

5. Л - туркон. 

6. Л - сӣ. 


25 


Биёрам саворони туркон кунун, 

Ҳама шаҳри Эрон кунам ҷӯи хун. 

Ба рои ҳушивору мардони мард 
Барорам зи Кайхусрав 1 ин бор гард”. 

Чу Пирон бидид он сипоҳи бузург, 

Ба хун ташна ҳар як ба кирдори гург. 

Барошуфт аз он пас, ки нерӯ гирифт, 
Ҳунарҳо бишуст аз дил, оҳу гирифт. 

240 Ҷафопеша гашт он дили некхӯ, 

Пурандеша шуд,* 2 разм кард орзӯ. 

Ба Гев он гаҳе гуфт: “Бархезу рав, 
Сӯи паҳлавони сипаҳ боз шав. 

Бигӯяш, ки аз ман ту чизе маҷӯй, 

Ки фарзонагон он набинанд рӯй. 

Яке он ки аз номдорон гавон 
Супурдан ба дасти ту ин кай тавон? 

Ва дигар, ки гӯӣ силеҳу сипоҳ, 

Г аронмоя аспону тахту кулоҳ, 

245 Бародар, ки равшанравони 3 ман аст, 
Гузида писар паҳлавони ман аст, 

Ҳамегӯӣ аз хештан дур кун, 

Зи бихрад чунин хом бошад 4 сухун. 

Маро марг беҳтар аз ин 5 зиндагӣ, 

Ки солор бошам, кунам бандагӣ. 


1. И - Хусрав ман. 

2. М - Хурӯшиду бар. 

3. ИЛ - равшанҷаҳони. 

4. Л - Ки доно чунин хом донад сухун. 

5. Л - бодо бад-он. 


26 




Яке достон зад бар ин бар паланг, 

Чу бо шери ҷангӣ баромад ба ҷанг. 

Ба ном ар бирезӣ маро, гуфт, хун, 

Беҳ аз зиндагонӣ ба нанг-андарун. 

250 Ва дигар, ки пайғоми шоҳ омадаст, 
Ба фармони ҷангам сипоҳ омадаст”. 

Чу посух чунин ёфт, баргашт Гев, 
Або номдорону гурдони 1 нев. 

Сипаҳдор чун Гев баргашт аз ӯй, 
Хурӯшон сӯи ҷанг бинҳод рӯй. 

Биёмад, чу назди 2 Канобад расид, 
Бад-он домани кӯҳ лашкар кашид. 

САФ КАШИДАНИ ҲАРДУ ЛАШКАР 

Чу Гев андаромад ба пеши падар 
Ҳаме гуфт посух ҳама дар ба дар 3 

255 Ба Гударз гуфт: “Андаровар сипоҳ, 
Ба ҷое, ки созӣ ҳаме* 4 размгоҳ, 

Ки ӯро ҳаме оштӣ рой нест, 

Ба дил-ш-андарун додро ҷой нест. 

Зи ҳар гуна бо ӯ сухан рондам,* 5 
Ҳаме ҳарчи гуфтӣ, бар ӯ хондам,* 6 

Чу омад* 7 падидор аз эшон гуноҳ, 
Ҳаюне барафканд наздики шоҳ, 


1 . Л - лашкару номдорони. 

2. ЛМ - пеши. 

3. ИЛ - сар ба сар. 

- созем мо. 

- рондем. 

- хондем. 

- Биёмад. 


27 


Ки Гударзи 1 Гев андаромад ба ҷанг, 
Сипаҳ ронд бояд кунун бедиранг. 2 

260 Сипоҳ андаромад зи 3 Афросиёб, 

Чу мо бозгаштем, бугзошт об. 

Кунун кинаро кӯс бар пил баст, 

Ҳаме ҷанги моро кунад пешдаст”. 

Чунин гуфт бо Гев пас паҳлавон, 

Ки “Пирон ба серӣ расид аз равон. 

Ҳамин доштам ча ттт м аз ин бад ниҳон, 4 
Валекин ба фармони шоҳи ҷаҳон 

Бибоист рафтан, ки чора набуд, 
Дилашро кунун шаҳрёр озмуд. 

265 Яке достон гуфта будам ба шоҳ, 

Чу фармуд лашкаркашидан ба роҳ, 

Ки “Дилро зи меҳри касе баргусил, 
Куҷо несташ бо забон рост дил. 

Ҳама меҳри Пирон ба туркон-бар аст, 
Бишӯяд ҳаме шоҳ аз ӯ пок даст”. 

Давон 5 аз паи* 6 Гев Пирон далер 
Сипаҳро ҳаме ронд бар сони шер. 

Чу донист Гударз, к-омад сипоҳ, 

Бизад кӯсу омад зи Райбад ба роҳ. 

Зи кӯҳ андаромад, ба ҳомун гузашт, 
Кашиданд лашкар бар он паҳндашт. 


1. И-Гударзу. 

2. И - Сипоҳи дигар боядам тезчанг. 

3. ИЛМ - омад аз назди. 

4. И- Ҳаме доштам чашм з-он бад нишон. 

5. Л - Дамон. 

6. М - паси. 


28 


270 Ба дашт андаровард лашкар гуруҳ 
Ба ҳомун сипоҳ аз паси пушти кӯҳ. 1 

Чу Пирон сипоҳ аз Канобад биронд, 
Ба рӯз-андарун рӯшноӣ намонд. 

Саворони ҷавшанварон сад ҳазор 
Зи туркон миёнбастаи 2 корзор, 

Бирафтанд баста камарҳо ба 3 ҷанг 
Ҳама теғи ҳиндӣ гирифта 4 ба чанг. 

275 Ба кирдори кӯҳ аз ду рӯя сипоҳ, 

Аз оҳан ба сар барниҳода кулоҳ. 

Баромад хурӯшидани каррной, 

Ту гуфтӣ биҷунбад ҳаме кӯҳ 5 зи ҷой. 

Зи Райбадзамин 6 то Канобад сипоҳ 
Дару дашт аз эшон кабуду сиёҳ. 7 

Ситора синон буду хуршед теғ, 

Зи оҳан замин буд в-ар гард меғ. 

Битӯфид аз овои гурдон замин, 

Зи таргу 8 синон осмон оҳанин. 9 

280 Чу Гударз туронсипоҳро бидид, 

Ки бар сони дарё ҳаме бардамид. 


1. Л -б. 271 нест. 

2. Л - камарбастаи. 

3. И - камарҳои. 

4. Л - найзаву теғи ҳиндӣ. 

5. И - Биҷунбад гуфтӣ ту кӯҳе, 

6. Л - Райбад дамон. 

7. ТПЗИЛ - Зи гарди сипаҳ рӯз равшан намонд, 

Зи найза ҳаво ҷуз ба ҷавшан намонд. 
Аз овози аспону гарди сипоҳ 
Бишуд рӯшноӣ зи хуршеду моҳ. 

8. ИМ - нӯгӣ. 

9. Л -б. 279 нест. 


29 


Дурафш аз дурафшу гуруҳ аз гуруҳ, 
Гусиста нашуд, то шаб омад зи кӯҳ. 

Чу шаб тира шуд, пил пеши сипоҳ 
Фароз овариданду бастанд роҳ. 

Барафрӯхтанд оташ аз ҳар ду рӯй 
Зи овози гурдони пархошҷӯй. 1 

Ҷаҳон сар ба сар гуфтӣ оҳарман аст, 2 
Ба доман-бар аз остин 3 душман аст. 

285 Зи бонги табира ба санг-андарун 
Бидаррид дил дар шаби тирагун. 4 

Сапеда баромад зи кӯҳи Сиёҳ, 
Сипаҳдори Эрон ба пеши сипоҳ. 

Ба осуда асп андаровард пой, 

Ялонро ба ҳар сӯ ҳаме сохт ҷой. 

Сипаҳро сӯи маймана кӯҳ буд, 

Зи ҷанги далерон беандӯҳ буд. 

Сӯи майсара рӯди оби равон, 

Чунон дархур омад, ки танро равон. 

290 Ҳам эдун пиёда паси найзадор, 

Або ҷавшану тири оҳангузор. 5 

Камонҳо фиканда ба бозу-дарун, 
Ҳаме аз ҷигаршон биҷӯшид хун. 


1. - б. 282, 283 нест. 

2. И - Ту гуфтӣ ҷаҳон сар ба сар оҳан аст. 

3. И - Замин осмонро магар. 

4. Им - қиргул. 

5. ЛМ - Таркашу тири ҷавшангузор; 

ТПЗ - Пиёда ки буд дархури корзор, 

Бифармуд, то пеши рӯи савор 
Сафе баркашиданд найзаварон 
Сипардор бо бодпоён сарон. 


30 


Паси пушти эшон саворон ба ҷанг, 
К-аз оташ ба ханҷар бибурданд ранг. 

Паси пушташон зиндапилон 1 чу кӯҳ, 2 
Замин аз паи пил гашта сутӯҳ. 

Дурафши хуҷаста миёни сипоҳ, 

Зи гавҳар дурафшон ба кирдори моҳ. 3 

295 Дурахшидани теғҳои бунафш 
Аз он сояи коваёнӣ дурафш. 

Ту гуфтӣ, ки андар шаби тирачеҳр, 
Ситора ҳаме барфишонад сипеҳр. 

Биёрост лашкар ба сони биҳишт, 

Ба боғи вафо сарви кина бикишт. 

Фарибурзро дод пас маймана, 

Паси пушти лашкар Ҳаҷиру буна. 

Гуроза 4 сари тухмаи Гевгон, 

Завора 5 нигаҳбони тахти каён. 

300 Ба ёрӣ Фарибурз бархостанд, 

Ба б як рӯй лашкар биёростанд. 

Ба Руҳҳом фармуд пас паҳлавон, 

Ки “Эй тоҷу тахту хирадро равон, 7 

Бирав бо саворон сӯи майсара, 

Ба кирдори наврӯзҳур аз бара. 


1 . Л- пушти лашкар зи пилон. 

2. И - Паси пушти лашкар зи пилон гурӯҳ. 

3. Л - пас аз б. 294 ин б. омада: 

Зи пилон замин сар ба сар нилгун, 
Зи гарди саворон ҳаво ҷӯши хун. 

4. И - Завора. 

5. И - Гуроза. 

6. Л-Зи. 

7. И - номвар шери равшанравон. 


31 




Барафруз лашкар ту аз фарри хеш, 
Сипаҳро ҳаме дор дар барри хеш. 

Бад-он обгун ханҷари невсӯз, 

Чу шери жиён аз* 1 ялон разм тӯз! 

305 Бирафтанд ёрон-ш бо ӯ ба ҳам, 

Зи гурдони лашкар яке Густаҳам. 

Дигар Г аждаҳам размро ногузир, 
Фурӯҳил, ки бугзорад аз чарх тир. 

Бифармуд бо Гев, то даҳ ҳазор 
Бирафтанд баргустувонвар савор. 

Супурд он замон пушти лашкар бад-ӯй, 
Ки буд ҷои гурдони пархошҷӯй. 

Бирафтанд бо Гев ҷанговарон 
Чу Гургину чун Зангаи Шоварон. 

3 1 0 Дурафше фиристоду сесад савор* 2 
Нигаҳбони лашкар сӯи рӯдбор, 3 

Ҳам эдун фиристод бар сӯи кӯҳ, 
Дурафшеву сесад зи гурдон гурӯҳ. 

Яке дидабон бар сари кӯҳсар 4 * 5 
Баромад, баровард аз анбӯҳ сар. 6 

Шабу рӯз гардан барафрохта, 

Аз он дидагаҳ дида бартохта. 

Биҷустӣ ҳаме роҳи туронсипоҳ, 

Паи мӯрро гар бидидӣ ба роҳ. 


- бо. 

- фиристод бо се ҳазор. 

-б. 310 нест. 

-кӯҳсар. 

- кӯҳ бар. 

- Нигаҳбони рӯзу ситорашумор. 


32 


315 Зи дида хурушидан орости 
Бигуфтиву Гударз 1 бархостӣ. 

Бад-он сон биёрост он размгоҳ, 

Ки разм орзӯ кард хуршеду моҳ. 

Чу солор шоиста бошад ба ҷанг, 
Натарсад сипоҳ аз диловар наҳанг. 

В-аз он пас биёмад ба солоргоҳ, 

Ки дорад сипаҳро зи душман нигоҳ. 

Дурафши дилафрӯз бар пой кард, 
Ялонро 2 ба қалб-андарун ҷой кард. 

320 Саронро ҳама хонд наздики хеш, 
Паси пушт Шедушу Фарҳод пеш. 3 

Сипаҳдор Гударзашон дар миён, 
Дурафш аз бараш сояи коваён. 

Ҳаме бистад аз моҳу хуршед нур, 
Нигаҳ кард Пирон ба лашкар зи дур 

Бад-он созу он лашкар оростан, 

Дил аз ранҷу тимор баркостан. 

Дару дашту кӯҳу биёбон синон, 
Инон бофта сар ба сар дар инон. 

325 Сипаҳдори Турон* 4 ғамӣ гашт сахт, 
Барошуфт бо тирахуршеди 5 бахт. 


1 . И - Ба Гударз гуфтиву. 

2. И - сипарҳо 

3. ТПЗИМ - Ба дасти чапаш размдида Ҳаҷир 

Сӯи рост Катмораи шергир 
Бубастанд з-оҳан ба гирдаш сарой 
Паси пушт пилони ҷангӣ ба пой. 

4. М - туркон. 

5. И - тирауммеду. 


33 


522 


В-аз он пас нигаҳ кард ҷои сипоҳ, 
Наёмад-ш бар орзу размгаҳ.* 1 

На овардгаҳ диду на ҷои саф, 

Ҳаме барзад аз хашм кафро ба каф. 

Бар он сон ки омад, бибоист сохт, 
Чу сӯи ялон асп боист тохт. 

Пас аз номдорону гурдони хеш, 
Касе к-ӯ кунад ҷангро даст пеш, 

330 В-аз он ҷангсозони* 2 Афросиёб 

Касе к-ӯ бад-ин 3 кина гирад шитоб, 

Гузин кард шамшерзан сӣ ҳазор, 

Ки буданд шоистаи корзор, 

Ба Ҳумон супурд он замон қалбгоҳ 
Сипоҳи ҳизабрафкану размхоҳ. 

Бихонд Андаримону Арҷоспро, 
Ниҳодӣ сипаҳ род Бурҷоспро. 

Чапи размгоҳаш бад-эшон супурд, 
Або сӣ ҳазор аз далерони гурд. 

335 Чу Лаҳҳоки ҷангиву Фаршедвард, 
Або сӣ ҳазор аз ялони набард 

Гирифтанд бар маймана ҷойгоҳ, 
Замин сар ба сар гашт аз оҳан сиёҳ. 

Чу Зангӯлаи гурду Калбодро, 
Сипаҳрам, ки буд рӯзи фарёдро, 

Фиристод бо найзавар даҳ ҳазор 
Ба пушти саворони ханҷаргузор. 


-б. 326 нест. 

- ҷанговарон. 

- каш бад-он. 


34 


Бурун рафт Руини руинатан 
Або даҳ ҳазор аз ялони Хутан, 

340 Бад-он то дар он бешазорон чу шер 
Камингаҳ кунад бо ялони далер. 

Талоя фиристад ба рӯду ба кӯҳ, 
Сипаҳдори Эрон шавад з-он сутӯҳ. 

Гар аз размгаҳ пай ниҳад пештар, 
Биҷунбад абар хештан бештар. 

Сипаҳдор Рӯин ба кирдори шер 
Паси пушти ӯ андарояд далер. 

Ҳамон дидабон бар сари 1 кӯҳсор, 
Нигаҳбони рӯзу 2 ситорашумор, 

345 К-аз эрониён гар саворе зи дур 
Инон тофтӣ сӯи солори Тур, 

Нигаҳбони дида гирифтӣ хурӯш, 
Ҳама размгаҳ омадӣ з-ӯ ба чӯш. 

РАФТАНИ БЕЖАН БА НАЗДИ ГЕВ 
БА РАЗМ ХОСТАН 

Ду лашкар ба рӯй андаровард рӯй 
Ҳама номдорони пархошҷӯй. 

Чунин истода се рӯзу се шаб, 

Ту гуфтӣ якеро наҷунбид лаб. 

Ҳаме гуфт Гударз, гар ҷои хеш 
Супорам бад-эшон, ниҳам пой пеш, 

350 Сипоҳ андарояд паси пушти ман, 
Намонад ба ҷуз бод дар мушти ман. 


1 . И- дидбонгурд. 

2. И - Нигаҳбон буду. 


35 


Шабу руз бар пой пеши сипоҳ 
Ҳамеҷуст некахтари ҳуру моҳ, 


Ки то рузгоре ки некахтар аст, 

Кадом аст ҷунбиш киро дарх(в)ар аст. 

Куҷо бардамад бод рӯзи набард, 

Ки чашми саворон бипӯшад ба гард. 

Бар эшон биёбам магар дастгоҳ, 

Ба кирдори бод андарорам сипоҳ. 

355 В-аз он рӯй Пирон 1 ниҳода ду чашм, 
Ки Гударзро дил биҷӯшад зи хашм, 

Кунад пушт пардахту ронад сипоҳ, 
Камин андарорад ба пушташ зи роҳ. 

Ба рӯзи чаҳорум зи пушти сипоҳ 
Бишуд Бежани Гев то қалбгоҳ. 

Ба пеши падар шуд ҳама ҷома чок, 
Ҳаме б-осмон барпароканд хок. 

Ҳаме гуфт, к-эй боби корозмой, 
Чароӣ бар ин* 2 хира будан ба пой? 

360 Ба панҷум фароз омад ин рӯзгор, 
Шабу рӯз осоиш омад зи кор. 

На хуршед шамшери гурдон бидид, 
На гарде ба рӯи ҳаво бардамид. 

Саворон ба хафтону хӯд-андарун, 
Якеро ба раг дарнаҷунбид хун. 3 


1. И - ва Пирон ҳам эдун. 

2. М - чӣ дони чунин. 

3. И - Якеро надиданд олуда хун; 

ТПЗ - Дар Эрон ҳама зери бор- андаранд. 

На охир ба рангу нигор -андаранд. 


36 


5 2 К К § 


Ба Эрон пас аз Рустами номдор 
Набудӣ чу Гударз дигар савор. 

Кунун то биёмад зи ҷанги Пашан, 

Аз он куштану размгоҳи гашан. 

365 Ба Лодан, ки чандин писар кушта дид, 
Сари бахти эрониён гашта дид, 

Ҷигархаста гаштасту гумкардароҳ, 
Нахоҳад, ки бинад ҳаме размгоҳ. 

Ба пириш-бар чашм бояд фиканд, 
Ниҳодаст сар сӯи чархи баланд. 

Сипаҳдор, к-ӯ ношумурда сипоҳ 
Ситора шуморад ҳаме гирди моҳ. 

Ту бишнос, к-андар танаш нест хун, 
Шуд аз ҷанги ҷанговарон ӯ 1 забун 

370 Шигифт аз ҷаҳондида Гударз нест, 

Ки ӯро равон худ бад-ин марз нест. 

Шигифт аз ту дорам ҳаме,* 2 эй падар, 
Ки шери жиён аз ту ҷӯяд 3 ҳунар. 

Ду лашкар ҳаме бар ту доранд чашм, 
Яке тез кун мағзу бинмой 4 хашм. 

Кунун чун ҷаҳон гарму равшан ҳаво 
Бигирад ҳаме разми лашкар наво, 

Чунин* 5 рӯзгори хушӣ бугзарад, 

Чу пӯлод рӯи замин бифсурад. 


- ӯ ҷанги турониёнро. 

- ояд моро. 
гирад. 

- бифрӯз. 

- чу ин. 


37 


375 Чу бар найзаҳо гардад афсурда чанг, 1 
Паси пушт барф ояду пеш ҷанг. 

Кӣ ояд зи гурдон ба пеши сипоҳ, 

Ки овард гирад бар ин размгоҳ? 

В-ар эдун, ки тарсӣ ҳаме аз камин, 

Зи ҷанговарону зи мардони кин, 

Ба ман дод бояд саворе ҳазор, 

Гузини ман андархури корзор. 

Барорем гард аз камингоҳашон, 

Сар афшон кунем аз бари моҳашон. 

380 Зи гуфтори Бежан бихандид Гев, 

Басе офарин хонд бар пури нев. 

Ба додор гуфт, аз ту дорам сипос 
Ту додӣ маро пури некишинос. 

Ҳамаш зӯр додӣ, ҳамаш ҳушу* 2 дин, 
Шиносои ҳар кору ҷӯёи кин. 

Ба ман бозгашт ин диловар ҷавон 
Чунон чун бувад баччаи паҳлавон. 

Чунин гуфт мар ҷуфтро наррашер, 

Ки фарзанди мо гар набошад далер, 

385 Бибуррем аз ӯ меҳру пайванд пок, 
Падар-ш оби дарё бувад, мом хок. 

Валекин ту, эй пури чирасухун, 

Забон бар ниё баркушода макун, 

Ки ӯ кордида-сту донотар аст, 

Бар ин лашкари номвар меҳтар аст. 


1. И - ҷанги саворону. 

2. М - додиву ҳам фарру. 


38 


Касе к-у бувад судаи рузгор, 

Набояд ба ҳар кораш омӯзгор. 

Саворони мо гар ба бор-андаранд, 
На туркон ба рангу нигор-андаранд. 

390 Ҳама шӯрбахтанду баргаштасар, 
Ҳама дида пуробу хунин ҷигар. 

Ҳаме хоҳад ин пири корозмой, 

Ки туркон ба ҷанг андароранд пой. 

Паси пушташон дур гардад зи кӯҳ, 
Барад лашкари кинавар ҳамгурӯҳ. 

Бубинӣ ту кӯполи Гударзро 
Ки чун дарнавардад ҳама марзро. 

Ва дигар, ки аз ахтари неку бад 
Ҳаме гардиши чархро бишмарад. 

395 Чу пеш ояд он рӯзгори беҳӣ, 

Кунад рӯи гетӣ зи туркон тиҳӣ. 

Чунин гуфт Бежан ба пе ттт и* 1 падар, 
Ки “Эй паҳлавони ҷаҳон сар ба сар, 

Хуҷаста ниёро, ки ин аст 2 рой, 
Сазад, гар надорем румӣ 3 қабой. 

Шавам, ҷомаи разм 4 берун кунам, 

Ба май рӯи пажмурда гулгун кунам. 

Чу ояд ҷаҳонпаҳлавонро ба кор, 
Биёям камарбастаи корзор”. 


1 . М- фаррух. 

2. И -агар нест. 

3. И - аз оҳан. ИМ - ҷавшану худ. 

4. И -бастан. 


39 




ДАСТУРИИ НАБАРД ХОСТАНИ ҲУМОН 
АЗ ПИРОН 


400 В-аз он лашкари турк Ҳумон далер 
Биёмад ба пеши бародар чу шер, 

Ки эй паҳлавони рад, Афросиёб, 
Гирифт андар ин ҷанг моро шитоб. 

Ба панҷум фароз омад ин рӯзгор, 

Миён баста дар* 1 ҷанг чандин савор, 

Аз оҳан миён судаву дил зи кин, 
Ниҳода ду дида ба Эронзамин. 

Чӣ дорӣ ба рӯй андаровард рӯй, 

Чӣ андеша дорӣ ба дил-дар, бигӯй? 

405 Гарат рои ҷанг аст, ҷанг озмой, 

В-агар рои баргаштан, эдар мапой, 

Ки нанг аст* 2 бар ту, аё паҳлавон, 

Бар ин кор хандид* 3 пиру ҷавон. 

Ҳамон лашкар аст ин, ки аз мо ба ҷанг 
Бирафтанду рафта зи рух обу ранг. 

Аз эшон ҳама размгаҳ кушта буд, 
Замин сар ба сар ҷӯи хун гашта буд. 

На з-ин номдорон саворе кам аст, 

На он дударо паҳлавон Рустам аст. 

4 1 0 В-арат 4 орзу нест хун рехтан, 

Нахоҳӣ 5 ҳаме лашкар ангехтан, 


-бар. 

- аз ин. 

- ханданд. 

- гарат. 

- Наҷуӣ. 


40 


Зи ҷанговарон баҳрае баргузин, 

Ба ман деҳ, ту бингар бад-ин дашти кин”. 

Чу бишнид Пирон зи Ҳумон сухун, 

Бад-ӯ гуфт: “Маштобу тундӣ макун. 

Бидон, эй бародар, ки ин размхоҳ, 

Ки омад бари ман чунин бо сипоҳ, 

Гузини бузургони Кайхусрав аст, 

Сари номдорону ҳам паҳлав аст. 

415 Яке он ки Кайхусрав аз шоҳи ман 
Ҳаме сар фарозад 1 ба ҳар анҷуман. 

Ва дигар, ки аз паҳлавонони шоҳ 
Надонам чу Гударз касро ба ҷоҳ. 2 

Ба гарданфарозиву мардонагӣ, 

Ба рои ҳушивору фарзонагӣ, 

Се дигар, ки пурдог дорад ҷигар, 

Пур аз хун* 3 дил аз дарди чандон писар, 

Ки аз тан сароншон ҷудо мондаем, 
Заминро ба хун гард биншондаем. 

420 Кунун то ба тан-ш-андарун ҷон бувад, 
Бар ин кина чун мор печон бувад. 

Чаҳорум ду 4 лашкар миёни ду кӯҳ 
Фароз оваридаст карда гурӯҳ. 5 

Зи ҳар сӯ, ки ҷӯӣ, бад-ӯ роҳ нест, 
Барандеш, к-ин ранҷ кӯтоҳ нест. 


1 . И - барорад. 

2. И - кас кинахоҳ. 

3. М - кин. 

4. И - ки. 

5. И-фуруд оварида гурӯҳогурӯҳ. 


41 




Бикушид бояд бад-он то магар 
Аз он кӯҳбора* 1 бароранд сар. 

Магар монда гарданду сустӣ кунанд, 
Ба ҷанг-андарун пешдастӣ кунанд. 

425 Чу аз кӯҳ берун кашад лашкараш, 

Яке тирборон кунам бар сараш. 

Чу девор гирд андароремашон, 

Чу шери жиён ҷон бароремашон. 

Бар эшон бигардад ҳама коми мо, 
Барояд ба хуршед-бар номи мо. 

Ту пушти сипоҳиву солори шоҳ 
Бароварда аз чарху кайвон кулоҳ. 

Касе к-ӯ ба номи баландаш ниёз 
Набошад, чӣ гардад ҳаме гирди оз? 

430 Ва дигар, ки аз номдорон ба ҷанг 
Наёяд касе* 2 пеши ғуррон паланг. 

Зи гурдон касеро абеномтар 
Ба ҷанги далерон беоромтар, 

Зи лашкар фиристад ба пешат ба кин, 
Агар барнавардӣ бар ӯ-бар замин, 

Туро ном аз ӯ бар набошад баланд, 
Бар эрониён низ н-ояд газанд. 3 

В-агар бар ту-бар даст ёбад ба хун, 
Шаванд ин далерони туркон забун”. 

435 Нигаҳ кард Ҳумон ба гуфтори ӯй, 
Ҳаме хира донист кирдори ӯй. 


- кӯҳ поя. 

- ҳаме. 

■б. 431-433 нест. 


42 


Чунин дод посух, к-аз Эрон савор 
Кӣ ояд, ки 1 бо* 2 ман кунад корзор? 


Туро худ ҳамин меҳрубонист хуй, 

Маро корзор омадаст орзуй. 

В-агар, к-ат* 3 ба кинҷустан оҳанг нест, 
Ба ҷонат-дарун 4 оташи ҷанг нест. 

Шавам, чармаи гомзан зин кунам, 
Сапедадамон ҷустани кин кунам. 

РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ РУҲҲОМ 

440 Чу омад ба лашкаргаҳи хеш боз, 

Ҳаме суд дандон ба сони гуроз. 

Нишаст аз бари зин сапедадамон 
Чу шери жиён бо яке тарҷумон. 

Биёмад ба наздики эронсипоҳ 
Пур аз ҷанг дил, сар 5 пур аз кини шоҳ 

Чу Пирон бидонист, к-ӯ шуд ба ҷанг, 
Бар ӯ-бар ҷаҳон гашт з-андӯҳ 6 танг. 

Биҷӯшидаш аз кори Ҳумон ҷигар, 

Яке достон ёд кард аз падар, 

445 Ки доно ба ҳар кор созад диранг, 

Сар андарнаёрад ба пайкор танг. 

Сабуксор тундӣ намояд нахуст, 

Ба фарҷоми кор андуҳ орад дуруст. 


1. И- Надонам, ки. 

2. М- набошад, ки бар. 

3. М-туро гар. 

4. ИМ - дил андарун. 

5. И-ранг рух, дил. 

6. И- шуд зи андӯҳ. 


43 




Забоне ки андар сараш мағз нест, 

Агар дур биборад ҳамон, нағз нест. 

Чу Ҳумон бад-ин разм тундӣ намуд, 
Надонам чӣ орад ба фарҷом суд? 

Ҷаҳондовараш бод фарёдрас, 

Ҷуз ӯяш набинам ҳаме ёр кас. 

450 Чу Ҳумони Виса бад-он размгоҳ, 

Ки Гударзи Кашвод 1 буд бо сипоҳ, 

Биёмад, ки ҷӯяд зи гурдон* 2 набард, 
Нигаҳбони лашкар бар ӯ бозх(в)ард. 

Талоя биёмад бари* 3 тарҷумон, 
Саворони Эрон ҳама бадгумон. 

Бипурсид, к-ин гурди пархошҷӯй 
Ба хира ба дашт-андар овард рӯй, 

Куҷо рафт хоҳад ҳаме чун наванд, 

Ба чанг- андарун гурзу бар зин каманд? 

455 Ба эрониён гуфт пас тарҷумон, 

Ки омад гаҳи теғу гурзу 4 камон,* 5 

Ки ин шердил номбардор мард, 

Ҳаме бо шумо кард хоҳад набард. 

Сари висагон аст Ҳумон ба ном 
Ки теғаш дили шер дорад ниём. 

Чу диданд эрониён гурзи ӯй, 
Камарбастану хусравӣ бурзи ӯй, 


■Биёмад, ки Гударз. 

- зи гурдон бихоҳам. 

- сӯи. 

■гурзу тиру. 

- г аро. 


44 


Ҳама дашти* 1 найзагузорон зи кор 
Фурӯ монд аз фарри он номдор. 

460 Ҳама яксара бозгаштанд аз ӯй, 

Сӯи тарҷумонаш ниҳоданд рӯй, 

Ки рав пеши Ҳумон, ба туркизабон 
Ҳама гуфтаи мо бар ӯ-бар бихон, 2 

Ки моро ба ҷанги ту оҳанг нест, 

Зи Гударз дастурии ҷанг нест. 

Агар ҷангҷӯӣ, кушодаст роҳ 
Сӯи номвар паҳлавони сипоҳ. 

Зи солори гурдони гарданкашон 
Ба Ҳумон бидоданд як-як нишон, 

465 Ки гурдон кадоманду лашкар* 3 куҷост, 
Кӣ дорад чапи лашкару дасти рост. 

В-аз он сӯ ҳаюни таковар давон 
Талоя бияфканд зӣ паҳлавон, 

Ки Ҳумон аз он размгаҳ чун паланг, 
Сӯи паҳлавон андаромад 4 ба ҷанг. 

Зи пеши талоя чу Ҳумон бирафт, 
Биёмад ба наздики Руҳҳом тафт. 

В-аз он ҷо хурӯше баровард сахт, 

Ки эй пури солори ҳушёрбахт, 5 

470 Биҷунбон инон андар ин размгоҳ, 6 
Миёни ду саф баркашида сипоҳ, 7 


1 . М- дасти. 

2. И-Ту дар пеши Ҳумон бихон. 

3. М- кеҳтар куҷой асту меҳтар. 

4. И-ба сӯи сипоҳ омад андар. 

5. И-б. 468, 469 нест. 

6. И-бад-ин лашкар андар инон. 

7. И-баргирифта синон. 


45 




Чапи лашкару ҷанги шерон туи, 
Нигаҳбону солори Эрон туӣ. 1 

Ба овард бо ман бибояд-т гашт, 

Сӯи рӯд хоҳиву гар кӯҳу 2 дашт. 

В-агар ту наёӣ, магар Густаҳам 
Биёяд дамон бо Фирӯҳил ба ҳам, 

Ки ҷӯяд набардам зи кундоварон* 3 
Ба теғу синону 4 ба гурзи гарон. 

475 Ҳар он кас, ки пеши ман ояд ба кин, 
Замона бар ӯ дарнавардад замин. 

В-агар теғи моро бубинад ба ҷанг, 
Бидаррад дили шеру чарми паланг”. 

Чунин дод Руҳҳом посух бад-ӯй, 

Ки “Эй номбардори* 5 пархошҷӯй, 

Зи туркон туро бихрад ангоштем, 

Ҷуз он гуна ҳастӣ, ки пиндоштем, 

Ки танҳо бар ин размгоҳ омадӣ, 
Диловар ба пеши сипоҳ омадӣ. 

480 Бар онӣ, ки андар ҷаҳон теғдор 

Набандад камар ҷуз ту дигар* 6 савор. 7 

Яке достон аз каён ёд кун, 

Зи доми хирад гардан озод кун, 


■б. 471 нест. 

■бо сӯи. 

- ҷанговарон. 
■тиру камону. 

- номвар гурди. 

- низ чун ту. 
■чун ту як ном. 


46 


Ки ҳар, к-у ба ҷанг андарояд нахуст, 
Раҳи бозгаштан набояд-ш ҷуст. 1 

Аз инҳо, ки* 2 ту ном бурдӣ ба ҷанг, 
Ҳама ҷангро тез доранд ҷанг. 

Валекин ту фармони солори шоҳ 
Набошад, насозад касе размгоҳ. 

485 Агар ҷанги гурдон биҷӯӣ ҳаме, 

Сӯи паҳлавон чун напӯӣ ҳаме? 

Зи Гударз дастурии ҷанг хоҳ, 

Пас аз мо ба ҷанг-андар оҳанг хоҳ”. 

Бад-ӯ гуфт Ҳумон, ки “Хира магӯй, 
Бад-ин рӯй бо ман баҳона маҷӯй. 

Ту ин найзаро дуки риштан гузин, 

На марди саворониву дашти кин”. 

РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ФАРИБУРЗ 

490 В-аз он ҷо ба қалби сипаҳ баргузашт, 
Дамон то бад-он сӯи лашкар гузашт. 

Ба назди Фарибурз бо тарҷумон 
Биёмад ба кирдори пили дамон. 

Яке бархурӯшид, к-”Эй баднишон, 

Фурӯ бурда гардан зи гарданкашон, 


1 . ТПЗ - Наандешӣ аз теғи Геви далер, 

Ки Пирон бародар-т он наррашер. 
Ду гӯшаш ба ханҷар-ш сӯрох кард, 
Дили гурди Турон пур аз рох кард. 
Бирав боз гард, эй набардаставор, 
Чу огаҳ шавад Геви ял номдор. 
Биёяд, бибуррад ду гӯшат ба зор, 
Шавӣ назди турониён сахт хор. 

2. М-ин ҳар ки. 


47 




Саворону пилону зарринакафш 
Туро буду бо ковиёнӣ дурафш. 

Ба туркон супурдӣ ба рӯзи набард, 
Ялонат ба Эрон нахонанд мард. 

Ту солор будӣ, шудӣ зердаст, 
Камар* 1 бандагиро бибояд-т баст. 2 

495 Сиёвахши радро бародар туӣ, 

Ба гавҳар зи солор бартар тӯӣ. 

Ман аз тухмаи Тури туроншаҳам, 

Ба гавҳар магар бо ту худ ҳамраҳам. 

Ту бошӣ сазовори 3 кин хостан, 

Ба кина 4 туро бояд оростан. 

Яке бо ман акнун ба овардгоҳ 
Биё, то бигардем 5 пеши сипоҳ. 

Ба хуршеди тобон барояд-т ном, 

Чу 6 пеши ман эдар 7 гузорӣ ту гом. 

500 В-агар ту наёӣ ба ҷангам, равост, 
Завора, Гуроза нигар то куҷост. 

Касеро зи гурдон ба пеши ман ор, 
Ки бошад зи эрониён номдор”. 

Чунин дод посух Фарибурз боз, 

Ки “Бо* 8 шери дарранда кина масоз. 


- миён. 

Чу солор бошӣ, шавӣ зердаст, 
Миён бандагиро бибояд бубаст. 

3. И-Туро бояд имрӯз. 

4. И-кин мар. 

5. И-бояд-т гаштан ба. 

6. И-ки. 

7. И-андар. 

8. М-Эй. 


48 


Чунин аст фарҷоми рузи набард, 

Яке шод, пирӯзу дигар ба дард. 

Чу пирӯз гаштӣ,* 1 битарс аз газанд, 

Ки яксон нагардад сипеҳри баланд. 

505 Ситеза ба ҷое расонад сухан, 

Ки вайрон кунад хонумони куҳан. 2 

Дурафш ар зи ман шоҳ бистад, равост, 
Бад-ӯ дод пилону лашкар, ки хост. 

Ба кини каён аз паси Кайқубод, 

Касе к-ӯ кулоҳи меҳӣ 3 барниҳод. 

Камар баст, то гетӣ озод кард, 
Сипаҳдор Гударзи Кашвод кард. 

Ҳамеша ба пеши сипаҳ кинахоҳ 
Падар бар падар неву солори шоҳ. 

510 Ва дигар, ки аз гурзи ӯ бегумон 
Сар ояд ба солоратон-бар замон. 

Сипаҳро бад-ӯяст фармони ҷанг, 

Бад-ӯ боз гардад ҳама ному нанг. 

Агар бо туам ҷанг фармон диҳад, 
Диламро бар он доғ дармон диҳад. 

Бубинӣ, ки ман сар чи гуна зи нанг 
Ба гардун барорам ба майдони ҷанг”. 

Чунин посухаш дод Ҳумон, ки бас, 

Ба гуфтор бинам туро дастрас. 

Бад-ин теғ, к-андар миён бастаӣ, 

515 Зи мардони ҷангӣ киро ҳастаӣ?* 4 


1. М-бошӣ. 

2. И-б. 505 нест. 

3. И- кай. 

4. М - ҷанги саворон чаро растаӣ? 


49 


Бад-ин гурзи нохуб кун корзор, 

Ки бар таргу ҷавшан наёяд ба кор. 

РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ГУДАРЗ 

Аз он ҷо бад-он чирагӣ 1 бозгашт, 

Ки гуфтӣ магар шери бад соз гашт. 

Камарбастаи кини озодагон 
Ба наздики 2 Гударзи Кашводагон. 

Биёмад, 3 яке бонг барзад баланд, 

Ки “Эй пурманиш 4 меҳтари девбанд, 

520 Шунидам ҳама, ҳар чи 5 гуфтӣ ба шоҳ, 
В-аз он пас кашидан сипаҳро 6 ба роҳ. 

Ҳамон ҳадяи шоҳу паймони ту, 

Ба Пирони солору фармони ту. 

Фиристода омад ба туронсипоҳ 
Гузин пури ту Геви лашкарпаноҳ. 7 

В-аз он пас, ки савганд хӯрдӣ ба шоҳ, 
Ба хуршеду моҳу ба тахту кулоҳ, 

Ки гар чашми ман дар гаҳи корзор 
Ба Пирон фитад, з-ӯ барорам димор. 

525 Чу шери жиён лашкар оростӣ. 

Ҳаме б-орзу ҷанги мо хостӣ. 

Кунун аз паси кӯҳ чун мустаманд 
Нишастӣ ба кирдори ғурми нажанд. 


1 . И - тирагӣ 

2. И -Биёмад ба. 

3. И-удидаш. 

4. И-барманиш. 

5. И-ҳама ҷо. 

6. И-ҷо сипаҳ баркашидй. 

7. И-б. 522 нест. 


50 


Чунон ҳамчу нахчир, к-аз наррашер 
Гурезону шер аз пас- андар далер, 

Гузинад ба беша-дарун ҷои танг, 
Наҷӯяд зи тимори ҷон ному нанг. 

Яке лашкаратро ба Ҳумон 1 гузор, 

Чӣ дорӣ сипоҳ аз паси 2 кӯҳсор? 

Чунин буд 3 паймонт бо шаҳрёр, 

530 Ки бар кина дар 4 кӯҳ гирӣ ҳисор?” 

Бад-ӯ гуфт Гударз, к- “Андеша кун, 
Ки бошад сазо бо ту гуфтан сухун. 

Чу посух наёбӣ кунун з-анҷуман, 

Ба бедонишӣ барниҳӣ он ба ман. 

Ту бишнав,* 5 ки аз шоҳ фармони ман 
Ҳаме буд савганду паймони ман. 

Кунун к-омадам бо сипоҳи гарон, 

Аз Эрон гузида диловар сарон. 

535 Шумо ҳам ба кирдори рӯбоҳи пир- 
Ба беша-дар аз бими нахчиргир. 

Ҳаме чора созеду дастону банд, 
Гурезон зи гурзу синону каманд. 

Далерӣ макун, ҷанги моро махоҳ, 

Ки рӯбоҳ бо шер н-ояд ба роҳ”. 

Чу Ҳумон зи Гударз посух шунид, 

Чу шер андар он размгаҳ 6 бардамид. 


1 . И-ҳомун. 

2. И- сипаҳро сӯи. 

3. И-чуз ин нест. 

4. И-кинагаҳ. 

5. М-бишнос. 

6. И-овардгаҳ. 


51 


Ба Гударз гуфт: “Ар наёи ба ҷанг, 

Ту бо ман на з-он аст, к-ояд-т нанг. 

540 Аз он пас, ки ҷанги Пашан дидаӣ, 
Сар аз разми туркон бипечидаӣ. 

Ба Лодан ба ҷанг озмудӣ маро, 

Ба овардгаҳ-дар ситудӣ маро. 

В-ар эдун, ки ҳаст ин ки гӯӣ ҳаме 
В-аз ин гуфта кирдор ҷӯӣ ҳаме. 

Яке баргузин аз миёни сипоҳ, 

Ки бо ман бигардад ба овардгоҳ, 

Ки ман бо Фарибурзу Руҳҳом ҷанг 
Биҷустам ба сони диловар наҳанг. 

545 Бигаштам саросар ҳама анҷуман 
Наёмад зи гурдон касе пеши ман. 

Ба Гударз буд банди пайкорашон, 
Шунидан наарзид гуфторашон. 

Ту онӣ, ки гӯӣ ба рӯзи набард 
Ба ханҷар кунам лола бар кӯҳ зард. 

Яке бо ман эдар ба 1 * 2 ин кинагоҳ 
Бигардад ба гурзи гарон кинахоҳ. 

Фаровон писар дорӣ, эй номвар, 
Ҳама баста бар ҷанги мо-бар камар. 

550 Якеро ба пеши ман овар ба ҷанг, 
Агар ҷангҷӯӣ, чӣ ҷӯӣ диранг?” 

Бас андеша кард андар он паҳлавон, 
Ки пешаш кӣ ояд ба ҷанг аз гавон. 


1. И- ояд бар. 

2. М-эдун. 


52 


Гар аз номдорон ҳизарби дамон 
Фиристам ба наздики ин бадгумон, 

Шавад кушта, Ҳумон бар ин размгоҳ, 
Зи туркон наёяд касе кинахоҳ. 1 

Дили паҳлавоншон бупечад зи дард, 
В-аз он пас ба тундӣ наҷӯяд набард. 

555 Сипоҳаш ба кӯҳи Канобад шавад, 

Ба ҷанг- андарун дасти мо бад шавад. 

В-ар аз номдорони ин анҷуман 
Яке 2 кам шавад, гум шавад номи ман. 

Шикаста шавад дил ялонро ба ҷанг, 
Насозанд аз он пас ба ҳомун диранг. 

Ҳамон беҳ, ки бо ӯ насозем кин, 

Бар ӯ - бар бубандем роҳи камин. 3 

Магар чира* 4 гарданду ҷӯянд* 5 ҷанг, 
Сипоҳ эдар ояд аз он ҷои танг. 

560 Чунон дод посух ба Ҳумон, ки рав, 

Ба гуфтор тундиву дар кор нав. 

Чу дар пеши ман баркушодӣ забон, 
Бидонистамат ошкору ниҳон. 

Касеро зи туркон набошад хирад, 
К-аз андешаи хеш ромиш барад. 

Надонӣ, ки шери жиён рӯзи ҷанг 
Наёлояд аз хуни рӯбоҳ чанг. 


1. И-б. 549-553 нест. 

2. И- касе. 

3. И-б. 588 нест. 

4. М-хира. 

5. М-созанд. 


53 


Ва дигар ду лашкар чунин сохта, 

Ҳама ҷангро гардан афрохта.* 1 

565 Ба кина ду тан пеш созанд ҷанг, 

Ҳама номдорон бихоянд ҷанг. 

Сипаҳро ҳама пеш бояд шудан, 

Ба андӯҳ захме бибояд задан. 

Ту акнун сӯи лашкарат боз шав, 
Барафроз гардан ба солори нав, 

К-аз эрониён чанд ҷустам набард, 
Назад пеши ман кас ҷуз аз боди сард, 

Бар ин размгаҳ бар шавад номи ту, 

Зи Пирон барояд ҳама коми ту. 

570 Бад-ӯ гуфт Ҳумон ба бонги баланд, 

Ки “Гурдон кадоманду солор чанд? 

Яке достон аз ҷаҳондор шоҳ 
Ба ёд оварам андар ин* 2 размгоҳ, 

Ки тахти каён ҷуст хоҳӣ, маҷӯй, 

Чу ҷӯӣ, зи оташ мабартоб рӯй. 

Туро орзу ҷангу пайкор нест, 

В-агар гулчинӣ, роҳ бехор нест. 

Надорӣ аз эшон яке шермард, 

Ки бо ман кунад пеши лашкар набард. 

575 Ба чора ҳаме боз гардониям, 

Нагирам фиребат агар дониям”. 

Ҳама номдорони пархошҷӯй 
Ба Гударз гуфтанд, к-”Ин аст рӯй, 


1. М-ҳамон бодпоён сар афрохта. 

2. М-ман бад ин. 


54 


Ки аз мо якеро ба овардгоҳ 
Фиристӣ ба наздики ӯ кинахоҳ”. 

Чунин гуфт Гударз, к-”Имрӯз рӯй 
Надорад шудан ҷангро пеши ӯй”. 

Чу Ҳумон зи гуфтор баргашт сер, 
Барошуфт бар сони шери далер. 

580 Бихандиду рӯй аз сипаҳбад битофт, 
Сӯи рӯзбонони лашкар шитофт. 

Камонро ба зеҳ карду з-эшон чаҳор 
Бияфканд з-асп андар он марғзор. 

Чу он рӯзбонони лашкар зи дур 
Бидиданд захми сарафроз тур, 

Раҳаш боз доданду бугрехтанд, 

Ба овард бо ӯ наёвехтанд. 

Ба боло баромад ба кирдори маст, 
Хурӯшаш ҳаме кӯҳро кард паст. 

585 Ҳаме найза баргошт бар гурз сар, 
Ки Ҳумони Висаст* 1 пирӯзгар. 

Хурӯшидани нои рӯин зи дашт 
Баромад, чу найза зи боло бигашт. 

Зи шодӣ далерони туронсипоҳ 
Ҳаме* 2 тарг суданд бар чарху моҳ. 

Чу Ҳумон баромад бар он чирагӣ, 
Бупечид Гударз аз он хирагӣ. 

Сипаҳдор аз он шарм гашта дижам, 
Гирифта бар ӯ хашму тундӣ ситам. 3 


1 . М- гурд. 

2. М-сари. 

3. И-б. 589 нест. 


55 




590 Зи нанг аз далерон биполуд хай, 
Сипаҳбад яке ахтар афканд пай, 

К-аз эшон буд* 1 ин пешдастӣ ба хун, 

Бад ояд ҳаме бар бадӣ раҳнамун. 

Ва-аз он пас ба гарданкашон бингарид, 
Ки то ҷанги ӯро кӣ ояд падид. 

ОГОҲ ШУДАНИ БЕЖАН АЗ КИРДОРИ 
ҲУМОН 

Хабар шуд ба Бежан, ки Ҳумон чу шер 
Ба пеши ниёи ту омад далер. 

Зи ҳар сӯ чапи лашкару дасти рост 
Зи гарданкашон ҳамнабардон бихост. 2 * 3 

595 Нарафт аз далерон касе пеши ӯй, 

Ба тундиву байғора баргошт рӯй. 

Бикушт аз саворони лашкар ҷаҳор 
Ба хок- андар афкандашон хору зор. 

Барошуфт бар хештан чун паланг, 
Набарди варо тез карда ду чанг. 4 

Бифармуд, то барниҳоданд зин* 5 
Бар он пилпайкар ҳаюни гузин. 

Бипӯшид румизиреҳ ҷангро, 

Сабук танг барбаст шабрангро. 

600 Ба пеши падар шуд пур аз кимиё, 

Сухан гуфт бо ӯ зи баҳри ниё. 6 


-будӣ. 

■б. 594 нест. 

-Баромад, зи гарданкашон кина. 
■99 нест. 

-Бад-он бораи пилтан рӯзи кин. 
■яке. 


56 


Чунин гуфт мар Гевро, к-”Эй падар, 
Нагуфтам туро ман ҳама 1 дар ба дар? 

Ки Гударзро ҳуш кеҳтар 2 шудаст, 
Набинӣ, ба оин, 3 ки дигар шудаст. 

Дилаш пурниҳеб асту пурхун ҷигар, 
Зи бас дарду тимори 4 чандон* 5 писар, 

Ки аз тан сароншон ҷудо гашта буд, 
Ҳама размгаҳ сар ба сар кушта буд. 

605 Нишон он, ки турке биёмад далер 
Миёни далерон ба кирдори шер. 

Ба пеши ниё рафт найза ба даст, 

Ҳаме бархурӯшид бар сони 6 маст. 

Чунон буд, к-аз он лашкари номдор 
Саворе набуд аз дари корзор, 

Ки ӯро ба найза барафрохтӣ, 

Чӣ 7 бар бобзан мурғ барсохтӣ. 

Ту эй меҳрбон боби 8 бисёрҳуш, 

Ду китфам 9 ба диръи Сиёвуш бипӯш. 

610 Нашояд ҷуз аз ман, ки бо ӯ набард 
Кунад, то барорад зи мардиш гард”. 

Бад-ӯ гуфт Гев: “Эй писар, ҳуш дор, 
Ба гуфтори ман як замон 10 гӯш дор, 


1 . И- Туро ман бигуфтам ҳаме. 

2. И-камтар. 

3. И-Ба дониш бубинӣ 

4. ИМ-Зи тимор в-аз дарди. 

5. М-чандон 

6. ИМ-чун пили. 

7. М-Чу. 

8. И-марди. 

9. И-китфам. 

10. ИМ-сар бар сар. 


57 


222 


Бигуфтам туро ман, ки тези макун, 
Ба Гударз- бар бад магардон сухун, 

Ки ӯ кордида-сту донотар аст, 

Бар ин лашкари номвар меҳтар аст. 

Саворони ҷангиш пеш - андаранд, 
Ҳама кинаи* 1 пилро дарх(в)аранд, 

6 1 5 Нафармуд бо ӯ касеро набард ,* 2 
Ҷавонӣ магар мар туро хира кард, 

Ки гардан бад-ин сон барафрохтӣ, 
Бад-ин орзу пеши ман тохтӣ. 

Наям ман бад-ин кор ҳамдостон, 
Мазан низ пешам аз ин достон”. 

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки “Гар коми ман 
Наҷӯӣ, нахоҳӣ ҳаме номи ман. 

Шавам пеши солор баста камар, 
Занам даст бар ҷанги Ҳумон ба бар”. 

620 В-аз он ҷо бизад аспу баргошт рӯй, 
Ба наздики Гударз шуд пӯяпӯй. 

Ситоишкунон пеши ӯ шуд ба дард, 
Ҳама достон сар ба сар ёд кард, 

Ки “Эй паҳлавони ҷаҳондор шоҳ, 
Шиносои ҳар кору зебои гоҳ. 

Шигифтӣ ҳаме бинам* 3 аз ту яке, 
В-агарчанд ҳастам ба ҳуш андаке, 


-кинагаҳ. 

-Дилу ҷони ман мекунӣ пур зи дард. 
- Саросема бинам ман. 


58 


Ки 1 ин размгаҳ бустон сохти, 

Дил аз кини туркон бипардохтӣ. 

625 Ба ҳафтум фароз омад ин рӯзгор, 
Шабу рӯз осоиш омад, на кор, 

Ки хуршед шамшери гурдон надид, 
На гарде ба рӯи ҳаво бардамид. 2 

Шигифтитар он, к-аз миёни сипоҳ 
Яке турки бадбахти гумкардароҳ 

Биёмад, ки Яздони некидиҳиш 
Ҳаме бад сиголид бар бадкуниш, 

Биёвардаш аз пеши туронсипоҳ 
Бад-он то ба дасти ту гардад табоҳ, 

630 Ба домомада гӯр бугзоштӣ, 

Надонам, к-аз ин дар чӣ пиндоштӣ. 

Бар онӣ, ки гар хуни ӯ бедиранг- 
Бирезанд, Пирон наёяд ба ҷанг. 

Маяндеш, к-ӯ кина беш оварад, 
Сипаҳро бад-ин дашт пеш оварад. 

Ман инак ба хун ҷангро шустаам 3 , 
Ҳамон ҷанги 4 ӯро камар бастаам. 

Чу дастур бошад маро паҳлавон, 
Шавам пеши ӯ чун ҳизабри дамон. 

635 Бифармояд акнун сипаҳбад ба Гев, 
Магар, к-он силеҳи Сиёвахши нев, 


1 . И-к-аз. 

2. ТПЗМ - Ба ман гӯй, то ман шавам сӯи ҷанг, 

Камарро бубандам дар ин ҷанг танг. 

3. И-хуни ҷигар ҳастам. 

4. И-хуни. 


59 


Диҳад мар маро таргу румизиреҳ, 

Зи бандаш кушояд якояк гиреҳ”. 

Чу бишнид Гударз гуфтори ӯй, 

Бидид он дилу рои ҳушёри 1 ӯй, 

Зи шодӣ бар ӯ офарин кард сахт, 

Ки “Аз ту магардод ҷовид бахт! 

Ту то барнишастӣ ба зини паланг, 
Наҳанг аз дам осуду шерон зи ҷанг. 

640 Ту худ ҳеч гуна наёсоиё 

Ба ҳар разму ҳар кор пеш оиё. 2 

Ба ҳар корзор - андар оӣ далер, 

Ба ҳар ҷанг 3 пирӯз бошӣ чу шер. 

Нигаҳ кун, ки бо ӯ ба овардгоҳ 
Тавонӣ шудан, з-он пас овард хоҳ. 

Ки Ҳумон яке бадкуниш Риман аст, 

Ба овард чун кӯҳ дар ҷавшан аст. 

Ҷавониву ногашта бар сар сипеҳр, 
Надорӣ ҳаме бар тани хеш меҳр. 

645 Бимон то яке размдида ҳизабр, 

Фиристам ба ҷангаш чу ғурранда абр. 

Бар ӯ тирборон кунад чун тагарг, 

Ба сар-бар бидӯзад-ш пӯлодтарг. 

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки “Эй паҳлавон, 
Ҳунарманд бояд диловар ҷавон. 

Маро гар надидӣ ба разми Фуруд, 
Кунун боз бояд зи сар озмуд. 


1. И-бедори. 

2. И-б. 640 нест. 

3. И-кор. 


60 


Ба ҷанги Пашан барнаваштам замин, 
Надида касе пушти ман рӯзи кин. 

650 Маро зиндагонӣ на андарх(в)ар аст, 
Гар аз дигаронам ҳунар камтар аст. 

В-агар боздорӣ маро з-ин сухун 
Бар ин* 1 рӯй, к-оҳанги Ҳумон макун, 

Бинолам ман аз паҳлавон пеши шоҳ, 
Нахоҳам камар з-ин сипас, на кулоҳ”. 

Бихандид Гударзу з-ӯ шод шуд, 

Ба сони яке сарви озод шуд. 

Бад-ӯ гуфт: “Некахтару бахт Гев, 

Ки фарзанд бинад ҳаме чун ту нев! 

655 В-аз он рӯзи фаррух маро ёд бод, 

Ки аз модари пок Бежан бизод. 

Ту то ҷангро боз кардӣ ду ҷанг, 

Фурӯ монд аз ҷанг чанги паланг. 

Туро додам ин ҷанги Ҳумон кунун, 
Магар бахти некат бувад раҳнамун. 

Ба номи ҷаҳондор Яздони мо, 

Ба пирӯзии шоҳи гурдони мо, 

Ки ин аҳриманро ба дасти ту ҳуш 
Барояд, ба фармони Яздон бикӯш. 2 

660 Бигӯям кунун Гевро, к-он зиреҳ, 

Ки Бежан ҳаме хоҳад, ӯро бидеҳ. 

В-ар эдун, ки пирӯз бошӣ бад-ӯй, 
Туро бештар назди ман обрӯй. 


1. М- Бад-он. 

2. ТПЗ - Шикаста шавад пушти Пирон ба ҷанг, 

Насозад ба ному накӯшад ба нанг. 


61 




Зи Фарҳоду Геват барорам зи ҷоҳ 
Ба ганҷу сипоҳу ба тахту кулоҳ”. 

Бигуфт ин сухан бо набера ниё, 
Набера пур аз банду пуркимиё. 

Пиёда шуд аз аспу рӯи замин 
Бибӯсиду бар боб 1 кард офарин. 

665 Бихонд он замон Гевро паҳлавон, 
Сухан рафт* 2 бо ӯ зи баҳри ҷавон. 

В-аз он хусравонизиреҳ ёд кард, 
Куҷо хост Бежан зи баҳри набард. 

Чунин дод посух падарро писар 3 
Ки “Эй паҳлавони ҷаҳон сар ба сар, 

Маро ҳушу ҷону ҷаҳон ин якест, 

Ба чашмам чунин ҷони ӯ хор нест. 

Нахоҳам-ш кардан зи чашмам ҷудо, 
Фиристодан андар дами аждаҳо”. 4 

670 Бад-ӯ гуфт Гударз, к-”Эй меҳрбон, 
Ҷуз ин кард бояд бар ӯ-бар гумон,* 5 

Ки ҳарчанд Бежан ҷавон асту нав, 

Ба ҳар кор дорад хирад пешрав. 

Ва дигар, ки ин ҷои кин 6 ҷустан аст, 
Ҷаҳонро зи оҳарманон* 7 шустан аст. 


■бисёр. 

-гуфт. 

■писар бар падар. 

■б. 669 нест... 

-Макун ту бад-ин кор ранҷа равон. 
■хун. 

-Ба хун рӯи гетӣ гаҳи. 


62 


Ба кини Сиёвуш ба' фармони шоҳ 
Нашояд ба пайванд кардан 1 2 нигоҳ. 

В-агар борад аз меғ пӯлодтеғ, 
Нашояд, ки дорем ҷонро* 3 дареғ, 

675 Набояд шикастан дилашро ба ҷанг, 
Напӯшид бояд бар ӯ ному нанг, 

Ки чун коҳилӣ пеша 4 гирад ҷавон, 
Бимонад манишпасту тираравон”. 

Чу посух чунин ёфт, чора набуд, 

Яке бо писар низ панд озмуд. 

Магар боз дорад сарашро* 5 зи ҷанг, 
Писар гуфт: “Номам дарорӣ ба нанг”. 

Ба Гударз гуфт: “Эй ҷаҳонпаҳлавон, 
Ба ҷое, ки пайкор хезад ба ҷон, 

680 На фарзанд бояд, на ганҷу сипоҳ, 

На озарму фармони солору шоҳ. 

Маро рӯзгори дурушт аст пеш, 

Чаро дод бояд бад-ӯ* 6 ҷони хеш?! 

Агар ҷанг ҷӯяд, силеҳаш куҷост, 

Зиреҳ дорад, аз ман чӣ бояд-ш хост?” 

Чунин гуфт пеши падар ҷангсоз, 

Ки “Моро ба диръи ту н-омад 7 ниёз. 


1 . И-Сиёҳвахшу. 

2. И-ки доранд ҷонро. 

3. М-Набояд, ки дорем аз ин ҷон. 

4. И-пеш. 

5. М-гардонадаш сар. 

6. М-Ҳаме. 

7. И-набвад. 


63 




Бар они, ки андар ҷаҳон сар ба сар 
Ба диръи ту ҷӯянд мардон ҳунар. 

685 Чу диръи Сиёвуш набошад ба ҷанг 
Наҷӯянд гарданкашон ному нанг”. 

Барангехт асп аз миёни сипоҳ, 

Ки ояд зи лашкар ба овардгоҳ. 

ДОДАНИ ГЕВ ДИРЪИ СИЁВУШ БА БЕЖАН 

Чу аз пеши лашкар шудаш нопадид, 

Дили Гев аз андӯҳи ӯ бардамид. 

Пушаймон шуд, аз дарди дил хун гирист, 
Нигар, то ғаму меҳри фарзанд чист. 

Ҳаме б-осмон барфарозид сар, 

Пур аз хун дил аз дарду хаста ҷигар. 

690 Ба додор гуфто, ҷаҳондоварӣ, 

Сазад, гар* 1 бад-ин хастадил бингарӣ, 

Насӯзӣ ту аз баҳри Бежан дилам, 

К-аз оби мижа пой андар гилам. 

Ба ман боз бахшаш ту, эй кирдгор, 
Бигардон зи ҷонаш бади рӯзгор. 

Биёмад пурандеша дил паҳлавон, 

Пур аз хун дил аз кори пури* 2 ҷавон. 

Ба дил гуфт, хира биёзурдамаш, 

Чаро хоста пеш н-овардамаш. 

695 Гар ӯро зи Ҳумон бад ояд ба сар 
Чӣ бояд маро диръу теғу камар. 3 


-Бибояд. 
-баҳри рафта. 
■хӯду сипар. 


64 


Бимонам пур аз дарду андуҳу 1 хашм, 
Пурозор з-ӯ дил, пур аз об чашм. 

В-аз он ҷо давон 2 ҳам ба кирдори гард 
Ба пеши писар шуд ба ҷои набард.* 3 

Бад-ӯ гуфт: “Моро чӣ дорӣ ба танг, 
Ҳаме тезӣ орӣ ба ҷои диранг? 

Сияҳмор чандон дамад рӯзи ҷанг, 

Ки аз жарфи дарё барояд наҳанг. 

700 Дурахшидани моҳ чандон бувад, 

Ки хуршеди тобанда пинҳон бувад. 

Кунун сӯи Ҳумон шитобӣ ҳаме, 

Зи фармони ман сар битобӣ ҳаме. 

Чунин баргузинӣ ҳаме рои хеш, 
Надонӣ, ки чун оядат кор пеш”. 

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки “Эй некбоб, 
Диламро зи кини Сиёвуш матоб, 

Ки Ҳумон на аз рӯю на з-оҳан аст, 

На пили жиёну на оҳарман аст. 

705 Яке марди ҷанг асту ман ҷангҷӯй, 

Аз ӯ барнатобам ба бахти ту рӯй. 

Навишта магар бар сарам дигар аст, 
Замона ба дасти 4 ҷаҳондовар аст. 

Агар буданӣ буд, дилро ба ғам 
Сазад гар надорӣ, набошӣ дижам”. 


1 . И - ҳасрату дарду. 

2. И-дамон. 

3. М-диле пур зи дард. 

4. И - амри. 


65 


Чу бишнид гуфтори пури далер, 

Миён бастаи ҷанг бар сони шер. 

Фуруд омад аз бораи роҳҷӯй, 

Супурд аспу диръи Сиёвуш бад-ӯй, 

710 Бад-ӯ гуфт: “Агар корзорат ҳавост, 
Чунин бар хирад коми ту подшост, 

Бар ин бораи гомзан барнишин, 

Ки зери ту андар навардад замин. 

Силоҳам ҳам эдун ба кор оядат, 

Чу бо аҳриман корзор оядат”. 

Чу аспи падар дид бар пой пеш 
Чу бод андаромад зи раҳвори хеш. 

Бипӯшид диръи Сиёвахши рад, 
Зиреҳро гиреҳ бар камарбанд зад. 1 

7 1 5 Бар он бораи хусравӣ барнишаст, 

Камар басту бигрифт гурзаш 2 ба даст. 

Яке тарҷумонро* 3 зи лашкар биҷуст, 
Ки гуфтори туркон бидонад дуруст. 

Биёмад ба сони ҳижабри жиён, 4 
Ба кини Сиёвуш камар бар 5 миён. 

Чу Бежан ба наздики Ҳумон расид, 
Яке оҳанин кӯҳи ҷӯшанда 6 дид. 

Зи ҷавшан ҳама дашт равшан шуда, 
Яке пил дар зери ҷавшан шуда.* 7 


1. И-б. 714. 

2. И-найза. 

3. М-тарчумонаш. 

4. И-Ҳизабри дамон. 

5. И-баста. 

6. И-ҷӯшида. 

7. М-сиёвахш баста. 


66 


720 В-аз он пас бифармуд,то тарҷумон 
Яке бонг барзад бар он бадгумон, 

Ки гар ҷанг ҷӯӣ ҳаме, боз гард, 

Ки Бежан ҳаме бо ту ҷӯяд набард. 

Ҳаме гӯяд, эй размдида савор, 

Чӣ тозӣ ту асп андар ин марғзор, 

К-аз Афросиёб андароӣ ба бад, 

Зи Туронзамин 1 бар ту нафрин сазад. 

Ту кина пайафкандиву* 2 бадхуӣ, 

Зи Турон гунаҳгортар кас туӣ. 

725 Зи Яздон сипосу ба Яздон паноҳ 
К-ат овард пешам дар ин размгоҳ. 

Инон боз каш з-ин таковар ҳаюн, 
К-ат акнун зи кина биҷӯшид хун. 

Яке баргузин ҷойгоҳи набард, 

Ба дашту дару кӯҳ бо ман бигард. 

В-агар дар миёни дурӯя сипоҳ, 
Бигардӣ ҳаме аз паи* 3 ному ҷоҳ, 

Куҷо душману дӯст бинад туро, 

Зи гарданкашон* 4 баргузинад туро*. 

730 Чу бишнид Ҳумон, бихандид сахт, 
Чунин дод посух, ки “Эй шӯрбахт, 

Бас эмин шудӣ бар тани хеш-бар, 
Магар серӣ омад танатро зи сар? 


1 . И-турониён. 

2. М-паи кина афкандӣ. 

3. М-ба лоф аз паи. 

4. М-дил акнун куҷо. 


67 


Бад-он сон ба лашкар фиристам-т боз, 
Ки Гев аз ту гардад ба дарду гудоз. 

Саратро зи тан дур монам на дер, 
Чунон, к-аз таборат фаровон далер. 

Ба ҷанги ман-андар ба сони тазарв, 

Ки бозаш барад бар сари шохи сарв. 

735 Хурӯшону хун аз ду дида чакон, 

Канон пар ба чанголу* 1 хунаш макон. 

Чӣ суд аст, к-омад ба наздик шаб, 

Рав акнун 2 ба зинҳори торикшаб. 

Ман акнун яке боз лашкар шавам, 

Ба шабгир наздики меҳтар шавам. 

В-аз он ҷо дамон гардан афрохта 
Биёям набарди туро сохта”. 

Чунин посухаш дод 3 Бежан, ки “Шав 
Пасат гоҳ бод аҳриман пешрав. 4 

740 Чу фардо биёӣ ба овардгоҳ, 

Набинад туро боз шоҳу сипоҳ. 

Саратро чунон дур монам зи ҷой, 5 
К-аз он пас лашкар наёяд-т рой. 

В-аз он ҷойгаҳ рӯй баргоштанд, 

Ба шаб дашти овард бугзоштанд. 

Ба лашкаргаҳи хеш боз омаданд, 

Бари паҳлавонон фароз омаданд. 


1. М-Канон гӯшти бозӯву. 

2. И-эдар. 

3. И-посух овард. 

4. ТПЗИМ - Ҳама душманам сар ба сар кушта бод, 

В-ар овора аз ҷанг баргашта бод. 

5. И-пой 


68 


22 


Ҳама шаб ба хоб андар осебу шеб, 

Зи пайкорашон дил шуда ношикеб. 

ОМАДАНИ ҲУМОН БА ҶАНГИ БЕЖАН 

745 Сапеда чу аз кӯҳсар бардамид,* 1 

Шуд он домани тирашаб нопадид.* 2 

Бипӯшид Ҳумон силеҳи набард, 

Сухан пеши Пирон ҳама ёд кард, 

Ки ман Бежани Гевро хостам, 

Ҳама шаб ҳаме ҷангаш оростам. 

Яке тарҷумонро зи лашкар бихонд, 

Ба гулгуни бодовараш барнишонд. 

Биёмад дар он ҷои овардгоҳ, 

Ба Бежан ниҳода ду чашмаш ба роҳ. 3 

750 Ҳам андар замон Бежан омад дамон, 
Басечидаи разм бо тарҷумон. 

Ба пушти шабоҳанг барбаста танг, 

Чу ҷангипаланге гурозон ба ҷанг. 

Зиреҳ низ карда ба бар паҳлавӣ, 
Дурахшон сар аз миғфари хусравӣ. 4 

Ба Ҳумон чунин гуфт, к-”Эй бодсор, 
Бибурдӣ зи ман дӯш сар ёдгор. 


-кӯҳ сар баркашид. 

-Шаб он домани тирагун баркашид. 

3. ИМ-б. 749 нест; 

ТПЗМ - Бирав пеши Бежан, бигӯяш, ки зуд 
Биёӣ дамон то ман оям чу дуд. 
Фиристода баргашту бо ӯ бигуфт, 
Ки бо ҷони покат хирад бод ҷуфт. 
Сипахдор Ҳумон биёмад чу гард, 
Бад-он то зи гурдон чӣ ҷӯяд набард. 

4. И-б. 752 нест. 


69 


Умед астам имруз, к-ин теғи ман 1 
Саратро чунон бугсилонад зи тан, 

755 Ки бар хок хезад зи хуни ту гил, 

Яке достон андарорӣ ба дил, 

Ки бо оҳуе гуфт ғурми жиён, 

Ки гар дашт гардад ҳама парниён, 

Зи доме ки пои ман озод гашт, 
Напӯям бад-он сӯ, туро бод дашт”. 

Чунин гуфт Ҳумон, ки “Имрӯз Гев 
Бимонад ҷигархастаи пури нев. 

Ба кӯҳи Канобад кунӣ корзор, 

Ва ё сӯи Райбад баророй кор, 

760 Ки фарёдрасмон набошад зи дур 
На з-Эрон ба ёрӣ кас ояд, на Тур. 

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки “То кай сухун, 
Куҷо хоҳӣ, оҳанги овард кун!” 

Барангехтанд аспу бархост гард, 

Ба зеҳ барниҳода камони набард. 

Ду хунӣ барафрохта сар ба моҳ, 
Чунон кинавар гашта аз хуни шоҳ. 

Зи кӯҳи Канобад бурун тохтанд, 
Сарон сӯи ҳомун барафрохтанд. 

765 Ба даште расиданд, к-андар замӣ 
Надиданд ҷои паи одамӣ. 

На бар осмон каргасонро гузар, 

На хокаш сипарда паи шери нар. 


И- теғзан. 


70 


Зи ду лашкар аз ёру фарёдрас 
Ба пероман- андар надиданд кас. 

Ниҳоданд паймон, ки бо тарҷумон 
Набошанд бар хирагӣ бадгумон. 

Зи мо ҳар кӣ ёбад раҳоӣ ба ҷон, 
Нагирад ба дил кина бо 1 тарҷумон. 

770 Бад-он то баду нек бо шаҳрёр 
Бигӯяд* 2 аз ин гардиши рӯзгор, 

Ки кирдор чун буду пайкор чун,* 3 
Ба разм-андарун кору кирдор чун. 

Бигуфтанду з-аспон фуруд омаданд, 
Ба банди зиреҳ-бар гиреҳ барзаданд. 

Ба аспони ҷангӣ саворони ҷанг 
Ба кина* 4 кашиданд 5 чун санг танг. 

Чу бар бодпоён бубастанд зин, 

Пур аз хашм гурдону дил пур зи кин. 6 

775 Камонҳо чу боист, барсохтанд, 

Ба майдони ҷанг-андарун тохтанд. 

Зи пайкони пӯлоду тири хаданг 
Камон гӯша бар гӯша суданд* 7 танг. 

Чу тир он чи буд, андарандохтанд, 
Ҳам эдун сӯи найза пардохтанд. 

Чапу рост гардону печон инон 
Або найзаи обдодасинон. 


1 . ИМ - кинаи. 

2. М-Бигӯянд. 

3. М-Чӣ зорӣ расид андар он дашти хун. 

4. М-Бар он сон. 

5. И-касе баркашиданд. 

6. И-Кашиданд гурдон ҳама теғи кин. 

7. М-Камонро ҳама гӯша бар гӯша. 


71 


Зиреҳшон даромад ҳама лахт-лахт, 
Нигар, то киро рӯз баргашту бахт. 

780 Даҳоншон чу шер аз таби 1 монда боз, 
Ба обу ба осоиш омад ниёз. 

Пас осуда гаштанду дам барзаданд, 
Бар он оташи тез нам барзаданд. 

Сипар баргирифтанду шамшери тез 
Ту гуфтӣ, ки он рӯз буд 2 растахез. 

Чу барқи дурахшанда аз тирамеғ 
Ҳаме оташ афрӯхт аз таргу теғ 

Зи оҳан бар ин оҳани обдор 
Наёмад ба захм - андарун пойдор. 

785 Ба кирдори оташ парандаварон 
Фурӯ рехт аз ҷанги кундаварон. 

Набуд дастрасшон ба хун рехтан, 
Нашуд сер дилшон зи овехтан. 

Амуд аз паси теғ бардоштанд, 

Аз андоза пайкор бугзоштанд. 

В-аз он пас бар он барниҳоданд кор, 
Ки зӯр озмоянд дар корзор. 

Бар он гуна ҷустанд нангу набард, 

Ки аз пушти асп андароранд мард. 

790 Камарбанд гирад, киро зӯр беш, 
Рабояд зи асп, афканад зери хеш. 

Зи нерӯи гурдон дуволи рикеб 
Гусист андар овардгоҳ аз ниҳеб. 


1. -тапиш. 

2. И-Баромад хурӯшидани. 


72 


Ҳам эдун нагаштанд аз аспон ҷудо, 
Набуданд бар якдигар подшо. 

Пас аз асп ҳарду фуруд омаданд, 

Зи пайкор якбора дам барзаданд. 

Гирифта ба даст аспашон тарҷумон 
Ду ҷангӣ ба кирдори шери жиён. 

795 Бад-он мондагӣ боз бархостанд, 

Ба гуштӣ гирифтан биёростанд. 

Зи шабгир то соягустарди шед 
Ду хунӣ 1 бар он сон ба биму умед. 

Ҳаме разм ҷустанд бо якдигар, 

Якеро зи кина набаргашт сар. 

Даҳон хушку ғарқа шуда тан дар об, 
Зи ранҷу зи тобидани офтоб. 

В-аз он ҷо ба дастурии якдигар 
Бирафтанд пӯён 2 сӯи обх(в)ар. 

800 Бихӯрд обу бархост Бежан ба дард, 
Зи додори некидиҳиш ёд кард. 

Тан аз дард ларзон чу аз бод бед, 

Дил аз ҷони ширин шуда ноумед. 

Ба Яздон чунин гуфт, к-”Эй кирдгор, 
Ту донӣ ниҳони ману ошкор. 3 

Агар дод бинӣ ҳаме ҷанги ман, 

В-аз ин ҷустани кину оҳанги ман, 

Зи ман магсил имрӯз тӯши маро, 
Нигаҳ дор бедор ҳуши маро”! 


1 . И- ҷанги. 

2. И- ҳарду. 

3. И - Бигардон зи ҷонам бади рӯзгор. 


73 




КУШТА ШУДАНИ ҲУМОН БА ДАСТИ 
БЕЖАН 


805 Ҷигархаста Ҳумон биёмад чу зоғ, 

Сияҳ гашта аз дарду дил пур зи доғ.* 1 

Бад-он хастагӣ боз ҷанг омаданд, 
Гурозон ба сони паланг омаданд. 

Ҳаме зӯр кард ин бар он, он бар ин, 
Гаҳ онро бисудӣ, гаҳ инро замин. 

Зи ҳар гуна зӯр озмуданду банд, 
Фароз омад он банди чархи баланд. 

Зи Бежан фузун буд Ҳумон ба зӯр, 
Ҳунар айб гардад, чу баргашт ҳур. 2 

8 1 0 Бизад даст Бежан ба сони паланг, 

Зи сар то ба пояш биёзид чанг. 

Гирифташ ба чап гардану рост рон, 
Хам овард пушти ҳаюни гарон. 

Баровардаш аз ҷою бинҳод паст, 
Сӯи* ’ ханҷар овард чун бод даст. 

Фурӯ бурд, сар кардаш аз тан ҷудо 4 , 
Фикандаш ба сони яке аждаҳо. 

Биғалтид Ҳумон ба хок-андарун, 
Ҳама дашт шуд сар ба сар ҷӯи хун, 

8 1 5 Нигаҳ кард Бежан бад-он пилтан 
Фиканда чу сарви саҳӣ бар чаман. 


- рӯяш чу дуди чароғ. 
бари бахти шӯр. 

- Сари. 

з-ӯ шуд чу дарёи. 


74 




Шигифт омадаш сахту баргашт аз уй,* 1 
Сӯи кирдгори ҷаҳон кард рӯй,* 2 

Ки эй бартар аз ҷойгоҳу замон, 

Тӯи, бартар аз гардиши осмон. 3 

Туӣ ту, ки ҷуз ту ҷаҳондор нест, 
Хирадро бар ин кор пайкор нест. 

Маро з-ин ҳунар сар ба сар баҳра нест, 
Ки бо пил кин ҷустанам заҳра нест. 

820 Ба кини Сиёвуш буридам-ш сар 
Ба ҳафтод хуни бародарпадар. 

Равонаш равони маро банда бод, 4 
Ба ҷанголи шерон танаш 5 канда бод. 6 

Сарашро ба фитроки шабранг баст, 
Танашро ба хок-андар афканд паст. 

Кушода силеҳу гусиста камар, 

Танаш ҷои дигар, дигар ҷой сар. 7 

Замона саросар фиреб асту бас, 
Набошад ба сахтит* 8 фарёдрас. 

825 Ҷаҳонро намоиш чу кирдор нест, 

Бад-ӯ дил супурдан сазовор нест. 

Чу шуд кори Ҳумони Виса табоҳ, 
Дамон 9 тарҷумонони ҳарду сипоҳ 


■сахт баргашт аз у. 

■рӯ. 

Зи ҷони сухангую равшан равон. 

шуд. 

Бежан сараш. 
шуд. 

б. 823 нест. 

■сахтеш. 

9. ИЛ-Давон. 


75 


Ситоишкунон пеши Бежан шуданд, 

Чу пеши бути Чин 1 бараҳман шуданд. 

Чу Бежан нигаҳ кард аз он размгоҳ, 
Набудаш гузар ҷуз ба туронсипоҳ. 

Битарсид аз анбӯҳи мардумкушон, 

Ки ёбанд аз кори эшон нишон. 

830 Ба ҷанг андароянд бар сони кӯҳ, 
Басанда набошад магар бо гурӯҳ. 

Бароҳехт диръи Сиёвуш зи сар, 
Бипӯшид хафтони Ҳумон ба бар. 

Бар он чармаи пил яксар 2 нишаст, 
Дурафши сари номдорон ба даст. 

Бирафту бар он ҷой кард офарин, 

Бар он бахти бедору фаррухзамин. 

Битарсид аз ӯ, ёри Ҳумон чу дид, 

Ки бар меҳтараш-бар чунон бад расид. 

835 Бад-ӯ гуфт Бежан: “Матарс аз газанд, 
Ки паймон ҳамон асту он аст панд. 

Ту акнун сӯи лашкари хеш пӯй, 

Зи ман ҳар чи дидӣ, бад-эшон бигӯй. 

Бишуд тарҷумон, Бежан омад дамон, 
Ба кӯҳи Канобад ба зеҳ-бар камон. 

Чу он дидабонони туркон зи дур 
Дурафшу синони сипахдори Тур 


1. Л-Замин бусадодан. 

2. ИЛ-пилпайкар. 


76 


Бидиданд, аз 1 дида бархостанд, 

Ба шодӣ хурӯшидан оростанд. 

840 Талоя ҳаюне барафканд зуд, 

Ба наздики Пирон ба кирдори дуд, 

Ки Ҳумон ба пирӯзии шаҳрёр 
Дамон* 2 омад аз маркази корзор. 

Дурафши сарафрози Эрон нагун, 
Танаш хору дар хок ғарқа ба хун. 3 

Ҳама лашкараш 4 баргирифта хурӯш, 
Ба Ҳумон ниҳода сипаҳдор гӯш. 

Чӣ шодӣ, ки навмедӣ орад ба марг, 
Аз он пас биборад ба сар-бар тагарг. 

745 Ба Турон расид он замон тарҷумон, 
Бигуфт, он чи дид аз бади бадгумон. 

Ҳамон гаҳ ба Пирон расид огаҳӣ, 

Ки тира шуд он фарри шоҳаншаҳӣ. 

Ғиревидан омад зи туронсипоҳ, 

Зи сар баргирифтанд гурдон кулоҳ. 

Ҷаҳон тира шуд, рӯшноӣ набуд, 
Наёмад бар он хира гуфтор суд. 

Чу Бежан миёни ду рӯя сипоҳ, 

Расид андар он сояи тахти шоҳ. 

Сабук шердил гурди лашкарпаноҳ, 5 
Нагунсор кард он дурафши сиёҳ. 


1. И-аз он. 

2. М-давон. 

3. И-б. 842 нест. 

4. И-меҳтарон. 

5. Л-Бежан андар миёни сипоҳ. 


77 


850 Пас* 1 он дидабонони эронсипоҳ 
Нагун ёфтанд он дурафши сиёҳ. 

Сӯи паҳлавон рӯй баргоштанд, 

В-аз он дидагаҳ наъра бардоштанд. 

В-аз он ҷо ҳаюне ба сони наванд 
Талоя сӯи паҳлавон барфиканд, 

Ки Бежан ба пирӯзӣ омад чу шер, 
Дурафши сияҳро сар оварда зер. 

855 Чу девонагон Гев гашта навон 
Ба ҳар сӯ 2 хурӯшону ҳар сӯ давон. 

Ҳаме огаҳӣ ҷуст аз он невпур, 

Басе 3 мотам овард ҳангоми сур. 

Пас 4 огоҳӣ омад зи Бежан бар ӯй,* 5 
Давон сӯи фарзанд бинҳод рӯй. 

Чу чашмаш ба рӯи гиромӣ расид, 

Зи асп андаромад, чунон чун 6 сазид. 

860 Бигалтиду бар хок бинҳод сар, 

Ҳаме офарин хонд бар додгар. 

Гирифташ ба бар боз фарзандро, 
Ҷавони далеру хирадмандро. 

В-аз он ҷо дамон сӯи солори шоҳ 
Ситоишкунон баргирифтанд роҳ. 

Чу диданд мар паҳлавонро зи дур, 
Набера фуруд омад аз пушти бур. 


1. М-Чу. 

2. Л-кас. 

3. ИМ-Ҳаме. 

4. И-Чу. 

5. М-Бад-ӯй 

6. И-к-аш. 


78 




Пур аз хун силеҳу пур аз хок сар, 
Сари гурд Ҳумон ба фитрок-бар. 

Силеҳу сару аспи Ҳумони гурд 
Ба пеши сипаҳдор Гударз бурд. 

865 Зи Бежан чунон шод шуд паҳлавон 
Ки гуфтӣ барафшонд хоҳад равон. 

Гирифт офарин пас ба додор-бар, 

Бар он ахтару бахти бедор-бар. 

Ба ганҷур фармуд пас паҳлавон, 

Ки тоҷ ор бо ҷомаи хусравон. 

Гуҳар бофта пайкару бум зар, 
Дурафшон чу хуршед тоҷу камар. 

Даҳ асп оваридаш ба зарринлагом 
Парирӯи зарринкамар даҳ гулом. 

870 Бад-ӯ дод гуфт: “Эй гави наррашер,* 1 
Кас ин аждаҳоро наёвард зер. 

Кушодӣ сипаҳро бар ин теғу даст, 
Дили шоҳи туркон ба ҳам баршикаст. 

Ҳама лашкари мо ба кирдори шер, 
Давону дамон бодпоён ба зер. 

ШАБЕХУН КАРДАНИ НАСТЕҲАН 
ВА КУШТА ШУДАНИ Ӯ 

В-аз он рӯй Пирон пур аз дарду хашм 
Дил аз дард хаста, пур аз об чашм 

Ба Настеҳан он гаҳ фиристод кас, 

Ки эй номвар гурди фарёдрас, 


-аз гаҳи Соми шер. 

-Наёвард кас аждаҳоро ба зер. 


79 


875 Сазад, гар куни ҷангро тез чанг, 

Ба хуни 1 бародар насозӣ диранг. 

Бар эрониён-бар шабехун кунӣ, 
Заминро ба хун рӯди Ҷайҳун кунӣ. 

Бубар даҳ ҳазор озмуда савор 
Миёнбаста бар кинаи корзор. 

Магар кини Ҳумон ту боз оварӣ, 

Сари душманонро ба гоз оварӣ” 2 

Бад-ӯ гуфт Настеҳан: “Эдун кунам, 

Ки аз хун замин ҳамчу Ҷайҳун кунам”. 

880 Ду баҳра чу аз тирашаб даргузашт, 

Зи ҷӯши саворон биҷӯшид дашт. 

Гирифтанд туркон ҳама тохтан, 

Бад-он тохтан гардан афрохтан. 

Чу Настеҳан он лашкари кинахоҳ 
Биёвард наздики Эронсипоҳ, 

Сапедадамон ӯ 3 ба ҷое расид, 

Ки аз дидагаҳ дидабонаш бидид. 4 

Яке бонг зад сӯи корогаҳон, 

Ки омад сипоҳе зи Турон дамон. 5 * 6 

885 Чу корогаҳон огаҳӣ ёфтанд, 

Сабук сӯи Гударз биштофтанд, 


1 . ИЛМ - кини. 

2. ИЛЗ-пас аз б. 878 ин б. омада: 

Чу рафтӣ бо наздики лашкар фароз, 
Сипаҳро яке сӯи Ҳомун навоз. 

3. Л-Сапедадамонро. 

4. И-б. 883 нест. 

5. ИЛ-б. 884 нест. 

6. М-б. 884 нест. 


80 


Ки омад сипоҳе чу оби равон, 

Ки 1 гӯӣ надоранд гӯё забон. 

Бад-он сон, ки расми шабехун бувад, 
Сипаҳдор донад, ки ӯ чун бувад. 

Ба лашкар бифармуд пас паҳлавон, 
Ки “Бедор бошеду равшанравон. 

Ҳама гӯш доред овозашон, 

Ки то кай биёяд зи лашкар нишон. 2 

890 Бихонд он замон Бежани Гевро, 
Ҳамон 3 теғзан паҳлави 4 невро. 

Бад-ӯ гуфт нек ахтару коми ту, 
Шикаста дили душман аз 5 номи ту. 

Бубар, ҳар кӣ бояд зи гурдони ман, 
Аз ин номдорону мардони ман. 

Пазира шав ин тохтанро чу шер, 
Сипеҳр андаровар ба мардӣ ба зер. 

Гузин кард Бежан зи лашкар савор 
Далерони пархошҷӯён ҳазор. 

895 Расиданд пас як ба дигар фароз, 

Ду лашкар пур аз кинаву размсоз. 

Ҳама гурзҳо баркашиданд пок 
Яке абр баст аз дари тирахок. 

Фуруд омад аз абр гарди сиёҳ, 
Бипӯшид дидори туронсипоҳ. 


1 . 

2 . 

3 . 

4. 

5. 


ЛМ-Ту. И-бисоз. 
ИЛ-б. 889 нест. 
И-Або. 


ИЛ-лашкари. 

ИЛ-душманон. 


81 


Сипаҳбад чу он гарди тира бидид, 

К-аз ӯ лашкари турк шуд нопадид. 

Камонро бифармуд кардан ба зеҳ, 
Баромад хурӯшидани гиру деҳ.* 1 

900 Чу Бежан ба Настеҳан андаррасид, 
Дурафши сари висагонро бидид. 2 

Яке тир бар аспи Настеҳано 
Расид аз кушоди бари Бежано. 

Зи дард андаромад таковар ба рӯй, 
Расид андар ӯ Бежани номҷӯй. 

Амуде бизад, к-он сари таргдор 
Тиҳӣ монд аз мағзу баргашт кор. 

Чунин гуфт Бежан ба эрониён, 

Ки “Ҳар, к-ӯ бубандад камар бар миён, 

905 Ба ҷуз гурзу шамшер гирад ба даст, 

Камон бар сараш бар кунам* 3 пок паст, 

Ки туркон ба дидан паричеҳраанд, 

Ба ҷанг-андарун пок бебаҳраанд. 

Далерӣ гирифтанд кундоварон* 4 
Кашиданд яксар парандоварон. 

Ҳаво сар ба сар гашта зангоргун, 

Замин шуд ба кирдори дарёи хун. 5 

Чу пилон ҳама дашт бар якдигар 
Фиканда, зи танҳо ҷудо карда сар. 


1 . М-аз кеҳону зи меҳ. 

2. И-б.900 нест. 

2. ЛМ-Вале аз ҳунар. 

3. М-бишканам бар сараш. 

4. М-эрониён. 

5. Л-б 908 нест. 


82 


910 Зи туркон ду баҳра фитода нагун 
Ба зери паи асп ғарқа ба хун. 1 

Аз ин размгаҳ то ба туронсипоҳ 
Дамон аз пас андар гирифтанд роҳ. 

Чу Пирон надид он замон бо сипоҳ 
Бародар, бар ӯ гашт гетӣ сиёҳ. 

Ба корогаҳон гуфт: “Аз ин размгоҳ 
Ҳаюне ки тозад ба эронсипоҳ, 

Нишоне биёрад зи Настеҳанам 
В-агарна ду дида зи сар 2 барканам”. 

9 1 5 Ҳаюне бурун тохтанд он замон, 
Бирафту бидиду биёмад дамон, 

Ки Настеҳан инак бад-он размгоҳ 
Або номдорони туронсипоҳ, 3 

Бурида сар, афканда бар сони пил, 
Тан аз гурз хаста ба кирдори нил. 

Чу бишнид Пирон, баровард чӯш, 
Намонд он замон бо сипаҳдор ҳуш. 4 

Ҳаме канд мӯю ҳаме рехт об, 

В-аз ӯ дур шуд хӯрду орому хоб. 

920 Бизад дасту бидрид румиқабой, 
Баромад нурӯшидани ҳой-ҳой. 

Ҳаме гуфт, к-эй кидгори ҷаҳон, 
Баромад, ки бо ту будастам ниҳон. 


1. Л-б. 910нест. 

2. Л-бун. 

3. Л-916нест. 

4. Л-тӯш. 


83 




Ки бишкасти* 1 аз бозувон зури ман, 
Чунон тира шуд ахтару ҳури ман. 

Дареғ он ҳизабрафкани гурдгир 
Далеру ҷавону савору* 2 ҳажир. 3 

Бародар гиромитар аз ҷони ман, 4 
Сари висагон гурд Ҳумони ман. 

925 Чу Настеҳан он шери шарза ба ҷанг, 
Ки рӯбоҳ будӣ ба чангаш паланг. 

Киро ёбам акнун бад-ин размгоҳ, 

Ба ҷанг андаровард бояд сипоҳ. 

Бизад нои рӯину барбаст кӯс, 

Ҳаво нилгун шуд, замин обнус. 

Зи кӯҳи Канобад бурун шуд сипоҳ, 
Бишуд рӯшноӣ зи хуршеду моҳ. 5 

Сипахдори Эрон бизад каррной, 
Сипоҳ андароварду бигрифт ҷой. 

930 Миёни сипаҳ коваёнӣ дурафш 
Ба пеш-андарун теғҳои бунафш. 

Ҳама номдорони пархошхар 
Або найзаву гурзаи говсар. 

Сапедадамон андаромад сипоҳ, 

Ба пайкор то гашт гетӣ сиёҳ. 6 


-бугсастӣ. 

-ҷавонмарду гурду. 

■б. 922, 923 нест. 

4. ИЛМ -Гиромибародар, ҷаҳонбони ман. 

5. ТПЗ - Чу аз кӯҳ яксар бурун тохтанд, 

Ба Ҳомун ба пайкор пардохтанд. 

6. ТПЗ - Бикарданд ҷанге, ки чун он нишон 

Надоданд гурдону гарданкашон. 


84 


Шабонгаҳ суи хайма рафтанд боз, 

Ду лашкар пур аз кинаву ҷангсоз. 1 

Сипаҳдори Эрон ба Райбад расид, 

Аз андеша кардан дилаш н-орамид. 

935 Ҳаме гуфт, к-имрӯз разми гарон 
Бикардему куштем аз эшон сарон. 

Гумоне барам ман, ки Пирон кунун 
Давонад сӯи шоҳи Турон ҳаюн. 

В-аз ӯ ёр хоҳад ба ҷангам сипоҳ, 
Расонам кунун огаҳӣ ман ба шоҳ. 

ЁРӢ ХОСТАНИ ГУДАРЗ АЗ ХУСРАВ 

Нависандаи номаро хонду гуфт, 
“Баровард хоҳам сухан аз нуҳуфт. 

Агар баркушоӣ ду лабро зи банд, 
Забон оварад бар сарат-бар газанд”. 

940 Яке нома фармуд наздики шоҳ, 

Ба огоҳ кардан зи кори сипоҳ. 

Ба Хусрав намуд он куҷо рафта буд, 
Сухан ҳарчи Пирон бад-ӯ гуфта буд. 

Фиристодани Геву пайванду меҳр 
Намудан бад-ӯ кори гардонсипеҳр. 

Зи посух, ки ӯ дода буд Гевро, 
Бузургони фарзонаи Невро. 

В-аз он лашкаре к-аз пасаш чун паланг 
Ба кӯҳи Канобад даромад 2 ба ҷанг. 


1 . ИЛ-933 нест. 

2. ЛМ - Биёвард сӯи Канобад. 


85 


945 В-аз он пас куҷо размгаҳ сохтанд, 

Аз он разм дилҳо бипардохтанд. 

Зи Ҳумону Настеҳани ҷангҷӯй 
Саросар ҳама ёд кард андар ӯй. 

Зи кирдори Бежан ба рӯзи набард, 
Ки бо гурздорони Турон чӣ кард. 

Сухан сар ба сар он куҷо рафта 1 буд, 
Ба нома- дарун яксар ӯро намуд. 2 

Бипардахт аз он пас ба Афросиёб, 
Ки бо лашкар омад ба наздики об. 

950 Гар ӯ аз лаби рӯди Ҷайҳун сипоҳ 
Ба Эрон гузорад бад-ин размгоҳ, 

Ту донӣ, ки бо ӯ надорем пой, 

Аё шоҳи Эрон, ҷаҳонкадхудой. 

Магар Хусрав ояд ба пушти сипоҳ 
Ба сар барниҳад мар гавонро 3 кулоҳ. 

В-ар эдун, ки Пирон кунад даст пеш, 
Нахоҳад сипаҳ ёвар аз шоҳи хеш. 

Ба Хусрав расад з-он сухан 4 огаҳӣ, 
Ки бо ӯ чӣ созад ба бахтат раҳӣ. 

955 Ва дигар,* 5 ки аз Рустами девбанд 
Зи Луҳросп в-аз Ашкаши ҳушманд, 

Зи кирдори эшон ба кеҳтар хабар 
Расонад магар шоҳи пирӯзгар. 


1. ИЛ-чун ҳама гуфта. 

2. Л-Зи пайкор ҷанг ончунон рафта буд. 

3. И-барниҳода бузургон. 

4. ИЛ-ҳадис. 

5. М-В-ар эдун 


86 


Чу нома ба муҳр андароварду банд 
Бифармуд, то бар сутури наванд 

Нишастангаҳи хусравӣ сохтанд, 
Фаровон таковар бурун тохтанд. 

Бифармуд, то рафт пешаш Ҳаҷир, 
Ҷавоне ба кирдори ҳушёрпир. 

960 Бигуфт ин сухан сар ба сар паҳлавон 
Ба пеши ҳушивор пури ҷавон. 

Чунин гуфт, к- “Эй пури ҳушёрдил, 
Яке тез гардон бар ин кор дил. 

Агар ҳаргизат назди ман дастгоҳ 
Ҳаме ҷуст бояд, кунун аст гоҳ. 

Чу бистонӣ ин нома, андар замон 
Бирав ҳам ба кирдори боди дамон. 

Шабу рӯз м-осою сар бармахор, 
Бубар номаи ман бари шаҳрёр. 

965 Ба падруд кардан гирифташ ба бар, 
Бурун омад аз пеши фаррух падар. 

Зи лашкар зи хешон ду танро бихонд, 
Сабукшон бар аспи таковар нишонд. 

Бурун шуд зи пардасарои падар, 

Ба ҳар манзиле-бар ҳаюне дигар. 

Хӯру хобу оромашон бар сутур 
Чи торик шабро, чи тобанда ҳур. 

Бар ин гуна пӯён ба роҳ омаданд, 

Ба ҳафтум ба* 1 наздики шоҳ омаданд. 


1. М-Баякҳафта. 


87 


970 Чу аз роҳи Эрон баромад савор, 

Кас омад бари Хусрави номдор. 

Пазира фиристод Шаммохро 
Чи моя далерони густохро. 

Бипурсид, чун дид рӯи Ҳаҷир, 

Ки “Эй паҳлавонзодаи шергир, 

Чӣ будаст боре ки бас ногаҳон 
Расидӣ ба даргоҳи шоҳи ҷаҳон?” 

Бифармуд, то парда бардоштанд, 
Бар аспаш зи даргоҳ бугзоштанд. 

975 Ҳаҷир андаромад, чу Хусрав бад-ӯй 
Нигаҳ кард, молид бар хок 1 рӯй. 

Фаровон бипурсиду биншохташ, 
Бари* 2 хештан ҷойгаҳ сохташ, 3 

Зи Гударз в-аз меҳтарони сипоҳ, 

Зи ҳар кас якояк бипурсид шоҳ. 

Дуруди бузургон ба Хусрав расонд, 4 
Ҳама кори лашкар бад-ӯ боз ронд. 5 

Бад-ӯ дод пас номаи паҳлавон, 
Ҷавони хирадманду равшанравон. 

980 Нависандаи номаро пеш хонд, 6 

Бифармуд, то нома бар вай бихонд. 7 


1. И-пешаш бимолид. 

2. М-Сӯи. 

3. Л-б. 976 нест. 

4. И-бибод; Л-бихонд. 

5. И-кард ёд. 

6. Л-Нависандаро пеш биншонданд. 

7. Л-бархонданд. 


88 


Чу бархонд нома ба Хусрав дабир, 

Зи ёқути рахшон даҳони Ҳаҷир 

Биёганду з-он пас ба ганҷур гуфт, 

Ки “Динору дебо биёр аз нуҳуфт!” 

Биёвард бадра, чу фармон шунид, 1 
Ҳаме рехт, то шуд сараш нопадид. 

Яке даст зарҷомаи шаҳрёр 
Биёвард бо тоҷи гавҳарнигор. 

985 Ҳам эдун бибурданд пеши Ҳаҷир, 
Або зини заррин даҳ аспи ҳужир. 

Ба ёрон-ш - бар хилъат афканд низ 
Дирам доду динору 2 ҳар гуна чиз. 

Аз он тахт бо шоҳ бархостанд, 
Нишастангаҳи май биёростанд. 

Ҳаҷиру бузургони хусравпараст 
Гирифтанд яксар ҳама май ба даст. 

Нишастанд як рӯзу як шаб ба ҳам, 
Ҳаме рой зад Хусрав аз бешу кам. 3 

990 Ба шабгир Хусрав сару* 4 тан бишуст, 
Ба пеши ҷаҳондор омад нахуст. 

Бипӯшид нав ҷомаи бандагӣ, 

Ду дида чу абре ба борандагӣ. 

Дуто кард пушту фурӯ бурд сар, 

Ҳаме офарин кард* 5 бар додгар. 


1 . Л-расид. 

2. И-гавҳар зи. 

3. Л-б. 989 нест. 

4. М-Ҳама. 

5. М-хона. 


89 


Аз у хост пирузиву фарраҳи, 

Аз ӯ ҷуст дайҳиму тахти меҳӣ. 

Ба Яздон бинолид аз Афросиёб, 

Ба дард аз ду дида фурӯ рехт об. 

995 В-аз он ҷо биёмад чу сарви саҳӣ, 
Нишаст аз бари гоҳ бо фарраҳӣ. 

ПОСУХИ НОМАИ ГУДАРЗ АЗ ХУСРАВ 

Дабири хирадмандро пеш хонд, 
Суханҳои шоиста бо ӯ биронд. 

Чу он номаро боз посух навишт, 

Падид оварид андар он хубу зишт. 

Нахуст офарин кард бар паҳлавон, 

Ки ҷовид бодиву равшанравон. 

Хуҷаста сипаҳдори бисёрҳуш, 

Ҳамаш рою дониш, ҳамаш ҷангу ҷӯш. 

1000 Худованди кӯполу теғи бунафш, 
Фарозандаи ковиёнӣ дурафш. 

Сипос аз ҷаҳондори Яздони мо, 

Ки пирӯз гаштанд гурдони мо. 

Чу ахтар туро рӯшноӣ намуд, 

Зи душман баровард ногоҳ дуд. 

Нахуст он ки гуфтӣ, ки мар Гевро, 
Бузургони фарзонаи невро 

Ба наздики Пирон фиристодаам, 

Чи моя варо пандҳо додаам. 

1005 Напазруфт бад гавҳараш панди ман, 
Наҷуст андар он кор пайванди ман. 


90 


^222 


Сипаҳбад яке достон зад бар ин, 

Ки дастур пешаш баровард кин, 

Ки ҳар кеҳтаре к-он бадӣ хостаст,* 1 
Зи некӣ бупечад, равонкостаст.* 2 

Маро з-ин сухан пеш буд огаҳӣ, 

Ки Пирон зи кина нагардад тиҳӣ. 

Валекин ман аз хуб кирдори ӯй, 
Наҷустам ҳаме жарф пайкори ӯй. 

1010 Кунун ошкоро намуд он сипеҳр, 

Ки Пирон ба Турон гирояд ба меҳр. 

Набинад ҷаҳон ҷуз ба Афросиёб, 
Дилашро ту аз меҳри ӯ барматоб, 

Ки ӯ* 3 бар хирад 4 баргузинад ҳаво, 
Ба кӯшиш нарӯяд зи хоро гиё. 

Ту бо душман ар хуб гуфтӣ, равост, 
Аз озодагон хуб гуфтан сазост. 

Ва дигар зи пайкори ҷанговарон, 
Куҷо ёд кардӣ ба гурзи гарон. 

1015 Зи некахтару гардиши ҳуру моҳ, 

Зи кӯшиш намудан бар он размгоҳ. 

Маро ин дуруст аст, к-аз коркард 
Ту пирӯз бошӣ ба дашти набард. 5 


- Ки ҳар к-ӯ ба меҳраш равон костаст, 

- Зи некӣ ба бадахтарӣ охтаст. 

-Гар. 

гар ӯ бихирад. 

5. ТПЗ - Набера куҷо чун ту дорад ниё, 

Ба ҷанг- андарун бошадаш кимиё. 
Зи шерон чӣ зояд, магар шарзашер 
Чунон чун падар номдору далер. 
Ба бедор бар нест пайкори ту, 
Басандаст Яздон нигахдори ту. 


91 


2^2 


Ту зуру далери зи Яздон шинос, 

Чунин дон в-аз ӯ дор яксар сипос. 

Се дигар, ки гуфтӣ, ки Афросиёб 
Сипаҳро ҳаме бугзаронад зи об. 

Зи Пирон фиристода шуд назди ӯй, 
Сипаҳбад ба Пирон ниҳодаст рӯй. 

1020 Чунин 1 аст яксар, ки гуфтӣ сухун, 
Кунун боз посух фикандем бун. 

Бидон, эй пурандеш ҳушёри ман, 

Ба ҳар кор шоиста солори ман, 

Ки ӯ бар лаби рӯди Ҷайҳун диранг 
На з-он кард, к-ояд сӯи мо ба ҷанг, 

Ки Хоқон бар ӯ лашкар орад зи* 2 Чин, 
Фароз омадаш аз ду рӯя камин. 

Ва дигар к-аз он лашкари бекарон 
Пароканда 3 бар гирди туронсарон. 

1025 Чу Рустам паноҳи ялон рӯзи ҷанг,* 4 
Чу Лӯҳросп, чун Ашкаши тезчанг. 

Бар ӯ душман омад зи ҳар сӯ падид, 

Аз он бар лаби рӯд лашкар кашид. 

Г ар аз ҷойгаҳ ӯ ниҳад пой пеш, 

Ба душман супорад ҳама ҷои хеш. 5 

Ба панҷум сухан к-огаҳӣ хостӣ, 

Ба меҳри гавон дил биёростӣ, 


1. ИЛ-ҳамин. 

-куҷо лашкар овард аз сӯи. 

пароканда. 

-Чу Рустам сипаҳбад даманда наҳанг. 

5. ИЛ-б. 1027 нест. 


92 


Бидон, эй сипаҳдору огоҳ бош, 

Ба ҳар кор бо бахт ҳамроҳ бош. 

1030 Ба роҳе, 1 ки шуд Рустами шермард, 
Баромад зи Ҳинду зи Кашмир 2 гард. 

В-аз он сӯй рафт Ашкаши тезҳуш, 
Баромад зи Хоразм яксар хурӯш. 

Ба разм - андарун Шеда баргашт аз ӯй, 
Сӯи шаҳри Гурганҷ бинҳод рӯй. 3 

В-аз он сӯ, ки Лӯҳросп шуд бо сипоҳ, 
Ҳама меҳтарон баркушоданд роҳ. 

Алонони Ғуз гашт пардохта, 

Шуд он подшоҳӣ ҳама сохта. 

1035 Гар Афросиёб андарояд ба роҳ, 

Зи Ҷайҳун бар ин сӯ гузорад сипоҳ, 

Бигиранд гарданкашон пушти ӯй, 
Намонад ба ҷуз бод дар мушти ӯй. 

Ту бишнос, к-ӯ шаҳри ободи хеш, 

Бару буму фархунда бунёди хеш 

Ба гуфтори Пирон намонад ба ҷой, 

Ба душман диҳад, гар* 4 ниҳад пеш пой. 

Наҷунбонад ӯ достонро ду лаб, 

Ки н-ояд ба ман з-ӯ хабар рӯзу шаб. 

1040 Бад-он рӯз ҳаргиз мабодо дуруд, 

Ки ӯ бугзаронад сипаҳро зи рӯд! 


1 . И-к-аз он сӯ. 

2. И-Зи Кашмиру Кобул баровард. 

3. Л-б. 1032 нест. 

4. М-супорад. 


93 


Ба мо - бар кунад пешдасти ба ҷанг, 
Набинад кас ин 1 рӯзи торику танг! 

Бифармоям акнун ки бар пил кӯс 
Бубандад даманда сипаҳдор Тус. 

Деҳистону Гургону он буму бар 
Бигирад, барорад ба хуршед сар. 

Ман андар паи Тус бо пилу гоҳ 
Биёям, биёрам ба ёрӣ 2 сипоҳ. 

1045 Ту аз ҷанги Пирон 3 мабартоб рӯй, 
Сипаҳро биёрою пас ҷанг ҷӯй. 

Чу Ҳумону Настеҳан аз пушти ӯй 
Ҷудо шуд, ғам ангор дар мушти ӯй. 

Гар аз номдорони Эрон набард 
Биҷӯяд, зи фармони ӯ бармагард. 

Чу Пирон набарди ту ҷӯяд далер, 
Макун баддилӣ пеши ӯ рав чу шер. 

Ба пайкор м-андеш аз Афросиёб, 

Ба ҷой ор дил, рӯй аз ӯ барматоб. 

1050 Бар-эшон ту пирӯз бошӣ ба ҷанг, 
Магар дил надорӣ бар ин кор танг. 

Чунин аст умедам, ки аз рӯзгор 
Диҳад шодмонӣ маро кирдгор. 

Ҳам эдун гумонам ки чун ман зи роҳ 
Ба пушти 4 сипоҳ андарорам сипоҳ, 


1. И-он. 

2. И-Биёрам ба ёрӣ ба пушти: Л-паёпай. 

3. ИЛМ - туркон. 

4. Л-танги. 


94 


Бар эшон шумо ронда бошед ком, 

Ба хуршеди тобон бароварда ном. 1 

Зи Тусу зи 2 Ковус назди сипоҳ 
Дуруди фаровон фиристода шоҳ. 

1055 Бар он нома бинҳод Хусрав нигин, 
Фиристодаро доду кард офарин. 

ЛАШКАР ОРОСТАНИ ХУСРАВ 

Чу аз пеши Хусрав бурун шуд Ҳаҷир, 
Сипаҳбад ҳаме рой зад бо дабир. 

Зи бас меҳрубонӣ, ки буд бар сипоҳ, 
Саросар ҳама разм буд рои шоҳ. 

Ҳаме гуфт: “Агар лашкар Афросиёб 
Биҷунбонад аз ҷою бугзорад об, 

Сипоҳи маро бугсилонад зи ҷой, 
Маро рафт бояд чунин 3 аст рой. 

1060 Ҳамон гаҳ шаҳи Нӯзаронро бихонд, 
Бифармуд, то тез лашкар биронд. 

Ба сӯи Деҳистон сипаҳ баркашид, 
Ҳама дашти Хоразм лашкар кашид. 

Нигаҳбон Ашкаш 4 бувад рӯзи ҷанг, 
Ба ҷанг-андар ояд ба сони паланг. 

Табира баромад зи даргоҳи Тус 
Хурӯшидани ною рӯинакӯс. 

Сипоҳу сипаҳбад барафтан гирифт, 
Замин сумми аспон нуҳуфтан гирифт. 


1 . ТХЗ - Сипаҳ бошад аз ҷанг пардохта, 

Бувад корҳо сар ба сар сохта. 

2. Л- Зи наздики. 

3. ИЛ- Ҳамин. 

4. ИЛМ - лашкар. 


95 


1065 Ту гуфти, ки хуршеди гардон 1 ба пой 
Бимонд аз ниҳеби саворон ба ҷой. 

Ду ҳафта ҳаме ронд з-он 2 сипоҳ, 

Ки шуд рӯшноӣ зи хуршеду моҳ. 

Пароканда 3 бар гирди гетӣ 4 хабар 
Зи ҷунбидани шоҳи пирӯзгар. 5 

Чу Тус аз дари шоҳи Эрон бирафт, 
Сабук шоҳ рафтан басечид тафт. 

Або сад 6 ҳазор аз гузидасарон 
Ҳама паҳлавонони кундоварон 

1070 Ба наздики Гударз бинҳод рӯй 
Або номдорони пархошҷӯй. 

Або пилу бо кӯсу бо фарраҳӣ, 

Або тоҷу бо тахти шоҳаншаҳӣ. 

Ҳаҷир омад аз пеши Хусрав дамон, 
Гурозону тозону дил шодмон. 7 

Або хилъату хубиву хуррамӣ, 8 
Ту гуфтӣ* 9 ҳаме барнавардад 10 замӣ. 

Чу омад ба наздики пардасарой, 
Баромад хурӯшидани каррной. 


1. - тобон. 

2. И- ҳамерафт аз Эрон. 

3. И- пароканд. 

4. И-кишвар. 

5. ИМ - фирӯзгар. 

6. И-даҳ. 

7. И-хандон. 

8. Л-фарраҳӣ. 

9. М-гӯй. 

10. Л-ҳаме дарнавардад. 


96 


1075 Пазира шудандаш меҳон 1 * 2 сар ба сар, 
Ҳаме меҳтарон баста зарринкамар. 3 * 4 

Чу омад бари номвар паҳлавон, 
Бигуфт, он чи дид аз шаҳи хусравон. 

Навозидани шоху пайванди ӯй, 

Ҳаме гуфт озодиву панди ӯй, 

Ки чун бар сипаҳ густаридаст меҳр, 

Чи гуна зи пайғом букшод чеҳр. 5 

Пас он номаи шаҳрёри ҷаҳон 
Ба Гударз доду дуруди меҳон.* 6 

1080 Навозидани шоҳ бишнид * 7 аз ӯй, 
Бимолид он нома бар ча ттт м ӯй. 

Чу букшод мӯҳраш, 8 ба хонанда дод, 
Суханҳо бад-ӯ кард хонанда ёд. 9 

Сипаҳдор бар шоҳ кард офарин, 

Ба фармон бибӯсид рӯи замин. 

Бибуд он шабу рой зад бо писар, 

Ба шабгир биншасту букшод дар. 


1. ТП - дар ЗЛМ ин б. пас аз б. 1075 омадааст, ки муносибтар ба назар ме- 
намояд: 

Чу хезад ба чарх - андарун доварӣ, 

Зи моҳу зи ноҳиду аз муштарӣ. 

2. М- ҷаҳон. 

3. ТПИПМ -ин.б. дар. 3 пас аз б. 1086 омадааст, ки ба назар муносибтар 
менамояд: 

Биёрост лашкар чу чашми хурӯс, 

Або занги заррину пилону кӯс. 

4. М-замин пур зи лола, ҳаво пур зи зар. 

5. Л-б. 1078 нест. 

6. М-дуруд аз меҳмон. 

7. М-бишнуд. 

8. И-нома. 

9. ТИЗ - Сипаҳ яксара хонданд офарин 

Бар он меҳрубон шаҳрёри замин. 


97 


Ҳама номдорони лашкар пагоҳ 
Бирафтанду бар сар ниҳода кулоҳ. 

1085 Пас он номаи шоҳи фаррух Ҳаҷир 
Биёварду бинҳод пеши дабир. 

Дабир он замон панду фармони шоҳ 
Якояк ҳаме хонд пеши сипоҳ. 

Сипахдор рӯзидеҳонро бихонд, 

Ба девони динордодан нишонд. 

Зи аспон гала ҳар чи будаш ба кӯҳ, 
Ба лашкаргаҳ овард яксар гурӯҳ. 

Дари ганҷи динору теғу камар 
Ҳамон афсару ҷавшану хӯди зар. 

1090 Ба рӯзидеҳон дод яксар калид, 

Чу омад гаҳи кина ҷустан падид. 

Барафшонд бар лашкар он хоста 
Савору пиёда шуд ороста. 

Яке лашкаре гашт бар сони кӯҳ, 
Замин аз паи бодпоён сутӯҳ. 

Дили наррашерон 1 аз эшон ба бим, 
Ҳама ғарқа дар оҳану зарру сим. 

Бифармудашон ҷангро сохтан, 

Дилу гӯш додан ба кин хостан. 2 

1095 Бирафтанд пеши сипаҳбад гурӯҳ 

Аз* 3 анбӯҳи лашкар ба кирдори кӯҳ. 


1. Л-шермардон. 

2. ЛМ - Бифармуд, то ҷангро сохтанд, 

Дилу кӯсу дида ба кин охтанд. 

3. М- Бар. 


98 


Бад-эшон нигаҳ кард солормард, 

Замин тира дид, осмон лоҷвард. 

Чунин гуфт, к-аз гоҳи Ҷамми 1 барин 
Наёрост кас лашкаре ҳамчунин. 2 

Ба аспу силеҳу ба симу ба зар, 

Ба пилони ҷангиву шерони нар. 

Агар ёр бошад ҷаҳонофарин, 

Бупечам инонро аз эдар ба Чин. 

1100 Чу ин гуфту 3 фарзонагонро бихонд, 

Або номдорон ба ромиш нишонд. 

Ҳаме хӯрд май шод бо чангу ной, 4 
Ҳаме бо ялон размро кард рой. 

НОМАИ ПИРОН БА ГУДАРЗИ КАШВОД 

Ба Пирон расид огаҳӣ з-ин сухун, 

Ки солори Эрон чӣ афканд бун. 

Аз он огаҳӣ шуд дилаш пурниҳеб, 

Сӯи чора баргашту банду фиреб. 

Зи дастури фархундарой огаҳӣ 5 
Биҷуст андарун 6 ҷустани кин раҳе. 7 

1105 Яке нома фармуд пас, то дабир 
Нависад сӯи паҳлавон ногузир. 


1 . Л-ҷам то. 

2. Л- размгоҳе чунин. 

3. Л-Чу биншаст. 

4. Л-Ҳамехӯрд шодикунон дил ба ҷой. 

5. ИЛ- он гаҳе. 

6. ИЛ-андарин. 

7. Л- пас аз б. 1104 ин б. омада: 

Басе рой гуфтанду фарҷоми кор 
Бад-он хатм карданд к-он рӯзгор. 


99 




Сари нома кард офарини бузург, 

Ба Яздон паноҳаш зи деви сутург. 

Дигар гуфт, к-аз кирдгори ҷаҳон 
Нахоҳам ҳаме ошкору ниҳон, 

Магар к-аз миёни дурӯя сипоҳ 
Ҷаҳондор бардорад ин кинагоҳ. 1 

Агар ту ки Гударзӣ, ин хостӣ, 

Ки кина ба гетӣ* 2 биёростӣ, 

1110 Баромад зи гетӣ ҳама коми ту, 

Чӣ гӯӣ, чӣ бошад саранҷоми ту? 

Нигаҳ кун, ки чандон далерони ман 
Зи хешони наздику шерони ман 

Тани бесароншон* 3 фикандӣ ба хок 
Зи Яздон надорӣ ҳаме тарсу 4 бок. 

Зи меҳру хирад рӯй бартофтӣ, 

Кунун он чи ҷустӣ, ҳама ёфтӣ. 

Г аҳ омад, ки гардӣ аз ин кина сер, 

Ба хунрехтан бар набошӣ 5 далер. 

1115 Нигаҳ кун, к-аз Эрону Турон савор,* 6 
Чӣ моя табаҳ шуд дар ин корзор. 7 * 8 

Гаҳ омад ки бахшоиш ояд туро, 

Зи кин ҷустан осоиш ояд туро. 


■ кинахоҳ. 

•гетӣ ба кина. 

Буридӣ сароншон. 

■шарму. 
танд бошӣ. 

•сипоҳ. 

б. 1115. 

размгоҳ. 


100 


Ба кин ҷустани мурдаи нопадид, 
Сари зиндагон чанд хоҳӣ бурид?! 

Агар боз н-ояд шуда рӯзгор, 

Ба гетӣ-дарун тухми кина макор. 

Равонат маранҷону магдоз тан, 

Зи хун рехтан бозкаш хештан. 

1 120 Пас аз марг нафрин бувад бар касе, 
К-аз ӯ номи зиште бимонад басе. 

Ҳар он гаҳ ки мӯи сияҳ шуд 1 сафед, 
Ба будан намонад фаровон умед. 

Битарсам, ки гар бори дигар сипоҳ 
Ба ҷанг-андар ояд дар ин кинагоҳ, 

Набинӣ зи ҳар ду сипаҳ кас ба пой, 
Бипаррад равон, кина монад ба ҷой. 

В-аз он пас кӣ донад, ки пирӯз кист, 
Нагунбахт ар гетиафрӯз, кист? 

1125 В-ар эдун ки хоҳӣ ту хун рехтан, 

Бад ин размгаҳ бо ман овехтан, 

Бад-ин сон ҳаме ҷанги шерон кунӣ, 
Ҳамон аз паи буми 2 Эрон кунӣ. 

Бигӯӣ кунун то ман андар ттт итоб 
Наванде фиристам ба Афросиёб. 3 

Бидон то бифармоядам, 4 то замин 
Бубахшему пас дарнавардем 5 кин. 


1 . Л-бини сияҳро. 

2. Л-Шаҳри. 

3. И-б. 1126, 1127 нест. 

4. И-К-аз он то чӣ фармоядам. 

5. И- барнавардем. 


101 


Чунон чун ба гоҳи Манучеҳршоҳ 
Ба бахшиш ҳаме дошт гетӣ нигоҳ. 

1 1 30 Ҳар он шаҳр к-аз марзи 1 Эрон ниҳӣ, 
Бигӯ то кунемаш зи туркон тиҳӣ. 

Аз ободу вайрону ҳар* 2 буму бар 
Чӣ фармуд Кайхусрави додгар. 3 

Аз Эрон ба кӯҳ-андар оям нахуст, 
Дари Ғурчагон то дари буми Буст. 

Дигар Толиқоншаҳр то Форёб 
Ҳамедун ба бахш-андарун Андароб. 

Дигар панҷ шаҳр аст то Бомиён, 
Дигар марзи Эрону ҷои каён. 

1135 Дигар Гӯрконони* 4 фархундаҷой, 
Ниҳодаст номаш ҷаҳонкадхудой. 

Дигар аз дари Балх то 5 Бадхшон, 
Ҳамин аст аз ин подшоҳӣ нишон. 

Фурӯтар ки аз дашти Омую Зам, 
Ҳамэдун ба Хатлон дарояд ба ҳам. 

Чу Шингону чун Тирмиду Висагирд, 
Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд. 

Ҳамэдун бирав то дари Суғд низ, 
Наҷӯяд кас он подшоҳӣ ба чиз. 

1140 В-аз он сӯ ки шуд Рустами невсӯз, 
Супорад бар ӯ кишвари Нимрӯз. 


1. Л-шаҳри. 

2. М-ҳама. 

3. И-б. 1130-1131 нест. 

4. М-Гузгонон. 

5. И-Мулитон ояду. 


102 


Зи наздики у боз хоҳам сипоҳ, 

Сӯи Бохтар баркушоем роҳ. 

Бипардозам ин то дари ҳиндувон, 
Надорем торик аз ин пас равон. 

Зи Кашмир в-аз Кобулу Қандаҳор 
Раворав сӯи Синд ҳам з-ин шумор. 

В-аз он сӯ, ки Лӯҳросп шуд ҷангҷӯй, 
Алонону он 1 дар супорам бад-ӯй. 

1 145 В-аз ин марз пайваста то кӯҳи Қоф, 

Ба Хусрав супорам абеҷангу лоф 2 . 

В-аз он сӯ ки Ашкаш бишуд ҳамчунин, 
Бипардозам акнун 3 саросар замин. 

В-аз он пас ки ин карда бошам ҳама, 
Зи ҳар сӯ бари хеш хонам рама. 4 

Ба савганд паймон кунам пеши ту, 

К-аз ин пас набошам бадандеши ту. 

Бидонӣ ки ман ростӣ хостам, 5 
Ба меҳру вафо дил биёростам. 6 

1150 Сӯи шоҳи Тӯрон 7 фиристам хабар, 

Ки моро зи кина бупечид сар. 

Ҳамэдун ту 8 наздики Хусрав ба меҳр 
Яке нома бинвису букшой чеҳр, 


1 . И-ғуз. 

2. Л-б. 1144,1 145 нест. 

3. Л-Эрон. 

4. Л-б. 1 147 нест. 

5. И- мо оштӣ хостем: ЛМ - хостем. 

6. ИЛМ - биёростем. 

7. И-туркон. 

8. И-ба. 


103 


К-аз ин аз раҳи меҳр гуфтори ман, 

На хун рехтан бо ту пайкори ман. 

Чу паймон ҳама карда бошем рост, 

Зи ман хоста, ҳар чӣ Хусрав бихост. 

Фиристам ҳама сар ба сар назди шоҳ, 
Дари кин бубандад магар бар сипоҳ. 

1155 В-аз он пас ки он карда бошем низ, 
Гаравгон фиристему ҳар гуна 1 чиз. 

Бипайвандам аз меҳру оину дин, 
Бидӯзам ба дасти вафо чашми кин, 

Ки бугсист ҳангоми шоҳи бузург, 

Зи бад гавҳари Туру Салми сутург. 

Фаридун ки аз дард саргашта шуд, 
Куҷо Эраҷи номвар кушта шуд. 2 

Ҷуз ин 3 ҳар чӣ бояд, ба некӣ бихоҳ, 

В-аз он пас бар ин нома кун назди шоҳ. 

1160 Набояд к-аз ин хубгуфтори ман 
Гумоне ба сустӣ баранд анҷуман, 

Ки ман ҷуз ба меҳр ин нагӯям ҳаме, 
Саранҷом некӣ биҷӯям ҳаме. 

Маро ганҷу мардон аз они ту беш, 

Ба мардонагӣ ном аз они ту пеш. 

Валекин бар ин кина ангехтан, 

Ба бедод ҳар ҷой хун рехтан. 


1. ИЛ-фиристодаву дода. 

2. Л- Фаридун, ки кеҳтар писар кушта дид, 

Сари Эраҷи номвар гашта дид. 

3. ЛМ - зи ман. 


104 


Бисузад ҳаме бар сипаҳ-бар дилам, 
Бикӯшам, ки кин аз миён бугсилам. 

1165 Ва дигар ки аз кирдгори ҷаҳон 
Битарсам ҳаме ошкору ниҳон, 

Ки напсандад аз мо бадӣ додгар, 1 
Газофа бипардозад ин буму бар. 2 

Агар сар бупечӣ зи гуфтори ман, 
Биҷӯӣ ҳаме жарф пайкори ман. 

Гунаҳкор дорӣ маро бегуноҳ, 
Нахоҳӣ ба гуфтор кардан нигоҳ. 

Куҷо доду бедод пешат якест, 

Ҷуз аз кинагустурданат рой нест. 

1170 Гузин кун зи гурдони Эрон сарон, 
Касе к-ӯ гирояд ба гурзи гарон, 

Ҳам эдун ман аз лашкари хеш мард 
Гузинам чу бояд зи баҳри набард. 

Ҳама як ба дигар фароз оварем, 
Саронро сӯи ҷанг боз оварем. 

Ҳам эдун ману ту ба овардгоҳ 
Бигардем як бо дигар кинахоҳ. 

Магар бегуноҳон зи хун рехтан 
Ба осоиш оянд аз овехтан. 

1175 Касе к-аш гунаҳгор дорӣ ҳаме, 

В-аз ӯ бар дил озор дорӣ ҳаме, 

Ба пеши ту орам ба рӯзи набард, 
Бибояд-т паймон яке низ кард, 


1 . ИЛ - кирдгор. 

2. ИЛ-рӯзгор. 


105 


Ки гар ту ба мо 1 даст ёби ба хун, 
Шавад бахти гурдони туркон 2 нагун, 

Наёзорӣ аз бун 3 сипоҳи маро, 

Насӯзӣ бару буму гоҳи маро. 

Гузаршон диҳӣ, то ба Турон шаванд, 
Каминро насозӣ бар эшон газанд. 

1180 В-агар ман бувам бар ту пирӯзгар, 
Диҳад мар маро ахтари нек бар, 

Насозам бар эрониён - бар камин, 
Нагирем хашму наҷӯем кин. 

Сӯи шаҳри Эрон диҳам роҳашон, 
Гузорам якояк сӯи шоҳашон. 

Аз эшон нагардад яке* 4 коста, 
Шаванд эмин аз ҷону аз хоста. 

В-ар эдун ки з-ин сон наҷӯӣ 5 набард, 
Дигаргуна хоҳӣ ҳаме кор кард, 

1185 Бар андӯҳ ҷӯӣ ҳаме корзор, 

Сипаҳро саросар ба ҷанг андар ор. 

Ҳар он хун ки ояд ба кин 6 рехта, 

Ту бошӣ бад-он гетӣ овехта. 

Бубаст аз бари нома мар бандро, 
Бихонд он гаронмоя фарзандро. 

Писар буд мар ӯро сари анҷуман, 

Ки буд 7 ном Рӯину рӯинатан. 


1. ЛМ-ки бар мо ту гар; И-ки бар мо агар. 

2. И-Тӯрон; Л-туркон ба як роҳ. 

3. И-наёзор з-ин пас. 

4. М-касе. 

5. Л-к-аз эшон нахоҳӣ. 

6. И-кина. 

7. ИМ-яке. 


106 


Бихондаш ки 1 наздики Гударз шав, 
Сухан гӯй ҳушёру посух шунав. 

1190 Чу Рӯин бирафт аз дари номвар 
Фиристода бо даҳ савори дигар, 2 

Биёмад хирадманду равшанравон 
Давон то саропардаи паҳлавон. 

Биёмад чу Гударзро дид, даст 
Ба каш карду сар пеш бинҳод паст. 

Сипаҳдор барҷаст, з-он ҷо ки буд, 3 
Ба оғӯш танг андаровард зуд. 

Зи Пирон бипурсид в-аз лашкараш, 
Зи гурдону аз шоҳу аз кишвараш. 

1195 Бизад даст 4 Рӯин, пас он нома пеш 
Биёварду бугэорд* 5 пайғоми хеш. 

Дабир омаду нома бархонд зуд, 

Ба Гударз гуфт, он чи дар нома буд. 6 

Зи бас хуб гуфтору аз панд хуб 
Намудан бад-ӯ роҳи пайванд хуб. 

Хирадманд Пирон ки дар нома ёд 
Чӣ овард в-аз панди некӯ чӣ дод. 

Ба Рӯин чунин гуфт пас паҳлавон, 
Ки эй пури солору фаррухҷавон. 


1 . И-Бад ӯ гуфт; Л-бигуфташ ки. 

2. ТПЗИМ - Чу Рӯини Пирон ба даргаҳ расид, 

Сӯи паҳлавони сипаҳ кас давид. 
Фиристодаро хонд пас паҳлавон, 
Ҳамон чун ба парда даромад ҷавон. 

3. ИЛ-барҷасту ӯро чу дид. 

4. И-Сабук дошт. 

5. М-бугзошт. 

6. ЛО-б. 1196 

ТПЗИ- Чу нома ба Гударз бархонданд, 

Ҳама номдорон фурӯ монданд. 


107 


1200 Ба 1 меҳмони мо буд бояд нахуст, 
Пас ин посухи нома бояд-т ҷуст. 

Саропардаи нав бипардохтанд 
Нишастангаҳи хусравӣ сохтанд. 2 

Пурандеша гашта дили паҳлавон* 3 
Нишаста худу ройзан ҳардувон.* 4 

Пас он номаро посух оростанд, 
Сухан ҳарчи некӯтар, он хостанд. 

Яке 5 ҳафта Гударз бо руду май 
Ҳаме* 6 номаро посух афканд пай. 

1205 Зи боло чу хуршеди гетифурӯз 
Бигаштӣ, сипаҳбад гаҳи нимрӯз. 

Маю руду ромиш* 7 биёростӣ, 8 
Фиристодаро пеши худ хостӣ. 


ПОСУХИ НОМАИ ПИРОН БА ГУДАРЗ 

Чу як ҳафта бугзашт, ҳаштум пагоҳ 
Нависандаи номаро хонд 9 шоҳ. 

Бифармуд, то нома посух навишт,* 10 
Дарахте зи кина ба наввӣ бикишт. 

Сари нома кард офарин аз нахуст, 
Дигар посух овард як-як дуруст, 


1. ЛМ — ту. 

2. ТПЗЛИ - Ба дебои румӣ биёростанд, 

Хушиҳову ромишгарон хостанд. 

3. М-он ҷавон. 

4. М-Ки то дод чун посухаш паҳлавон. 

5. И-ба як. 

6. М-Хдмин 

7. М-маҷлис. 

8. И-Май оварду ромишгар оростӣ. 

9. ИЛ-Нависандаро хонд солори. 

10. М-Аз ин номаи. 


108 


1210 Ки бархондам он номаро сар ба сар 
Шунидем гуфтори ту дар ба дар. 

Расонид Рӯин бари мо паём 
Якояк ҳама, ҳар чӣ бурдӣ ту ном, 

Валекин шигифт ояд аз кори ту, 

Маро аз чунин хуб гуфтори ту. 

Дилат бо забон ҳеҷ ҳамсоя нест, 
Равони туро аз хирад моя нест. 

Ба ҳар кор чарбӣ ба кор оварӣ, 
Суханҳо чунин пурнигор оварӣ. 

1215 Касеро ки аз бун набошад хирад, 
Гумон бар ту-бар меҳрубонӣ барад. 

Чу шӯразаминӣ, ки аз дур об 
Намояд, чу тобад бар ӯ офтоб. 

Валекин на кори фиреб асту банд 
Ба ҳангоми гурзу синону каманд. 

Маро бо ту ҷуз кину пайкор нест, 

Гаҳи посуху рӯзи гуфтор нест. 

Нигар, то чӣ сон гардад акнун сипеҳр, 
На ҷои фиреб асту пайванду меҳр. 

1220 Киро дод хоҳад ҷаҳондор зӯр, 

Киро бардиҳад бахти пирӯзу 1 ҳур, 

Валекин аз ин гуфта посух шунав, 
Хирад ёр кун, бахтро пешрав. 

Нахуст он ки гуфтӣ, ман аз меҳр низ 
Зи Яздону аз гардиши растахез 


1 . Л-бедору. 


109 


Нахоҳам, ки ояд маро пеш ҷанг, 

Дилам гашт аз ин кор торику 1 танг, 

Дилат бо забон ошноӣ надошт 
Бад-он гаҳ ки ин гуфта бар лаб гумошт, 

1225 Ки гар дод будӣ ба дил-т-андарун 
Туро пешдастӣ набудӣ ба хун. 

Нахустин ки омад ба пеши ту Гев 
Бузургони ҳушёру гурдони нев, 2 

Або панду андарзу гуфтори нағз 
Бузургони Эрон покизамағз, 3 

Бисозидӣ* 4 ин ҷангро лашкаре 
Зи кишвар дамон то дигар кишваре, 

Ту кардӣ ҳама ҷангро даст пеш, 

Сипаҳро ту баркандӣ аз ҷои хеш. 

1230 Хирад к-аз 5 пас омад, зи 6 пеш омадӣ, 

Ба фарҷомат ором беш омадӣ. 

Валекин сиришти баду хӯи бад 
Туро бугзаронад зи роҳи хирад. 

Бадӣ худ дар ин 7 тухма дар гавҳар аст, 
Ба бад меҳри 8 ин гавҳар андарх(в)ар аст. 

Шунидӣ ки бар Эраҷи некбахт* 9 
Чӣ омад зи Тур аз паи тоҷу тахт. 


1. И-кори бедод. 

2. ТПМ - Сухан гуфт худ бо ту аз ҳар даре, 

Зи ҳар номдореву ҳар кишваре. 

3. ИЛ-б. 1227 нест. 

4. М-Ту соҷидӣ. 

5. ИЛ- гар. 

6. ИЛ-ту. 

7. И-Хӯи бад бад-он. 

8. ИЛМ-меҳри бад. 

9. М-б. 1238 нест. 


110 




Бад аз Туру Салм омад андар замин, 
Саросар бигустард бедоду кин. 

1235 Фаридун ки аз дарди дил рӯзу шаб 
Ба нафрин кушодӣ бар эшон ду лаб, 

Ба ёрии додори некидиҳиш 
Ҳамаш меҳри дил буду ҳам парвариш. 

Манучеҳр он кинаро боз хост, 

Ба фарри бузургӣ ҷаҳон кард рост. 

Агар Тур бад кард, бад дид боз, 
Гузашт андарун рӯзгори дароз. 1 

Ба Афросиёб омад он хӯи бад 
Аз он номдорони андакхирад. 

1240 Зи сар бо Манучеҳр нав кин ниҳод, 
Ҳамэдун або Нӯзару Кайқубод. 

Ба Ковуси Кай кард худ, он чи кард, 
Баровард аз Эрони обод гард. 

В-аз он пас ба хуни Сиёвахш боз 
Фиканд инчунин кинаи нав дароз. 

Наёмад бад-он гаҳ туро дод ёд, 

Ки бар* 2 бегунаҳ ҷони ширин бидод. 

Чӣ моя бузургони ботоҷу гоҳ 
Аз Эрон шуданд андар ин кин табоҳ. 

1245 Ва дигар ки гуфтӣ ту бо пирсар 
Ба хун рехтан чанд бандӣ камар? 

Бидон, эй ҷаҳондидаи пурфиреб, 

Ба ҳар кор дида фарозу нишеб, 


1. ИЛ-б 1236-1238 нест. 
-Ӯ- 

-ҳама. 


111 


Ки Яздон маро зиндагони дароз 
Аз он дод бо бахти гарданфароз, 

Ки аз шаҳри Турон ба рӯзи набард 
Зи кина барорам ба хуршед гард. 

Битарсам ҳаме ман, 1 ки Яздони ман 
Зи тан бугсилонад ҳаме ҷони ман. 

1250 Ман ин кинаро н-оварида ба ҷой 
Бару буматон носипарда ба пой. 

Се дигар ки гуфтӣ зи Яздони пок 
Набинам ба дил-т-андарун тарсу бок. 

Надонӣ, к-аз ин хира хун рехтан, 
Гирифтор гардад ба фарҷом тан. 

Ман акнун бад-ин чарб гуфтори ту 
Агар бозгардам зи пайкори ту, 

Ба ҳангоми пурсиш зи ман кирдгор 
Бипурсад аз ин гардиши рӯзгор, 

1255 Ки солориву зӯру мардонагӣ 
Туро додаму ганҷу 2 фарзонагӣ. 

Ба кини Сиёвуш камар бар миён 
Набастӣ чаро пеши эрониён? 

Ба ҳафтод хуни гиромиписар 
Бипурсад зи ман довари додгар. 

Ба посух ба пеши ҷаҳонофарин 
Чӣ гӯям, чаро бозгаштам зи кин? 

Зи кини Сиёвуш чаҳорум сухун, 

Ки афкандӣ, эй пирсолор бун. 


1. М-он. 

2. Л-хуб. 

2. И-ганҷу. 


112 


1260 Ту гуи зи баҳри тани гашта хок 
Нашояд ситад зиндаро ҷони пок. 

Ту бишнос, к-он зишт кирдорҳо 
Ба дил-бар зи ҳар гуна озорҳо, 

Ки бо шаҳри Эрон шумо кардаед, 

Чӣ моя каёнро биёзурдаед. 

Чӣ паймон шикастан, чӣ кин охтан, 
Ҳамеша ба сӯи бадӣ тохтан. 1 

Чу ёд ояд ин, чун кунам оштӣ, 

Ки некӣ саросар бадӣ доштӣ? 

1265 Ба панҷум ки гуфтӣ ки паймон кунам, 
Зи Турон саронро гаравгон кунам. 

Ба наздики Хусрав фиристем ганҷ, 
Бубандем бар хештан роҳи ранҷ, 

Бидон, эй нигаҳбони 2 туронсипоҳ, 

Ки фармон чунин 3 нест моро зи шоҳ. 

Маро ҷанг фармуду овехтан, 

Ба хуни 4 Сиёвахш 5 хун рехтан. 

Чу фармони Хусрав наёрам ба ҷой, 
Равон шарм дорад зи кайҳонхудой. 

1270 В-ар уммед дорӣ, ки Хусрав ба меҳр 
Кушода бад-ин гуфтаҳои ту чеҳр. 

Гаравгону он хоста ҳар чӣ ҳаст, 

Чу Лаҳҳоку Рӯини хусравпараст, 


1 . И-додаам зӯру. 

2. И-сипаҳдорӣ. 

3. И-чаро. 

4. И-Ба кини. 

5. Л-Сиёвуш. 


113 


Гуси кун ба зуди ба наздики шоҳ, 
Сӯи шаҳри Эрон кушодаст роҳ. 

Шашум шаҳрҳое, ки кардӣ ту ёд, 
Бару буми ободу фаррухниҳод. 

Супорим гуфтӣ саросар 1 ҳама, 

Бари хеш хонам якояк рама. 

1275 Маро кард Яздон аз ин бениёз 
Гар огаҳ наӣ, то кушоем роз. 

Сӯи Бохтар то ба марзи хазар 
Ҳама гашт Лӯҳроспро сар ба сар. 

Сӯи Нимрӯз-андарун то ба Синд 
Ҷаҳон шуд ба кирдори румипаринд. 

Ҳама 2 Рустами нев бо теғи тез 
Баровард аз эшон дами растахез. 

Сари ҳиндувон бо дурафши сиёҳ 
Фиристод Рустам ба наздики шоҳ. 

1280 Деҳистону Хоразму он буму бар 
Ки туркон бароварда буданд сар. 

Биёбон 3 аз эшон бипардохтанд, 

Ки аз ҳар сӯе тохтан сохтанд. 

Биборид Ашкаш ба Шеда тагарг, 
Фуруд оваридаш ба наздики марг. 

Асирону аз хоста чанд чиз 
Фиристод наздики Хусрав ба низ. 

В-аз ин сӯ ману ту ба ҷанг-андарем, 
Бад-ин маркази ному нанг-андарем. 


1. ИЛ-баХусрав. 

2. Л-Таҳам. 

3. Л-Саросар 


114 


1285 Ба якчанд диди зи ман 1 дастбурд 
В-аз ин номдорону шерони гурд. 

Гар эдун ки рӯй андарорӣ ба рӯй, 
Раҳонам туро з-ин ҳама гуфтугӯй. 

Ба нерӯи Яздону фармони шоҳ 
Ба хун ғарқа гардонам ин размгоҳ. 

Ту эй номвар паҳлавони сипоҳ, 

Нигаҳ кун бар ин гардиши ҳуру моҳ, 

Ки банди сипеҳрӣ фароз омадаст, 
Сари бахти туркон ба гоз омадаст. 

1290 Нигар, то зи кирдори бадгавҳарат 
Чӣ орад ҷаҳонофарин бар сарат. 

Замона зи бад доман андаркашид, 
Мукофоти бадро бад омад падид. 

Бияндеш 2 бисёру букшой гӯш, 

Сухан аз хирадмандмардум ниюш. 

Бидон, к-инчунин лашкари номдор,* 3 
Саворони шамшерзан сад ҳазор. 

Ҳама номҷӯю ҳама кинахоҳ, 

Ба афсун нагарданд аз ин размгоҳ. 

1295 Замона баромад ба ҳафтум сухун 
Фикандӣ вафоро ба савганд бун. 

Ба паймон маро бо ту гуфтор нест, 
Хирадро равонат харидор нест, 

Азеро ту бо ҳар кӣ паймон кунӣ, 
Вафоро ба фарҷом гирён 4 кунӣ. 


1. И-Ту он. 

2. Л-Ту биндеш. 

3. М-бешумор. 

4. ЛМ -Вайрон. 


115 


22 


Ба савганди ту шуд Сиёвуш ба бод, 

Ба гуфтори ту - бар кас эмин мабод! 

Набудиш фарёдрас рӯзи дард, 

Чӣ моя ба сахтӣ туро ёд кард! 1 

1300 Ба ҳаштум, ки гуфтӣ маро тоҷу тахт, 
Аз они ту беш асту мардию бахт, 

Ҳамэдун фузунам ба мардону 2 ганҷ, 
Валекин диламро зи меҳр аст ранҷ. 

Ман эдун гумонам, ки то ин замон 
Ба ҷанг озмудӣ маро бегумон. 

Г арам беҳунар ёфтӣ рӯзи кин, 

Ту донӣ, кунун бозам аз сар бубин. 

Ба ганҷу ба тоҷу ба тахту ҳунар, 3 
Бароям або ту магар сар ба сар. 

1305 Ба фарҷом гуфтӣ, зи мардони мард 
Тане чанд бугзин зи баҳри набард. 

Ман аз лашкари турк ҳам з-ин ни ттт он 
Биёрам саворони гарданкашон, 

Ки аз* 4 меҳрубонӣ бар ин лашкарам 
Нахоҳам, ки бедоду кин густарам. 

Ту бо меҳрбонӣ ниҳӣ пой пеш 
Ки донӣ ниҳони* 5 дилу рои хеш. 6 


1 . «Бибудиш фарёдрас рӯзи бад, 

Ба савганди ту ғарра будан сазад». 

2. Л-мардиву. 

3. ИЛ-б. 1304 нест. 

-зибас. 

-намоӣ. 

6. ИЛ-б. 1308 нест. 


116 


Биёзорад аз ман ҷаҳондор шоҳ, 

Ки* 1 аз ҳамдигар бугсилонам сипоҳ. 

1310 Яке лашкаре пургунаҳ пеши ман 
Пур аз дарди эшон дили анҷуман. 2 

Набошад зи ман шоҳ ҳамдостон, 

К-аз инон 3 бигардам бад-ин достон. 

Нахустин ба анбӯҳ захме чу кӯҳ 
Бибояд задан сар ба сар ҳамгурӯҳ. 

Миёни ду лашкар ду саф баркашед, 
Гар эдун, ки пирӯзӣ ояд падид. 

В-агарна ҳам аз номдорони мард 
Биёрему созем ҷои набард. 

1315 Аз ин гуфта гар бугсилӣ боз дил, 

Ман аз гуфтаи худ наям дилгусил. 

В-ар эдун, ки бо ман ба овардгоҳ 
Басанда нахоҳӣ будан бо сипоҳ, 

Сипаҳ хоҳ ёвар зи солори хеш, 

Ба жарфӣ нигаҳ дор* 4 паргори 5 хеш. 

Пароканда аз лашкарат хастагон 
Зи хешу зи пайванду 6 пайвастагон 

Бимон, то шаванд аз пазишкон дуруст, 
Замон ҷустан акнун бад-ин кори туст. 


1. М-гар. 

2. ТПЗЛ- Ва дигар, ки гуфтӣ мубориз гузин, 

Ки бо ман бигардад дар ин дашти кин. 

3. Л-эшон. 

4. М-кун ба пайкори. 

5. И-пайкори. 

6. И-хешону наздику. 


117 


1320 Агар хоҳи аз ман 1 замону диранг, 
В-агар ҷанг хоҳӣ, биёрой ҷанг. 

Бад-он гуфтам ин, 2 то ба рӯзи набард — 
Ба мо-бар баҳона наёрӣ ту кард, 

Ки ногоҳ бар мо ба ҷанг омадӣ, 

Камин кардиву бедиранг омадӣ. 

Ман ин кин агар то ба сад солиён 
Бихоҳам,* 3 ҳамон аст, 4 акнун ҳамон. 

Аз ин кина баргаштан уммед нест, 
Шабу рӯз бар дидагонам 5 якест. 

1 325 Чу ин посухи нома гашт испарӣ, 
Фиристода омад ба сони парӣ. 

Камар бар миён бар сутури наванд 
Саворон ба гирд- андараш низ чанд. 

Фуруд омад аз асп Рӯини гурд, 

Гавонро ҳама пеши солор бурд. 

Сипахдор фармуд, то мӯбадон 
Зи лашкар ҳама номвар бихрадон 

Ба зудӣ сӯи паҳлавон омаданд, 
Хирадманду рӯинравон 6 омаданд. 

1330 Хдмон 7 посухи нома пеши гавон 
Бифармуд хондан ҳаме 8 паҳлавон. 


1. ИЛ-Туро чанд хоҳӣ. 

2. И-гуфтамат. 

3. М-биҷӯям. 

4. Л-ҳамонат. 

5. Л-бо гоҳу соат. 

6. ИЛ - равшанравон. 

7. ИМ - Пас он. 

8. Л- бархондан. 


118 


Бузургон, ки ин номаи дилпазир 
Шуниданд аз гуфти фаррухдабир, 

Ҳушу рои Пирон сабук доштанд, 
Ҳама панди ӯро тунук доштанд. 

Ба Гударз-бар офарин хонданд, 

Варо паҳлавони замин хонданд. 

Пас он номаро мӯҳр карду бидод 
Ба Рӯини Пирони висанажод. 

1335 Чу аз пеши Гударз бархостанд, 
Бифармуд, то хилъат оростанд. 

Аз аспони тозӣ ба зарринситом, 

Чи афсар, чи шамшеру зарринниём, 

Бубахшид ёрон-шро симу зар, 

Киро дархур омад кулоҳу камар. 

Бирафтанд Рӯину он даҳ сипоҳ, 

Сӯи лашкараш баргирифтанд 1 роҳ. 

Чу Рӯин ба наздики Пирон расид, 

Ба пеши падар шуд, чунон чун сазид. 

1340 Ба наздики тахташ фурӯ бурд сар, 
Ҷаҳондида Пирон гирифташ ба бар. 

Чу бугзорд пайғоми солори шоҳ, 
Бигуфт, ончи дид андар он размгоҳ. 

Пас он номаро хонд пешаш дабир, 
Якояк рухи паҳлавон шуд чу қир. 

Дилаш гашт пурдарду ҷон пурниҳеб, 
Бидонист, к-омад ба тангӣ ни ттт еб. 


1 . И- лашкари худ гирифтанд. 


119 


Шикебоиву хомуши баргузид, 

Накард он сухан бар сипаҳ-бар падид, 

1 345 Аз он пас чунин гуфт пеши сипоҳ, 

Ки Гударзро дил наёмад ба роҳ 

Аз он хуни ҳафтод пури гузин 
Наёромадаш дил замоне зи кин. 

Гар эдун, ки ӯ бар гузашта сухун, 

Ба наввӣ ҳаме кина афканд 1 бун. 

Чаро ман ба кини бародар камар 
Набандам, нахорам бад-ин кина сар? 

Бар он хуни нӯҳсад сари номдор 
Ки аз тан ҷудо шуд гаҳи корзор, 

1350 Ки андар бару буми Турон дигар 
Саворе набандад чу Ҳумон камар. 

Чу Настеҳан он сарви сояфикан, 

Ки шуд ногаҳон нопадид аз чаман. 

Бибояд кунун баст моро камар, 
Намонам бар эрониён буму бар. 

Ба нерӯи Яздону шамшери тез 
Барорам аз он анҷуман растахез. 

Зи аспон гала ҳар чӣ шоиста буд, 

Зи ҳар сӯ ба лашкаргаҳ овард зуд. 

1355 Пиёда ҳама кард яксар савор 
Дуаспа савор аз дари корзор. 

Дари ганҷҳои куҳан баркушод, 

Ба динор додан дил андарниҳод. 2 


1. Л-созадзи. 

2. ИЛ-дар-андар кушод. 


120 


ЁРИ ХОСТАНИ ПИРОН АЗ АФРОСИЁБ 

Чу ин карда шуд, назди Афросиёб 
Наванде барафканд ҳангоми хоб. 

Фиристодае боҳушу рои пир, 

Сухангӯю гурду савори далер, 

Ки «Рав 1 , шоҳи Туронзаминро 2 бигӯй, 
Ки, эй додгар шоҳи дайҳимҷӯй, 3 

1360 Аз он гаҳ, ки чархи сипеҳри баланд 
Бигашт аз бари тирахоки нажанд, 

Чу ту шоҳ бар гоҳ наншаст низ, 

Ба кас номи шоҳӣ напайваст низ. 

На зебо бувад ҷуз ту мар тахтро, 
Кулоҳу камарбастану бахтро. 

Аз он кас барорад ҷаҳондор гард, 

Ки пеши ту ояд ба рӯзи набард. 4 

Яке бандаам ман, гунаҳкори ту, 
Кашида сар аз рои бедори ту. 5 

1365 Ба Кайхусрав аз ман биёзурд шоҳ, 

В-аз он хештанро надонам гуноҳ,* 6 

Ки он эзадӣ буду буд он чӣ буд, 

Наёяд зи 7 гуфтори бисёр суд. 

Агар з-он ки бинад маро нек шоҳ, 
Кунад гардан озоду бахшад гуноҳ, 


1. И-шав. 

2. ИЛ-Туронсипаҳро. 

3. ИМ-Хусрави номҷӯй. 

4. Л-б. 1363 нест. 

5. Л-ҷуз. 

6. М-орад паноҳ. 

7. ЛМ-надорад ба. 


121 


Расонам ман акнун ба шоҳ огаҳи, 
Ки гардун чи овард пеши раҳӣ. 

Кашидам ба кӯҳи Канобад сипоҳ, 
Бар эрониён 1 бар бубастем роҳ. 

1370 В-аз он сӯ биёмад сипоҳи гарон, 
Сипахдор Гударзу бо ӯ сарон, 

К-аз Эрон зи гоҳи Манучеҳршоҳ 
Ба Турон наёмад фузун з-ин сипоҳ. 

Ба Райбад яке ҷойгаҳ сохтанд, 
Сипаҳро дар он 2 кӯҳ биншохтанд. 

Сипаҳро се рӯзу се шаб чун паланг 
Ба рӯй- андар оварда буд рӯй танг. 

Наҷустем разм 3 андар он кинагоҳ, 
Ки ояд магар сӯи ҳомун сипоҳ. 4 

1375 Сипаҳдори Эрон наёмад сутӯҳ, 

Ба ҳомун наёвард лашкар зи кӯҳ. 

Бародар ҷаҳонгир 5 Ҳумони ман 
Зи кина биҷӯшид аз ин анҷуман. 

Ба Эронсипаҳ шуд, ки ҷӯяд набард, 
Надонам чӣ омад бар он шермард?! 

Биёмад ба кинҷустанаш пури Гев, 
Бигардид бо гурд Ҳумони нев. 


1. И-эронсипаҳ. 

2. Л-сипаҳ дар бари; И-сипаҳ дар буни. 

3. И-ҷанг. 

4. ТПЗМ - Гар ояд сипоҳаш аз он кӯҳ бурун, 

Сари паҳлавонон бошад нагун. 

5. И-ҷаҳондор. 


122 


Абар дасти чун Бежане' кушта шуд, 
Сари ман зи тимори ман 1 2 гашта шуд. 

1380 Кӣ донист ҳаргиз, ки сарви баланд 
Ба боғ аз гиё ёфт хоҳад газанд?! 

Дили номдорон ба ҳам даршикаст, 
Ҳама шодмонӣ шуд аз дард паст. 

Ва дигар, ки Настеҳани номдор 
Або даҳ ҳазор озмуда савор 

Бирафт аз бари ман сапедадамон, 
Биёмад-ш 3 аз гурзи Бежан зиён. 4 

Ман аз дарди дил баркашидам сипоҳ, 
Ғиревон бирафтам ба овардгоҳ. 

1385 Яке разм то шаб баромад зи кӯҳ, 
Бикардем бо якдигар ҳамгурӯҳ. 

Чу нӯҳсад шуд аз номдорони шоҳ 
Сар аз тан бурида бар он размгоҳ. 

Ду баҳра зи гурдони ин анҷуман 
Дил аз дард хаста, 5 ба шамшер тан. 

Ба мо-бар шуда чира эрониён 
Ба кина ҳама пок баста миён. 

Битарсам ҳаме з-он ки гардонсипеҳр 
Бихоҳад гусистан зи мо пок меҳр. 

1390 В-аз он пас шунидам яке бад хабар 
К-аз он низ баргаштам осемасар, 


1. И-Бежан чу у. 

2. ИЛ-ӯ. 

3. ЛМ-Бад-ӯ омад. 

4. И-бар дасти Бежан замон. 

5. Л-зи. 


123 


Ки Кайхусрав ояд ҳаме бо сипоҳ 
Ки пушти сипаҳбад бар ин размгоҳ. 

Г ар эдун, ки гардад дуруст ин хабар, 
Ки Хусрав кунад сӯи мо-бар гузар, 

Сипахдор донад, ки ман бо сипоҳ 1 
Наёрам шудан пеши 2 ӯ кинахоҳ. 

Магар шоҳ бо лашкари кинаҷӯ 3 
Ниҳад сӯи Эрон бад-ин ҷанг 4 рӯй. 

1395 Бигардонад ин бад зи турониён 

Бубандад ба кина 5 камар бар миён, 

Ки гар ҷони моро аз эронсипоҳ 
Бад ояд, набошад касе кинахоҳ». 

Фиристода чун гуфти Пирон шунид, 
Ба кирдори боди дамон бардамид. 

Нишаст аз бари бодпои наванд, 

Ба кирдори оташ ҳаюни баланд. 

Бишуд то ба наздики Афросиёб, 

На дам зад ба раҳ-бар, на орому хоб. 

1400 Ба наздики шоҳ андаромад чу бод, 
Бибӯсид тахту паёмаш бидод. 

Чу бишнид гуфтори Пирон ба дард, 
Дилаш гашт пурдарду 6 рухсор зард. 7 


1. Л-назди шоҳ. 

2. Л-назди. 

3. И-ҷангҷӯй. 

4. И-кина. 

5. И-бад-ин кин. 

6. Л-пурхуну. 

7. И-б. 1400, 1401 нест. 


124 


Шуд аз кори он куштагон хастадил, 
Бад-он дард бинҳод пайваста дил. 1 * 2 

В-аз он низ, к-аз душманон лашкараш* 3 
Гурезону вайрон ҳама кишвараш. 4 

Зи ҳар сӯ ба танг андаровард ҷанг, 

Бар ӯ-бар ҷаҳон гашта аз дард танг. 

1405 Чу гуфтори Пирон бар он сон шунид, 
Сипаҳро ҳаме 5 пойбарҷой дид. 

Бар ӯ офарин карду шодӣ намуд,* 6 
Ба дил-ш-андарун рӯшноӣ фузуд. 

Фиристодаро пас бари хеш хонд, 
Бисозиду он шаб ҳаме рой ронд.* 7 

Ба шабгир чун тоҷ бар сар ниҳод, 
Ҳамон гаҳ фиристодаро бор дод. 8 

ПОСУХИ ПАЙҒОМИ ПИРОН АЗ 
АФРОСИЁБ 

Бифармуд, то бозгардад ба ҷой 
Сӯи гурд Пирони фархундарой? 9 

1410 Чунин дод посух, ки «Уро бигӯй, 

Ки эй гурди номовари ростгӯй, 10 


1. Л-1402нест. 

2. М- Пур аз дард биншаст он сангдил, 

Шуд аз кори он куштагон тангдил. 

3. М-сӯе лашкаре. 

4. Л-шавад. 

5. ИЛМ -ҳама. 

6. М-Аз он гуна вайрон кунад кишваре 

7. М- Фиристодаро дар бари хеш ҷой 

Бисозанду он шаб ҳаме кард рой. 

8. ИЛ-дар кушод. 

9. ИЛМ-номвар, некпай, кадхудой. 

10. ИМ-меҳрубон некдил, нармхӯй. 


125 


Ту то зоди аз модари поктан, 

Сипар карда пешам тани 1 хештан. 2 

Туро бештар назди ман дастгоҳ, 

Туӣ бартар аз паҳлавонон ба ҷоҳ. 3 

Ҳам эдун ба ҳар кор бо ганҷи хеш, 
Гузида зи баҳри ман ин ранҷи хеш. 

Ту бурдӣ зи Чин то ба Эрон сипоҳ, 
Ту кардӣ дилу бахти душман сиёҳ. 4 

1415 Туӣ меҳтару 5 паҳлавони замин, 

Ки бодо ба ҷонат ҳазор офарин! 6 

Зи Туру Пашанг андароӣ ба меҳр, 
Чу ту паҳлавон барнаёрад сипеҳр. 

Набинад сипаҳ чун ту солор низ, 
Набандад камар чун ту ҳушёр низ. 

Нахуст он ки гуфтӣ, ман аз анҷуман 
Гунаҳгор донам 7 ҳаме хештан, 

Ки Кайхусрав омад зи Туронзамин, 
Ба Эрону бар мо бигустард кин. 

1420 Бидон 8 ман, ки шоҳам наёзурдаам, 
Ба дил ҳаргиз ин ёд н-овардаам. 


1. Л-кардаӣ пеши ман. 

2. ИМ-сарафроз будӣ ба ҳар анҷуман. 

3. Л-гоҳ 

ТПЗМ- Ҳамеша ба кин ҷустаи пеши ман, 
Фидо карда ҷону сипар карда тан. 

4. И-тахти душман табоҳ. 

5. Л-сарвару. 

6. И-бб. 1415 нест. 

7. Л-дорам. 

8. ИЛ-бад-ин. 


126 


Набояд, ки боши бар ин тангдил, 

Ба тимор дорӣ пур аз нанг дил. 1 

Куҷо буданӣ бошад аз кирдгор, 
Набояд варо ҳеҷ омӯзгор 2 , 

Ки Кайхусрав аз ман нагирад фурӯғ, 
Набера махонаш, ки бошад дурӯғ. 

Набошам ман ӯро ба гетӣ ниё, 
Наҷӯям ҳаме з-ин сухан кимиё. 

1425 Бар ин кори ӯ кас гунаҳкор нест, 
Маро бо ҷаҳондор пайкор нест. 

Чунин хост в-ин буданӣ кор буд, 
Маро бар дил аз ту чӣ озор буд?! 

Ва дигар, ки гуфтӣ зи кори сипоҳ, 

Зи гардидани чархи 3 хуршеду моҳ, 

Ба як сон нагардад сипеҳри баланд, 
Гаҳе шод дорад, гаҳе мустаманд. 4 

Ту дилро бад-ин кор хаста мадор, 
Равонро бад-ин банд баста мадор. 

1430 Набишта чунин аст кори набард, 

Зи ҳар сӯ ҳаме гардад ин тезгард. 5 

Ҳаме баркашад то ба хуршед-бар, 
Ҳаме 6 андарорад зи хуршед сар. 


1 . Л- Зи тимор гирад пур ожанг дил. 

И-Зи тимор дорӣ пур аз занг дил. 

2. ИЛ-б. 1322 нест. 

3. ЛМ-тира. 

4. ТПЗМ- Гаҳе бо маю руду ромишгарон, 

Гаҳе бо ғаму гурму ранҷи гарон. 

5. Л-тирагард. 

6. Л-Ҳам ӯ. 


127 


Сухан гуфтани куштагон гашт хоб, 

Зи кини бародар ту сар барматоб.* 1 

Диле к-ӯ зи дарди бародар шахуд, 
Давои 2 пизишкон бад-ӯ нест 3 суд. 

Се дигар ки гуфтӣ, ки Хусрав зи гоҳ 
Ба ҷанг эдар ояд ҳаме бо сипоҳ, 

1435 Ҷуз он аст, к-омад туро огаҳӣ, 

Ки Кайхусрав ояд зи шоҳаншаҳӣ, 

Ки Туси сипаҳбад ҳаме бо сипоҳ 
Ба сӯи Деҳистон баромад зи роҳ. 

Мабинод ҳаргиз кас он рӯзгор, 

Ки ӯ пешдастӣ намояд ба кор, 

Ки ман худ бар онам, к-аз эдар пагоҳ 
Бад-он сӯи Ҷайҳун гузорам сипоҳ. 

На Гударз монам, на Хусав, на Тус 
На гоҳу на тоҷу 4 на лашкар, на кӯс. 

1440 Ба Эрон бар он гуна ронам сипоҳ, 

Ки з-ин пас набинад касе тахти шоҳ.* 5 

Ба Кайхусрав аз ман намонад ҷаҳон, 

Ба сар бар фуруд оямаш ногаҳон. 

Ба ханҷар бар он сон бибуррам 6 сараш, 
Ки гиряд бар ӯ зор худ модараш. 

Магар, к-осмонӣ дигаргуна кор 
Фароз ояд аз гардиши рӯзгор. 


1. М-б. 1430-1420 нест. 

2. ИЛМ-лоҷи. 

3. И-надорад-ш. 

4. Л-тоҷу на коҳу. 

5. М-бӯқу. 

6. И-Зи тан пок буррам. 


128 


Туро эй ҷаҳондидаи сарфароз, 1 
Накардаст Яздон ба чизе ниёз. 

1445 Зи мардону аз ганҷу нерӯи даст 
Ҳама ҳарчи хоҳӣ, туро даст* 2 ҳаст. 

Яке лашкари номвар сӣ ҳазор 
Далеру хирадманду гурду савор, 

Фиристодам инак ба наздики ту, 

Ки равшан кунад 3 ҷони торики ту, 

К-аз эрониён даҳ в-аз эшон яке 
Ба чашми яке даҳ бувад андаке. 

Чу наздикат оянд, рӯзе* 4 мапой, 
Сару тоҷи Гударз бугсил зи ҷой. 

1450 Ҳамон кӯҳ, к-ӯ гирд дорад ҳисор, 

Ба аспони ҷангӣ зи пой андарор! 

Макаш даст аз эшон ба хун рехтан, 
Чу пирӯз бошӣ ба овехтан. 

Фиристода бишнид пайғоми шоҳ, 
Биёмад бари паҳлавони сипоҳ. 5 

Чу бишнид Пирон, сипаҳро бихонд, 
Фиристода аз бун сухан бозронд. 

Сипаҳро ҳама сар ба сар дод дил, 
Шуданд аз ғамон* 6 яксар озоддил, 


1 . И-меҳрубон. 

2. М-рӯз. 

3. И-шавад. 

4. М-лашкар ба назди ту ояд. 

5. ТПЗИЛ - Ба пеш андаромад ба сони чаман, 

Хамида чу аз бод шохи суман. 

Ба Пирон расонид пайғоми шоҳ 
Аз он номдорони ҷангисипоҳ. 
Л-бад-он. Якояк бари паҳлавони сипоҳ. 

6. М-он замон. 


129 


1455 Ниҳони равонаш пур аз дард буд, 

Пур аз хун дилу бахт* 1 пургард буд, 

Ки аз ҳар сӯе лашкаре шаҳрёр 
Ҳама коста дид бар корзор. 

Ҳам аз шоҳи Эрон дилаш буд танг, 
Битарсид, к-ояд якояк ба ҷанг. 

Ба Яздон чунин гуфт, к-«Эй кирдгор, 
Чӣ моя шигифт андар ин рӯзгор. 

Киро баркашидӣ ту, афканда нест, 
Ҷуз аз ту ҷаҳондору поянда нест. 

1460 Зи Хусрав нигар то бад-ин рӯзгор 
Кӣ донист, к-ояд яке шаҳрёр?! 

Нигаҳ кун бад-ин кори гарданда даҳр 
Мар онро, ки аз хештан кард баҳр, 

Барорад гули тоза аз хори хушк, 
Шавад хок бо бахти бедор мушк. 

Шигифтӣ бар он кун, ки озодмард 
Ҳамеша дили хеш дорад ба дард. 

Миёни ниёву набера-ду шоҳ 
Надонам чаро бояд ин кинагоҳ?! 

1465 Ду шоҳи 2 ду кишвар чунин ҷангҷӯй,* 3 
Ду лашкар ба рӯй андаровард рӯй. 

Чӣ донам* 4 саранҷоми ин корзор, 
Киро баркашад гардиши рӯзгор. 


1. М-рух. 

2. ИЛ-шоху. 

3. М-кинаҷӯй. 

4. М-гӯям. 


130 


Пас он гаҳ ба Яздон бинолид зор, 

Ки эй равшани додгар кирдгор, 

Гар Афросиёб андар ин кинагоҳ, 

Або номдорони туронсипоҳ, 

Бад-ин размгаҳ кушта хоҳад шудан, 
Сари бахти мо гашта хоҳад шудан. 

1470 Чу Кайхусрав ояд аз Эрон ба кин, 
Бад-ӯ боз гардад саросар замин. 

Раво бошад аз хаста дар ҷавшанам 
Барорад равон кирдгор аз танам. 

Мабинод ҳаргиз ҷаҳонбини ман, 
Гирифта касе роҳу оини ман. 

Киро гардиши рӯз бо ком нест, 

Варо марг бо зиндагонӣ якест. 

РАЗМИ ЭРОНИЁН ВА ТУРОНИЁН 
БА АНБӮҲ 

Чу густард хуршед дебои зард, 
Биҷӯшид дарёи дашти набард, 1 

1475 Дурӯя зи лашкар баромад хурӯш, 
Замин омад аз наъли аспон ба ҷӯш. 

Сипоҳ андаромад зи ҳар сӯ гурӯҳ, 
Бипӯшид ҷавшан ҳама дашту кӯҳ. 2 

Ду солор ҳарду ба сони паланг 
Фароз овариданд лашкар ба ҷанг. 

Ба кирдори борон зи абри сиёҳ 
Биборид тир андар он размгоҳ. 


1. Л-б 1474нест. 

2. И-б. 1474-1476 нест. 


131 


Ҷаҳон чун шаби баҳман аз тирамеғ, 

Чи абре ки борони ӯ тиру теғ 

1485 Замин оҳанин карда аспон ба наъл, 
Бару дасти гурдон ба 1 хун гашта лаъл. 

Зи бас куштагон андар он размгоҳ 
Бурида сароншон фиканда ба роҳ. 

Бар овардгаҳ ҷои гаштан намонд, 

Паи аспро баргузаштан намонд. 

Замин лолагун шуд, ҳаво нилгун, 
Баромад ҳаме мавҷи дарёи хун. 

Ду солор гуфтанд, агар ҳамчунин 
Бидоранд гурдон бад-ин дашти кин, 

1485 Шаби тираро кас намонад ба ҷой 
Ҷуз аз чарху гетиву 2 кайҳонхудой. 

Чу Пирон чунон дид ҷои набард. 

Ба Лаҳҳок 3 фармуд Фаршедвард, 

Ки «Чандон куҷо бо шумо лашкар аст, 
Касе к-ӯ бад-ин размгаҳ дарх(в)ар аст, 

Саворон бубахшед, то бар се рӯй 
Шаванд андар ин размгаҳ ҷагҷӯй. 

В-аз эшон гурӯҳе ки бедортар, 

Сипаҳро зи душман нигаҳдортар, 

1490 Бад-эшон супоред пушти сипоҳ 
Шумо бар ду рӯя бигиред роҳ». 4 


1. И-Зи. 

2. ИЛ-чархи гардону. 

3. Л-Кахҳол. 

4. И-б. 1490 нест. 


132 


Ба Лаҳҳок фармуд, то суи куҳ 
Барад лашкари хешро ҳамгурӯҳ. 

Ҳам эдун сӯи рӯд Фаршедвард 
Барад, 1 то барорад зи 2 хуршед гард. 

Чу он номдорони туронсипоҳ 
Кашиданд он лашкари кинахоҳ, 

Наванде барафканд пас дидабон 
Аз он дидагаҳ то бари паҳлавон. 

1495 Нигаҳбони Гударз худ бо сипоҳ 

Ҳаме дошт ҳар сӯ ба душман нигоҳ. 

Дурӯя чу Лаҳҳоку Фаршедвард 
Зи роҳи камингаҳ кушоданд 3 гард. 

Саворони Эрон баровехтанд, 

Ҳаме хок бо хун баромехтанд. 

Наванде биёмад зи ҳар сӯ давон 4 
Ба огоҳ кардан бари паҳлавон. 

Нигаҳ кард Гударз, то пушти ӯй 
Кӣ дорад зи гурдони пархошҷӯй. 

1500 Гиромӣ писар шери ҳарза Ҳаҷир 
Ба пушти падар буд бо теғу тир. 

Бифармуд, то шуд зи пушти сипоҳ 
Бари Геви Гударзи лашкарпаноҳ 

Бигӯяд, ки лашкар сӯи рӯду кӯҳ 
Ба ёрӣ фиристад гурӯҳогурӯҳ. 5 


1. ИЛМ-равад. 

2. ИЛ-ба. 

3. Л-камин баркушоданд. 

4. Л-дамон. 

5. ТПЗЛ - Ба гирд оварад он сипаҳ яксара,* 

Ки ӯ чун шубон буду эшон бара.** 
*И-сипоҳро ҳама: ** И-рама 


133 


Ва дигар бифармуд гуфтан ба Гев, 
Ки пушти сипаҳро яке марди нев 1 

Гузинад, супорад бар ӯ ҷои хеш, 

В-аз он ҷо ниҳад пештар пои хеш. 

1505 Ҳаҷири диловар бубаста 2 камар 
Чу бишнид гуфтори фаррухпадар, 

Биёмад ба назди бародар дамон, 
Бигуфт, он куҷо гуфта буд паҳлавон. 

Чу бишнид Гев ин сухан, бардамид, 
Зи лашкар яке номвар баргузид. 

Куҷо номи ӯ буд 3 Фарҳоди гурд, 
Бихонду 4 сипаҳ яксар ӯро супурд. 

Ду сар кордида диловар сарон 
Бифармуд то Зангаи Шоварон 

1510 Барад тохтан сӯи Фаршедвард, 
Барангезад аз кӯҳу аз об гард. 

Зи гурдон дусад бо дурафши чу бод 
Ҳамэдун ба Гургини Милод дод. 5 

Бад-ӯ гуфт: «Аз эдар бигардон инон 
Або гурзу бо тобдода синон. 


1. ТПЗ- Бибояд шудан, то нагардад табоҳ, 

Наёяд аз он марзи Турон сипоҳ* 

* ин б. дар «з» пас «б» 1504 омадааст, ки ба мақсад мувофиқтар аст. 

2. И-хирадманд баста. 

3. ЛМ-гузин кард он гоҳ. 

4. Л-бинондаш. 

5. ТПЗЛ- Биёмад дамон то дари* паҳлавон, 

Чу дидаш хирадманду равшанравон. 

* Л-бари. 


134 


Кунун бурд бояд бар эшон сипоҳ, 
Ҳунар кун падид андар ин размгоҳ 1 

Ки пушти сипаҳшон ба ҳам баршикаст, 
Дили паҳлавонон шуд аз ҷанг паст. 

1515 Ба Бежан чунин гуфт, к-«Эй шермард, 
Туӣ бабри дарранда рӯзи набард. 2 

Кунун шермардӣ ба кор оядат, 

Ки бо душманон корзор оядат. 

Ба ту дорад уммед эронсипоҳ, 

Кунун рафт бояд бад-он* 3 размгоҳ. 

Аз эшон мапарҳезу тан пеш дор, 

Ки омад гаҳи кинаву корзор. 4 

Аз эдар бирав то ба қалби сипоҳ 
Зи Пирон бад-он ҷойгаҳ кина хоҳ! 

1520 Ки пушти ҳама шаҳри Турон бад-ӯст, 
Чу рӯи ту бинад, бидаррад-ш пӯст. 5 

Агар даст ёбӣ бад-ӯ, кор буд, 
Ҷаҳондору некахтарат ёр буд. 

Баросояд аз ранҷу сахтӣ сипоҳ, 

Шавад шодмона ҷаҳондор шоҳ. 


1 . ТПЗМ- Бирав сӯи Лаҳҳок, эй номҷӯй, 

Аз он душманон хун биронӣ ба ҷӯй. 
В-аз он ҷо биёмад ба назди падар 
Савори сарафрози хуршедфар, 
Бад-ӯ гуфт, к-эй шердил пури ман, 
Сипахдори Эрону дастури ман. 

2. ИЛМ-б. 1515 нест. 

3. М-Ҳунар кун падид андар ин, 

4. И-б. 1517, 1518 нест. 

5. И-б. 1520 нест. 


135 


22 ? 


Биёби басе ганҷу бас хоста, 

Шавад корҳои ту ороста. 1 

Шикаста шавад пушти Афросиёб, 

Пур аз хун кунад* 2 дил, ду дида пуроб. 

1525 Бигуфт ин сухан паҳлавон бо писар, 
Писар ҷангро танг баста камар. 

Чу бишнид ҷангӣ, барангехт асп, 
Бурун шуд ба кирдори озаргушасп. 

Саворон пас аз маймана, майсара 
Бифармуд хондан ҳама яксара. 

Гуроза бурун омаду Густаҳам, 

Ҳаҷири сипаҳдору Бежан ба ҳам. 

Аз он ҷо сӯи қалби туронсипоҳ 
Ҷавонзодагон* 3 баргирифтанд роҳ. 

1530 Ба кирдори шерон ба рӯзи шикор 
Бар он бодпоёни оҳихтаҳор. 

Миёни сипоҳ-андарун тохтанд, 

Зи кина ҳаме дил бипардохтанд. 

Ҳама дашт баргустувонвар савор 
Пароканда гашта гаҳи корзор. 

Чи моя фитода ба пои сутур 
Кафан ҷавшану синаи шер гӯр. 


■б. 1522, 1523 нест. 

-шавад. 

-Гаронмоягон. 


136 


РАЗМИ ГЕВ ВА ПИРОН ВА ФУРУ 
МОНДАНИ АСПИ ГЕВ 

Чу Рӯини Пирон зи пушти сипоҳ 
Бидид он такопӯву гарди сиёҳ, 

1535 Биёмад зи пушти сипоҳи бузург 
Або номдорон ба кирдори гург. 

Баровехт бар сони шарза паланг, 
Бикӯшиду ҳам барнаёмад ба ҷанг. 

Бияфканд шамшери ҳиндӣ зи мушт, 
Ба навмедӣ аз ҷанг бинмуд пушт. 

Сипаҳдор Пирон зи касҳои хеш 
Бимонд он замон хира бар ҷои хеш. 

Чу Гев он гаҳе рӯи Пирон бидид, 
Инонро сӯи ҷанги ӯ баркашид.* 1 

1 540 Аз он меҳтарон пеши Пирон чаҳор 
Ба найза зи асп андарафканд хор. 

Ба зеҳ кард Пирони Виса камон, 
Ҳаме тир борид бар бадгумон. 

Сипар бар сар овард Геви сутург, 

Ба найза даромад ба кирдори гург. 

Чу оҳанги Пирони солор кард, 

Ки бо вай биҷӯяд ба найза набард. 

Фурӯ монд аспаш ҳам эдун ба ҷой, 
Аз он ҷо ки буд, пеш нанҳод пой. 

1 545 Яке тозиёна бар он тезрав 

Бизад хашмро 2 номбардор гав. 


1 . М-Таковар суи ҷанг уро кашид. 

2. 3-хашмгин. 


137 


Биҷушиду букшод лабро зи банд 
Ба нафрини дижхим деви нажанд. 

Бияфканд найза, камон баргирифт, 
Яке дарқаи гург бар сар гирифт. 

Камонро ба зеҳ карду букшод бар, 
Ки бо дасти Пирон бидӯзад сипар. 

Бизад бар бараш чор тири хаданг, 
Набуд коргар тир бар марди ҷанг. 

1550 Ҳам эдун се чӯба бар аспи савор 
Бизад Гев пайкони ҷавшангузор. 1 

Нашуд асп хаста, на Пирони нев, 
Бад-он ҷо расиданд ёрони Гев. 

Чу Пирон чунон дид, кина фузуд, 
Даромад бари Гев бар сони дуд. 

Бад-он то кунад хаста мар Гевро, 
Шикаста кунад лашкари невро. 

Ҳам эдун бишуд Гев бар сони дуд, 
Ба найза зи сар хӯди Пирон рабуд. 

1555 Валекин наёмад ба Пирон газанд, 
Дили Гев аз он кор шуд дардманд. 2 

Ба наздики Гев омад он гаҳ писар, 
Ки «Эй номбардор, фаррух падар, 

Ман эдун шунидастам аз шаҳрёр, 
Ки Пирон фаровон кунад корзор. 

Зи ҷанги басе тезчанг аждаҳо 
Мар ӯро бувад рӯзи сахтӣ раҳо. 


1. Л-оҳангузор. 

2. Ил-б. 1553-1555 нест. 


138 


Саранҷом бар дасти Гударз ҳуш 
Барояд-ш, 1 эй боб, чандин макӯш, 

1560 Ки ӯро замона наёмад фароз, 

Чӣ печӣ ту ӯро ба сахтӣ дароз? 

Пас андаррасиданд лашкар ба* 2 Гев 
Пур аз хашм дил номбардор* 3 нев. 4 

Чу Пирон чунон дид, баргашт з-ӯй, 
Сӯи лашкари хеш бинҳод рӯй. 

Хурӯшон пур аз дарду рухсора зард 
Ба наздики Лаҳҳоку Фаршедвард. 

Чунин гуфт, к-«Эй номдорони ман, 
Далерону ханҷаргузорони ман, 

1565 Шуморо зи баҳри чунин рӯзгор 
Ҳаме парваронидам андар канор. 

Кунун чун ба ҷанг андаромад сипоҳ, 
Ҷаҳон шуд зи душман ба мо-бар сиёҳ, 5 

Надидам* 6 касе к-аз паи ному нанг 
Ба пеши сипоҳ андаромад ба ҷанг». 

Чу овози Пирон бад-эшон расид, 

Дили номдорон зи кин бардамид. 

Бирафтанду гуфтанд: «Агар ҷони пок 
Набошад ба тан, нестмон тарсу бок. 

1570 Бубандем доман як андар дигар, 
Нашояд аз ин кин кушодан камар. 


1 . И-барояд ту. 

2. М- он гаҳ расиданд ёрони. 

3. М-номдорони. 

4. Л-б. 1560, 1561 нест. 

5. И-пур аз душмани кинахоҳ. 

6. М-Набинам. 


139 


Суи Гев Лаҳҳоку Фаршедвард 
Бирафтанду ҷустанд бо ӯ набард. 

Биёмад бари Гев Лаҳҳоки нев, 

Яке найза зад бар камарбанди Гев. 

Ҳаме хост, к-ӯро рабояд зи зин, 
Нагунсор з-асп афканад бар замин 

Ба найза зиреҳ бардарид аз ниҳеб, 
Наёмад бурун пои Гев аз рикеб. 

1575 Яке найза зад 1 Гев бар аспи ӯй, 

Зи дард андаромад таковар ба рӯй 

Пиёда шуд аз асп Лаҳҳоки мард 
Фароз омад аз дур Фаршедвард. 

Бар он найзаи Гев теғе чу бод 2 
Бизад, найза бубрид, ӯ гашт шод. 

Чу Г ев андар он захми ӯ бингарид, 
Амуди гарон аз миён баркашид. 

Биғуррид чун 3 тездам аждаҳо, 

Бизад ханҷар омад зи дасташ раҳо. 4 

1580 Сабук дигаре зад ба гардан-ш бар, 
Ки оташ буборид бар тан-ш-бар. 

Биҷӯшид хун аз даҳон то ҷигар, 
Танаш сусттар гашту шуд хирасар.* 5 

Чу Гев андар ин буд, Лаҳҳок зуд 
Нишаст аз бари бодпое чу дуд. 


1 . ИМ-Бизад найзаро . 

2. И-Ба. 

3. ИЛ-Бизад чун яке. 

4. ИЛМ-Ки аз дасти ӯ ханҷар омад. 

5. М-суст гашту шуд осемасар. 


140 


Або гурзу бо найза бар сони шер 
Бари Гев рафтанд ҳарду далер. 

Чи моя зи ҷанги диловар сарон 
Бар ӯ-бар биборид гурзи гарон. 

1585 Ба зини паланг* 1 андарун буд савор, 
Сутӯҳе наёмад-ш аз он корзор. 

Чу диданд Лаҳҳоку Фаршедвард 
Чунон пойдорӣ аз он шермард, 

Зи бас хашм гуфтанд бо якдигар 
Ки «Моро бад омад аз ахтар ба сар. 

Бар ин зин ту гӯӣ, ки мағзаш зи рӯст, 
Ба бар-дар надорад ҷуз аз шер пӯст». 

Зи ёрон-ш Гев он гаҳе найза хост, 
Ҳаме гашт ҳар сӯ, чапу дасти рост. 

1590 Бар эшон ниҳод аз дурӯя ниҳеб, 
Якеро наёмад сар андар нишеб. 2 

Ба дил гуфт кори нав омад ба рӯй 
Маро з-ин далерони пархошҷӯй. 

На аз шаҳри Турон сарон омаданд, 
Ки девони Мозандарон омаданд. 

Сӯи рост Гев андаромад чу гард 
Гуроза ба пархоши Фаршедвард. 

Зи пӯлод дар дасти румӣ сутун, 

Ба зер- андарун бораи чун ҳаюн. 

1595 Гуроза чу аз бод букшод даст 

Ба зин-бар шуд он турки бедор паст. 


1 . М-хаданг. 

2. И-бар ҷанги рӯин сутун. 


141 


Бизад найзае бар камарбанди уй, 
Зиреҳ буду нагсаст пайванди ӯй. 

Яке теғ дар даст Бежан чу шер 
Биёмад ба пушти Гуроза далер. 

Бизад бар сару тарги Фаршедвард, 
Заминро бидаррид тарг аз набард. 

Ҳаме кард бар торакаш даст рост, 
Ба асп андаромад, набуд он чи хост. 

1600 Паси Бежан - андар дамон Густаҳам 
Або номдорони Эрон ба ҳам. 

Ба наздики туронсипоҳ омаданд, 
Халидадилу 1 кинахоҳ омаданд. 

Зи туронсипоҳ Андаримон чу гард 
Биёмад дамон то ба ҷои набард, 

Амуде фурӯ ҳишт бар Густаҳам, 

Ки то бугсилонад миёнаш зи ҳам. 

Ба теғаш баромад, ба ду ним гашт, 
Дили Густаҳам з-ӯ пур аз бим гашт. 

1605 Ба пушти 2 ялон андаромад Ҳаҷир, 
Абар Андаримон буборид тир. 

Хадангеш бар зину баргустувон 
Бизад, асп бегона гашт аз равон. 

Пиёда шуд аз асп* 3 марди савор, 
Сипар бар сар оварду бархост хор. 

Зи туркон баромад саросар ғирев, 
Саворон бирафтанд бар сони дев. 


1. Л-Халидаравон. 

2. И-пеши. 

3. М-Ба хок - андар афтод. 


142 


Мар уро ба чора зи овардгоҳ 
Кашиданд аз он рӯй пеши сипоҳ. 

1610 Зи шабгир то шаб баромад зи кӯҳ, 
Саворони Эрону туронгурӯҳ 

Ҳаме гарди кина барангехтанд, 

Ҳаме хок бо хун баромехтанд. 

Зи аспону мардон ҳама рафта ҳуш, 
Даҳан бозмонда зи бонгу хурӯш. 

ПАЙМОН КАРДАНИ ГУДАРЗ ВА ПИРОН 
БА ҶАНГИ ЁЗДАҲ РУХ 

Чу рӯи замин шуд ба ранг обнӯс, 
Баромад зи ҳарду сипаҳ бӯқу кӯс. 

Абар пушти пилон табиразанон 
Аз он размгаҳ бозгашта дамон. 

1615 Бар он барниҳоданд ҳарду сипоҳ 
Ки шаб боз гардем аз размгоҳ. 

Гузинем шабгир мардони мард, 

Ки аз жарфдарё бароранд гард. 

Ҳама номдорони пархошҷӯй 
Якояк ба рӯй андароранд рӯй. 

Зи пайкор ёбад раҳоӣ сипоҳ, 

Нарезанд хуни сари бегуноҳ. 

Бикарданд паймону гаштанд боз, 
Гирифтанд кӯтоҳ роҳи 1 дароз. 

1620 Ду солор ҳарду зи кина ба дард 
Ҳаме рӯй баргоштанд аз набард. 


1. И-кори. 


143 


2 ? 


Яке суи куҳи Канобад бирафт, 

Яке сӯи Райбад хиромид тафт. 

Ҳамон гаҳ талоя зи лашкар ба роҳ 
Фиристод Гударз - солори шоҳ. 1 

Зи ҷавшан* 2 сар аз тарг фарсуда буд, 
Ба хун даст бо теғ олуда буд. 

Ҳама ҷавшану хӯду таргу зиреҳ, 
Кушоданд мар бандҳоро гиреҳ. 

1625 Чу аз бори оҳан тан осуда гашт, 

Хуриш ҷусту май 3 чанд паймуда гашт, 4 

Ба тадбир кардан сӯи 5 паҳлавон 
Бирафтанд бедор пиру ҷавон. 

Ба Гударз пас Гев гуфт: «Эй падар, 

Чӣ омад маро аз шигифтӣ ба сар? 

Чу ман ҳамла бурдам* 6 ба туронсипоҳ, 
Даридам сафу баркушоданд роҳ, 

Ба Пирон расидам, навандам ба ҷой 
Фурӯ монду нанҳод дар пеш пой. 

1630 Чунонам тп итоб омад аз кори хеш, 

Ки гуфтӣ бибуррам сар аз ёри хеш. 7 

Пас он гуфтаи шоҳ Бежан ба ёд 
Ҳаме дошт, он роз бар ман кушод, 

Ки Пирон ба дасти ту гардад табоҳ, 

Аз ахтар чунин буд гуфтори шоҳ». 


■б. 1622 нест. 

-саронро. 

3. ЛМ-Чу равшан мае. 

4. И-б. 1625 нест. 

5. И-бари. 

6. М-кардам. 

7. Л-ҳама; ИМ-саронро ҳама. 


144 


Бад-у гуфт Гударз, к-«Уро замон 
Ба дасти ман аст, эй писар, бегумон. 

Аз ӯ кини ҳафтод пури гузин 
Бихоҳам ба зӯри ҷаҳонофарин». 

1635 В-аз он пас ба рӯи сипаҳ бингарид, 
Сипаҳро ҳаме гуна пажмурда дид. 

Зи ранҷи набарду зи 1 хунрехтан, 

Ба ҳар ҷой бо душман овехтан. 

Дили паҳлавон гашт аз он пур зи дард, 
Ки рухсори озодагон дид зард. 

Бифармудашон бозгаштан ба ҷой, 
Сипаҳдори некахтари раҳнамой. 

Бад-он то тани ранҷбардорашон 
Биёсояд 2 аз ҷангу пайкорашон. 

1640 Бирафтанду шабгир боз омаданд, 

Пур аз кинаву размсоз омаданд. 

Ба солор бархонданд офарин, 

Ки «Эй номвар паҳлавон замин, 

Шабат 3 хоб чун буду чун хостӣ, 

Зи пайкор бар дил 4 чӣ оростӣ?» 

Бад-эшон чунин гуфт пас паҳлавон, 

Ки «Эй номдорони 5 фаррухгавон, 

Сазад, гар шумо бар ҷаҳонофарин 
Бихонед рӯзу шабон офарин, 


1 . И-шабу рӯзу. 

2. ИЛМ-Баросояд. 

3. ИЛМ- Ба шаб. 

4. ИМ-пайкори туркон. 

5. Л-шомдорону. 


145 


1645 Ки то ин замон ҳарчи рафт аз набард, 
Ба коми дили мо ҳама гашт кард. 

Фаровон шигифте расидам ба сар 
Надидам ҷаҳонро магар баргузор. 

Чу мо чархи гардон фаровон сиришт, 
Дуруд аз куҷо б-орзу худ бикишт. 

Нахустин, ки Заҳҳоки бедодгар 
Зи гетӣ ба шоҳӣ баровард сар. 

Чи моя ҷаҳонро ба сахтӣ бидошт, 
Ҷаҳонофарин з-ӯ ҳаме даргузошт. 

1650 Чу бад буд мекард пайдо ситам, 

Зи бод омадаш подшоҳӣ ба дам. 

Баромад бар он кори ӯ чанд сол, 
Барандохт Яздон бар он бадсигол. 

Чу бедоди ӯ додгар барнадошт, 

Яке додгарро бар ӯ баргумошт. 1 

Фаридуни фаррух-шаҳи додгар 
Бубаст андар он подшоҳӣ камар. 

Ҳама банди оҳарманӣ баркушод, 
Биёрост гетӣ саросар ба дод. 

1655 Зи Заҳҳоки бадгавҳари бадманиш, 2 
Ки карданд шоҳон варо 3 сарзаниш, 

Ба Афросиёб омад он бадхуӣ, 

Ба дида набинад рухи некуӣ. 4 


1. И-б. 1625 нест. 

2. И-бадкуниш. 

3. И-бар ӯ. 

4. И-Ҳамон ғорату куштану ҷодуӣ. 


146 


Чу 1 дар шаҳри Эрон бигустард кин, 
Бигашт аз раҳи доду оину дин. 

Сиёвахши радро ба фарҷоми кор 
Бикушту баровард аз Эрон димор. 2 

В-аз он пас куҷо Гев аз Эрон биронд 
Чи моя ба сахтӣ ба Турон бимонд. 

1 660 Ниҳолиш аз хоку билин-ш 3 санг, 

Хуриш гушти нахчиру пӯшиш паланг. 

Ҳаме рафт гумбуда чун беҳушон, 

Ки ёбад зи Кайхусрав он ҷо нишон. 

Якояк чу наздики Хусрав расид, 

Бар ӯ офарин кард, к-ӯро бидид. 

В-аз он ҷо 4 ба Эрон ниҳоданд рӯй, 
Хабар шуд ба Пирони пархошҷӯй. 

Сабук бо сипоҳ андаромад ба роҳ, 

Ки ҳар ду кунадшон ба раҳ-бар 5 табоҳ. 

1665 Бикард, он чи будаш зи бад дастрас, 
Ҷаҳондорашон буд нигаҳдору бас. 

В-аз он пас ба кини Сиёвуш сипоҳ 
Сӯи Косарӯд андаромад ба роҳ. 

Ба Лодан, ки омад сипоҳи гашан 
Шабехун ба Эрон ба ҷанги Пашан, 

Ки чандин 6 писар пеши ман кушта шуд, 
Дили номдорон ҳама 7 гашта шуд. 


1. И-Ки. 

2. И-б. 1658 нест 

3. Л-болин зи. 

4. ИЛ-пас. 

5. ЛМ-Ба раҳ-бар кунадшон магар худ. 

6. ИЛ-чандон. 

7. И-аз он. 


147 


Кунун бо сипоҳе ҳама 1 ҷангҷуй 
Биёмад ба рӯй андароварда рӯй. 

1670 Чу бо мо писанда 2 нахоҳад будан, 3 
Басе 4 достонҳо бихоҳад задан. 

Ҳаме чора созад бар он, то сипоҳ 
Зи Турон биёяд бад-он размгоҳ. 

Саронро ҳаме хонад 5 акнун ба ҷанг, 
Якояк бибояд шудан* 6 тезчанг, 

Ки гар мо бар ин кор сустӣ кунем, 

Бар ин ҷанг на 7 пешдастӣ кунем. 

Баҳона кунад, бозгардад зи ҷанг, 
Бупечад сар аз кинаву ному нанг. 

1675 Бад-он гаҳ, ки созанд бо мо набард, 
Аз он номдорон барорем гард. 

В-ар эдун, ки Пирон аз он гуфти хеш 
Нагардад, кунад ҷангро даст 8 пеш, 

Пазируфтам ин аз шумо сар ба сар, 

Ки ман пеш бандам бар ин кин камар. 

Або пирасар тан бар ин размгоҳ 
Ба куштан диҳам пеши эронсипоҳ. 

Ману гурд Пирону Рӯину Гев 
Якояк бисозем мардони нев, 


1. ИЛ-чунин. 

2. ИМ-басанда. 

3. И-шудан. 

4. И-ҳама. 

5. Л-хоҳад. 

6. М-будан. 

7. Л-бад-ин ҷанг чун. 

8. И-пой. 


148 


1680 Ки кас дар ҷаҳон ҷовидона намонд, 
Ба гетӣ зи мо ҷуз фасона намонд. 

Ҳамон ном беҳтар, 1 ки монад баланд, 
Ки марг афканад сӯи мо ҳам каманд. 

Замона ба мурдан, 2 ба куштан якест, 
Вафо бо сипеҳри равон андакест. 

Шумо низ бояд, ки ҳам з-ин ни ттт он 
Або найзаву теғу мардумкушон 3 

Ба кина бубандед яксар камар, 

Ҳар он кас, ки ҳаст аз шумо кинавар, 

1685 Ки давлат гирифтаст аз эшон нишеб, 
Кунун кард бояд бад-ин кин ниҳеб. 

Ба Турон чу Ҳумон саворе набуд, 

Ки бо Бежани Гев разм озмуд. 

Чу баргашта шуд, 4 бахти ӯ шуд нагун, 
Бурида сараш зору ғалтон ба хун. 

Набояд шикӯҳид аз эшон ба ҷанг, 
Нашояд кашидан зи пайкор чанг. 


1 . Л-бояд. 

2. ИМ-маргу. 

3. И-пас аз б. 1683 ин б. омада, ки ба рафти воқеаи тасвиршуда алоқа на- 
дорад: 

Шаб омад аз он ҷой гаштанд боз 
Бузургони гарданкашу сарфароз, 

Бифармуд, то хону май хостанд, 

Ба руду ба ромишгаҳ оростанд. 

Чу хуршед аз парда сар баркашид, 

Фурӯғи ситора аз ӯ нопадид. 

Ба пеши ҷаҳонпаҳлавон омаданд, 

Ҳама бо дуруду навон омаданд. 

Бигуфтанд бо паҳлавони сипоҳ, 

Ту моро бар ин ҷанг бинмой роҳ. 

4. Л-буд. 


149 


В-ар эдун, ки Пирон нахоҳад набард, 
Ба анбӯҳ лашкар биёрад чу гард. 

1 690 Ҳам эдун ба анбӯҳ моро чу кӯҳ 
Бибояд шудан пеши ӯ ҳамгурӯҳ, 

Ки ҳастанд эшон ҳама хастадил 
Ба тимор барбаста пайваста дил. 

Бар онам, ки моро бувад дастгоҳ, 
В-аз эшон барорем гарди сиёҳ. 

Бигуфт ин сухан сар ба сар паҳлавон, 
Ба пеши ҷаҳондида фаррухгавон. 

Бар ӯ сар ба сар хонданд офарин 1 
Ки эй некдил меҳтари покдин, 2 

1695 Аз он гаҳ, ки Яздон ҷаҳон офарид, 

Чу ту паҳлавон дар ҷаҳон кас надид. 

Парастанда чун ту Фаридун надошт, 
Ки гетӣ саросар ба шоҳӣ гузошт. 

Сутуни сипоҳиву солори шоҳ, 

Зи ту барфарозанд гурдон 3 кулоҳ. 

Фидо кардаӣ ҷону фарзанду чиз, 

Зи солор шоҳон чӣ хоҳанд низ. 

Ҳама ҳарчи шоҳ аз Фарибурз ҷуст 
Зи Тус, он кунун аз ту бинад 4 дуруст. 

1700 Ҳама сар ба сар мо туро бандаем, 
Ҳама дил 5 ба меҳри ту огандаем. 


1. И-офарин хонданд. 

2. И-В-аро паҳлавони замин хонданд. 

3. ИМ-Барорандаи тоҷу гоҳу. 

4. И-ҷӯянд. 

5. И-омад. 

5. И-Дилу ҷон. 


150 


Гар эдун, ки Пирон зи туронсипоҳ 
Сарон оварад пеши мо кинахоҳ. 

Зи мо даҳ мубориз в-аз эшон ҳазор 
Нигар, то кӣ печад сар аз корзор. 

В-ар эдун, ки лашкар ҳама ҳамгурӯҳ 
Ба ҷанг андарорад ба дашту ба кӯҳ. 

Зи кина ҳама пок дилхастаем, 

Камар бар миён ҷангро бастаем. 

1705 Фидои ту бодо ҳама ҷони мо, 

Саросар бар ин аст паймони мо». 

Чу Гударз посух бад-ин сон шунид, 1 
Шуд андар дилаш рӯшноӣ падид. 2 

Бар 3 он номдорон гирифт 4 офарин, 

Ки «Эй паҳлавонони шоҳи 5 замин, 

Чунин аст оини ҷанговарон, 
Сарафрозшерон, набардасарон. 6 

Сипаҳро бифармуд, то барнишаст, 

Ба кина камар бар миён - бар бубаст. 7 

1710 Чапи лашкараш буд Рухҳоми гурд 
Ба Фарҳоди хуршедпайкар супурд. 

Сӯи рост ҷои Фарибурз буд, 

Ба Катмораи Қоранон дод зуд. 

Ба Шедуш фармуд, к-Эй пури ман, 

Ба ҳар кор шоиста дастури ман. 


1 . И-шунид. 

2. И-Ба дил - андарун шодмонӣ фузуд. 

3. И-ба. 

4. И-бикард. 

5. И-гурдшерони рӯи. 

6. ИЛ-б. 1708 нест. 

7. И-миёнро бубаст. 


151 


Ту бо ковиёни дурафшу сипоҳ 
Ба пушти сипаҳ бош лашкарпаноҳ. 1 

Бифармуд пас Густаҳамро, ки шав 
Сипаҳро ту бош ин замон пешрав. 

1715 Туро буд бояд ба солоргоҳ 

Нигаҳдору ҳушёру 2 пушти сипоҳ. 

Сипаҳро бифармуд, к-аз ҷои хеш 
Набояд, ки як тан ниҳад 3 пой пеш. 

Ҳама Густаҳамро кунед офарин, 
Шабу рӯз бошед бар пушти зин. 

Баромад хурӯш аз миёни сипоҳ 
Гирифтанд зорӣ бар он размгоҳ. 

Ҳама сар ба сар пеши ӯ тохтанд, 
Ҳама хокро бар сар андохтанд, 

1720 Ки бо пирасар паҳлавони сипоҳ 
Камар басту шуд сӯи овардгоҳ. 4 

Сипаҳдор чун Густаҳамро бихонд, 
Басе панду андарз бо ӯ биронд. 

Бад-ӯ гуфт зинҳор бедор бош, 
Сипаҳро зи душман нигаҳдор бош. 

Шабу рӯз дар ҷавшану ҷангҷӯй, 5 
Нигар, то кушода надорӣ ту рӯй. 

Чу оғозӣ аз ҷанг пардохтан, 

Бувад хобро бар ту бартохтан. 


1. Л-Бирав, пушти лашкар ту бошу паноҳ. 

2. Л-ҳушёр. 

3. Л-Нигар н-оваранд. 

4. ТПМЗ - Чи гуна писандад зи мо додгар, 

Ки ту разм ҷӯӣ або пирасар? 

5. ИЛ-кинаҷӯӣ. 


152 


1725 Ҳамон чун сар ори ба суи нишеб, 

Зи нохуфтагон бар ту ояд ниҳеб. 

Яке дидабон бар сари кӯҳ дор, 

Сипаҳро зи душман беандӯҳ дор, 

В-ар эдун, ки ояд зи Туронзамин 
Шабе ногаҳон тохтан аз камин, 

Ту бояд, ки пайкори мардон кунӣ, 

Ба ҷанг-андар оҳанги гурдон кунӣ, 

В-ар эдун, ки аз мо бад-ин размгоҳ 
Бад огоҳӣ ояд зи Туронсипоҳ, 

1730 Ки моро ба овардгаҳ баркушанд, 

Сари бетанонмон ба Турон кашанд, 

Сипаҳро нигар, то наёрӣ ба ҷанг, 

Се рӯз андар ин кор бояд диранг. 

Ҷаҳорум худ ояд ба пушти сипоҳ 
Шаҳи номбардор бо фарру ҷоҳ» 1 . 

Чу гуфтори Гударз з-он сон шунид, 
Сиришкаш зи мижгон ба рух барчакид. 

Пазируфт сар то ба сар панди ӯй, 

Ҳаме ҷуст аз он кор пайванди ӯй. 

1735 Ба Гударз 2 гуфт: «Он чи фармон диҳӣ, 
Миён баста дорам ба сони раҳӣ. 

СУХАН КАРДАНИ ПИРОН БО 
НОМДОРОНИ ХЕШ 

Пас аз ҷанги пешин, ки омад шикаст 
Ба Турон, пур аз дард буданду паст. 


1 . ИЛ- гоҳ. 

2. ИЛМ-солор. 


153 


Хурушон писар бар падар руйзард, 
Бародар зи хуни бародар бадард. 

Ҳама сар ба сар сӯгвору нажанд, 

Бар эшон дижам гашта чархи 1 баланд. 

Чу Пирон чунон дид, лашкар ҳама 
Чу аз гурги дарранда хаста рама. 

1740 Саронро зи лашкар саросар бихонд, 
Фаровон сухан пеши эшон биронд. 

Чунин гуфт, к-«Эй кордида гавон, 
Ҳама судаи разм пиру ҷавон. 

Шуморо ба наздики Афросиёб 
Чӣ моя бузургиву ҷоҳ асту об? 

Ба пирӯзиву фарраҳӣ номатон, 

Ба гетӣ пароканда буд коматон. 

Ба як разм, к-омад шуморо шикаст, 
Кашидед якбора аз ҷанг даст. 

1745 Бидонед яксар, к-аз ин размгоҳ 
Ба сустӣ агар бозгардад сипоҳ, 

Паси мо зи Эрон диловарсарон 
Биёянд бо гурзҳои гарон. 

Якеро зи мо зинда андар ҷаҳон 
Набинад кас аз кеҳтарону меҳон. 

Бурун кард бояд зи дилҳо ниҳеб, 
Гузидан мар ин ғамгинонро 2 шикеб. 

Чунин достон омад аз мӯбадон, 

Ки пирӯз Яздон бувад ҷовидон. 


1. Л-Дижам гашта гардонсипеҳри. 

2. 3- ғамгинон. 


154 


1750 Ҷаҳон сар ба сар бо фарозу нишеб 
Чунин астамон рафт андар ниҳеб. 

Ҳамон лашкар аст ин, ки дар ҷанги мо 
Бупечиду пас 1 кард оҳанги мо. 

Кунун аз бару буму фарзанди хеш 
Ки андешад аз ҷону пайванди хеш? 

Бад-ин размгаҳ баст бояд миён 
Ба кина шудан пеши эрониён. 

Чунин кард Гударз паймон, ки ман 
Сарон баргузинам аз он анҷуман. 

1755 Якояк ба рӯй андарорем рӯй 

Ду лашкар баросояд аз гуфтугӯй. 

Гар эдун, ки паймон ба ҷой оварад, 
Саронро зи лашкар ба пой оварад. 

В-агар ҳамгурӯҳ андарояд ба ҷанг, 
Пазира шавемаш ҳама тезчанг.* 2 

Агар сар ҳама сӯи ханҷар барем, 

Ба рӯзе бизодему рӯзе мурем. 

В-агарна сароншон барорам ба дор, 
Дурӯя бувад гардиши рӯзгор. 

1760 Агар сар бупечад кас аз гуфти ман, 
Бифармоямаш сар буридан зи тан». 

Гирифтанд гурдон 3 ба посух шитоб, 
Ки «Эй паҳлавони рад, Афросиёб, 

Ту аз дер гоҳ аст бо ганҷи хеш 
Гузидастӣ аз баҳри мо ранҷи хеш, 


1 . Л- бас. 

2. М- Набояд кашидан зи пайкор ҷанг. 

3. И- туркон. 


155 


Миён бастаи пеши мо чун раҳи, 
Писар бо бародар ба куштан диҳӣ. 

Чаро сар бупечем, мо худ кием? 
Чунин бандаи ту зи баҳри чием?» 

1765 Бигуфтанду аз пеш бархостанд, 

Ба пайкор яксар биёростанд. 1 

Ҳама шаб ҳаме сохтанд ин сухун, 

Ки афканд солори бедор 2 бун. 

Ба шабгир овози шайпуру ной 
Баромад зи даҳлези пардасарой. 

Нишастанд бар зин сапедадамон 
Ҳама номдорон ба тиру* 3 камон. 

Ту гуфтӣ, ки аз наъли аспон 4 замин 
Бипӯшад ҳаме чодари оҳанин. 

1770 Сипаҳбад ба Лаҳҳоку 5 Фаршедвард 
Чунин гуфт, к-«Эй номдорони мард. 

Шуморо нигаҳбони туронсипоҳ 
Ҳаме буд бояд бар ин размгоҳ. 

Яке дидабон бар сари кӯҳ дор 
Нигаҳбони рӯзу ситорашумор. 6 

В-ар эдун, ки моро зи гардонсипеҳр 
Бад омад бибуррад зи мо пок меҳр, 


1. И- бароростанд. 

2. И- Тӯрон ба. 

3. М-бозӯ. 

4. ЛМ- зи сумми сутурон. 

5. Л-Каҳҳол. 

6. Л-б. 1772 нест. 


156 


Шумо ҷангро худ маёед зуд, 

Шитобед аз эдар ба Турон чу дуд* 1 , 

1775 К-аз ин тухмаи висагон кас намонд, 

Ҳама кушта шуд, ҷуз шумо бас намонд 2 * 3 . 

Гирифтанд мар якдигарро канор 
Ба дарди ҷигар баргиристанд зор. 

В-аз он пас зи ҳам рӯй баргоштанд, 
Ғиревидану бонг бардоштанд. 

Пур аз кина солори туронсипоҳ 
Хурӯшон биёмад ба овардгоҳ. 

НОМЗАД КАРДАНИ ГУДАРЗ ВА ПИРОН 
ГАВОНРО БАРОИ ҶАНГИ ЁЗДАҲ РУХ 

Чу Гударзи Кашоводагонро бидид, 

Сухан гуфт чандеву 4 посух шунид. 

1780 Бад-ӯ гуфт, к-«Эй пурхирад паҳлавон, 

Ба ранҷ-андарун чанд печӣ равон? 

Равони Сиёвахшро 5 з-он чӣ суд, 6 
Ки аз буми 7 Турон барорӣ ту дуд? 

Бад-он гетӣ ӯ ҷои некон гузид, 

Нагирӣ ту ором, к-ӯ орамид. 

Ду лашкар чунин пок бар якдигар 
Фикандӣ чу пилон зи тан дур сар. 


1 . М - Шумо сӯи Турон шитобед сахт, 

Ки аз мо ба якбора баргашт бахт. 

2. ТПЗМ - Чӣ донем кардан або рӯзгор, 

К-аз аввал ҳам ӯ бошад омӯзгор. 

3. М - Замона ҳаме гардашон барфишонд. 

4. И- бисёру. 

5. Л-Сиёвушро. 

6. М - бохирад. 

7. ИЛМ-Шаҳри. 


157 


Сипоҳи ду кишвар ҳама шуд табоҳ, 

Гаҳ омад, ки пардозӣ ин кинагоҳ. 

1785 Ҷаҳон сар ба сар пок бе мард гашт, 

Бар ин кина пайкори мо сард гашт. 

Чаро кушт бояд ҳаме бегуноҳ, 

Сухан барниҳодам кунун бар ду роҳ. 1 

В-ар эдун, ки ҳастӣ чунин кинадор, 

Аз он пояи кӯҳ сипаҳ эдар 2 ор. 

Ту аз лашкари хеш берун хиром, 
Магар, к-ат барояд аз ин кина ком. 

Ба танҳо ману ту бар ин дашти кин 
Бигардем ҷанговарон ҳамчунин. 

1790 Зи мо ҳар киро ҳаст пирӯзбахт, 

Расад худ ба кому нишинад ба тахт. 

Агар ман ба дасти ту гардам табоҳ, 
Наҷӯӣ ту кина зи туронсипоҳ. 

Ба пеши ту оянду фармон кунанд, 

Ба паймон сароншон 3 гаравгон кунанд. 

В-агар ту шавӣ кушта бар дасти ман 
Абар номдорони он анҷуман, 

Маро бо сипоҳи ту пайкор нест, 

Бар эшон зи ман тарсу тимор нест». 

1795 Чу Гударз гуфтори Пирон шунид, 

Зи ахтар ҳама кори ӯ тира дид. 

Нахуст офарин кард бар кирдгор, 
Дигар ёд кард аз шаҳи номдор. 


1. ИЛ - 1786 нест. 

2. Л - андар; И - кӯҳпоя сипоҳ андар. 

3. И - эшон. 


158 


Ба Пирон чунин гуфт, к-Эй номвар, 
Шунидем гуфтори ту сар ба сар. 

Зи хуни Сиёвуш ба Афросиёб 
Чӣ суд аст, баргӯю сар барматоб, 

Ки чун гӯсфандаш буриданд сар, 

Пур аз хун дил, аз дард хаста ҷигар. 

1 800 В-аз он пас баровард з- Эрон хурӯш 
Зи бас куштану ғорату ҷангу ҷӯш. 

Сиёвуш ба савганди ту сар бидод, 

Ту додӣ ба хира мар ӯро ба бод. 

В-аз он пас, ки назди ту фарзанди ман 
Биёмад, кашидӣ сар аз панди ман. 

Битобидиву ҷангро сохтӣ, 

Ба кирдори оташ ҳаме тохтӣ. 

Маро ҳоҷат аз кирдгори ҷаҳон 
Бар ин гуна буд ошкору ниҳон, 

1805 Ки рӯзе ту пеши ман оӣ ба ҷанг, 
Кунун, к-омадӣ, нест ҷои диранг. 

Ба пиронсар акнун ба овардгоҳ 
Бигардем як бо дигар бесипоҳ. 1 

Кунун номзад кун саросар 2 сипоҳ, 

Ки пеши далерони ман размгоҳ 

Биёянд размозмуда сарон, 

Ба теғу синону ба гурзи гарон. 


1 . И - кинахоҳ. 

2. И - сарони. 


159 


1810 Бикушанду бо ҳам набард оваранд, 
Сари якдигарро ба гард оваранд» 1 . 

Сипахдори туркон баророст кор, 

Зи лашкар гузид он замон даҳ савор. 2 

Бурун тохтанд аз миёни сипоҳ, 
Бирафтанд то ҷои овардгоҳ, 

Ки дидори дида бад-эшон набуд, 

Ду солор аз ин гуна ҷанг озмуд. 

Або ҳар саворе зи туронсипоҳ 
Аз Эрон яке шуд ба овардгоҳ. 

Ниҳоданд пас Гевро бо Гурӯй, 

Ки ҳамзӯр буданду пархошҷӯй. 

1815 Гурӯи Зиреҳ, к-аз миёни сипоҳ 
Саросар бад-ӯ буд нафрини шоҳ, 

Ки бигрифт риши Сиёвуш ба даст, 
Сарашро бурид аз тани пок паст. 

Дигар бо Фарибурзи Ковус тафт 
Чу Калбоди Виса ба овард рафт. 

Чу Руҳҳоми Гударз бо Бормон 
Бирафтанд бо якдигар бадгумон. 

Гуроза бишуд бо Сиёмак ба ҷанг 
Чу шери жиён бо даманда наҳанг. 

1820 Чу Гургини корозмуда далер 

Або Андаримон бурун шуд чу шер 


1. И - б. 1810 нест; 

ТПЗМ - Кунун ҳарчи гуфтӣ, ба ҷой оварӣ, 
Аз ин гуфту паймони худ нагзарӣ. 
* Л- ту аз; ** Л - ахду; *** Л - мо. 

2. ТПЗМ - Або аспу созу силеҳи тамом 

Ҳама шермарде, ҳама некном. 


160 


Чу бо Бежани Гев Руини гурд, 

Ба ҷанг аз ҷаҳон рӯшноӣ бибурд. 

Чу Ахвос бо Зангаи Шоварон 
Дигар Барта бо Куҳрам аз ёварон. 

Ва дигар Фирӯҳил або 1 Зангула 
Бурун тохтанд аз миёни гала. 

Ҳаҷиру Сипаҳрам ба кирдори дев 
Аз он размгаҳ баркашида ғирев. 

1825 Чу Гударзи Кашводу Пирон ба ҳам 
Ҳама сохта дил ба кину ситам* 2 

Ба хун ташна ҳар ду сипаҳбад ба кин 
Чи аз подшоҳӣ, чи аз баҳри дин. 

Бухӯрданд савганд бо якдигар, 

Кӣ кас барнагардонад аз кина сар. 

Бад-он то киро гардад омӯзгор, 

Кӣ пирӯз гардад аз ин корзор. 

Ду боло буд андар миёни 3 сипоҳ, 

Ки шоист кардан ба ҳар сӯ нигоҳ. 

1830 Яке сӯи Эрон, яке 4 сӯи Тур, 

Ки дидор будӣ ду лашкар зи дур. 

Ба зер-андарун 5 буд ҳомуну дашт, 

Ки бадбахту бахтовар он ҷо гузашт. 6 

Чунин гуфт Гударз бо саркашон, 

Ки «Ҳар, к-ӯ зи гурдону мардумкушон 7 


1. Л-буду. 

2. М - рӯй карда диҳнам. 

3. И-дурӯя. 

4. И-дигар. 

5. Л - Паси пушташон. 

6. И - б. 1831 нест. 

7. Л - гарданкашон. 


161 


Ба зер оварад душманеро зи тур, 
Дурафшаш ба боло барорад зи дур. 

Сипахдор Пирон нишоне ниҳод, 

Ба болои дигар ҳаме кард ёд. 1 

1835 В-аз он пас ба Ҳомун ниҳоданд сар, 
Ба хун рехтан сахт 2 баста 3 камар. 

Ба теғу ба тиру ба гурзу каманд 
Ҳаме озмуданд ҳар гуна банд. 

Далерони Турону кундоварон 
Чу бо гурзу тиру парандоварон. 

Агар кӯҳ пеш омадӣ рӯзи ҷанг, 
Набудӣ бар он паст кардан диранг. 

Ҳама дастҳошон фурӯ монда паст, 
Дари зӯр Яздон бар эшон бубаст. 

1840 Ба доми бало андаровехтанд, 

Ки бисёр бе дод хун рехтанд. 

Фурӯ монда аспони ҷангӣ ба ҷой, 

Ту гуфтӣ, ки бо даст бастаст пой. 

Бад-эшон ҳама ростӣ шуд нагун, 

Ки баргашт рӯзу биҷӯшид хун. 

Чунон буд рои ҷаҳонофарин, 

Ки гуфтӣ гирифт 4 он гавонро замин. 5 

Зи мардӣ, ки буданд бо бахти хеш, 
Баровехтанд аз паи тахти хеш. 


1. И - б. 1834 нест. 

2. Л - аз Эрону Турон. 

3. И - баста гурдон. 

4. И - бубаст. 

5. Л-б. 1841-1843 нест. 


162 


2:2 


1845 Сарон аз паи подшоҳи ба ҷанг 
Бидоданд пок 1 аз паи ному нанг. 

Дамон 2 омада то ба овардгоҳ, 

Абар 3 якдигар тохта кинахоҳ. 

Сипаҳдор Пирон бидонист роз, 

Ки рӯзи бад омад ба тангӣ фароз. 4 

Чунин аст кори сипеҳри баланд, 

Аз ӯ шодмонӣ в-аз ӯ мустаманд. 

Ба ҷуз ҷангро ҳеч чора надид, 

Ситам бар ситамкора омад падид. 5 

ҶАНГИ ФАРИБУРЗ БО КАЛБОД 

1850 Нахустин Фарибурз-гурди далер 

Зи лашкар бурун тохт бар сони шер. 6 * 7 

Ба наздики Калбоди Виса дамон 
Биёмад 8 ба зеҳ барниҳода камон. 

Ҳаме гашт тираш наёмад чу хост, 
Кашид он парандовар аз дасти рост. 


1. И-ҷон. 

2. Л-Давон. 

3. Л-Бари. 

4. ТПЗЛ - Чунин гуфт, к-эй довари кирдгор, 

Бигардон зи ман ин бади рӯзгор. 
Магар боз бинам бару бумро, 
Бимонам ба санг ахтари шумро. 
Ҳаме дид Пирон шумори сипеҳр 
Бидонист, к-аз вай бибуррид меҳр. 

* Л-бар 

5. ТПЗЛ- Расиданд Гударзу Пирон ба ҳам 
Сухан рафт ҳар гуна аз бешу кам. 

- 1846- 1850 нест. 

Нахуст аз далерони эронсипоҳ 
Бурун шуд Фарибурзи Ковусшоҳ. 

8. И - ба бозу. 


163 


Бароварду зад теғ бар гарданаш 
Ба ду нима шуд то камаргаҳ танаш. 

Фуруд омад аз аспу букшод банд, 

Зи фитроки хеш он каёникаманд. 

1855 Бубаст аз бари асп 1 Калбодро, 

Кушод аз бараш банди пӯлодро. 

Ба боло баромад ба пирӯз ном 
Хурӯше бароварду бугзорд гом, 

Ки солори мо бод пирӯзгар 
Ҳама душмани шоҳ хастаҷигар! 

РАЗМИ ГЕВ БО ГУРӮИ ЗИРЕҲ 

Ва дигар Гурӯи Зиреҳ деви нев 
Буруи рафт бо пури Гударз-Гев. 

Ба найза фаровон баровехтанд, 

Ҳаме хок бо хун баромехтанд. 

1860 Синонҳои найза ба ҷанги савор 
Фурӯ рехт аз ҳавли он корзор. 

Камонҳо гирифтанду 2 тири ҳаданг 
Як андар дигар тохта бедиранг. 3 

Ҳаме зинда боист мар Гевро, 

К-аз асп андарорад мар он невро. 

Чунин зинда дар пеши Хусрав барад, 
Зи туркон яке ҳадяи нав барад. 

Чу Гев андаромад Гурӯй аз ниҳеб 
Камон шуд зи дасташ ба сӯи нишеб. 


1. ЛМ-зин-ш. 

2. И - Камон баргирифтанду. 

3. ЛМ - чун наҳанг. 


164 


1865 Суи теғ бурд он замон дасти хеш, 
Дамон Геви нев андаромад ба пеш. 

Яке гурзаи говпайкар ба чанг 
Хурӯшон ба кирдори шарзапаланг 1 . 

Амуде бизад бар сару тарги ӯй, 

Ки хун андаромад зи торак ба рӯй. 

Ҳам эдун зи зин даст бугзордаш, 
Гирифту 2 ба бар сахт бифшордаш. 

Чу бар пушти зин мард бетӯш гашт, 
Аз асп андарафтоду беҳуш гашт. 

1870 Фуруд омад аз асп ҷангипаланг, 

Ду даст аз паси пушт басташ чу санг. 

Нишаст аз бари зин мар ӯро ба пеш 
Давониду шуд то бари ёри хеш. 

Ба боло баромад дурафше ба даст 
Ба наъра ҳаме кӯҳро кард паст. 

Ба пирӯзии шаҳрёри замин 
Ҳаме хонд бар паҳлавон офарин. 

РАЗМИ ГУРОЗА БО СИЁМАК 

Се дигар Сиёмак зи Туронсипоҳ 
Бишуд бо Гуроза ба овардгоҳ 

1875 Чунин ҳар ду найза гирифта ба даст 
Хурӯшон ба кирдори пилони маст. 

Пур аз хашму пурҷангу кина сарон 
Гирифтанд аз он пас амуди гарон. 


1. И -б. 1886 нест. 

2. ИЛ-Гирифташ. 
М - Биёмад. 


165 


Чу шерони ҷанги барошуфтанд, 
Ҳаме бар сари якдигар кӯфтанд. 

Забоншон шуд аз ташнагӣ лахт-лахт, 
Ба тангӣ фароз омад он кори сахт. 

Пиёда шуданду баровехтанд, 

Ҳаме гарди кина барангехтанд. 

1880 Гузора бизад даст бар сони шер 
Мар ӯро чу бод андаровард зер. 

Чунон сахт зад бар замин, к-устухон 
Бирезиду ҳам дар замон дод ҷон. 

Гуроза ҳамон дам' бубасташ бар асп, 
Нишаст аз бари зин чу озаргушасп 

Гирифт он гаҳ аспи Сиёмак ба даст, 
Ба боло баромад ба кирдори маст. 

Дурафши хуҷаста ба даст-андарун 
Гурозону шодону душман нагун. 

1885 Ба пирӯзии шоҳу бахти баланд 
Ба ком омада зери тахти баланд. 1 2 

Фуруд омад аз аспу кард офарин 
Зи додор бар бахти шохи замин. 

РАЗМИ ФИРӮҲИЛ БО ЗАНГУЛА 

Чаҳорум 3 Фирӯҳил буду Зангула 
Ду ҷангӣ ба кирдори шери яла. 4 


1. ИЛМ-гах. 

2. ИМ - 6.1885, нест. 

3. Л- Ва дигар. 

4. ТПЗИЛ - Хурӯшону ҷӯшону наъразанон 

Далерон пур аз хун чу шери жиён. 


166 




Ба Эрон набарда ба тиру камон 
Набуд чун Фирӯҳил дигар бегумон.* 1 

Чу аз дур турки дижамро бидид, 2 
Камонро ба зеҳ карду андаркашид. 

1890 Абар Зангула тирборон гирифт, 

Ба ҳар сӯ камини саворон гирифт. 

Хаданге ба ронаш бизад ҳамчу* 3 бод, 
Ки бугзашт бар аспу бар марди род. 

Ба рӯй андаромад таковар зи дард, 
Ҷудо гашт аз ӯ Зангула рӯйзард. 

Нагун шуд сари Зангула, ҷон бидод, 
Ҳамоно ки худ рӯзи бадро бизод.* 4 

Фирӯҳил фурӯ ҷасту бубрид сар-ш, 
Бурун кард хафтони румӣ зи бар-ш. 

1895 Сарашро ба фитроки зин-бар бубаст, 
Биёмад, гирифт аспи ӯро ба даст. 

Ба боло баромад ба сони паланг 
Ба хун ғарқа гашта бару теғу чанг. 

Дурафши хуҷаста баровард рост 
Шуда шоддил, ёфта он чи хост. 

РАЗМИ РУҲҲОМ БО БОРМОН 

Ба панҷум чу Руҳҳоми Гударз буд, 

Ки бо Бормон ӯ набард озмуд. 5 


- саворе дамон. 

- Фирӯҳил чу турки дижамруй дид. 

- бар аспаш даромад чу. 

- ҷуз рӯзи бадро назод. 

-б. 1889-1898 нест. 


167 


Камон баргирифтанду тиру хаданг, 
Баромад хурӯши 1 саворони ҷанг. 

1900 Камонҳо ҳама пок бар ҳам шикаст, 
Сӯи найза бурданду шамшер даст. 

Ду ҷангиву ҳарду далеру савор, 
Ҳушивору дида басе корзор. 2 

Бигаштанд бисёр бо якдигар, 
Бупечид Руҳҳоми пархошхар. 

Яке найза андохт бар рони ӯй, 

К-аз асп андаромад ба фармони ӯй. 3 

Ҷудо гашт аз ӯ Бормон ҳамчу гард, 
Савор андаромад зи боди набард. 

1905 Ба пушт-андараш найзае зад дигар, 
Синон андаромад 4 миёни ҷигар. 

Ба кини Сиёвуш кашидаш нагун, 

Зи кина бимолид бар рӯй хун. 

Ба зин андаровард, басташ чу санг 
Сар овехта, пойҳо зери танг. 

Нишаст аз бари зину ӯро кашон 
Баромад дамон то ба ҷои нишон. 5 

Ба пирӯзии шоҳу тахти баланд 
Ба ком омада, ёфт бахти баланд. 


1. ИЛ - хуруш аз. 

2. Л - 1901 нест. 

3. И -6.1902, 193 нест. 

4. Л - Синонаш даромад. 

5. ТПЗИЛМ - Ба боло баромад, шуда шодмон * 

Дил озод гашта зи дарду ғамон. 

* ИЛЗ - шоддил ** Л- 3-зи дарду ғамон гашта озод дил. 


168 


1910 Бикард офарин бар ҷаҳондор шоҳ 
Бар он тухмаи Хусрави некхоҳ. 1 

РАЗМИ БЕЖАН БО РӮИН 

Шашум Бежану Геву Рӯин дамон 
Ба зеҳ барниҳоданд ҳар ду камон. 

Чапу рост гаштанд бо якдигар. 
Нашуд тирашон аз камон коргар. 

Ба рӯинамуд он гаҳе пури гев 
Ҳаме гашт бо гурд Рӯини нев. 

Ба овардгаҳ- бар бад-ӯ даст ёфт, 
Заминро бидарриду андаршитофт. 

1915 Зад аз бод бар сар-ш рӯинсутун, 2 
Фурӯ рехт аз торакаш мағзу хун. 

Ба зин-андарун ҷони ширин 3 бидод, 
Зи Пирони Виса ҳама 4 кард ёд. 

Пас он гаҳ зи асп андаромад нагун, 
Ҳама тан 5 пуроҳан, даҳон 6 пур зи хун. 

Бирафт аз паи суду моя бидод, 

Ҳанӯз аз ҷавониш нобуда шод. 7 

Чунин аст гетӣ пуросебу шеб, 8 
Пас аз ҳар фарозе ниҳода нишеб. 9 


1. ИЛ-б.1900 нест. 

2. ИЛ - Румӣ сутун. 

3. И - зини паланг андарун ҷон. 

4. И - ҳаме. 

5. Л-бар. 

6. Л - даҳан. 

7. ЛМ - Набуд аз ҷавониш як рӯз шод. 

8. И - кори ҷаҳон пурфиреб. 

9. Л - б. 1919 нест. 


169 


1920 Зи асп андаромад сабук 1 Бежано, 

Мар ӯро ба кирдори Аҳримано 2 

Ба шамшер кардаш ҷудо сар зи тан, 
Наёбад ҳаме кушта гӯру кафан. 

Каманд андарафканду бар зин кашид, 
Набуд кас, ки тимори Рӯин кашид. 

Бар аспаш би кирдори пилони маст 
Гирифт он замон полҳангаш ба даст 

Инони ҳаюни таковар битофт, 

В-аз он ҷойгаҳ сӯи боло шитофт. 

1925 Ба ҷанг - андарун шерпайкар дурафш, 
Бар он ғайбаи зангхӯрда 3 бунафш. 

Ҳаме гуфт пирӯзгар бод шоҳ, 

Ҳамеша сари паҳлавон бо кулоҳ! 

РАЗМИ ҲАҶИР БО СИПАҲРАМ 

Бурун тохт ҳафтум зи гурдон Ҳаҷир 
Гави номдору савори ҳужир. 

Сипаҳрам зи хешони Афросиёб 
Гави номвар буду бо ҷоҳу об. 

Або пури Гударз разм озмуд, 

Ки чун ӯ ба лашкар саворе набуд. 

1930 Бирафтанд ҳарду ба ҷои набард, 
Баромад зи овардгаҳ тира гард. 

Ба шамшер ҳарду баровехтанд, 

Ҳаме з-оҳан оташ фурӯ рехтанд. 


1 . И - андарун ҷаст паст. 

2. ИЛ - оҳармано. 

3. И - Пур аз занг чун ғайбаҳои бунафш. 


170 


22 


Ҳаҷири диловар ба кирдори шер 
Ба рӯи Сипаҳрам баромад далер. 

Ба номи ҷаҳонофарин кирдгор, 

Ба бахти ҷаҳондори нав шаҳрёр 

Яке теғ зад бар сари тарги ӯй, 

Ки омад ҳам андар замон марги ӯй. 

1935 Аз асп андарафтод он гаҳ нагун 
Ба хориву зориву ғарқа ба хун. 

Фуруд омад аз асп фаррух Ҳаҷир, 

Мар ӯро бубаст аз бари зин ҳужир. 

Нишаст аз бари аспу он аспи ӯй 
Гирифташ лагому битобид* 1 рӯй. 

Баромад ба болову кард офарин 
Бар он ахтари неку фаррухзамин. 

Ҳама зӯру бахт аз ҷаҳондор дид, 

В-аз ӯ гардиши бахт бедор дид. 

РАЗМИ ГУРГИН ВА АНДАРИМОН 

1940 Чу Гургин ба ҳаштум бишуд* 2 кинахоҳ, 
Або Андаримон зи Туронсипоҳ. 

Ҷаҳондидаву коркарда ду мард 
Бирафтанду ҷустанд ҷои набард. 

Ба найза бигаштанду бишкаст паст, 
Камонҳо гирифтанд ҳарду ба даст. 

Буборид тир аз камони сарон 
Ба рӯй андароварда Гург испарон. 


- Гирифта инон андаровард руй. 

- Бурун рафт Гургин нуҳум кинахоҳ. 


171 


Ҳаме тир борид ҳамчун тагарг, 

Бар он испари Гургу он хӯду тарг. 1 

1945 Яке тир Гургин бизад бар сараш, 

Ки бардӯхт бо тарги румӣ сараш. 

Биларзид бар зин зи сахтӣ савор, 
Яке теғи дигар бизад номдор 

Биёмад ба паҳлӯи турк-андарун, 2 
Зи чашмаш бурун омад аз дард хун. 

Фуруд омад аз асп Гургин чу гард, 
Сари Андаримон зи тан дур кард. 

Ба фитрок барбасту худ барнишаст, 
Инони савори набарда ба даст. 

1950 Бар он тундболо баромад дамон 
Ҳам эдун ба деҳ-бар ба бозу камон. 

Ба нерӯи Яздон, ки ӯ буд паноҳ, 

Ба пирӯзбахти ҷаҳондор шоҳ. 

Чу пирӯз баргашт мард аз набард, 
Дурафши дилафрӯз барпой кард. 

РАЗМИ БАРТА БО КУҲРАМ 

Нуҳум Барта бо Куҳрами теғзан 
Ду хуниву* 3 ҳар ду сари анҷуман. 4 

Ҳаме озмуданд ҳар гуна ҷанг, 
Гирифтанд пас теғи ҳиндӣ ба чанг. 


1. Л - б. 1944 нест. 

2. ИМ - Ба паҳлуи турк андаромад нагун. 

3. М - ҷангиву. 

4. ТПМ - Бурун тохта то ба овардгоҳ, 

Баровехта аз паи кини шоҳ. 


172 


1955 Якояк бупечид аз Барта руй 
Яке теғ зад бар сари тарги ӯй, 

Ки то сина Куҳрам ба ду ним гашт, 1 
Дили душман аз Барта пурбим гашт. 2 

Фуруд омад аз аспу ӯро бубаст, 

Бар он зини туживу 3 худ барнишаст. 

Ба боло баромад чу шарзапаланг, 
Хурӯшон яке теғи ҳиндӣ ба чанг. 

Дурафши ҳумоюн ба чанг* 4 - андарун, 
Фиканда бар он асп Куҳрам нагун. 

1960 Ҳамегуфт шоҳ аст пирӯзгар, 

Ҳамеша кулоҳаш ба хуршед-бар. 

РАЗМИ ЗАНГАИ ШОВАРОН БО 
АХВОСТ 

Даҳумро зи гурдону ҷанговарон 
Бишуд сохта Зангаи Шоварон, 

Ки ҳамразмаш аз бахт Ахвост буд, 

Ки аз ҷанги кас сар на баркост буд. 

Гирифтанд ҳарду амуди гарон, 

Чу Ахвост бо Зангаи Шоварон. 

Бигаштанд аз андоза берун ба ҷанг, 
Зи бас кӯфтан гашт пайкори танг. 

1965 Фурӯ монд аспони тозӣ зи таг, 

Ту гуфтӣ дар аспон наҷунбид раг. 5 


1 . И - шуд. 

2. И - Зи душман дили Барта бебим шуд. 

3. ИМ - тузӣ. 

4. М - даст. 

5. Л -б. 1965 нест. 


173 


Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт, 
Ба кирдори оҳан битафсид дашт. 

Чунон хаста гаштанд бар ҷои хеш, 

Ту гуфтӣ яке пой нанҳод пеш. 

Забон баркушоданд бар якдигар 
Ки акнун зи гармӣ битафсад ҷигар. 

Бибояд баросуду дам барзадан, 

Пас он гаҳ сӯи ҷанг бозомадан. 

1970 Бирафтанду аспони ҷангӣ ба ҷой 
Фуруд овариданду бастанд пой. 

Ба осудагӣ боз бархостанд, 

Ба пайкору кина биёростанд. 

Ба кирдори оташ ба найза савор 
Ҳамегашт бар маркази корзор. 

Бад-он гаҳ, ки Занга бад-ӯ даст ёфт, 
Заминро бидарриду 1 андаршитофт. 

Яке найза зад бар камаргоҳи ӯй, 

Зи аспаш нагун карду барзад ба рӯй. 

1975 Чу раъди хурӯшон яке вайла кард, 

Ту гуфтӣ бидаррид дашти набард. 

Фуруд омад аз аспу шуд назди ӯй, 

Бар он хоки тира кашида ба рӯй. 

Мар ӯро ба чора зи рӯи замин 
Нагунаш барафканд бар пушти зин. 

Нишаст аз бари аспу боло гирифт, 

Ба туркон чи омад зи бахт, эй шигифт. 


1 . И - Синон суи у карду . 


174 


^22 


Бар он куҳи фаррух баромад зи паст 
Яке гургпайкар дурафше ба даст. 

1980 Бизад пеши ёрону кард офарин 

Абар шоҳу бар паҳлавони замин.* 1 

РАЗМИ ГУДАРЗ БО ПИРОН 

Чу аз рӯз нӯҳ соат андаргузашт, 

Зи туркон набуд кас бар он паҳндашт. 

Равонҳои туркон гусиста ба теғ, 
Ҷаҳонро ту гуфтӣ наёмад дареғ. 

Касеро куҷо парваронад ба ноз, 
Барорад бар ӯ рӯзгори дароз. 

Шабехун кунад гоҳи шодӣ бад-ӯй, 
Ҳамон* 2 сахтиву хорӣ орад ба рӯй. 

1985 Зи бод андарорад, диҳадмон ба дам, 
Ҳаме дод хонему пайдо ситам. 

Ба турониён-бар аз он ҷанги шум 
Бар овардгаҳ кардан оҳанги шум. 3 

Чунон шуд, ки Пирон зи туронсипоҳ 
Саворе надид андар овардгоҳ. 

Сипаҳдори Эрону Турон ба ҳам 
Фароз омаданд андар он кин дижам. 

Ҳаме барнаваштанд рӯи замин, 

Ҳама дил пур аз дарду сар пур зи кин. 

1990 Бар овардгоҳи саворон зи гард 
Фурӯ монд хуршед рӯзи набард. 


- 1961 - 1980 нест. 

- Ҳама. 

- б. 1986 нест. 


175 


Ба теғу ба ханҷар, ба гурзу каманд, 

Зи ҳар гунае барниҳоданд банд. 

Фароз омад он гардиши эзадӣ 
Зи Яздон ба Пирон расид он* 1 бадӣ. 

Або хости Яздон-ш чора намонд, 

Ки дар зери ӯ зӯри бора намонд. 

Нигаҳ кард Пирон, ки ҳангом 2 чист, 
Бидонист, к-он гардиши эзадист. 

1995 Валекин зи мардӣ ҳаме кард кор, 
Бикӯшид бо гардиши рӯзгор. 

В-аз он пас камон баргирифтанду тир, 
Ду солори лашкар-ду ҳушёр пир. 3 

Нигаҳ кард Гударз тири хаданг, 

Ки оҳан гузорад мар онро ба санг. 

Ба баргустувон барзадаш, бардарид, 
Таковар биларзиду дам даркашид. 

Бияфтоду Пирон даромад* 4 ба зер, 
Биғалтид зераш савори далер. 

2000 Зи нерӯш ду нима шуд дасти рост, 
Бупечиду он гоҳ бар пой хост. 

Бидонист, к-омад замонаш фароз, 

В-аз он рӯзи тира наёбад ҷавоз. 


1 . М - Расонид аз Эрон ба Турон. 

2. И-ҳангома. 

3. ТПЗИЛ - Яке тирборон бикарданд сахт, 

Чу боди хазон барҷаҳад бар дарахт. 

4. М - Пирон-ш омад. 


176 




Зи Гударз бугрехт, шуд суи куҳ, 

Шуд аз дарди дасту 1 * 2 давидан сутӯҳ, 

Ҳаме шуд бар он кӯҳсар-бар давон, 

К-аз ӯ бозгардад магар паҳлавон. 

Нигаҳ кард Гударзу бигрист зор 
Битарсид аз он гардиши рӯзгор. 

2005 Бидонист, к-аш нест бо кас вафо, 

Миён баста дорад зи баҳри ҷафо. 

Фиғон кард, к-«Эй номвар паҳлавон, 

Чӣ будат, ки эдун пиёда давон, 

Ба кирдори нахчир дар пеши ман, 

Куҷот он сипоҳ, эй сари анҷуман? 

Куҷот он ҳама зӯру мардонагӣ, 

Силеҳу дилу ганҷу фарзонагӣ? 

Сутуни гавон, пушти Афросиёб 
Кунун шоҳро тира шуд 3 офтоб. 

2010 Замона зи ту пок баргошт рӯй, 

На ҷои фиреб аст, чора маҷӯй! 

Чу корат чунин гашт, зинҳор хоҳ 
Ба ҷон, то-т зинда барам назди 4 шоҳ. 

Бубахшоядат шоҳи пирӯзгар, 

Ки ҳастӣ чу ман паҳлави пирсар». 5 * 6 

Бад-ӯ гуфт Пирон, ки «Ин х(в)ад мабод, 
Ба фарҷом бар ман чунин бад мабод, 


- Ҳамешуд зи дарду. 

- Ғамӣ шуд зи дард, аз давидан сутӯҳ. 

3. ИЛ - гашт. 

4. И- то барам зинда наздики. 

5. И-б. 212 нест 

6. М - Ки чун барф бинад туро ришу сар. 


177 


К-аз ин пас маро зиндагони бувад, 

Ба зинҳор рафтан гаронӣ 1 бувад. 

2015 Ман андар ҷаҳон маргро зодаам, 
Бад-ин кор гардан туро додаам. 

Шунидастам ин достон аз меҳон, 

Ки ҳарчанд бошӣ ба хуррамҷаҳон, 

Саранҷом марг асту з-ӯ 2 чора нест, 

Ба ман-бар бар ин 3 ҷои пайғора нест. 

Ҳаме гашт Гударз бар гирди кӯҳ, 
Набудаш бад-ӯ роҳу омад сутӯҳ. 

Пиёда бибуду 4 сипар баргирифт, 

Чу нахчирҷӯён 5 кӯҳ-андар гирифт. 

2020 Гирифта сипар пешу жӯпин ба даст, 
Ба боло ниҳода сар аз ҷои паст. 

Ҳаме дид Пирон мар ӯро зи дур, 
Биҷаст аз сари санг солори Тур. 

Бияндохт жӯпин 6 ба кирдори тир 
Баромад* 7 ба бозуи солори пир. 

Чу Гударз шуд хаста бар дасти ӯй 
Зи кина ба хашм андаровард рӯй. 

Бияндохт жӯпин, ба Пирон расид, 
Зиреҳ дар бараш сар ба сар бардарид. 

2025 Зи пушт андаромад ба роҳи ҷигар 
Биғалтиду осема баргашт сар. 


1. ИЛ- гумонӣ. 

2. Л- аст аз ӯ; И -аст з-ӯ. 

3. И- чунин. 

4. ИЛ- нахчиргонон 

5. И- раҳ-андар. 

6. ИЛМ - ханҷар. 

7. М - Даромад. 


178 


Баромад-ш хуни ҷигар аз даҳон, 
Равонаш ҳаме рафт зӣ ҳамраҳон. 

Чу шери жиён андаромад ба сар 
Ба жӯпини пӯлод хаста ҷигар. 

Бар он кӯҳи хоро замоне тапид, 

Пас аз кину овардгаҳ орамид. 

Чунин аст худ гардиши рӯзгор, 
Нагирад ҳаме панди омӯзгор. 

2030 Замона ба заҳр об додаст чанг, 

Бидаррад дили шеру чарми паланг. 

Чу Гударз баршуд бар он кӯҳсор 
Бидидаш бар он гуна афканда хор, 

Шикаста дилу даст, бар хок сар, 
Дарида силеҳу гусаста камар. 

Чунин гуфт Гударз, к-«Эй наррашер, 
Сари паҳлавонону гурди* 1 далер, 

Ҷаҳон чун ману чун ту бисёр дид, 
Нахоҳад ҳаме бо касе орамид. 

2035 Фурӯ бурд чанголу хун баргирифт, 
Бихӯрду биёлуд рӯй, эй шигифт. 

Зи хуни Сиёвуш хурӯшид зор, 
Ситоиш* 2 ҳаме кард бар кирдгор. 

Зи ҳафтод хуни гиромиписар 
Бинолид бар довари додгар. 3 

Сарашро ҳамехост аз тан бурид 
Чунон бадкуниш хештанро надид. 


1 . М - паҳлавонон, савори. 

2. М - Ниёиш. 

3. И- бар осмон кард сар. 


179 


Дурафшаш ба болин абар пой кард, 
Сарашро бад-он соя бар 1 ҷой кард. 

2040 Сӯи лашкари хеш бинҳод рӯй, 

Чакон хун зи бозуш чун оби ҷӯй. 2 

БОЗ ОМАДАНИ ГУДАРЗ БА НАЗДИ 
ГАВОНИ ЭРОН 

Ҳама кинаҷӯёну 3 пархошҷӯй 
Зи боло ба лашкар ниҳоданд рӯй. 

Або куштагон баста бар пушти зин 
Бад-он сон баровард 4 оину 5 кин. 

Чу бо кинаҷӯён набуд паҳлавон, 
Хурӯше баромад зи пиру ҷавон. 

Ки Гударз бар дасти Пирон магар 
Зи пирӣ ба хун андаровард сар. 

2045 Ҳаме зор бигрист лашкар ҳама 
Зи нодидани паҳлавони рама. 

Дурафше бидиданд 6 аз тирагард 
Гурозону шодон зи дашти 7 набард. 8 

Баромад зи лашкаргаҳ овози 9 кӯс, 
Ҳаме гард бар осмон дод бӯс. 


1. Л-дар. 

2. ТПЗЛ - Чу пирӯз баргашт шер аз набард, 

Дурафши дилафрӯз бар пой кард. 

3. И- кинадорони. 

4. ЛМ- Бар эшон бароварда. 

5. И- Бар эшон сар оварда оини. 

6. И -падид омад. 

7. И- бигашт аз. 

8. ТПЗ- Чу гударз з-он гард дидор гашт, 

Дили номдорон беозор гашт. 


*Л - мард. 

9. Л- овон. 


180 


Бузургон бари паҳлавон омаданд, 

Пур аз хандаву шодмон омаданд. 

Чунин гуфт лашкар, к-аз ӯ паҳлавон 
Магар боз гардид тираравон? 

2050 Ки Пирон яке шердил мард буд, 
Ҳамасола ҷӯёи овард буд. 

Сухан ёд 1 кард он замон паҳлавон, 
Супурда бад-ӯ гӯш пиру ҷавон 2 

Ба ангушт бинмуд ҷои набард, 

Бигуфт, он ки бо ӯ замона чи кард. 

Ба Руҳҳом фармуд, то барнишаст, 

Ба овардани ӯ миёнро бубаст. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Ӯро ба зин* 3 барбубанд 
Фуруд ораш аз кӯҳсори баланд. 

2055 Дурафши силеҳаш чунон ҳам, ки ҳаст, 
Ба банду миёнаш мабар ҳеч даст». 

Бар ин гуна чун паҳлавон кард ёд, 4 
Бурун тохт Рухҳом чун тундбод. 

Кашид аз бари зин тани равшанаш* 5 
Ба хун-андарун ғарқа буд ҷавшанаш. 

Чунон ҳам бубасташ ба банди каманд 
Фуруд оваридаш зи кӯҳи баланд. 

Дурафшаш чу аз ҷойгоҳи нишон 
Бидиданд гурдону гарданкашон, 


1. Л- боз. 

2. Л- Бад-он анҷуман ошкору ниҳон. 

3. М- Биёвар чунон тозиён бо каманд. 

4. Л- ёд кард. 

Л- Руҳҳоми озодмард. 

5. М - ба хорӣ танаш. 


181 


2060 Ҳаме хонданд офарин сар ба сар 
Абар паҳлавони замин дар ба дар, 

Ки «Эй номвар пушти эрониён,* 1 
Парастандаи тоҷу тахти каён.* 2 

Фидои сипаҳ кардаӣ ҷону тан 
Ба пирӯзиву рӯзгори ттт икан». 

Чунин гуфт Гударз бо меҳтарон, 

Ки «Чун разми мо гашт аз ин сон гарон, 

Маро дар дил омад, ки Афросиёб 
Сипаҳро гузорад бад-ин рӯи об. 

2065 Сипоҳи вай осуда аз ранҷу тоб 

Бимонда сипоҳам чунин аз шитоб. 3 

Бад-ин 4 ҳушманде фиристодаам, 

Басе шоҳро пандҳо додаам. 

Ки гар шоҳи туркон биёрад сипоҳ, 
Надорем пой андар ин размгоҳ. 5 

Гумонам чунон аст, к-ӯ бо сипоҳ 
Ба зудӣ биёяд бад-ин размгоҳ. 6 * 7 

Мар ин куштагонро бар ин дашти кин 
Чунон ҳам бидоред бар пушти зин. 8 


1 . М - Эронсипоҳ. 

2. М - бахти ту бод моҳ. 

3. ИЛ -б. 2005 нест. 

4. ИЛ-яке. 

5. Л-б. 2067 нест. 

6. И-б. 2068 нест. 

ТП - Бияфрӯзад ин размгаҳро ба фар, 

7. М - Ман эдун гумонам, ки шоҳи ҷаҳон 

Биёяд мар ин разми мо ногаҳон. 

8. ТП- К-аз ин куштагон ҷони мо беғам аст. 

Равони Сиёвуш аз ин хуррам аст. 


182 


2070 Куҷо 1 ҳамчунин назди шоҳ оварем, 
Шавад шоду з-ин пойгоҳ оварем, 2 

Ки ошӯби туркону эрониён 

Аз ин буд, куҷо гум шуд андар миён». 

Ҳама яксара хонданд офарин, 

Ки бе ту мабодо замону замин. 

Ҳама судмандӣ зи гуфтори туст, 

Хуру моҳ равшан зи дидори 3 туст. 

Бирафтанд бо куштагон ҳамчунон 
Гурӯи Зиреҳро пиёда кашон. 4 

2075 Ба банди камандаш бубаста ду чанг, 
Фиканда ба гардан-ш-бар полҳанг. 

Чу наздики бунгоҳи лашкар шуданд, 
Пазира сипаҳбадсипоҳ омаданд. 

Ба пеши сипаҳ буд Густаҳми шер, 
Биёмад бари паҳлавони далер. 

Заминро бибӯсиду кард офарин, 
«Сипоҳат беозор,-гуфто,-бубин. 

Чунон чун супурдӣ, супурдем ҳам!» 
Дар ин буд Гударз бо Густаҳам. 5 

2080 Ҳам андар замон аз лаби дидабон 
Ба гӯш омад аз кӯҳи Райбад фиғон, 

Ки аз гард шуд дашт чун тирашаб, 
Шигифте баромад фиғони 6 ҷалаб. 


1. ИМ-Агар. 

2. ТПМ - Чу Хусрав биёмад, надорем бок 

Зи туркон ба нерӯи Яздони пок. 

3. Л - ба кирдори. 

4. Л- давон. 

5. ИЛ-б. 2075-2079 нест. 

6. ИЛМ - зи ҳар сӯ. 


183 


Хурушидани кус бо каррной, 

Биҷунбад ҳаме дашт гуфтӣ 1 зи ҷой. 

Хдмон тахти пирӯза бар пушти пил 
Дурахшон ба кирдори дарёи Нил. 

Ҳаво шуд ба сони паранди дурафш 2 
Зи тобидани сурху зарду бунафш 3 * 4 . 

2085 Дурафше ба кирдори сарви саҳӣ 
Падид омад аз дур бо фарраҳӣ 5 . 

Ба гирдаш саворони ҷавшанварон, 

Замин шуд бунафш аз карон то карон. 

Паси ҳар дурафше дурафше ба пой, 

Чи аз аждаҳову чи пайкарҳумой. 

Агар ҳамчунин тезронӣ кунанд, 

Ба як рӯзи дигар бад-ин ҷо расанд 6 . 

ЗОРӢ КАРДАНИ ЛАҲҲОК ВА ФАРШЕДВАРД 
БАР ПИРОН 

Зи кӯҳи Канобад ҳаме дидабон 
Бидид он шигифтиву омад давон 7 . 

2090 Чунин гуфт: «Гар ча ттт ми ман тира нест, 

Аз андоза дидори ман хира нест. 

Зи туркон баровард Яздон ҳалок, 

Ҳама ранҷҳо сар ба сар гашт хок. 


1. ИЛ- гӯӣ. 

2. И- бунафш. 

3. ИЛ- парниёи дурафш. 

4. М - Ҳаво шуд чунон чун паранди бунафш 

Зи тобидани гуна-гуна дурафш. 

5. И- ба болои. 

6. ИЛ-б. 2087, 2088 нест. 

7. ТПЗМ - Ба наздики Лаҳҳоку Фаршедвард 

Пур аз ғам дилу лаб пур аз боди сард. 


184 


Сипоҳ андаромад зи боло ба паст 
Хурӯшону ҳар як дурафше ба даст. 

Дурафши сипаҳдор Пирон нагун 
Ҳаме бинаму тан-ш ғарқа ба хун. 1 

Ҳамон даҳ диловар, к-аз эдар бирафт 
Або гурд Пирон ба овард тафт, 

2095 Ҳаме бинам аз дурашон сарнагун, 
Фиканда бар аспону сар пур зи хун. 2 

В-аз он сӯи Райбад 3 яке тирагард 
Падид омаду дашт шуд лоҷвард. 4 

Миёни сипаҳ ковиёнӣ дурафш 
Ба пеш - андарун теғҳои* 5 бунафш. 

Дурафши шаҳаншоҳ 6 бо бӯқу кӯс 
Падид омаду шуд замин обнӯс. 

Бирафтанд Лахҳоку Фаршедвард 
Бад-он дидагаҳ-бар зи дашти набард. 

2100 Бидиданд кушта ба дидори хеш 

Сипаҳбад, бародар ҷаҳондори хеш. 

Або даҳ савори гузида сарон, 

Зи туркон далерони ҷанговарон. 

Бад-он дидагаҳ зору ҷӯшон шуданд, 
Зи хуни бародар хурӯшон* 7 шуданд. 


1 . Л - пас аз б. 2093 ин б. омада: 

Далерони мо кушта бар дашти кин, 
Ба зорӣ камон баста бар пушти зин. 

2. И-б. 2095 нест; 

ТПЗ - Далерон гурезон аз Эрон ба ҳам 
Расиданд он гаҳ бари Густаҳам. 

3. И-дигар. 

4. И- ложвард. 

5. М - сурху зарду. 

6. И- ҷаҳондор. 

7. М- ғиревон. 


185 


Ҳаме зор гуфтанд, к-«Эй наррашер, 
Сипахдори туркон 1 , савори далер. 

Чӣ боист он родиву ростӣ, 

Чу рафтан зи гетӣ чунон хостӣ?! 

2105 Кунун кори 2 душман баромад ҳама, 

Ба бад бар ту гетӣ сар омад ҳама. 

Кӣ ҷӯяд ҳаме дар ҷаҳон кини ту, 

Кӣ гирад кунун роҳу оини ту. 

Абар шаҳри Турону Афросиёб 
Бад афтоду 3 гардад саросар хароб. 

Бибояд буридан сари хеш паст, 

Ба хун ғарқа кардан тану 4 теғу даст. 

Чу андарзи Пирон ниҳоданд пеш, 
Нарафтанд бар хира гуфтори хеш. 

2110 Зи Гударз чун хост Пирон набард, 
Чунин гуфт бо гурд Фаршедвард, 

Ки «Гар ман шавам кушта бар кинагоҳ 
Шумо кас мапоед пеши сипоҳ, 

Ки гар 5 ман набошам бар ин дашти кин 
Шавад танг бар номдорон замин. 

На аз тухмаи Виса монад касе, 

Ки андар сараш мағз бошад басе, 

Ки бар кинагаҳ гар шуморо кушанд, 
Сари бетанонтон ба* 6 Эрон кашанд. 


1 . ИЛМ - сипахдор Пирон. 

2. ИЛМ - коми. 

3. Л- омад, ки. 

4. ИЛ- бару. 

5. Л- В-агар. 

6. М- Чу сарҳои мо сӯи. 


186 




2115 Зи Гударз хоҳад сипаҳ зинҳор, 

Шумо хештанро мадоред хор. 

Шумо роҳ сӯи биёбон баред, 

Магар к-аз бади душманон ҷон баред». 1 

Ба лашкаргаҳи хеш рафтанд боз, 

Ҳама дида пурхуну тан пургудоз. 

Бидонист лашкар саросар ҳама, 

Ки шуд бешубон он гурозон рама. 

Ҳама сар ба сар зору гирён шуданд, 

Чу бар оташи тез бирён шуданд. 

2120 Ба наздики Лаҳҳоку Фаршедвард 

Бирафтанд лабҳо пур аз боди сард* 2 * , 

Ки акнун чӣ созем аз ин размгоҳ 
Чи шуд паҳлавон* ’ - пушти туронсипоҳ? 

Киро дил диҳад низ бастан камар, 

Зи оҳан кулаҳ барниҳодан ба сар? 4 

Чунин гуфт Лаҳҳоку Фардшедвард, 

Ки аз хости Яздон 5 карона кӣ кард? 

Чунин ронд бар сар варо кирдгор, 

Ки бар кина кушта шавад зору хор.* 6 

2125 Ба шамшер карда ҷудо сар зи тан, 
Наёбад ҷуз аз хоки тира кафан. 


б. 21 12-2116 нест. 

■ Бирафтанд бо дил пурозору дард. 

■ки аз мо бишуд. 

эзад. 

б. 2120-2122 нест. 
ҷавшани худ. 

Набишта чунин бар сарат рӯзгор, 
Ки дар кинагаҳ кушта ояд ба зор. 


187 


^22 


Ба ҳар ҷой кушта кашон душманаш, 
Пур аз хун сару ҷомаву ҷавшанаш.* * 1 

Кунун буданӣ буду Пирон гузашт, 
Ҳама кору* 2 кирдори ӯ бод гашт. 

Сутуни сипаҳ буд, то зинда буд, 

Ба меҳри сипаҳ ҷонаш оганда буд. 

Сипаҳро зи душман нигаҳдор буд, 
Сари номдораш бар ӯ хор буд. 

2130 Бад-он гетӣ афтод неку бадаш, 
Ҳамоно накӯкор кард Эзадаш. 

Пас аз рафтани хеш тимор х(в) ард. 

Зи Гударз паймон ситад дар набард, 

Ки гар ман шавам кушта дар кинагоҳ, 
Наҷӯӣ ту кина зи туронсипоҳ. 

Гузаршон диҳӣ, то ба Турон шаванд, 
Бар эшон насозӣ ба кина 3 газанд. 

Зи паймон нагарданд эрониён, 

Аз ин дар кунун нест бими зиён. 

2135 Се кор аст пеш омада ногузир, 

Ҳама гӯш доред барнову пир. 

Агартон ба зинҳор бояд шудан 
Бар ин коратон рой бояд задан. 

В-агар бозгаштан ба бунгоҳи хеш, 
Сипардан ба неку ба бад роҳи хеш. 

В-агар ҷангро гирд карда инон 
Якояк ба хун об дода синон. 


• бару диръу хаста танаш. 

• ранҷу. 

Насозӣ бар эшон кимину. 


188 


Зи ҳар гуна ронем яксар сухун, 

Ҷуз аз хости Эзад набошад ба бун. 1 

2140 В-ар эдун, к-атон рой бошад ба ҷанг, 
Бар ин размгаҳ кард бояд диранг, 

Ки Пирон зи меҳтар сипаҳ хоста, 2 
Сипаҳбад яке лашкар ороста. 3 

Замон то замон лашкар ояд падид, 
Ҳама* 4 кина з-эшон бибояд кашид. 

В-ар эдун, к-атон рои шаҳр асту гоҳ, 
Ҳамоно, ки бар мо нагиранд роҳ. 

В-агартон ба зинҳори шоҳ аст рой, 
Бибояд басечиду рафтан зи ҷой. 

2145 Дили ҳар касе бар танаш подшост, 
В-агартон ҳаме сӯи Эрон ҳавост. 

Зи мо ду бародар мадоред чашм, 

Ки ҳаргиз нашӯем дилҳо зи хашм. 

В-аз ин тухмаи висагон кас набуд, 

Ки банди камар бар миёнаш насуд. 

Ба андарзи солор Пирон равем,* 5 
Ба роҳи биёбон ба Турон шавем. 

В-ар эдун, ки бар мо бигиранд роҳ, 
Бикӯшем, то ҳастамон дастгоҳ». 

2150 Чу туркон шуниданд аз ин сон* 6 сухун, 
Нигар, то чӣ посух фиканданд бун, 


1. ИЛ-б. 2139 не. 

2. ИЛ-хостаст. 

3. ИЛ- оростаст. 

4. М- Ҳамон. 

1 . Л-яке доди. 

5. М- шавем. 

6. М-эшон. 


189 


Ки солор бо даҳ яли номдор 
Бигаштанд кушта бар ин гуна хор.* 1 

В-аз он рӯй Кайхусрав омад падид, 

Кӣ ёрад бар ин размгаҳ орамид? 

На аспу силеҳу на пову на пар, 

На ганҷу на солору на буму бар. 

На нерӯи ҷангу на роҳи гурез 
На* 2 бо хештан кард бояд ситез. 

2155 Агар боз гардему Гударзу шоҳ 
Паси мо биронанд пилу сипоҳ, 

Раҳоӣ наёбем як тан ба ҷон, 

На хиргоҳ бинему на дудмон. 

Зи зинҳор бар мо кунун ор нест, 

Сипоҳ аст бисёру солор нест. 

В-аз ин пас худ аз шоҳи Турон чӣ бок 
Чи Афросиёбу чи як мушти хок? 

Чаро ҳамчунин шоҳи Эрон набуд, 

Ки бар лашкараш меҳрбонӣ намуд». 

РОҲИ ТУРОН ГИРИФТАНИ ЛАҲҲОК 
ВА ФАРШЕДВАРД 

2160 Чу лашкар чунин посух оростанд, 

Ду пурмоя аз ҷой бархостанд. 

Бидонист Лаҳҳоку Фаршедвард, 
К-ашон нест ҳангоми нангу набард. 

Ҳаме рост гӯянд лашкар ҳама 
Табаҳ гардад аз бешубонӣ рама. 


1 . М- Ки солорамон бо сари номдор 

Фиканданду куштанду карда. 

2. М-Чӣ. 


190 




Ба падруд кардан гирифтанд соз, 
Биёбон гирифтанду роҳи дароз, 

Дурафше гирифта ба даст-андарун 
Пур аз дард дил, дидагон пур зи хун. 

2165 Бирафтанд бо номвар даҳ савор 
Далерони шоистаи корзор. 1 

Ба раҳ-бар 2 саворони Эрон буданд, 
Нигаҳбони роҳи далерон 3 буданд. 

Барангехтанд асп туркон зи ҷой 
Талоя бияфшурд бар ҷой пой. 

Яке носиголидашон ҷанг хост, 

Ки аз хун замин гашт чун лола рост. 

Аз эрониён кушта шуд ҳашт мард, 
Далерону шерони рӯзи набард. 4 

2170 Зи туркон ҷуз он ду сарафроз гурд 
Зи дасти талоя касе* 5 ҷон набурд. 

В-аз он ҷо бирафтанд ҳар ду далер 
Ба роҳи биёбон ба кирдори шер. 

Пас аз дидагаҳ дидабон кард ғав* 6 , 
Ки «Эй сарфарозону гурдони нав,* 7 

Аз ин лашкари турк ду номдор 
Бурун рафт бо номвар даҳ савор. 


2164,2165 нест. 

- Раҳ-дар. 

- раҳ номдорон. 

-2170 нест. 

- Яке. 

- бонг кард. 

- номдорону мардони мард. 
■ гардан афрохта. 


191 


Чунон бо талоя баровехтанд, 

Ки бо хок хун андаромехтанд. 

2175 Тане ҳашт куштанд аз эрониён, 

Ду тан 1 тез рафтанд 2 баста миён. 

Чу бишнид Гударз, гуфт: «Ин ду мард 
На ҷуз гурд 3 Лаҳҳоку Фаршедвард. 

Бирафтанд бо гарданафрохтан, 
Шикаста нашудшон дил аз тохтан. 

Гар эшон аз Эрон ба Турон шаванд, 
Бар ин лашкар ояд ҳамоно газанд. 

Кӣ ҷӯяд кунун ном наздики шоҳ, 
Бипӯшад сари худ 4 * 5 ба румикулоҳ. 

2180 Шавад назди Лаҳҳоку Фаршедвард 
Барорад зи ҳар ду ба шамшер гард 6 ? 

Ҳама монда буданд эрониён, 

Шуда сусту суда зи оҳан миён. 

Надоданд посух ба ҷуз Густаҳам, 

Ки буд андар овард шери дижам. 

Ба солор гуфт: «Эй сазовори гоҳ 
Чу рафтӣ ба оварди туронсипоҳ, 

Супурдӣ маро кӯсу пардасарой, 

Ба пеши сипаҳ-бар бибудан ба пой. 

2185 Далерон ҳама ном ҷустанду нанг 

Маро баҳра н-омад ба ҳангоми ҷанг. 


1. И-Ҳаме. 

2. ЛМ - Ҳамэдун бирафтанд. 

3. И - набуд ҷуз зи. 

4. И- сарашро зи. 

5. М - ки пӯшад сарашро. 

6. ИЛ-б. 2180 нест. 


192 


Кунун ман ба ин кор номоварам, 
Шавамшон, якояк ба дом оварам». 

Бихандид Гударзу з-ӯ шод гашт, 

Рухаш тоза шуд в-аз ғам озод гашт, 

Бад-ӯ гуфт: «Некахтарӣ ту зи ҳур, 

Ки шериву нахчири ту наррагӯр. 

Бирав, к-офаринанда ёри ту бод, 

Чу Лаҳҳок сесад шикори ту бод! 1 

РАФТАНИ ГУСТАҲМ АЗ ПАСИ ЛАҲҲОК 
ВА ФАРШЕДВАРД 

2190 Бипӯшид Густаҳм диръи набард, 

Зи гурдон киро дид, падруд кард. 

Бурун тохт аз лашкари хешу рафт 
Ба ҷанги ду турки сарафроз тафт. 

Ҳаме гуфт лашкар ҳама сар ба сар 
Ки Густаҳмро з-ин бад ояд ба сар. 

Яке лашкар аз назди Афросиёб 
Ҳаме рафт бар сони киштӣ бар об. 

Ба ёрӣ ҳаме ҷангҷӯй омаданд, 

Чу наздики дашти Дағӯй омаданд, 

Хабар шуд бад-эшон, ки Пирон гузашт, 
Набарди далерон бад-он гуна гашт. 

2195 Ҳама бозгаштанд яксар зи роҳ 

Хурӯшон бирафтанд наздики шоҳ. 


1 . Л- Ба пирӯзӣ- андар макун тарс ёд; И- пас аз б. 2189 ин б. омада: 
Чу моро дари шодмонӣ кушод, 

Ба пирӯзӣ- андар макун тарс ёд. 


193 




Хабар шуд ба Бежан, ки Густаҳм рафт 1 
Ба оварди Фаршеду Лаҳҳок тафт, 2 

Гумоне чунон бурд Бежан, ки ӯй 
Чу танг андарояд ба дашти Дагӯй, 

Набояд, ки 3 Лаҳҳоку Фаршедвард 
Бароранд аз ӯ гард рӯзи 4 набард. 

2200 Ба назди ниё шуд чу шери дижам, 

Дилаш пур зи дард аз ғами Густаҳам. 5 

Чу чашмаш ба рӯи ниё барфитод, 
Хурӯшиду чанде сухан кард ёд. 6 

«На хуб ояд, эй паҳлавон аз хирад, 

Ки ҳар номдоре ки фармон барад, 

Мар ӯро ба хира ба куштан диҳӣ, 
Баҳона ба чархи равон барниҳӣ. 

Ду гурди диловар зи* 7 туронсипоҳ 
Бирафтанд чун шер пӯён* 8 * ба роҳ. 

2205 Зи Пирону Ҳумон диловартаранд, 

Ба гавҳар бузургони он кишваранд.* 1 ' 

Кунун Густаҳам шуд ба 10 ҷанги ду тан 
Набояд, ки ояд бар ӯ-бар шикан. 


1. Л-тафт. 

2. Л - Зи лашкар ба оварди Лаҳҳок рафт. 

3. ИЛ- биёянд. 

4. ИЛ- Шавад Густаҳам зери хоки. 

5. И-б. 2200 нест. 

6. И- Нишаст аз бари дизаи* роҳҷӯй, 

Ба наздики Гударз бинҳод рӯй. 

* М-барои. 

-тан номдорони. 

-аз ин сон диловар. 

-лашкаранд. 

■рафт. 


194 


Ҳама коми мо бозгардад ба дард, 

Чу гум гардад аз лашкар он шермард». 

Чу бишнид Гударз гуфтори ӯй, 
Кашиданд бад-он кор тимори ӯй,* 1 

Бас 2 андеша кард андар он як замон 
Ҳамон буд, куҷо бурд 3 Бежан гумон. 

2210 Ба гурдон чунин гуфт солори шоҳ, 4 
Ки ҳар кас, ки ҷӯяд ҳаме ному ҷоҳ, 5 

Паси Густаҳам рафт бояд дамон, 

Мар ӯро будан ёр аз бадгумон. 

Надоданд посух кас аз анҷуман, 

На гамхора буд кас, на осудатан. 

Ба Гударз пас гуфт Бежан, ки «Кас 
Ба ҷуз 6 ман набошад-ш фарёдрас. 

Кӣ ояд зи гурдон бад-ин кор пеш, 

Ба серӣ наёмад кас аз ҷони хеш. 

2215 Маро рафт бояд, ки аз кори ӯй 

Дилам пур зи дард асту пуроб рӯй». 

Бад-ӯ гуфт Гударз, к-«Эй шермард, 

На гарм озмуда зи гетӣ, на сард. 

Набинӣ, ки моем пирӯзгар, 

Бад-ин кор маштоб тунд, эй писар, 


1 . М-Писанд омадаш з-он яли номҷу. 

2. ИЛ-Пас. 

3. И-Ки мебурд. 

4. И-он пахдавон. 

5. И- Ки эй номдорони фаррухмеҳон. 

6. ИМ-ҷуз аз. 


195 




Бад-эшон бувад Густаҳам чирадаст,* 1 
Ба ханҷар бибуррад сари ҳарду паст.* 2 

Бимон, то кунун аз паси Густаҳам 
Саворе фиристам чу шери дижам, 

2220 Ки бо ӯ бувад ёр гоҳи набард, 

Сари душманон андарорад ба гард». 

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Эй паҳлавон, 
Хирадманду ҳушёру равшанравон,* 3 

Кунун ёр бояд, ки зиндаст мард, 

На он гаҳ, ки аз вай бароранд* 4 гард. 

Чу шуд Густаҳам кушта бар корзор, 
Сар омад ба ӯ рӯзу баргашт кор, 

Чӣ суд, ар фиристӣ саворе бараш, 
Наёбад ба ҷуз кушта дар хун сараш. 5 * 6 

2225 Бифармой, то ман зи тимори ӯй 
Бубандам камар танг дар кори ӯй. 

В-ар эдун, ки гӯӣ марав, то сарам 
Бибуррам бар ин обгун ханҷарам, 

Ки ман зиндагонӣ пас аз марги ӯй 
Нахоҳам, ки бошад, баҳона маҷӯй». 

Бад-ӯ гуфт Гударз: «Биштоб пеш, 

Агар нестат меҳр* 7 бар ҷони хеш. 


-чирабахт. 

-В-аз эшон ситонад сари тоҷу тахт, 

Чунин посух овард Четан дигар. 
Ки эй пахдавони ҷаҳон сар ба сар. 

- К-аш аз ҷонбароранд. 

■6.2224 нест. 

-б. 2223 нест. 

- нест меҳри ту. 


196 


22 


Наёби ҳаме сери аз корзор, 

Камарбанд бупсечу сар бармахор. 

2230 Насӯзад ҳамоно дилат бар падар, 

Ки ҳар дам* 1 бисӯзӣ мар ӯро ҷигар. 

Барорӣ ҳаме бар сари хеш хок, 

Аз ин ҷангҷустан маро худ* 2 чӣ бок?» 

Чу бишнид Бежан, фурӯ бурд сар, 
Заминро бибӯсиду омад ба дар. 

РАФТАНИ БЕЖАН АЗ ПАСИ ГУСТАҲАМ 

Камар басту барсохт 3 мар ҷангро, 

Ба зин 4 андаровард шабрангро. 

Ба Гев огаҳӣ шуд, ки Бежан чӣ кард, 
Камар баст бар ҷанги Фаршедвард. 5 

2235 Ҳам андар замон Гев барҷаст зуд, 
Нишаст аз бари тозиаспе чу дуд, 

Биёмад ба раҳ-бар, чу б ӯро бидид, 

Ба тундӣ инонаш ба як сӯ кашид. 

Бад-ӯ гуфт: «Чандон задам достон, 
Нахоҳӣ ҳаме буд ҳамдостон, 

Ки бошад зи ту як замон шодмон, 

Куҷо рафт хоҳӣ бад-ин сон дамон? 


-Ҳазмон. 

-Бад-ин ҷангҷустан маро з-ин. 

3. ИЛ-бар. 

2. ИЛ-бархост. 

4. И-зер. 

5. ТПЗИЛ - Паси Густаҳам тозиён шуд ба роҳ 

Ба ҷанги саворони туронсипоҳ. 

6. Л-мар. 


197 


Ба ҳар кор дарди дили ман 1 маҷуй, 
Ба пиронсар аз ман чӣ хоҳӣ, бигӯй? 

2240 Ба гетӣ маро ҷуз ту фарзанд нест, 
Равонам ба дарди ту хурсанд нест. 

Будӣ даҳ 2 шабонрӯз 3 бар пушти зин, 
Кашида ба бадхоҳ-бар теғи кин. 

Бисудӣ 4 ба хафтону хӯд-андарун, 
Нахоҳӣ ҳаме сер гаштан зи хун. 

Чу некидиҳиш бахти пирӯз дод, 
Бибояд нишастан ба орому шод. 

Ба пеш замона чӣ бозӣ сарат, 

Бас эмин шудастӣ бар ин ханҷарат. 

2245 Касе к-ӯ наҷӯяд саранҷоми хеш, 
Наёбад зи гетӣ ҳаме коми хеш. 

Ту чандин ба пеши 5 замона мапӯй, 
Ки ӯ худ сӯи мо ниҳодаст рӯй. 

Зи баҳри падар з-ин сухан бозгард, 
Нашояд, ки дорӣ дили ман ба дард. 

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Эй пурхирад, 
Ҷуз ин бар ту мардум гумоне барад. 

Зи кори гузашта наёрӣ ба ёд, 

Чӣ печӣ ба хира ҳаме сар зи дод. 

2250 Бидон эй падар, к-ин сухан род нест, 
Магар ҷанги Лодан туро ёд нест? 


1. И-диламро. 

2. ЛМ-Бад-ин нӯҳ. 

3. Л-Бад-ин даҳ шабу рӯз. 

4. ИЛ-Бисӯзӣ. 

5. ИМ-гирди. 


198 


22 


Ки бо ман чи кард андар он Густаҳам, 
Ғаму шодмониш бо ман ба ҳам. 

В-ар эдун куҷо гардиши эзадӣ, 

Фароз орад он 1 рӯзгори бадӣ. 

Навишта нагардад ба парҳез боз, 
Набояд кашидан суханҳо 2 дароз. 

Зи пайкор сар бармагардон, ки ман 
Фидо карда дорам бад-ин кор тан». 

2255 Бад-ӯ гуфт Гев: «Ар нагардӣ ту боз, 
Ҳамон хубтар, к-ин нишебу фароз 

Ту бе ман напӯӣ ба рӯзи набард, 
Манат ёр бошам ба ҳар коркард». 

Бад-ӯ гуфт Бежан, ки «Ин худ мабод, 
Ки аз номдорони хусравнажод 

Се рад 3 аз паси бимхурда ду тур 
Битозем* 4 пӯён ба ин роҳи дур. 

Ба ҷону сари шоҳи равшанравон, 

Ба ҷони ниё номвар паҳлавон, 

2260 Ба хуни* 5 Сиёвуш, к-аз ин размгоҳ 
Ту баргардиву ман бипӯям ба роҳ, 

Нахоҳам бар ин кор фармон-т кард, 
Ки гӯӣ маро бозгард аз набард». 

Чу бишнид Гев ин сухан, бозгашт, 

Бар ӯ офарин карду андаргузашт, 


1 . И-оварад. 

2. И-кашид ин суханро. 

3. ИЛМ-гурд. 

-Биёянд. 

-кини. 


199 




Ки пируз рафтиву шод омади 
Кушода дилу баста дасти бадӣ. 

Ҳаме тохт Бежан паси Густаҳам, 

Ки н-ояд зи Турон бар ӯ-бар ситам* 1 . 

2265 Чу аз рӯд Лаҳҳоку Фаршедвард 
Гузаштанд пӯён ба кирдори гард, 

Ба як соате ҳафт фарсанг роҳ 
Бирафтанд эмин зи эронсипоҳ. 

Яке беша диданду оби равон, 
Бад-ӯ-андарун соягоҳи ғавон.* 2 

Ба беша - дарун мурғу нахчиру шер, 
Дарахт аз бару сабзаву об зер. 

Ба нахчиркардан фуруд омаданд, 

Аз он ташнагӣ сӯи рӯд омаданд. 

2270 Чу об андаромад, бибоист нон, 

Ба андӯҳ шодӣ набандад даҳон. 

Бигаштанд бар гирди он марғзор, 
Фиканданд бисёр моя шикор. 

Барафрӯхтанд оташу з-он кабоб, 
Бихӯрданду карданд сар сӯи об, 3 

Шавад 4 рӯзгори далерон дижам, 
Куҷо чира 5 бошад бар эшон ситам. 


1 . М-Ғаму шодмониш бо ӯ ба ҳам. 

2. М-Пас аз б. 2264 ин б. омада: 

Паси Густаҳам тозиён шуд ба роҳ 
Ба ҷанги саворони тӯронсипоҳ. 

- сояи корвон. 

■хоб. 

4. ИМ-бувад; Л-Чу шуд. 

5. ИЛ-хира. 


200 


Фуру хуфт Лаҳҳоку Фаршедвард 
Ба сар-бар ҳаме посбониш кард. 


КУШТА ШУДАНИ ЛАҲҲОК ВА ФАРШЕДВАРД 
БА ДАСТИ ГУСТАҲАМ 

2275 Расид андар он ҷойгаҳ Густаҳам 
Ки буданд гурдони Турон ба ҳам. 1 

Наванд аспи ӯ бӯи аспон шунид, 

Хурӯше бароварду андардамид. 2 

Сабук аспи Лаҳҳок ҳам з-ин нишон 
Хурӯше баровард чун беҳушон. 3 

Давон сӯи Лаҳҳок Фаршедвард 
Шуд, ӯро зи хоби хуш огоҳ* 4 кард. 

Бад-ӯ гуфт: «Бархез аз ин хоби х(в)аш, 

Ба мардӣ сари бахти бадро бикаш, 

2280 Ки доно зад ин достони бузург, 

Ки шере ки бигрезад аз чанги гург, 

Набояд, ки гург аз пасаш даркашад, 

Ки ӯро ҳамон бахти бад баркашад. 

Ҳало, зуд 5 биштоб, к-омад сипоҳ 
Аз Эрону бар мо гирифтанд роҳ. 6 


1 . ТПЗИЛ -Баромад чу шаб, тира шуд моҳтоб, 

Ду ғамгин сар андар ниҳода ба хоб. 

2. И-Баровард чун дардамид. 

3. И-б. 2277 нест. 

4. М-Биёмад аз он хоб бедор. 

5. И-тунд. 

6. ТПЗМ- Чи моя бипӯянду андар* шитофт 

Кас аз рӯз бадро раҳоӣ наёфт. 

* ИЛ - чандин 


201 


Нишастанд бар асп ҳарду савор, 
Кашиданд пӯён аз он марғзор. 1 

Ба ҳомун ниҳоданд ҳарду савор 
Ду дида, ки то чун басечанд кор. 

2285 Падид омад аз дур пас Густаҳам, 
Надиданд бо ӯ саворе ба ҳам. 

Далерон чу сарҳо барафрохтанд, 

Мар ӯро бидиданду бишнохтанд. 

Гирифтанд бо якдигар гуфтугӯй, 

Ки як тан сӯи мо ниҳодаст рӯй. 

Ҷуз аз Густаҳам нест, к-омад ба ҷанг, 
Дурафши далерон гирифта ба чанг. 

Гурезон набояд шуд аз пеши ӯй, 

Магар к-андарорад бар ин дашт рӯй. 

2290 Наёбад раҳоӣ зи мо Густаҳам, 

Магар бахти бад кард хоҳад ситам. 

Аз он ҷо ба ҳомун ниҳоданд рӯй, 

Пас андар дамон Густаҳам кинаҷӯй. 

Биёмад, чу наздики эшон расид, 

Чу шери жиён наърае баркашид. 

Бар эшон биборид тири хаданг, 

Чу Фаршедвард андаромад ба ҷанг. 

Яке теғ зад бар сараш Густаҳам, 

Ки бо хун баромехт мағзаш ба ҳам. 

2295 Нагун шуд, ҳам андар замон ҷон бидод, 
Шуд он номвар гурди висанажод. 


1. ТПЗИЛ- Зи беша ба ҳомун ниҳоданд руй 
Ду гурди диловар, ду пархошҷӯй. 


202 


Чу Лаҳҳок руи бародар бидид, 
Бидонист, к-аз корзор орамид. 

Биларзид в-аз дарди ӯ хира шуд, 
Ҷаҳон пеши чашм-андараш тира шуд. 

Зи равшанравонаш* 1 ба серӣ расид, 
Камонро ба зеҳ карду андаркашид. 

Бияндохт тире сӯи Густаҳам, 

Ҳаме аз ду дида биборид нам. 

2300 Дарандохт ону бияндохт ин, 

Наяфтод тири яке бар замин. 2 

Шуданд он замон хаста ҳар ду савор, 
Ба шамшер карданд пас корзор. 

Якояк бар ӯ Густаҳам даст ёфт, 
Инонро бупечиду 3 андаршитофт. 

Ба гардан-ш-бар зад яке теғи тез, 
Баровард ногоҳ аз ӯ растахез. 

Сараш зери пой андаромад чу гӯй, 
Сар омад ҳама разму пайкори ӯй.* 4 

2305 Чунин аст кирдори гардонсипеҳр, 
Бибуррад зи парвардаи хеш меҳр. 

Чу ҷӯӣ сараш, пой ёбӣ нахуст 
В-агар пой ҷӯӣ, сараш пеши туст. 5 

Ба зин-бар чунон хаста буд Густаҳам, 
Ту гуфтӣ, ки бугсист хоҳад 6 зи ҳам. 


1 . М-Дардаш равонаш. 

2. И-б 2299 нест. 

3. ИЛ-Зи кина чунон хаста. 

4. М-Ки ояд ҳаме захми чавгон бад-ӯй. 

5. Л-б 2304-2306 нест. 

6. И-Ки бугзашт хоҳад ту гуфтӣ. 


203 


Биёмад ҳамида ба зин-андарун, 

Ҳаме ронд аспу ҳаме рехт хун. 

Ба наздикии чашмасоре 1 расид, 

Ҳам оби равон диду 2 ҳам соя дид. 

2310 Фуруд омаду аспро бар дарахт 
Бубасту ба об андаромад зи бахт. 

Бихӯрд оби бисёру кард офарин, 

Бубасташ ту гуфтӣ якояк замин. 

Бупечиду ғалтид бар тирахок 3 
Саросар ҳама тан ба шамшер чок. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй кирдгори ҷаҳон, 

Барангез аз он лашкару дудмон. 

Ба дилсӯзагӣ Бежани Гевро 
В-агарна диловар яке невро, 

2315 Ки то* 4 зинда ё мурда з-ин ҷойгоҳ 
Кашад мар маро сӯи Эронсипоҳ. 

Бад-он то бидонад, ки ман ҷуз ба ном 
Намурдам ба гетӣ, ҳамин аст ком». 

Ҳама шаб бинолид то рӯзи пок 
Аз он 5 дард чун мор печон 6 ба хок. 

ДИДАНИ БЕЖАН ГУСТАҲАМРО БА МАРҒЗОР 

Чу гетӣ зи хуршед шуд равшано, 

Расид андар он* 7 ҷойгаҳ 8 Бежано. 

1. ИМ- В-аз он ҷо кӯҳсоре. 

2. И-оби равонему. 

3. Ил-гармхок. 

4. М-гар. 

5. Л-Бад-он; И-Буд аз. 

6. И-Ғалтон. 

7. М-Биёмад бад-он. 

8. И-Биёмад бар он соя-бар. 


204 




Ҳаме гашт бар гирди он марғзор, 

Ки ёбад нишоне зи гумкарда 1 ёр. 

2320 Падид омад аз дур аспи саманд 

Бад-он марғзор-андарун чун наванд. 

Чамону чарон чун палангон ба ком 
Нагун карда* 2 зину гусиста лагом. 

Ҳаме дид зинаш* 3 бар ӯ-бар нагун, 
Рикебу камандаш ҳама пур зи хун. 

Чу Бежан бидид он, аз ӯ рафт ҳуш 
Баровард чун шери ғуррон 4 хурӯш. 

Ҳаме гуфт* 5 , к-«Эй меҳрубон некёр, 
Куҷоӣ фиканда бар ин марғзор?! 

2325 Ки пуштам шикастиву хастӣ дилам, 
Кунун ҷони ширин зи тан бугсилам. 6 

Чӣ гӯям, куҷо ҷӯям акнун туро, 

Ки бозӣ намудаст гардун туро? 7 

Бишуд бар паи асп то чашмасор, 
Мар ӯро бидид андар он марғзор. 8 

Ҳама ҷавшану тарг бар хоку хун 
Фитода бад-он хастагӣ сарнагун. 

Фурӯ ҷаст Бежан зи шабранг зуд 
Гирифташ ба оғӯш-бар тан-ш зуд. 


1 . ИЛ-гумбуда. 

■гашта. 

■Ҳама олати зин. 

шарза. 

■Чунон гуфт. 

б. 2325 нест. 

б. 2326 нест. 

Чу наздики он соя андаррасид, 
Бад-он сон фитода мар ӯро бидид. 


205 




2330 Бурун кард румиқабо аз бараш, 
Бараҳна шуд 1 аз тарг хаста сараш. 

Танашро нигаҳ карду он хастагӣ 
Табаҳ дид хаста зи нобастагӣ. 

Равон ҳамчу рӯд аз танаш оби* 2 зард, 
Равон пур зи тимору дил*’ пур зи дард. 

Бар он хастагиҳош бинҳод рӯй 
Ҳаме буд зорикунон пеши ӯй. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй некдил ёри ман, 

Ту рафтиву бад гашт пайкори 4 ман. 

2335 Пижӯҳиш маро пеш боист кард, 
Расидан ба ҷое ки будат набард. 

Магар будаме гоҳи сахтит ёр, 

Ки бо аҳриман сохтӣ корзор. 

Кунун ком душман ҳама рост кард, 

Бар оварди худ, 5 ҳарчи худ хост, кард». 

Бигуфт ин сухан Бежану Густаҳам 
Биҷунбиду барзад яке тез дам. 

Ба Бежан чунин гуфт, к-«Эй некхоҳ, 
Макун хештан назди 6 ман-дар 7 табоҳ. 

2340 Маро дарди ту бадтар аз марги ман, 8 
Бинеҳ бар сари хаста-бар тарги ман 9 


буд. 

- Зи бас хун давидан танаш буд. 
-Дилаш пур зи тимору тан. 

-Набуд дар ҷаҳон ҷуз ғамхори ман. 
З-Баровард сар. 

■пеши. 

ман-бар. 

-хеш. 

-хеш. 


206 


Яке 1 чора кун, то аз ин ҷойгоҳ 
Тавонӣ маро бурд 2 наздики 3 шоҳ. 

Маро бод чандон ҳаме рӯзгор, 

Ки бинам яке чеҳраи шаҳрёр. 

В-аз он пас чу марг оядам, бок нест, 
Ки моро 4 ниҳолӣ ба ҷуз хок нест. 

Намурдаст ҳар кас, ки бо коми хеш 
Бимирад, биёбад саранҷоми хеш. 

2345 Ва дигар ду бадхоҳ бо тарсу 5 бок, 

Ки бар дасти ман кард Яздон ҳалок, 

Магаршон ба зин бартавонӣ кашид, 
В- агарна сароншон зи танҳо бурид. 

Силеҳу 6 сари номбардорашон 
Бубар, то бидонанд пайкорашон. 

Кунӣ назди шоҳи ҷаҳондор ёд, 

Ки ман сар ба хира надонам ба бод. 

Бисудам ба ҳар ҷой бо бахт чанг, 

Ки ман ном ҷустам ба мардиву нанг. 

2350 Ба Бежан намуд он гаҳе к-он ду тур 
Куҷоанд кушта фиканда зи дур. 

Бигуфт ину сустӣ гирифташ равон, 
Ҳаме буд Бежан ба сар-бар навон. 

В-аз он ҷойгаҳ аспи ӯ бедиранг 
Биёварду букшод аз ӯ банд танг. 


1. И-Чунон. 

2. И-Расонид. 

3. М-тавонӣ расониданам назди. 

4. М-маро худ. 

5. Л-бетарсу. 

6. Л-Силоху. 


207 




Намадзин ба зери тани хастамард 
Бияфканду нолид чандин зи 1 дард. 

Ҳама домани қурта бидрид чок, 

Бар он* 2 хастагиҳош барбаст пок. 

2355 В-аз он ҷойгаҳ сӯи боло давон 

Биёмад зи ғам тира карда* 3 равон. 

Саворони туркон пароканда дид, 

Ки омад зи роҳи биёбон падид. 

Зи боло чу барқ андаромад нишеб,* 4 
Дил аз мурдани Густаҳам пурниҳеб. 

Аз он бимхӯрда саворони тур 
Ду тан тозиён дид ногаҳ зи дур.* 5 

Зи фитрок букшод печон 6 каманд, 

Зи туркон якеро ба гардан фиканд. 

2360 Зи асп андароварду зинҳор дод, 
Бад-он кор бо хештан ёр дод. 

В-аз он ҷо биёмад ба кирдори гард 
Равон 7 сӯи Лаҳҳоку Фаршедвард, 

Бидид он сарони сипаҳро нагун, 
Фиканда бар он хок ғарқа ба хун. 

Ба саршон-бар аспони ҷангӣ чарон, 
Чарогоҳ созида пеши сарон. 


1. ИЛ-ба. 

-ҳама. 

-гашта. 

-Ба боло давон андаромад ба шеб. 

В-аз он бимдида саворам ду-тан, 

Ба шамшер гум кард аз он анҷуман. 

6. И-аз он пас. 

7. И-давон. 


208 


Чу Бежан чунон дид, кард офарин 
Абар Густаҳам, к-ӯ сар овард кин 

2365 Бифармуд, то турки зинҳорхоҳ 

Ба зин баркашад он сарони сипоҳ. 1 

В-аз он ҷо сӯи Густаҳам тозиён 
Биёмад ба сони паланги жиён. 2 

Фуруд омад аз аспу ӯро чу бод 
Беозору нарм аз бари зин ниҳод. 

Бад-он турк фармуд, то барнишаст, 

Ба оғӯши ӯ андаровард даст, 

Саманди навидаш ҳаме ронд нарм, 

Бар ӯ-бар ҳаме офарин хонд гарм. 

2370 Ҳаме ронд Бежан пур аз дарду ғам, 

Равонаш пур аз андӯҳи Густаҳам. 3 

Магар зинда ӯро бари шаҳрёр 
Тавонад расонид аз ин корзор. 4 * 5 

ДАХМА КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БАР ПИРОН ВА 
САРОНИ ТУРОН ВА КУШТАН ГУРӮИ ЗИРЕҲРО 

Чу аз рӯз нӯҳ соат андаргузашт, 

Хур аз гунбади чархи гардон бигашт, 

Ҷаҳондор Хусрав ба назди сипоҳ 
Биёмад бар он дашт бо фарру ҷоҳ. 


1. И-б. 2365 нест; 

ТПЗИЛМ- Бубастандашон даст бо по чунон 
Кашиданд бар пушти зини каён. 

2. И-дамон. 

3. И-б 2370 нест. 

4. 2369-2771 нест. 

* Л-дасту пову миён. И-пушту пову миён. 

5. М-Магар будаме гоҳи сахтит ёр 
Аз б. 2337 то 2372 такрор омада. 


209 


Пазира шудандаш пиёда сарон, 

Ҳама номдорону ҷанговарон. 

2375 Бар ӯ хонданд офарин бихрадон, 

Ки эй шаҳрёру сари мӯбадон, 

Ба тан зиндапилу 1 ба ҷон Ҷабраил, 

Ба каф 2 абри баҳман, ба дил рӯди Нил, 

Чунон ҳам ҳаме буд бар асп шоҳ, 
Бад-он то бубинанд рӯяш сипоҳ. 

Бар эшон ҳаме хонд* 3 шоҳ офарин, 

Ки обод бодо ба гурдон замин. 

Ба оин паси пушти лашкари чу кӯҳ 
Ҳаме рафт* 4 Гударз худ бо гурӯҳ. 

2380 Ҳамон даҳ мубориз, ки дар размгоҳ 
Бароварда буданд гард аз сипоҳ. 

Сари куштагонро фиканда нагун, 
Силеҳу тану ҷомаҳо пур зи хун. 

Паси лашкар-андар ҳаме ронданд, 
Абар 5 шаҳрёр офарин хонданд. 

Чу Гударз наздики Хусрав расид, 
Пиёда шуд аз дур, к-ӯро бидид. 

Ситоишкунон паҳлавони сипоҳ 
Биёмад, биғалтид дар пеши 6 шоҳ. 

2385 Ҳамон 7 куштагонро ба Хусрав намуд, 
Бигуфт он ки ҳамразми ҳар кас, ки буд. 


1. И-жандапилу. 

2. И-даст. 

3. М-кард. 

4. М-чунин рафт. 

5. Л-бар он. 

6. Л-ба наздикии тахти. 

7. Л-ҳаме. 


210 


Гуруи Зиреҳро биёвард Гев 
Давон то сипаҳдори Эрон 1 нев. 

Чу Хусрав Гурӯи Зиреҳро бидид, 

Яке боди сард аз ҷигар баркашид. 2 

Зи асп андаромад сабук шаҳрёр, 

Ҳаме офарин хонд бар кирдгор. 

Зи Яздон сипосу бад-ӯям паноҳ, 

Ки ӯ дод пирӯзиву дастгоҳ. 

2390 Ситоиш* 3 ҳаме кард бар пой шоҳ 
Зи сар баргирифт он каёникулоҳ. 

Зи додор бар паҳлавон офарин 
Ҳаме хонду бар лашкараш ҳамчунин, 

Ки «Эй номдорони фархундапай, 
Шумо оташу душманон пок 4 най. 

Сипаҳдор Гударз бо дудмон, 

Ки бошанд бар сони оташ дамон. 

Ҳама ҷону танҳо фидо кардаанд, 

Дам аз шаҳри Турон 5 баровардаанд. 

2395 Кунун ганҷи 6 шоҳӣ маро бо шумост, 
Надорам дареғ аз шумо дасти рост. 

В-аз он пас бар он куштагон бингарид, 
Чу рӯи сипаҳдори Турон бидид. 

Фурӯ рехт об аз ду дида ба дард, 

Ки кирдори некаш ҳама 7 ёд кард. 


1 . ИЛ-бо сипаҳдор Пирони. 

2. -б. 2382 нест. 

3. М-Ниёиш. 

4. И-ҳамчу. 

5. И-туркон. 

6. ИЛ-ганҷу. 

7. Л-некӣ ҳаме. 


211 




Ба Пирон бар он сон дилашро* 1 бисухт, 
Ки гуфтӣ яке оташе барфурӯхт. 

Яке достон зад пас аз марги ӯй, 

Ба хуни ду дида биёлуда рӯй, 

2400 Ки бахти бад аст аждаҳои дижам 
Ба дом оварад шери шарза ба дам. 

Ба мардӣ наёбад касе з-ӯ раҳо, 

Чунин омад ин тезчанг аждаҳо, 

Кашидӣ ҳамасола тимори ман, 

Миён баста будӣ ба ҳар кори ман. 

Зи хуни Сиёвуш пур аз дард буд, 

Бад-он кор кас з-ӯ 2 наёзурда буд. 

Чунон меҳрбон буду дижхим гашт, 

В-аз ӯ 3 шаҳри Эрон пур аз бим гашт. 

2405 Мар ӯро бибурд аҳриман дил зи ҷой, 
Дигаргуна пеш андаровард рой* 4 

Фаровон ҳаме додамаш низ* 5 панд, 
Наёмад-ш гуфтори ман судманд. 

Аз Афросиёбаш набаргашт сар, 

Кунун шаҳрёраш чунин дод бар 6 . 

Мукофоти ӯ мо ҷуз ин хостем, 

Ҳаме 7 тахту 8 дайҳимаш оростем. 


-дили шоҳ он сон. 

Зи Эрон касеро. 

он. 

-пой. 

-хира додам. 

б. 2406-2407 нест. 

сари. 

8. ИМ-гоҳу. 


212 


22 


Аз андешаи мо сухан даргузашт, 
Фалак бар сараш-бар дигаргуна гашт. 

2410 Ба дил-бар ҷафо гашт* 1 бар ҷои меҳр 
Бад-он сар дигаргуна бинмуд чеҳр. 

Биёмад ба ҷанги шумо бо сипоҳ, 

Ки чандон аз эрониён шуд табоҳ. 

Ҳаме панди Гударзу фармони ман 
Бияфканд гуфтори гурдони ман. 

Табаҳ кард меҳри дили покро, 

Ба заҳр андаромехт тарёкро. 

Зи Турон басечида омад дамон, 

Ба жӯпини Гударз будаш замон.* 2 

2415 Писар бо бародар кулоҳу камар, 
Силеҳу сипоҳу дару буму бар 

Бидод аз паи кини Афросиёб 
Замона бад-ӯ кард чандин шитоб. 

Бифармуд пас мушку кофури ноб 
Ба анбар баромехта бо гулоб. 

Танашро биёлуд аз он сар ба сар 
Ба кофуру мушкаш 3 биёганда бар. 

Ба дебои румӣ тани поки ӯй 
Бипӯшиду он кӯҳ шуд хоки ӯй. 

2420 Яке дахма фармуд Хусрав ба меҳр, 
Баровард он кӯҳ то ба гардонсипеҳр. 


-кард. 

-Ба кин пеши Гударзи равшанравон. 

3. ИЛ-кофури мушкин. 


213 




Ниҳода дар у тахтҳои сарон* 1 * 
Чунон чун бувад дархури меҳтарон. 

Ниҳоданд мар паҳлавонро ба гоҳ 
Камар бар миёну ба сар-бар кулоҳ. 

Чунин аст кирдори ин пурфиреб, 

Чи моя*- фароз асту чандин нишеб. 

Хирадмандро дил зи кирдори ӯй 
Бимонад ҳаме* 3 хира дар кори ӯй. 

2425 В-аз он пас Гурӯи Зиреҳро бидид, 

Бар ӯ кард нафрину 4 нафрин сазид. 5 

Нигаҳ кард Хусрав бар он зиштрӯй, 
Чу девон ба сар-бар фурӯ ҳишта мӯй. 

Ҳамегуфт, к-«Эй кирдгори ҷаҳон, 

Ту донӣ ҳаме ошкору ниҳон. 

Ҳамоно ки Ковус бад карда буд, 
Ҷаҳонофаринро биёзурда буд, 

Ки деве чунин бар Сиёвуш гумошт, 
Надонам чӣ з-он бегунаҳ кина дошт. 

2430 Валекин ба нерӯи кайҳонхудой 6 
Ҷаҳондори некидеҳи раҳнамой, 

Ки кини Сиёвуш зи Афросиёб 
Бихоҳам, бар ин кина гирам 7 * 8 шитоб. 


-андар он тахтаҳои гарон. 

-чунин. 

-замоне. 

нафрин, ки. 

5. ИМ-Яке боди сард аз ҷигар баркашид. 

6. Л-гетихудой. 

7. Л-кор кардан. 

8. М-бад-ин кина андар. 


214 


Гуруи Зиреҳро гиреҳ то гиреҳ, 
Бифармуд, то баркашиданд зеҳ. 

Чу бандаш саросар ҷудо шуд зи банд, 
Сарашро буриданд чун гӯсфанд. 

Бифармуд аз он пас фикандан ба об, 
Бигуфто: «Чунин* 1 бояд Афросиёб!» 2 


ЗИНҲОР ХОСТАНИ ТУРОНИЁН 
АЗ КАЙХУСРАВ 

2435 Бибуд шоҳ чанде бар он размгоҳ, 

Бад-он то кунад соз 3 кори сипоҳ. 

Диҳад подшоҳӣ, киро дарх(в)ар аст, 

Касе к-аз дари хилъату афсар аст 4 . 

Ба Гударз дод он замон Исфаҳон, 
Кулоҳи бузургиву тахти меҳон. 

Бузургон, ки буданд бо ӯ ба ҷанг, 

Чи аз кӯшиши кину он ному нанг 5 . 

Ба андоза андархури корашон 
Биёрост хилъат сазоворашон. 

2440 Аз онон, ки буданд монда ба ҷой, 

Ки Пирон бар эшон ба сар буд ба пой. 6 * 7 

Фиристода омад ба наздики шоҳ 
Хирадманд гурде 8 зи туронсипоҳ, 


1 . М-бинам. 

2. Л-б.2432 нест; И-б. 2434 нест; 

ТПЗ- Чунин аст кирдори ин кӯзпушт, 
Бипарварду парвардаи хеш кушт. 

3. Л-рост. 

4. Л-б. 2436 нест. 

5. ИЛМ-б. 2438 нест. 

6. И-б. 2440 нест. 

7. М-пиронашон худ сару кадхудой. 

8. И-марде. 


215 




Ки «Мо шоҳро бандаву чокарем, 

Замин ҷуз ба фармони ӯ наспарем. 

Кас аз хости Яздон наёбад раҳо, 
Агарчи бувад 1 дар дами аждаҳо. 

Сипаҳбад шиносад, ки мо худ кием, 
Миён танг баста зи баҳри чием. 

2445 Набудмон ба кори Сиёвуш гуноҳ, 
Бибурд Аҳриман шоҳро дил зи роҳ. 

Яке бодсор аст нопокрой, 

На шарм аз бузургон, на тарс аз Худой. 

Аз он рӯз то ин замон хастаем, 

Зи дарди дил аз дида рух шустаем. 

Ба Турон ҳама дудмон пурғам аст, 

Зану кӯдаки хурдро мотам аст. 

На бар орзу? 2 размхоҳ омадаем, 

На* 3 баҳри бару буму гоҳ омадем. 

2450 Аз ин кор моро бад омад ба сар, 

Падар беписар шуд, писар бепадар. 

Ба ҷон гар диҳимон ҳаме зинҳор, 
Бубандем пешат камар* 4 бандавор. 

Ҳама 5 худ ба коми наҳанг-андарем 6 , 

Ки бо лашкари ту ба ҷанг-андарем 7 , 


1 . ИЛ-шавад. 


кинахоҳ. 

■зи. 

миён. 

Ки мо. 


омадем. 

Або лашкарат тезчанг омадем. 


216 


Бад-ин лашкар-андар басе меҳтаранд, 
Куҷо бандагий шоҳро дарх(в)аранд. 

Гунаҳкор моему ӯ подшост, 

Аз ӯ ҳарчи ояд ба мо-бар, равост. 

2455 Сарон сар ба сар пеши ӯ оварем* 1 
На бо кину бо гуфтугӯ оварем.* 2 

Гар аз мо ба дил-ш-андарун кин бувад, 
Буридан сари душман оин бувад. 

В-ар эдун, 3 ки бахшоиш орад, равост, 
Ҳамон кард бояд, ки шаҳро 4 ҳавост. 

Чу бишнид гуфтори эшон ба дард, 
Бубахшудашон шоҳи озодмард. 

Бифармуд, то пеши ӯ омаданд, 

Бад-он орзу чораҷӯй омаданд. 

2460 Ҳама барниҳоданд сар бар замин, 

Пур аз хун дилу дида пур оби кин. 

Сипаҳбад сӯи осмон кард сар, 

Ки «Эй додгар довари чорагар, 

Ҳамон лашкар аст ин, ки сар пур зи кин 
Ҳаме хок ҷустанд аз Эронзамин, 

Ки заҳри газоянда бипроканад, 

Сари саркашон андар он афканад. 

Чунин кардашон ин замон 5 додгар, 

На рою на дониш, на пову на сар. 


1. М-шоҳ оварем. 

2. М-Ҳама пӯзиш-андар гуноҳ оварем. 

3. И-В-ар эдун; Л-Гар эдун. 

4. И-ӯро. 

5. ИМ-эзади. 


217 


2465 Бад-у даст ёзам, ки у ёр бас, 

Зи гетӣ нахоҳам ба фарёд кас 1 . 

Бар ин достон зад яке нек 2 рой, 

Ки аз кин ба зин андаровард пой, 

Ки ин бора рахшанда тахти ман аст, 
Кунун кори бедорбахти ман аст. 

Бар ин кин агар тахту тоҷ оварем,* 3 
В-агар расми тобути соҷ оварем.* 4 

В-агарна ба чанги паланг-андарам, 
Хури каргасон аст мағзи сарам. 

2470 Кунун бар шумо гашт кирдори бад, 
Шиносад ҳар он кас, ки дорад хирад. 

Наям ман ба хуни шумо шуста чанг, 
Нагирам чунин кори душвор* 5 танг. 

Ҳама яксара дар паноҳи манед, 
Агарчанд бадхоҳи гоҳи манед. 

Ҳар он кас, ки хоҳад, ки бошад равост, 
Дар ин кор н-афзоиш ояд, на кост. 

Ҳар он кас, ки хоҳад, ки зӣ шоҳи хеш 
Гузорад, нагирам бар ӯ роҳ пеш. 

2475 Зи бешиву каммиву аз ранҷу оз 
Ба нерӯи Яздон шудам бениёз. 

Чу туркон шуниданд гуфтори шоҳ, 

Зи сар баргирифтанд яксар кулоҳ. 


1. Л-Ҷуз ӯро нахоҳем фарёдрас. 

2. И-мард. 

3. М-оварам. 

4. М-оварам. 

5. М -душхор. 


218 


Ба пирузии шоҳ ҳасту 1 шуданд, 
Палангони ҷангӣ чу оҳу шуданд. 

Бифармуд шоҳи ҷаҳон, то силеҳ 
Биёранд теғу синону римеҳ. 2 

Зи баргустувону зи румикулоҳ 
Яке тӯда карданд то чарху моҳ. 

2480 Ба гирд- андараш сурху зарду бунафш 
Заданд он сарафроз туркон дурафш. 

Бихӯрданд савгандҳои гарон, 

Ки то зиндаем аз карон то карон, 

Ҳама шоҳро чокару бандаем, 

Ҳама дил ба меҳри вай огандаем. 

Бубахшид яксар гуноҳи сипоҳ, 

Чу ин карда буданд, бедоршоҳ 

Зи ҳамшон аз он пас пароканда кард, 
Ҳама бум аз он мардум оганда кард. 

БОЗОМАДАНИ БЕЖАН БО ГУСТАҲАМ 

2485 В-аз он пас хурӯш омад аз дидагоҳ, 

Ки гарди саворон баромад зи роҳ. 

Се аспу се кушта бар ӯ баста зор 
Ҳаме бинам аз дур бо як савор. 

Ҳама номдорони Эронсипоҳ 
Ниҳоданд чашм аз шигифтӣ ба роҳ, 

Ки то кист ин мард аз Эронзамин, 

Ки ёрад гузаштан бар ин дашти кин? 


1 . Л- Хушну. 

2. ИЛ-б. 2478 нест. 


219 


21^2: г 1 


Ҳам андар замон Бежан омад дамон 
Ба зеҳ-бар ба бозу фиканда камон. 

2490 Бар аспон чу Лаҳҳоку Фаршедвард 
Фиканда нагунсор пурхуну гард. 

Бар аспи дигар буд пур аз дарду гам, 
Ба оғӯши турк-андарун Густаҳам. 

Чу Бежан ба наздики Хусрав расид, 
Сару тоҷу тахти баландаш бидид, 

Бибӯсиду бар хок бинҳод рӯй, 

Шуда шод Хусрав ба дидори ӯй. 

Бипурсиду гуфташ, ки «Эй шермард, 
Куҷо рафта будӣ ба дашти набард?» 1 

2495 Зи Густаҳм Бежан сухан ёд кард, 

Зи Лаҳҳоку аз гурд Фаршедвард. 

В-аз он зориву хастагӣ Густаҳам 
Зи ҷанги саворон ҳама бешу кам. 

Кунун орзу Густаҳамро якест,* 2 
Ки он кор бар шоҳ душвор нест. 3 

Ба дидори шоҳ омадасташ ҳаво 
В-агар ҷон аз он пас гузорад* 4 раво. 5 

Бифармуд пас шоҳи озармҷӯй, 

Ки оранд Густаҳмро назди ӯй б . 


б. 2494 нест. 

-душхор. 

б. 2497 нест. 

-В-аз он пас ба мурдан-ш дорад. 

5. ТПЗМ - Чунон тангдил шуд аз ӯ шаҳрёр, 

Ки аз гиря мижгонаш омад ба бор. 

6. И-Магар Густаҳамро барад назди ӯй. 


220 


2500 Чунон буд зи бас хастаги Густаҳам, 

Ки гуфтӣ ҳаме барнаёяд-ш дам. 

Диловар чу 1 бӯи* 2 шаҳаншоҳ ёфт, 
Бупечиду дида сӯи ӯ 3 битофт. 4 

Биборид аз дидагон оби меҳр, 
Сипаҳбад пур аз обу хун кард чеҳр. 

Бузургон, ки буданд, гирён шуданд, 

Чу бар оташи тез бирён шуданд. 

Дареғ омад ӯро сипаҳбад ба марг, 

Ки сандони кин буд сараш зери тарг. 

2505 Зи Ҳушангу Таҳмурасу Ҷаммшед 
Яке мӯҳра буд хастагонро умед. 

Расида ба мерос наздики шоҳ, 

Ба бозуш будӣ ҳама солу моҳ. 

Чу меҳри дилаш Густаҳамро бихост, 
Кушод он гаронмоя аз дасти рост. 

Абар бозуи Густаҳам - бар бубаст 
Бимолид бар хастагиҳош даст. 

Пизишкон, ки* 5 аз Ҳинду аз Руму Чин, 
Чи аз шаҳри Турон, чи Эронзамин. 

2510 Ҳамашон ба гирди ҷаҳон баргумошт, 
Зи баҳри чунин рӯзҳошон 6 бидошт, 


1 . ИЛ- Дилаш. 

2. М-Яке бӯи меҳри. 

3. И- Сӯи вай. 

4. ИЛ-шитофт. 

5. М-чи. 

6. ИМ - рӯзгорон. 


221 


Ба болини Густаҳмашон барнишонд, 
Зи ҳар гуна афсун бар ӯ -бар бихонд. 

В-аз он ҷо биёмад ба ҷои намоз, 

Басе бо 1 ҷаҳонофарин гуфт 2 роз. 

Ду ҳафта баромад бар он хастамард, 
Бипайвасту бархост аз ранҷу дард. 

Бар аспаш бибурданд наздики шоҳ, 
Чу шоҳи ҷаҳон кард дар вай нигоҳ. 

2515 Ба эрониён гуфт, к-«Аз кирдгор 
Бувад ҳар касе шоду беҳрӯзгор 3 . 

Ба пирӯзӣ андар ғами Густаҳам 
Накард ин дили шодмонро дижам. 

Ҳама меҳри парвардгор асту бас, 

На аз дониши марду аз меҳри кас. 4 

Бихонд он замон Бежани Гевро, 
Бад-ӯ дод дасти гави невро, 

Ки ту некбахтӣ зи Яздон шинос, 
Мадор аз тани хеш ҳаргиз сипос,* 5 

2520 Ки ӯяст ҷовиду фарёдрас, 

Ба сахтӣ нагирад ҷуз ӯ даст кас. 

Агар зинда гардад тани мурдамард, 
Ҷаҳондор Густаҳмро зинда кард. 


1. И-Ба пеши. 

2. И-кард. 

3. ТПЗМ - Валекин шигифтист ин кори ман, 

Бар ин ростӣ ронд паргори ман. 

4. ИЛ-2517нест. 

5. М-Ҳарос. 


222 


Ба Густаҳм гуфташ, ки «Зинҳордор 1 
Надидам чу Бежан бад-ин рӯзгор.* 2 

Гар ӯ ранҷ бар хеш нагзинадӣ, 
Ситоиш бар ин гуна кай бинадӣ 3 . 

Ба Райбад бибуд шоҳ як ҳафта низ 
Дирам доду динору ҳар гуна чиз. 

2525 Фиристод ҳар сӯ фиристодагон, 

Ба назди бузургону озадагон. 4 

Ки зӣ даргаҳ оянд бо сози ҷанг, 

Ки дорем оҳанг зӣ шоҳи Ганг. 5 * 6 

Чу аз ҷанги Пирон шудӣ бениёз 
Яке разми Кайхусрав акнун бисоз. 

Пас аз кина-андар суханҳои нағз 
Биёрой акнун ба покиза мағз, 

Ки чун хост кина зи Афросиёб 
Ба ранҷи фаровон шаҳи зӯрёб 7 . 


1 . И-тимордор. 

2. М- Пас он гаҳ бад-ӯ гуфт: «Тимордор 

Чу Бежан набинад кас аз рӯзгор. 

3. И-б.2523 нест. 

4. И-фарзонагон: 

ТПМ - Ки оянд ҳар сӯ ба наздики шоҳ 

Бад-ин пушти ӯ андар он размгоҳ. 

5. И-б. 2526 нест. 

6. М- Ки доранд оҳанги разми паланг. 

7. И-б. 2528, 2529 нест. 


223 


ПОДШОҲИИ КАЙХУСРАВ 


ҶАНГИ БУЗУРГИ КАЙХУСРАВ БО АФРОСИЁБ 
АНДАР СИТОИШИ СУЛТОН МАҲМУД 

Зи Яздон бар он шоҳ бод офарин, 

Ки нозад бар ӯ тахту тоҷу нигин. 

Худованди тоҷу худованди ганҷ, 

Худованди шамшеру хафтону ранҷ, 

Ки ганҷаш зи бахшиш бинолад ҳаме, 
Бузургӣ зи номаш биболад ҳаме. 

Зи дарё ба дарё сипоҳи вай аст, 

Ҷаҳон зери фарри кулоҳи вай аст. 

5 Ба гетӣ ба кон-андарун зар намонд, 

Ки маншури бахшиш варо барнахонд. 

Зи душман ситонад, расонад ба дӯст, 
Худованди пирӯзгар ёри ӯст. 

Ба базм-андарун ганҷ бипроганад, 

Чу разм оядаш, шеру фил афканад. 

Чу ӯ марз гирад, ба шамшери тез 
Барангезад андар ҷаҳон растахез. 

Аз он теғзан дасти гавҳарфишон 
Зи гетӣ наҷӯяд ҳаме ҷуз нишон, 

10 Ки дар базм дарёш хонад сипеҳр, 

Ва разм-андарун шери хуршедчеҳр. 

Гувоҳӣ диҳад дар ҷаҳон хоку об, 

Ҳамон бар фалак чашмаи офтоб, 


224 


Ки чун у набудаст 1 шоҳе ба ҷанг, 

На дар бахшишу кӯшишу ному нанг. 

Агар меҳр бо кин наёмезадӣ, 

Ситора зи захмаш фурӯ резадӣ. 

Танаш зӯрманд асту чандин сипоҳ, 

Ки андар миён бодро нест роҳ. 

1 5 Паси лашкараш ҳафтсад жандапил, 
Худои ҷаҳон ёвару Ҷабраил. 

Ҳаме бож хоҳад зи ҳар меҳтаре, 

Зи ҳар номдореву ҳар кишваре.* 2 

Агар бож надҳанд, кишвар диҳанд, 
Ҳамон ганҷу ҳам тахту афсар диҳанд. 

Кӣ ёрад гузаштан зи паймони ӯй, 
Дигар саркашидан зи фармони ӯй, 

Ки дар базм гетӣ бад-ӯ* 3 равшан аст, 
Ба разм-андарун кӯҳ дар ҷавшан аст. 

20 Абулқосим он шаҳрёри далер 

Куҷо гӯр бистонад аз чанги шер. 

Ҷаҳондор Маҳмуд, к-андар набард 
Сари саркашон андарорад ба гард, 

Ҷаҳон то ҷаҳон бошад, ӯ шоҳ бод, 
Баланд ахтараш афсари моҳ бод! 

Ки ороиши чархи рахшанда* 4 ӯст, 

Ба базм- андарун абри бахшанда ӯст. 5 


1 . И-набуд ҳеч. 

2. М- кундоваре. 

3. М-Сари тахти гетӣ аз ӯ. 

4. М-гарданда. 

5. Е-б. 22-23 нест. 


225 


Хирад ҳасту ҳам некномиву дод, 
Ҷаҳон бесару афсари ӯ мабод! 

25 Сипоҳу дилу ганҷу дастур ҳаст, 

Ҳамон разму базму ҳамон сур ҳаст. 

Яке фарш густарда шуд дар ҷаҳон, 
Ки ҳаргиз нишонаш нагардад ниҳон. 

Куҷо фаршро маснаду марқад аст, 
Нишастангаҳи Фазл ибн Аҳмад аст. 

Набуд хусравонро чунин* 1 кадхудой 
Ба парҳезу доду ба дину ба рой, 

Ки ороми ин подшоҳӣ бад-ӯст, 

Ки ӯ 2 бар сари номдорон накӯст. 

30 Кушода забону дилу пок даст, 
Парастандаи шоҳу яздонпараст. 

Зи дастури фарзонаи додгар 
Пароканда ранҷи ман омад ба сар. 

Бипайвастам ин номаи бостон, 
Писандида аз дафтари ростон, 

Ки то рӯзи пирӣ маро бар диҳад, 
Бузургиву динору афсар диҳад. 

Надидам ҷаҳондори 3 бахшандае, 

Ба гоҳи каён-бар 4 дурахшандае. 

35 Ҳаме доштам, то ки ояд падид 
Ҷаводе ки ҷудаш 5 нахоҳад калид. 


1. М-чун ӯ. 

2. ИМ-хирад. 

3. ИЛ - ҷайҳондору. 

4. И-баландахтаре ё. 

5. И-ганҷаш. 


226 


Нигаҳбони дину нигаҳдори тоҷ, 
Фурӯзандаи афсару 1 тахти оҷ. 

Ба разми далерон тавоно бувад, 

Ба чуну чаро низ доно бувад. 

Ба бар оварад шохи дину хирад, 
Гумонаш ба дониш хирад бардарад, 2 

Ба андеша аз бегазандон бувад, 

Ҳамеша паноҳаш ба Яздон бувад.* 3 

40 Чунин сол бугзоштам шасту панҷ 
Ба дарвешиву зиндагониву ранҷ. 

Чу панҷ аз бари соли шастам гузашт, 
Бад-он сон, ки боди баҳорӣ ба дашт, 

Ман аз шасту шаш суст гаштам чу маст, 
Ба ҷои инонам асо шуд ба даст. 

Рухи лолагун гашт бар сони моҳ,* 4 
Чу кофур шуд ранги риши сиёҳ.* 5 

Зи пирӣ хам овард болои рост, 

Ҳам аз наргисон рӯшноӣ бикост. 6 

45 Бад-он гаҳ, ки буд сол панҷоҳу ҳашт, 
Ҷавон будаму чун ҷавонӣ гузашт, 

Хурӯше шунидам зи гетӣ баланд, 

Ки андеша шуд пиру ман бегазанд. 

Ки эй номдорону гарданкашон, 

Кӣ ҷуст аз Фаридуни фаррух нишон? 


1 . ИЛ-мулк бар. 

2. ИЛ-равон парварад. 

3. М-б. 38, 39 нест. 

4. М-коҳ. 

5. М-мушки. 

6. И-б. 43, 44 нест. 


227 


Фаридуни бедордил зинда шуд, 
Замину замон пеши ӯ банда шуд. 

Ба доду ба бахшиш гирифт ин ҷаҳон, 
Сараш бартар омад зи шоҳаншоҳон. 

50 Фурӯзон шуд осори таърихи ӯй, 

Ки ҷовид бодо бару бехи ӯй. 

Аз он пас, ки гӯшам шунид он хурӯш, 
Нахоҳам ниҳодан ба овоз гӯш. 

Бипайвастам ин нома бар номи ӯй, 
Ҳама меҳтарӣ бод фарҷоми ӯй, 

Ки бошад ба пирӣ маро дастгир 
Худованди шамшеру тоҷу сарир. 

Ҳаме хоҳам аз кирдгори баланд, 

Ки чандон бимонад танам бегазанд, 1 

55 Ки ин нома бар номи шоҳи ҷаҳон 
Бигӯям, намонам сухан дар ниҳон. 

В-аз он пас тани беҳунар хокрост, 
Равони равон маъдани покрост. 

Ҷаҳондори бахшандаи 2 додгар, 

К-аз ӯяст пайдо ба гетӣ ҳунар. 

Худованди Ҳинду худованди Чин 
Худованди Эрону Туронзамин. 

Худованди зебову бартарманиш, 

В-аз ӯ дур байғораву сарзаниш. 

60 Бидаррад зи овози чарми паланг 
Ба хушкӣ палангу ба дарё наҳанг. 


1. Л-б. 47-54 нест. 

2. И-бахшандаву. 


228 


Ҷаҳондор Маҳмуди хуршедфаш 
Ба разм-андарун шери шамшеркаш 

Маро аз ҷаҳон бениёзӣ диҳад, 

Миёни ялон 1 сарфарозӣ диҳад, 

Ки ҷовид бодо сари тахти ӯй, 

Ба коми дилаш гардиши* 2 бахти ӯй! 

Чи динор дар базм пешаш, чи хок, 

Зи бахшиш надорад дилаш тарсу* 3 бок. 

65 Далер он, ки ӯро тавонад ситуд, 

Касе к-аш ситоиш надонад ситуд, 

Ки шоҳи ҷаҳон аз гумон бартар аст, 

Чу бар тораки муштарӣ афсар аст. 

Яке бандагӣ кардам, эй шаҳрёр, 

Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор 4 . 

Биноҳои обод гардад хароб 
Зи борону аз тобиши олфтоб. 

Пай афкандам аз назм кохе баланд, 

Ки аз боду борон наёбад газанд. 

70 Бар ин нома- бар солҳо 5 бугзарад, 

Ҳаме хонад он кас, ки дорад хирад. 

Кунад офарин бар ҷаҳондор шоҳ, 

Ки бе ӯ мабинод кас пешгоҳ! 6 

Ҷаҳон сар ба сар пур зи осори ӯст, 

Ҳам 7 ӯро ситоянда кирдори ӯст. 


1. И-гавон. 

2. М-дили дӯстон. 

3. М-Ҳеҷ. 

4. Л-б. 67 нест. 

5. Л-гар умрҳо. 

6. Л-пойгоҳ. 

7. Л-мар. 


229 


Чу моя надорам санои варо, 
Ситоиш кунам хоки пои варо. 1 

Замона саросар бад-ӯ зинда бод! 
Хирад бахти ӯро фурӯзанда бод. 

75 Дилаш шодмона чу хуррамбаҳор 
Танозод аз* 2 гардиши рӯзгор 3 . 

Аз ӯ шод бодо дили анҷуман, 

Ба ҳар кор пирӯзу чира ба тан. 

Ҳаме то бигардад фалак чархвор, 
Бувад андар ӯ муштариро* 4 гузор, 5 

Бимонод ҷовид* 6 дар иззу ноз, 

Аз ӯ дур чашми баду бениёз. 

Кунун з-ин сипас номаи бостон 
Бипайвандам аз гуфтаи ростон 7 . 

80 Чу пеш оядам гардиши рӯзгор, 
Набояд маро панди омӯзгор. 

Чу пайкори Кайхусрав омад падид, 
Бибояд зи ман ҷодуиҳо шунид. 

Бад-ин достон дур биборам ҳаме, 
Ба санг- андарун лола корам ҳаме. 

Кунун хутбае ёфтам* 8 з-ин нишон, 
Ки мағзи сухан ёфтам пеш аз он. 


1. Л-б. 73 нест. 

2. М-Ҳамеша бад-ин. 

3. ИЛ-б. 75 нест. 

4. М-ахтаронро. 

5. Л-б. 77 нест. 

6. М-шаҳаншаҳ бимонед. 

7. И-б. 77-79 нест. 

8. М-дебае бофтам. 


230 


Аё озмунро ниҳода ду чашм 
Гаҳе шодмонӣ, гаҳе пур зи хашм. 

85 Шигифт андар ин гунбади тезрав 1 
Бимонад ҳаме дил пур аз ранҷи нав, 2 

Якеро ҳамасола ранҷ асту дард, 
Пушаймониву дард бояд-ш х(в)ард 3 , 

Якеро ҳама 4 баҳра шаҳд асту қанд, 
Таносониву нозу тахти баланд. 

Якеро ҳама рафтан андар фиреб, 

Гаҳе бар фарозу гаҳе дар нишеб. 

Чунин парваронад ҳаме рӯзгор, 

Фузун омад аз ранҷи гул ранҷи хор. 

90 Ҳар он гаҳ, ки сол андаромад ба шаст, 
Бибояд кашидан зи бешиш даст. 

Зи ҳафтод барнагзарад бар касе, 

Зи даврони чарх озмуда басе. 

В-агар бугзарад, он ҳам аз бадтарист, 
Бар он зиндагонӣ бибояд гирист. 

Агар шасти 5 моҳӣ будӣ соли 6 шаст, 
Хирадманд аз ӯ ёфтӣ роҳи ҷаст. 

Наёбам бар ин чархи гарданда роҳ, 

На бар домани доми хуршеду моҳ. 


1 . И-тезгард. 

2. И-Чунин дил пур аз доғу дард; 

ТПЗИ - Чунин буд, то буд даври замон, 

Ба наввӣ ту андар шигифтӣ мамон. 

3. ИМ - Яке з-ӯ ҳама сол бо дарду ранҷ, 

Шуда тангдил дар сарои сипанҷ. 

4. И- Ҳамон. 

5. ЛМ-доми. 

6. Л-доми. 


231 


95 Чаҳондор агарчанд кушад ба ранҷ, 
Наёзад 1 ба кину нанозад 2 ба ганҷ. 

Ҳамаш рафтан ояд ба дигар сарой, 
Бимонад ҳаме кӯшиши ӯ ба ҷой. 

Ту аз шоҳ Кайхусрав андоза гир, 
Куҳангашта кори ҷаҳон тоза гир, 

Ки кини падар бозҷуст аз ниё 
Ба шамшеру бар чораву кимиё. 

Ниёро бикушту худ эдар намонд, 
Ҷаҳон низ маншури ӯ барнахонд. 

100 Чунин аст расми сарои сипанҷ 
Бад-он кӯш, то дур монӣ зи ранҷ. 


оғози достон 

ЛАШКАР ОРОСТАНИ КАЙХУСРАВ 
БО АФРОСИЁБ 

Чу шуд кори Гударзу Пирон ба сар, 
Ба ҷанги дигар шоҳи пирӯзгар 

Биёрост бар ҳар сӯе меҳтарон, 
Бирафтанд бо лашкари бекарон. 3 

Баромад хурӯшидани каррной, 

Ба ҳомун кашиданд пардасарой. 4 

Яке тахти пирӯза бар пушти пил 
Ниҳоданду шуд рӯи гетӣ чу нил. 

105 Нишаст аз бари тахт бо тоҷ шоҳ, 
Хурӯш омад аз дашт в-аз боргоҳ. 


1. Л-битозад. 

2. ЛМ-бинозад. 

3. Л-лашкарони гарон. 

4. Л-б. 103 нест. 


232 


Ба дашт-андарун роҳи рафтан набуд, 
Ба шаҳр- андарун ҷои хуфтан набуд. 

Чу бар тахти пил он шаҳи номвар 
Задӣ мӯҳра дар ҷому бастӣ камар, 

Набудӣ ба ҳар подшоҳӣ раво, 
Нишастан магар бар дари подшо. 

Аз он номвар хусрави саркашон 
Чунин буд дар подшоҳӣ нишон. 

110 Ба марзе ки лашкар фиристода буд, 
Басе панду андарзҳо 1 дода буд. 

Чу Лӯҳросп, чун Рустами тезчанг, 

Ки аз жарфи дарё барорад наҳанг. 

Дигар номвар Ашкаши паҳлавон, 
Писандидаву роду равшанравон. 

Бифармудашон бозгаштан ба дар, 
Ҳар он кас, ки буд гурду пархошхар. 

Дари ганҷ букшоду рӯзӣ бидод, 

Басе аз равони падар кард ёд. 

115 Фиристодагон ҷуст* 2 аз он анҷуман 
Сухангӯю равшандилу ройзан 3 . 

Ба ҳар номдореву худкоме, 
Навиштанд бар паҳлавӣ номае, 

Ки пирӯз Кайхусрав аз пушти пил 
Бизад мӯҳраву гашт кишвар чу нил. 

На ором бодо шуморо, на хоб, 

Магар сохтан кини Афросиёб. 


1 . ИЛ -бадраву пандҳо. 

2. М-Се танро гусӣ кард. 

3. И-б. 115нест. 


233 


Чу бархонд он нома ҳар меҳтаре, 
Куҷо буд дар подшоҳӣ саре. 

120 Зи гурдони гетӣ баромад хурӯш, 
Замин ҳамчу дарё баромад ба чӯш. 

Бузургони ҳар кишваре бо сипоҳ 
Ниҳоданд сар сӯи даргоҳи шоҳ. 

Чу шуд сохта чангро лашкаре 
Аз он номдорони ҳар кишваре, 

Аз он пас бигардид гирди сипоҳ. 1 
Биёрост бар ҳар сӯи размгоҳ. 

Гузин кард аз он лашкари номдор 
Саворони шамшерзан сӣ ҳазор, 

125 Ки бошанд бо ӯ ба қалб 2 -андарун 
Ҳама чангро даст шуста ба хун. 

Се танро гузид андарун анчуман 
Бузургони рӯинтану ройзан. 

Чу Рустам, ки буд паҳлавони бузург, 
Чу Гударзи бинодил он пиргург. 

Дигар паҳлавон Туси зарринакафш, 
Ки ӯ буд бо ковиёнӣ дурафш. 3 


1. И-ба Гударз фармуд шоҳ, 

2. И- разм. 

3. ТПЗМ - Бад-эшон чунин гуфт шоҳи ҷаҳон, 

Ки эй номдорону фаррух меҳон, 
Шуморо ба наздики ман ҷоҳу об 
Фузун аз чи ҳар кас бубинад ба хоб. 
Шумо бар се рӯя бигиред роҳ, 
Бидоред лашкар зи душман нигоҳ. 
Напардозам аз кини Афросиёб 
Ба рахшанда рӯзу ба ҳангоми хоб. 
Бихондам зи ҳар кишваре лашкарӣ 
Ман ин ҷангу кинро кунам испарӣ. 


234 




Ба як даст мар Тусро кард ҷой 
Манӯшону Хузони фархундарой, 

1 30 Ки бар кишвари Порс буданд шоҳ, 
Манӯшону Хузони* 1 зарринкулоҳ 2 

В-аз он дуртар Ораши размсӯз,* 3 
Чу Гӯроншаҳ он гурди лашкарфурӯз,* 4 

Яке он ки бар Хузиён шоҳ буд, 

Гаҳи разм бо бахт ҳамроҳ буд. 

Яке* 5 шоҳи Кирмон, ки ҳангоми ҷанг 
Накардӣ ба дил ёд рои диранг. 

Чу Саббоҳи фарзона шоҳи Яман, 
Дигар шердил Эраҷи пилтан, 

135 Ки бар шаҳри Кобул буд ӯ подшо 
Ҷаҳондору фарзонаву порсо.* 6 

Чу Шаммохи Сурӣ шаҳи Суриён, 

Куҷо размро баста будӣ миён. 

Фузунтар аз ӯ Қорани* 7 размзан, 

Ба ҳар кор пирӯзу лашкаршикан, 

Ки бар шаҳри Ховар буд ӯ подшо, 
Ҷаҳондору бедору фармонраво. 

Ҳар он кас, ки аз тухмаи Кайқубод 
Бузургони бодонишу бонажод, 


-Або номдорони. 

б. 130 нест. 

-размзан. 

-лашкаршикан. 

-Дигар. 

-фирӯзу фармонраво. 
-фурӯтар аз ӯ Геван. 


235 


140 Ба дасти чапи хеш барҷой* 1 кард, 
Дилафрӯзро лашкаророй кард. 

Бузургон, ки аз тухми Гударз* 2 теғ 
Задандӣ шаби тира бар тори меғ 3 , 

Яке Бежани Геву Руҳҳоми гурд, 

Куҷо шоҳашон аз бузургон шумурд, 

Чу Гургини Милоду гурдони Рай 
Бирафтанд яксар ба фармони кай. 

Дигар он ки буд ӯ зи тухми Зарасп, 
Фурӯзандаи 4 фаррух Озаргушасп. 

145 Паси пушти ӯро нигаҳ доштанд, 

Ҳаме найза аз меғ бугзоштанд. 

Ба Рустам супурд он замон маймана, 
Ки якдил сипоҳе буду яктана. 

Ҳар он кас, ки аз Зобулистон буданд, 
В-агар меҳтару хеши Дастон буданд. 

Бад-эшон супурд он замон дасти рост, 
Ҳаме ному ороиши ҷанг хост. 

Сипоҳе гузин кард бар майсара 
Чу хуршеди тобон ба бурҷи бара. 

150 Сипаҳдор Гударзи Кашвод буд, 
Ҳаҷири сипаҳдору Фарҳод буд, 

Бузургон, ки аз Бардаву Ардабил 
Ба пеши ҷаҳондор буданд хел, 


1. М-бар пои. 

2. М-Зарир он ки. 

3. б. 141 нест. 

4. М-парастандаи. 


236 


Сипаҳдор Гударзро хостанд, 

Чапи лашкарашро биёростанд. 

Бифармуд, то пеши қалби сипоҳ 
Ба пилони ҷангӣ бубастанд роҳ. 

Ниҳоданд сандуқ бар пушти пил, 
Замин шуд ба кирдори дарёи Нил. 

155 Ҳазорон далерони рӯзи набард 
Ба сандуқ-дар новакандоз 1 кард. 

Нигаҳбони ҳар пил сесад савор, 
Ҳама ҷагҷӯю ҳама номдор. 

Зи Бағдод гурдону ҷанговарон, 

Ки буданд бо Зангаи Шоварон. 

Гузида сипоҳе зи гурдони Карх, 
Бифармуд, то бо камонҳои чарх 

Пиёда бибуданд дар пеши пил, 
Агар кӯҳ пеш омадӣ бар ду мил, 

160 Дили санг бугзоштандӣ ба тир, 
Набудӣ кас он захмро дастгир. 

Пиёда паси пил карда ба пой, 

Або нӯҳрашӣ 2 найзаи саргирой. 

Сипарҳои гелӣ ба пеш - андарун, 
Ҳаме аз ҷигаршон биҷӯшид хун. 

Пиёда сафе аз паси найзадор, 
Сипардор бо тири ҷавшангузор. 

Паси пушти эшон саворони ҷанг, 
Биёганда таркаш ба тири хаданг. 


1 . Л-сандук новакнигахдор. 

2. Л- тиру бо. 


237 


165 Зи Ховар сипоҳе гузин кард шоҳ 
Сипардор бо диръу румикулоҳ. 

Зи гурдону гарданкашон сӣ ҳазор 
Фарибурзро дод ҷангӣ савор. 

Або шоҳи шаҳри Деҳистон-Тахор, 

Ки дар чашми ӯ буд бадандеш хор, 

Ки аз тухмаи номвар Дашма буд, 
Бузурге бад-он гаҳ дар он тухма буд. 

Ба дасти Фарибурз Настӯҳ буд, 

Ки наздики ӯ лашкар анбӯҳ буд. 

170 Бузургони 1 размозмуда сарон 
Зи дашти саворони найзаварон. 

Сари мояи 2 пешравшон Заҳир, 

Ки оҳу рабудӣ зи чанголи шер. 

Бифармуд, то назди Настӯҳ шуд, 
Чапи лашкари шоҳ чун кӯҳ шуд. 3 

Сипоҳе буд аз Руму Барбарситон, 

Яке пешрав, ном Кишварситон. 4 

Савору пиёда будӣ сӣ ҳазор, 
Бирафтанд сӯи* 5 чапи шаҳрёр. 

175 Дигар лашкаре, к-аз Хуросон буданд, 
Ҷаҳонҷӯю мардумшиносон буданд, 

Манучеҳри Ораш сипаҳдорашон, 
Гаҳи номҷустан нигаҳдорашон. 


1. И-далерону. 

2. З-Мояву. 

3. И-б. 171, 172нест. 

4. ИЛ- Лашкарситон. 

5. М-ҳам аз. 


238 


Дигар номдоре Гурухоннажод 1 
Ҷаҳондор в-аз 2 тухмаи Кайқубод, 

Куҷо номи ӯ Шоҳфирӯз буд, 
Сипаҳбаддилу лашкарафрӯз буд. 

Шаҳи Ғарчагон буд бар сони шер, 
Куҷо пушти пил* 3 оваридӣ ба зер. 

180 Бузургон, ки аз кӯҳи Қоф омаданд, 
Або найзаву гурзу* 4 лоф омаданд. 

Сипоҳе зи тухми Фаридуну Ҷам, 
Пур аз кин дил аз тухмаи Зодшам. 

Гузин кард шамшерзан сӣ ҳазор, 
Ҷаҳонҷӯй в-аз тухмаи шаҳрёр. 

Супурд он сипаҳ Геви Гударзро, 
Бад-ӯ тоза шуд дил ҳама марзро. 

185 Паси Гев буд Оваи Самканон 
Бирафтанд хайлаш ягону дугон. 

Ба ёрӣ ба пушти сарафроз Гев 
Бирафтанд гурдони бедори нев. 

Фиристод бар маймана даҳ ҳазор 
Диловар саворони ханҷаргузор 5 . 

Дигар даҳ ҳазор аз далерони гурд 
Паси Гев Гударзро баршумурд. 6 

Дамодам бишуд Бартаи теғзан 
Або кӯҳиён андар он анҷуман, 


1 . ИЛ-Курухоннажод. 

2. И-Ҷаҳонҷӯӣ аз. 

3. М-жандапил. 

4. М-теғу. 

5. Л-шамшердор. 

6. И-188нест. 


239 




190 Ки бошад ба ҷанг-андарун ёри Гев, 
Сипоҳи сарафрозу гурдони нев. 

Фиристод бар майсара сӣ ҳазор 
Гузида савор аз дари корзор. 

Завора буд ин ҷангро пешрав, 

Сипоҳе ҳама ҷангсозони нав. 

Зи гурдони ҷанговарон даҳ ҳазор 
Гузин кард шоҳ аз дари корзор 1 * 2 

Ба пеш-андарун Қорани размзан 
Сари номдорони он анҷуман. 3 

195 Бад-он то миёни ду рӯя сипоҳ 
Бувад гурди аспафкану размхоҳ. 

В-аз он пас ба Густаҳм Гуждаҳм гуфт, 
Ки «Бо Қорани размзан бош ҷуфт!» 

Бифармуд, то дар 4 миён пури Тус 
Бигардад ба ҳар 5 ҷой бо буқу кӯс. 

Касеро куҷо нест яздонпараст, 

Бад-он, то бубандад зи бедод даст, 

Набошад кас аз хӯрданӣ бенаво, 
Ситам низ бар кас надорад раво. 

200 Ҳаме ҳарчи бояд, бихоҳад зи шоҳ 
Ба ҳар кор бошад забони сипоҳ. 6 

Ҷаҳон пур зи гардун буду говмеш 
Зи баҳри хуриш роҳ меронд пеш. 


■б. 193 нест. 

-ҳама номдору ҳама найзадор. 

3. л-б. 194нест. 

4. И-кандар. 

5. И-ҳама. 

6. Л-б. 200 нест. 


240 


Ба ҳар су талоя падидор кард, 

Сари хуфта аз хоб бедор кард. 

Ба ҳар сӯ фиристод 1 корогаҳон, 
Ҳамеҷуст бедор кори ҷаҳон. 

Куҷо кӯҳ буд, дидабон доштӣ, 

Сипаҳро пароканда бигзоштӣ. 

205 Ҳама ғору кӯҳу биёбону дашт, 

Ба ҳар сӯ ҳаме гирди лашкар бигашт. 

Инонҳо як андар дигар сохта, 

Ҳаме ҷангро гардан афрохта. 

Аз эшон касеро набуд биму ранҷ 
Ҳаме ронд бо хештан шоҳ ганҷ. 

Бад-ин гуна чун кори* 2 лашкар бисохт, 
Ба гардун кулоҳи каён 3 барфарохт, 

Дили марди бадхоҳ* 4 ё некхӯй 
Ба ҷуз ҷанги гурдон накард орзӯй. 

ОГОҲӢ ЁФТАНИ АФРОСИЁБ АЗ КУШТА 
ШУДАНИ ПИРОН ВА ЛАШКАР 
ОРОСТАНИ КАЙХУСРАВ 

2 1 0 Сипаҳдори туркон аз он рӯи Чоҷ 
Нишаста ба ором бар 5 тахти оҷ. 6 

Ду бора зи лашкар ҳазорон ҳазор 
Сипаҳ буд бо олати корзор. 


1 . Л-ҳамерафт; И-бирафтанд. 

2. М-шоҳ. 

3. ИМ-кай. 

4. М-бадсоз. 

5. Л-Ба Гулзарриюн буд бо. 

6. ТПЗИЛМ - Нишаста ба Гулзарриюн* бо касон 

Ҳама сарфарозону** мардумкушон. 
*Л-Ганг андарун ** Л-номдорону. 


241 


Бар он марзи куҳсор-бар ҳар чи буд 
Зи барги дарахту зи кишту дуруд, 

Бихӯрданд яксар ҳама бору барг, 
Ҷаҳонро ҳаме орзу буд марг. 

Сипахдори туркон ба Байканд 1 буд, 

Басе гирди ӯ хешу пайванд буд. 

215 Ҳама номдорони Мочину Чин 

Нишаста бари шоҳи Туронзамин. 

Ҷаҳон пур зи хиргоҳу пардасарой, 

Зи хайма набуд бар замин ҳеч 2 ҷой 3 . 

Ҷаҳонҷӯи пурдониш Афросиёб 
Ба Кундуз нишаста ба хӯрду ба хоб. 

Нишаст андар он шаҳр 4 аз он карда буд, 
Ки Кундуз 5 Фаридун бароварда буд. 

Баровард дар Кундуз оташкада, 

Ҳама Занду Усто ба зар озада. 

220 Варо ном Кундуз будӣ паҳлавӣ, 

Агар паҳлавонӣ сухан бишнавӣ. 

Кунун номи Кундуз ба Байганд гашт, 
Замона пур аз банду авранд гашт. 

Набера Фаридун буд Афросиёб 
Зи Кундуз ба рафтан накардӣ шитоб. 

Худу вижагонаш нишаста ба дашт, 
Сипеҳр аз сипоҳаш ҳаме хира гашт. 


1. Л-Дизканд. 

2. Л-низ. 

3. И-б.216нест. 

4. И-марз. 

5. Л-Гангдиз. 


242 


Зи дебои чини саропарда буд, 
Фаровон ба парда - дарун барда буд. 1 

225 Ба парда- дарун хаймаҳои паланг, 

Бар оини солори туркон Пашанг. 

Ниҳода ба хайма-дарун тахти зар, 
Ҳама пайкари тахт зарру гуҳар. 

Нишаста бар ӯ шоҳи туронсипоҳ, 

Ба даст 2 - андарун гурзу бар сар кулоҳ. 

Зи беруни даҳлези пардасарой, 
Фаровон дурафши бузургон ба пой. 

Зада бар дараш хаймае ҳар касе, 

Ки наздики ӯ об будаш басе. 

230 Бародар будаш чанду 3 чанде 4 писар, 
Зи бегонагон 5 он ки буд боҳунар, 

Ҳаме хост, к-ояд ба пушти сипоҳ 
Ба ёрии Пирон бад-ин б размгоҳ, 

Саҳаргаҳ саворе биёмад чу гард, 
Суханҳои Пирон ҳама ёд кард. 

Ҳама хастагон аз паси якдигар 
Расиданд гирёну пурхок сар. 

Ҳама ҳар касе ёд кард, он чӣ дид, 

Аз он бад, к-аз Эрон ба Турон расид. 

235 Зи Пирону Лаҳҳоку Фаршедвард, 

В-аз он номдорони рӯзи набард. 


1. Л-б. 219-224 нест. 

2. ЛМ-чанг. 

3. И-буду чанд. 

4. Л-буду хешу хайлу. 

5. И-хешони шоҳ. 

6. Л-ёрӣ сипаҳбад бад-он; И-наздики Пирону он. 


243 


Чи руи сипоҳу чу пушти сипоҳ 
Чи зорӣ расид андар он размгоҳ. 

Ҳамон рӯз Кайхусрав он ҷо расид, 
Замин кӯҳ то кӯҳ лашкар кашид. 

Ба зинҳор шуд лашкари мо ҳама, 
Ҳаросон шуд аз бешубонӣ рама. 

Чу бишнид шоҳ ин сухан, хира шуд, 
Сияҳ шуд рухаш, чун дилаш тира шуд. 

240 Хурӯшон фуруд омад аз тахти оҷ, 

Ба пе ттт и бузургон бияфканд тоҷ. 

Хурӯше баромад зи лашкар ба дард 
Рухи номдорон шуд аз дард зард. 

Зи бегона ҷояш бипардохтанд, 1 
Зи хешон яке анҷуман сохтанд. 

Аз он дард бигрист Афросиёб 
Ҳаме канд мӯю ҳаме рехт об. 

Ҳаме гуфт: «Зор эй ҷаҳонбини ман, 
Савори сарафроз, Рӯини ман. 

245 Чу Ҳумону 2 Лаҳҳоку Фаршедвард, 
Саворону шерони рӯзи набард. 

Аз ин ҷанг пуру бародар 3 намонд, 
Сипахдору солори* 4 лашкар 5 намонд». 

Бинолиду бар дигар андоза гашт, 

Ғаму дарди лашкар бар ӯ тоза гашт. 


1. И-Зи бегонаҳо хона пардохтанд. 

2. И-ҷаҳонҷӯй. 

3. Л-набера. 

4. М-Бузургону солору. 

5. Л-Дурафшу сипоҳу табира. 


244 


Пас он гаҳ яке сахт савганд х(в)ард, 
Ҳаме гуфт бо ранҷу тимору дард: 1 

«Ба Яздон, ки безорам аз тахти оҷ,* 2 
Сарам низ безор бошад зи тоҷ.* 3 

250 Қабо ҷавшану асп тахти ман аст, 
Кулаҳ хӯду найза дарахти ман аст. 

Аз ин пас нахоҳам чамиду чарид, 
Дигар хештан тоҷро парварид. 

Магар кини он номдорони ман, 
Ҷаҳонҷӯю* 4 ханҷаргузорони ман 

Бихоҳам зи Кайхусрави шумзод, 

Ки тухми Сиёвуш ба гетӣ мабод! 

Хурӯшон ҳаме буд аз ин гуфтугӯй, 

Зи Кайхусрав огоҳӣ омад бад-ӯй, 

555 Ки лашкар ба наздики Ҷайҳун расид, 
Ҳама рӯи кишвар сипаҳ густарид. 

Бад-он дарду зорӣ сипаҳро бихонд, 
Зи Пирон фаровон суханҳо биронд. 

Зи хуни бародар-ш Фаршедвард 
Зи Рӯину гурдони рӯзи набард. 

Бад-эшон чунин гуфт Афросиёб, 

К-аз ин пас маҷӯед орому хоб, 

Ки душман сипаҳ карду шуд тезчанг 
На ҳангоми рой асту гоҳи диранг. 5 


1. И-б. 247, 248 нест. 

2. М-тахту гоҳ. 

3. М-Агар низ бинад сари ман кулоҳ. 

4. М-Саворону. 

5. ИЛ-б. 258, 259 нест. 


245 


260 Кунун гоҳи кин асту хунрехтан, 

Ба ширин равон андаровехтан. 

Ҳамам ранҷи меҳр асту ҳам ранҷи кин 
Зи Пирону аз 1 шоҳи Эронзамин. 

Бузургони Эрон 2 * 3 ба Афросиёб 
Бигуфтанду карданд мижгон пуроб, 

Ки мо сар ба сар шоҳро 4 бандаем, 
Нагардем аз ин кина, то зиндаем.* 5 

Чу Пирону Рӯин зи модар назод 
Чу Фаршедвард он Фаридуннажод 6 

265 Кунун мо ҳама пеши шоҳ- андарем 
Агар сарфарозем, агар кеҳтарем. 

Зи хун гар дару кӯҳ дарё шавад, 
Дарозии мо ҳамчу паҳно шавад. 

Яке барнагардем аз ин кинагоҳ,* 7 
Агар ёр бошад худованди 8 моҳ» 

Дили шоҳи туркон аз он тоза шуд 9 , 
Биболиду 10 бар дигар андоза шуд. 11 

Дари ганҷ букшоду рӯзӣ бидод, 
Дилаш пур зи кину сараш пур зи бод. 


1. И-Турон в-аз. 

2. ИЛ-туркон. 

3. М-Турон. 

4. И-реши иу. 

5. М-Ба фармону роят сарафкандаем. 

6. И-Фаршедварди гироминажод. 

7. М-размгоҳ. 

8. И-бошад хуршед. 

9. ИМ-ӯ тоза гашт. 

10. И-Бихандиду. 

1 1 . ИМ-гашт. 


246 


270 Гала ҳарчи будаш ба дашту ба куҳ, 
Бубахшид бар лашкараш ҳамгурӯҳ. 1 

Зи туркони шамшерзан сӣ ҳазор 
Гузин кард шоҳ аз дари корзор. 

Ба Ҷайҳун бифармуд то бугзаранд, 
Ба киштӣ ҳама обро биспаранд. 

Бад-он то шаби тира бе сохтан 
Ба киштӣ наёрад касе тохтан. 

Фиристод бар ҳар сӯе лашкаре, 

Басе чора бархост аз ҳар даре. 2 

275 Чунон буд фармони Яздони пок, 

Ки бедодгар шоҳ гардад ҳалок. 

Шаби тира биншаст бо бихрадон, 
Ҷаҳондидаву ройзан мӯбадон. 

Зи ҳар гуна бо ҳам ҳаме сохтанд, 
Ҷаҳонро чапу рост андохтанд. 3 

Бар он барниҳоданд яксар, ки шоҳ 
Зи Ҷайҳун бад-он сӯ гузорад сипоҳ. 

Ҳаме чора ҷуст аз бади бадгумон 
Сипаҳро ба ду нима кард он замон. 

280 Қарохон, ки ӯ буд меҳтарписар, 
Бифармуд, то рафт пеши падар. 


1 . ТПЗИМ - Зи гурдони шамшерзан сӣ ҳазор, 

Гузин кардашон аз дари корзор. 

Сӯи Балхи Бомӣ фиристодашон, 
Басе панду андарзҳо додашон, 

Ки Густаҳми Нӯзар буд он ҷо ба пой 
Саворони равшандилу раҳнамой. 

2. И-б. 274 нест. 

3. И-277 нест. 


247 


Падар буд гуфти ба марди ба ҷой 
Ба болову дидору фарҳангу рой. 

Зи чандон сипаҳ ниме ӯро супурд, 
Ҷаҳондидаву номбардору гурд. 

Бифармуд, то дар Бухоро бувад, 

Ба пушти падар кӯҳи хоро бувад. 

Дамодам фиристад силеҳу сипоҳ 
Хуриш бозпас нагсилонад зи роҳ. 

285 Сипаҳ бад зи Байканд берун кашид, 
Дамон бар лаби рӯди Ҷайҳун кашид. 

Сипаҳбуд сар то сари рӯдбор, 
Биёвард киштӣ фузун 1 аз ҳазор. 

Ба як ҳафта бар об киштӣ гузашт, 
Сипаҳ буд яксар ҳама кӯҳу 2 дашт. 

Зи анбӯҳи пилону шерони рам 
Гузарҳои Ҷайҳун пур аз боду дам. 

Зи киштӣ ҳама об шуд нопадид, 
Биёбони Омӯй лашкар кашид. 

290 Биёмад паси лашкар Афросиёб, 

Бар андешаи разм бугзашт об. 

Пароканд ҳар сӯ ҳаюни давон 
Яке марди бедору 3 равшанравон. 

«Бубинед,-гуфт,-аз чапу дасти рост, 
Ки болову паҳнои лашкар куҷост. 

Чу бозомад аз ҳар сӯе корсоз, 

Чунин гуфт бо шоҳи гарданфароз, 


1 . ИЛМ - киштиву заврақ. 

2. ИЛ-руду. 

3. И-ҳушёру. 


248 


Ки чандин сипаҳро бар ин дашти ҷанг 
Алаф бояду созу ҷои диранг. 

295 Зи як сӯи 1 дарёи Гелон раҳ аст, 
Чарогоҳи аспону ҷои нишаст. 

Бад-ин рӯи Ҷайҳун бар оби равон 
Хуриш оварам, марди равшанравон. 

Миён-андарун 2 регу ҷои 3 фарох 
Саропардаву хайма бар ҷои кох. 

Дилаш тозатар гашт аз ин огаҳӣ 
Биболид бар гоҳи шоҳаншаҳӣ 

Сипаҳбад басе дида буд корзор, 
Нарафтӣ ба гуфтори омӯзгор. 

300 Биёрост қалбу ҷаноҳи сипоҳ, 

Талоя ки дорад зи душман 4 нигоҳ. 

Ҳамон соқаву ҷойгоҳи буна, 

Ҳама майсара низ бо маймана. 

Биёрост лашкаргаҳи шоҳвор 
Ба қалб-андарун теғзан сад ҳазор. 

Нигаҳ кард дар қалбгаҳ ҷои хеш, 
Сипаҳбад буду лашкаророи хеш. 

Гузин кард дасти чапашро Пашанг, 
Ки ӯ доштӣ зӯри чанги паланг. 

305 Ба лашкар чун ӯ 5 номдоре набуд, 

Ба ҳар ҷой чун ӯ саворе набуд. 


1 . И-рӯи. 

2. И-миёна дарун. 

3. И-дашти. 

4. И-сипаҳро. 

5. Л-чун он. 


249 


Пашанг асту номаш падар Шеда хонд, 
Ки шеда ба хуршеди тобанда монд. 

Барангехтӣ аспу думми паланг, 
Гирифтӣ, бикандӣ ба нерӯи 1 чанг. 

Ҳама найзаи оҳанин доштӣ, 

Ба овард-бар кӯҳ бугзоштӣ. 

Зи гурдону гарданкашон сад ҳазор 
Бад-ӯ дода шоҳ аз дари корзор. 

310 Зи Шеда яке буд кеҳтар ба сол 

Бародар буд ӯрову фаррух ҳамол. 

Далеру куҷо Ҷаҳн буд номи ӯй, 
Пароканда гирди ҷаҳон коми ӯй, 

Ки будӣ ба пеши падар ройзан, 

Зи дониш сараш бартар аз анҷуман. 2 

Бад-ӯ дод турки Чигил сад ҳазор 
Саворони шоистаи корзор, 

Ки бошад нигаҳбони пушти Пашанг, 
Напечад сар, ар борад аз абр санг. 3 

3 1 5 Набера ҷаҳондор Афросиёб, 

Ки аз пушти шерон буридӣ кабоб. 4 

Сӯи маймана лашкаре баргузид, 

Ки хуршед гашт аз ҷаҳон нопадид. 


1. Л-ба нерӯ бихандӣ ба, 

2. ТПЗИЛМ - Бад-ӯ дод аз чиниён сӣ ҳазор 

Саворони шоистаи корзор. 

Ҳамон майсара Ҷаҳнро доду гуфт, 
Ки некахтарат бод хар ҷой ҷуфт. 
Буд Афросиёбаш чаҳорум писар, 
Камарбаста омад ба пеши падар. 

3. ИМ - Сипоҳе ба ҷангӣ Каҳило супурд, 

Яке низ бар пури Ило супурд. 

4. ИЛ -б. 3 1 5 нест. 


250 


Таториву Балхиву Халлухсавор 
Ҳама паҳлавонони ханҷаргузор, 

Ки солорашон буд панҷум писар 
Яке номвар гурди пархошхар. 

Варо хондандӣ гави Гурдгир, 

Ки бар кӯҳ бугзоштӣ теғу тир, 

320 Зи гурдону ҷанговарон сӣ ҳазор 
Бирафтанд бо ханҷари корзор. 

Дамуру Ҷиранҷос бо ӯ бирафт, 

Ба ёрии Ҷаҳни сарафроз тафт. 1 

Ҷаҳондида Настӯҳ солорашон, 
Пашанги диловар нигаҳдорашон. 

Ҳама сӣ ҳазор аз ялон туркмон 
Бирафтанд бо гурзу тиру камон. 2 

Сипаҳбад чу Ағрираси ҷангҷӯй, 

Ки бо хун яке доштӣ оби ҷӯй. 

325 Аз он* 3 номвар теғзан чил 4 ҳазор 
Гузин кард шоҳ аз дари корзор. 

Сипаҳдор Г арсевази пилтан, 
Ҷаҳонҷӯй солори он анҷуман. 

Бад-ӯ дод пилон сарафроз шоҳ 
Сари номдорону пушти сипоҳ. 5 

В-аз он пас гузид аз ялон даҳ ҳазор, 
Ки серӣ надонад гаҳи корзор. 


1. И-б. 321 нест. 

2. Л-б. 321-323 нест. 

3. М - Пас аз. 

4. Л- Сипоҳе чунин теғзан сад. 

5. ИЛ-б. 327 нест. 


251 


Бифармуд, то дар миёни ду саф 
Ба овардгаҳ бар лаб оварда каф. 

330 Пароканда бар лашкар асп афкананд, 

Дилу пушти эрониён бишкананд. 

Сӯи бохтар буд пушти сипоҳ, 

Шаб омад, ба пилон бубастанд роҳ. 

Чунин сохт* 1 солори гетифурӯз, 

Ки дорад сипаҳ чашм бар Нимрӯз. 

ОГОҲӢ ЁФТАНИ КАЙХУСРАВ АЗ ОМАДАНИ 
АФРОСИЁБ БА ҶАНГИ Ӯ 

Чу огоҳ шуд шаҳрёри ҷаҳон 
Зи гуфтори бедор корогаҳон. 

Зи туркону аз 2 кори Афросиёб, 

Ки овард лашкар бар ин рӯи об. 

335 Сипоҳе бар ин сӯи Ҷайҳун кашид, 

Ки шуд сангу рег аз ҷаҳон нопадид. 

Чу бишнид Хусрав, гавонро 3 бихонд, 
Шунида ҳамаш, 4 * 5 пеши эшон биронд. 

Сипоҳе зи ҷанговарон баргузид, 

Бузургони Эрон чунон чун сазид. 

Чашида басе аз ҷаҳон шӯру талх, 

Ба ёрии Густаҳми Нӯзар ба Балх. 

Ба Ашкаш бифармуд, то сӯи Зам 
Барад лашкару пилу ганҷу дирам. 


1. М-гуфт. 

2. ИЛ-в-аз. 

3. И-Ялонро. 

4. И-Ҳама гуфтанӣ. 

5. М - ҳама. 


252 


340 Бад-он то пас-андар наёяд сипоҳ, 

Кунад рои шерони Эрон табоҳ. 

В-аз он пас ялонро ҳама барнишонд, 
Бизад кӯси рӯину лашкар биронд. 

Ҳаме рафт бо рою ҳушу диранг, 

Ки тезӣ пушаймонӣ орад ба ҷанг. 

Сипаҳдор чун дар биёбон расид, 
Гурозидану сози лашкар бидид, 

Сипаҳро гузар сӯи* 1 Хоразм буд, 
Ҳамон регдашт аз дари разм буд. 

345 Ба чап-бар деҳистону бар рост об, 
Миён регу пеш-андар Афросиёб. 

Худу Рустаму Тусу Гударзу Гев, 

Басе лашкар аз номдорони нев, 

Ҳаме гашт бар гирди он размгоҳ, 
Биёбон нигаҳ карду бероҳу роҳ. 

Чу огоҳ шуд з-он сипоҳи ниё, 

Дили подшо шуд пур аз кимиё, 

Ки лашкар фузун буд аз он, к-ӯ шумурд 
Ҳама жандапилону мардони гурд. 

350 Ба гирди сипаҳ-бар яке канда кард, 
Талоя зи ҳар сӯ пароканда кард. 

Шаб омад ба канда дарафканда об 
Бад-он сӯ, ки буд рӯи Афросиёб. 

Хасак барпароканд бар гирди дашт, 

Ки душман наёрад бар он ҷо гузашт. 2 


1 . М- суи рост. 

2. И-б. 352 нест. 


253 




Чу хуршеди тобон зи бурҷи бара 
Биёрост рӯи замин яксара, 

Сипахдори туркон сипаҳро бидид, 
Бизад нои рӯину саф баркашид. 

355 Ҷаҳон шуд пуровои бӯқу сипоҳ, 
Ялон 1 барниҳоданд аз оҳан кулоҳ. 

Ту гуфтӣ, ки рӯи замин оҳан аст, 

Зи найза ҳаво низ дар ҷавшан аст. 

Ду лашкар чунон шуд се рӯзу се шаб, 
Якеро зи эшон 2 наҷунбид лаб. 

Аз ин рӯй он рӯй бар пушти зин 
Пиёда ба пеш-андарун ҳамчунин. 

Ту гуфтӣ замин* 3 кӯҳи оҳан шудаст, 
Ҳамон пӯшиши чарх ҷавшан шудаст. 

360 Ситорашумар пеши ду 4 шаҳрёр 
Пурандешаву зиҷҳо дар 5 канор. 

Ҳаме бозҷустанд рози сипеҳр 
Ба суллоб, то бар кӣ гардад ба меҳр. 

Сипеҳр андар он ҷанг наззора буд, 
Ситорашумар сахт бечора буд. 

ОМАДАНИ ПАШАНГ НАЗДИКИ 
ПАДАР - АФРОСИЁБ 

Ба рӯзи чаҳорум чу шуд кор танг 
Ба пеши падар шуд диловар Пашанг. 


1. ИЛМ-ҳама. 

■К-аз эшон якеро. 

-ҷаҳон. 

4. ИЛ-он. 

5. ИЛ-бар. 


254 


Бад-у гуфт, к-«Эй номдори 1 ҷаҳон, 
Сарафрозтар кас миёни меҳон, 2 

365 Ба фарри ту зери фалак шоҳ нест, 
Туро моҳу хуршед бадхоҳ нест. 

Шавад кӯҳи оҳан чу дарёи об 
Агар бишнавад номи Афросиёб. 

Замин барнатобад сипоҳи туро, 

На хуршеди тобон кулоҳи туро. 

Наёмад зи шоҳон касе пеши ту 
Ҷуз ин бадгуҳар бепадар хеши ту. 

Сиёвахшро чун писар доштӣ, 

Бар ӯ ранҷу меҳри падар доштӣ. 

370 Яке боди нохуш зи рӯи ҳаво, 

Бар ӯ баргузаштан набудӣ раво. 

Аз ӯ сер гаштӣ, чу гаштат дуруст, 
Ки ӯ тоҷу тахту кулоҳи ту ҷуст. 

Гар ӯро накуштӣ ҷаҳондор шоҳ, 
Бад-ӯ бозгаштӣ нигину кулоҳ. 

Кунун он ки омад ба пешат ба ҷанг, 
Ба гетӣ наёбад фаровон диранг. 3 

Бипарвардӣ ин шуми нопокро, 
Падарвор наспурдияш хокро. 

375 Ҳаме доштӣ, то баровард пар,* 4 

Шуд аз меҳри шоҳ аз дари тоҷи зар. 


1 . ИМ-кадхудой. 

2. И-Сарафрозу пирӯз бар меҳтарон. 

3. ТПЗИМ - Ҳар он кас, ки некӣ фаромуш кунад, 

Ҳаме рои ҷони Сиёвуш кунад. 

4. М-сар. 


255 


Зи Турон чу мурғе ба Эрон парид, 

Ту гуфтӣ, ки ҳаргиз ниёро надид. 

Зи хубӣ нигаҳ кун, ки Пирон чи кард 
Бар он бевафо, носазовор мард. 

Ҳама меҳри Пирон фаромӯш кард, 
Пур аз кин дилу сар пур аз ҷӯш кард. 

Ҳаме буд хоҳиш, чу омад ба мушт, 
Чунон меҳрбон паҳлавонро бикушт. 1 

380 Аз Эрон кунун бо сипоҳе ба ҷанг 
Биёмад ба пеши ниё тезчанг. 

На динор хоҳад ҳаме, на кулоҳ 
Дигар аспу* 2 шамшеру ганҷу сипоҳ 

Зи хешон ҷуз аз ҷон наҷӯяд ҳаме 
Сухан ҷуз бад-ин сон нагӯяд ҳаме. 

Падар шоҳу фарзонатар 3 подшост, 
Бар ин рост гуфтори ман-бар гувост. 

Сипаҳро чӣ бояд 4 ситорашумар, 

Ба шамшер ҷӯянд гурдон 5 ҳунар! 

385 Саворон, ки дар маймана бо мананд, 
Ҳама ҷангро якдилу яктананд. 

Чу дастур бошад маро подшо, 

Аз эшон саворе намонам ба ҷо. 


1. Л-379 нест. 

2. М - На асту на. 

3. Л- фарзонаву. 

4. ТПЗЛ - Аз эрониён нест чандин сухун, 

Сипаҳро чунин дилшикаста* макун. 
*Л - Дили чангҷӯён чунин бод. 

4. И-бад-ин чи бинад. 

5. И-ҷӯяд мардон. 


256 


Бидузам сару тарги эшон ба тир, 
Наяндешам аз кандаву обгир». 

Чу бишнид Афросиёб ин сухун, 

Бад-ӯ гуфт: «Маштобу 1 тундӣ макун. 

Сухан ҳарчи гуфтӣ, ҳама рост буд, 
Ҷуз аз ростиро нашояд шунуд. 

390 Валекин ту донӣ, ки Пирони гурд 
Ба гетӣ ҳама роҳи некӣ сипурд. 

Набуд дар дилаш кажживу костӣ, 
Наҷустӣ ба ҷуз хубиву ростӣ. 

Ҳамон пил буд рӯзи ҷанг ӯ ба зӯр, 

Чу дарё дилу рух чу тобанда ҳур. 

Бародар-ш Ҳумон паланги набард, 

Чу Лаҳҳоки ҷангиву Фаршедвард, 

Зи туркон саворони кин сад ҳазор 
Ҳама номҷӯй аз дари корзор. 

395 Бирафтанд аз эдар пур аз ҷангу чӯш, 
Ман андар ниҳон бо ғаму бо хурӯш. 

Аз он гуна бар дашти кин кушта шуд, 
Замин зерашон чун гил оғушта шуд. 

Ҳама марзи Турон шикастадиланд, 

Зи тимор дилҳо ҳаме бугсиланд. 

Набинанд ҷуз марги Пирон ба хоб, 
Нахонад касе номи Афросиёб. 

Бибошем, то номдорони мо, 
Бузургони лашкар, саворони мо 


1 . И-б-андешу. 


257 


400 Бубинанд эрониёнро ба чашм, 

Зи дил кам шавад дарду тимору хашм. 

Ҳам эрониён низ чандин сипоҳ 
Бубинанд бо ганҷу тахту кулоҳ. 1 

Ба анбӯҳ чустан на нек аст ҷанг, 
Шикасте бувад, бод монад ба чанг. 

Мубориз пароканда берун кунам 
В-аз эшон биёбон пур аз хун кунам». 

Чунин дод посух, ки «Эй шаҳрёр, 

Ҷуз ин 2 гуна ҷӯӣ ҳаме корзор. 

405 Мубориз зи лашкар нахустин манам, 
Ки аспафкану гурди рӯинтанам. 

Касеро надидам, ки рӯзи набард 
Фишонад бар аспи ман аз бод гард. 

Маро орзу ҷанги Кайхусрав аст, 

Ки ӯ дар ҷаҳон шаҳрёри нав аст. 

Агар чӯяд ӯ бегумон чанги ман, 

Раҳоӣ наёбад ҳам аз чанги ман. 

Дилу пушти Эрон шикаста шавад, 

Бар он анҷуман кор баста шавад. 

410 В-агар дигаре пешам ояд ба ҷанг, 

Ба хок андарорам сараш бедиранг. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй корнодида мард, 
Шаҳаншоҳ кай бо ту чӯяд 3 набард! 


1. Л-б. 401 нест. 

2. ИЛ- Чу з-ин. 

3. ИЛ - ҷӯяд аз ту. 


258 


Агар ҷуяди, ҳамнабардаш манам, 

Тану номи ӯ зери пой 1 афканам. 

Гар ӯ бо ман ояд ба овардгоҳ, 

Баросояд аз ҷанг ҳар ду сипоҳ». 

Бад-ӯ Шеда гуфт: «Эй ҷаҳондида мард, 
Чашида зи гетӣ басе гарму сард, 2 

415 Писар панҷ мондаст пешат ба пой 
Намонем, агар ту кунӣ разм рой. 

На лашкар писандад, на яздонпараст, 
Ки ту ҷанги ӯро кунӣ пешдаст». 

ПАЙҒОМ ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ 
БА НАЗДИКИ КАЙХУСРАВ 

Ба Шеда бигуфт: «Эй ҷаҳондор* 3 пур, 
Ки бодо бад аз рӯзгори ту дур, 

Чу бо Хусрав оҳанг дорӣ ба ҷанг, 
Магардон дили худ бар ин кор танг 4 . 

Бирав, к-офаринандаат ёр бод, 

Сари бадсиголат нагунсор бод! 5 

420 Ба Кайхусрав аз ман паёме расон, 
Бигӯяш, ки гетӣ дигар шуд ба 6 сон. 

Набера, ки ҷанг 7 оварад бо ниё, 

Сараш пурбадӣ бошаду кимиё. 


1 . Л-Ҳама номи ӯро ба хок. 

2. И-б. 414нест. 

3. М- Бад-ӯ гуфт шоҳ, эй сарафроз. 

4. ТПЗИМ - Аз эдар бирав то миёни сипоҳ, 

В-аз эшон яке марди доно бихоҳ. 

5. И-б. 418, 419 нест. 

6. ИМ - Ки гетӣ чунин дорад оину. 

7. ИЛМ-разм. 


259 


Чунин буд рои ҷаҳонофарин, 

Ки гардад ҷаҳон пур зи пархошу кин. 

Сиёвуш на бар бегунаҳ кушта шуд, 

Аз омӯзгорон сараш гашта шуд. 

Гунаҳ гар маро буд, Пирон чӣ кард, 

Чу Рӯину Лаҳҳоку Фаршедвард, 

425 Ки бар пушти аспон 1 бибоист баст 
Пур аз хун ба кирдори пилони маст? 

В-ар 2 эдун, ки гӯӣ ки ту бадтанӣ, 
Бадандешу аз тухми Аҳриманӣ 3 . 

Ба гавҳар нигар, то зи тухми манӣ, 
Накӯҳиш ҳаме хештанро кунӣ. 

Ту ин кин ба Гударзу Ковус мон, 

Ки пеши ман оранд лашкар дамон 4 . 

На з-он гуфтам ин, к-аз ту тарсон шудам, 
В-агар пил гаштам, ҳаросон шудам. 

430 Ҳама реги 5 дарё маро лашкаранд, 

Ҳама наррашерону кундоваранд. 

Ҳар он гаҳ ки фармон диҳам, кӯҳи 6 Ганг 
Чу дарё кунанд, эй писар, рӯзи ҷанг 7 . 

Валекин ҳаме тарсам аз кирдгор, 

Зи хунрехтан в-аз бади рӯзгор, 8 


1. ИЛ-зиншон. 

2. И-Гар. 

3. ИЛ-оҳарманӣ. 

4. ТПЗ - Ту хешиву эшон маро душмананд, 

Бимон то ҳамин ҷанг эшон кунанд. 

5. Л- кӯҳу. 

6. И-кӯҳу. 

7. И -бедиранг. 

8. И-ҳама зи бадрӯзгор. 


260 


Ки чандон сари номвар бе гуноҳ 
Ҷудо гардад аз тан бар ин размгоҳ. 

Гар аз пеши ман барнагардӣ ба ҷанг, 
Ҳамоно, ки ояд-т аз ин кор нанг. 

435 Чу бо мо ба савганд паймон кунӣ, 
Бикӯшӣ, ки паймони мо нашканӣ, 

Бар ин кор бошам туро раҳнамой, 

Ки ганҷу сипоҳат бимонад ба ҷой. 

Чу кори Сиёвуш фаромуш кунӣ, 
Ниёро ба Турон Сиёвуш кунӣ. 

Бародар бувад Ҷаҳну ҷангӣ Пашанг, 
Ки дар ҷанг дарё кунад кӯҳи Г анг. 

Ҳар он буму бар, к-он зи Эрон ниҳӣ, 
Ба фармон кунам он зи туркон тиҳӣ. 

440 Зи ганҷи ниёгон маро ҳар чӣ ҳаст 
Зи динору аз тоҷу тахти нишаст, 

Зи аспу силеҳу зи бешу зи кам, 

Ки мерос монд аз ниё Зодшам, 

Зи тоҷи* 1 бузургону тахту кулоҳ, 

Зи чизе ки хоҳӣ зи баҳри сипоҳ, 

Фиристам ҳама ҳамчунин пеши ту, 
Ки тоза шавад з-он дилу кеши ту. 

Ду лашкар баросояд аз ранҷи разм, 
Ҳамон разми мо бозгардад ба базм. 

445 В-ар эдун, ки ҷони туро Аҳриман 
Бупечад ҳаме, то бипӯшӣ кафан, 


1 . М - ганҷи. 


261 


Ҷуз аз разму хун карданат рой нест, 

Ба мағзи ту панди маро ҷой нест, 

Ту аз лашкари хеш берун хиром, 

Ман аз ҷои худ ҳам ниҳам пеш гом. 1 

Бигардем ҳарду ба овардгоҳ, 

Баросояд аз ҷанг ҳарду* 2 сипоҳ. 

Чу ман кушта гардам, ҷаҳон пеши туст, 
Сипаҳ бандагону писар хеши туст. 

450 В-агар ту шавӣ кушта бар дасти ман, 
Касеро наёзорам аз анҷуман. 

Сипоҳи ту дар зинҳори мананд, 

Ҳама меҳтаронанду ёри мананд. 

В-агар бо ман эдар наёӣ ба ҷанг, 
Натобӣ ту бо кордида наҳанг, 

Камарбаста пеши ту ояд Пашанг, 

Чу ҷанг оварад, дур бош аз диранг. 

Падар пир шуд, поймардаш ҷавон, 
Ҷавони хирадманду равшанравон. 3 

455 Ба овардгаҳ бо ту ҷанг оварад, 

Дили шеру чанги паланг оварад. 

Бубинем, то бар кӣ гардад сипеҳр, 

Киро барниҳад бар сар аз тоҷ меҳр. 

В-ар эдун, ки бо ӯ наҷӯӣ набард, 
Дигаргуна хоҳӣ ҳаме кор кард. 

Бимон то биёсояд им ттт аб сипоҳ, 

Чу бар сар ниҳад кӯҳ зарринкулоҳ, 


1. ИЛ - Магар худ барояд-т аз ин кор ком. 

2. М- чандин. 

3. И-б. 454 нест. 


262 


Шаби тира з-у доман андаркашад, 
Яке чодари шаър бар* 1 сар кашад, 

460 Зи лашкар гузинем ҷанговарон, 
Сарафроз бо гурзҳои 2 гарон. 

Заминро зи хун ранги дебо кунем, 

Зи болои бадхоҳ паҳно кунем. 

Дувум рӯз ҳангоми бонги хурӯс 
Бубандем бар кӯҳаи пил кӯс. 

Саронро ба ёрӣ бурун оварем, 

Ба ҷӯй-андарун об хун оварем. 3 

Севум рӯз лашкар ба кирдори кӯҳ 
Дарорем дар разму кин ҳамгурӯҳ. 

465 Бубинем, то ин сипеҳри баланд 
Киро хор дорад, киро арҷманд. 4 

Чу бадхоҳ пайғоми ман бишнавад, 
Бупечад, бад-ин панди ман 5 награвад. 

Ба танҳотани хеш аз ӯ размхоҳ 
Ба дидор дур аз миёни сипоҳ». 

Гузин кард аз он бихрадон чор мард, 
Кашида зи гетӣ басе 6 гарму сард. 

Басе офарин карду омад бурун 
Падар мижжа пуробу дил пур зи хун. 


1 . М - Яке парда аз шаър дар. 

2. Л- Касе, к-ӯ гирояд ба гурзи. 

3. ТПЗ - Бузургони Эрону Туронзамин 

Биҷӯянд бо якдигар разму кин. 

4. И-б. 464, 465 нест. 

5. И- гуфтаҳо. 

6. И- басе аз ҷаҳон. 


263 


470 Бурун рафт бо у зи лашкар 1 ҳазор 
Хирадманду шоистаи корзор. 

Зи раҳ чун талоя бидидаш зи дур 
Дурафшу синони сипахдори Тур. 

Зи туркон ҳар он кас, ки буд пешрав 
Зи нокордида саворони 2 нав. 

Ба раҳ бо талоя баровехтанд, 

Ба ноком бе Шеда хун рехтанд. 

Тане чанд аз эрониён хаста шуд, 
В-аз он рӯй пайкор пайваста шуд. 

475 Ҳам андар замон Шеда он ҷо расид, 
Нигаҳбони эрониёнро бидид. 

Дили Шеда гашт андар он кор танг, 
Ҳаме бозхонд он ялонро зи ҷанг. 

Ба эрониён гуфт: «Наздики шоҳ 
Саворе фиристед бо расму роҳ. 

Бигӯяд, ки равшандиле 3 Шеда ном 
Ба 4 шоҳ оваридаст чандин 5 паём. 

Зи Афросиёб он сипаҳдори Чин 
Падармодари шоҳи Эронзамин». 

480 Саворе дамон 6 аз талоя бирафт, 
Бари шоҳи Эрон хиромид 7 тафт, 


1. ИЛМ - Гузин кард аз он номдорон. 

2. И -ҷавонони. 

3. И- Бигӯянд, к-омад гаве. 

4. И-зи. 

5. Л -чанде. 

6. И -Сабук. 

7. И-гурозанда. 


264 


Ки «Пайғамбари шоҳи туронсипоҳ, 
Гави пурманиш бо дурафши сиёҳ. 

Ҳаме Шеда гӯяд, ки ҳастам ба ном, 
Гусӣ боядаш, то гузорад паём». 

Дили шоҳ шуд з-он сухан пур зи шарм, 
Фурӯ рехт аз дидагон оби гарм. 

Чунин гуфт, к-«Ин Шеда холи ман аст, 
Ба болову мардӣ ҳамоли ман аст». 

485 Нигаҳ кард гарданкаше з-он миён, 1 
Набуд пеш ҷуз Қорани ковиён. 2 

Бад-ӯ гуфт: «Рав пеши ӯ шодком, 
Дурудаш деҳ аз мову бишнав паём». 3 

Чу Қоран биёмад ба пеши сипоҳ, 
Бидид он дурафши дурафшон сиёҳ. 

Биёмад бари Шеда, додаш дуруд, 

Зи шоҳу зи эрониён барфузуд. 

Ҷавон низ букшод ширинзабон, 

Ки бедордил буду равшанравон. 

490 Бигуфт, ончӣ бишнид аз Афросиёб, 

Зи ором в-аз базму разму шитоб. 

Чу бишнид Қоран суханҳои нағз 
Аз он номвар турки бедормағз, 

Биёмад бари шоҳи Эрон, бигуфт, 

Ки пайғомҳо бо хирад буд ҷуфт. 4 


1 . Л- аз гавон. 

2. Л- паҳлавон. 

3. И-б. 486 нест. 

4. И-б. 492 нест. 


265 


ПОСУХ ФИРИСТОДАНИ КАЙХУСРАВ 
БА АФРОСИЁБ 

Чу бишнид Хусрав зи Қоран сухан, 

Ба ёд омадаш рӯзгори 1 куҳан. 

Бихандид Хусрав зи кори ниё 
В-аз он ҷустани чораву кимиё. 

495 Аз он пас чунин гуфт, к-«Афросиёб 
Пушаймон шудаст аз гузаштан зи об. 

Варо чашм беобу лаб пурсухан, 

Маро дил пур аз дардҳои куҳан 2 . 

Бикӯшад, магар дил бупечонадам, 

Ба бешии лашкар битарсонадам. 

Надонад, ки гарданда чархи баланд 
Нагардад ба боист рӯзи газанд. 

Кунун 3 кори моро ҷуз ин нест рӯй, 

Ки ман дил пур аз кин 4 шавам пеши ӯй. 

500 Бигардам ба овард бо ӯ ба чанг, 

Ба ҳангоми кӯшиш насозам диранг. 

Ҳама бихрадону радони сипоҳ 
Ба овоз гуфтанд, к-«Ин нест роҳ. 

Ҷаҳондида пурдониш Афросиёб 
Ҷуз аз чорасозӣ 5 набинад ба хоб. 

Надонад 6 ҷуз аз тунбалу чодуӣ 
Фиребу бадандешиву бадхуӣ. 


1. И-дардҳои. 

2. И-б. 496 нест. 

3. И-Чуон. 

4. И-дил пур зи кина. 

5. И- чора чизе, Л- чораҷӯй. 

6. И- набинад. 


266 


Зи лашкар кунун Шедаро баргузид, 

Ки ин дид банди балоро 1 калид. 

505 Ҳаме хоҳад аз шоҳи Эрон набард, 

Бад-он то кунад рӯзи мо пур зи гард. 2 * 3 

Ту бар тезии ӯ далерӣ макун, 

Аз Эрону аз тоҷ серӣ макун. 4 

Ба овард густох бо ӯ магард, 

Набояд, ки монем бо ранҷу дард. 

Ба дасти ту гар Шеда гардад табоҳ, 
Яке номвар кам шавад з-он сипоҳ. 

В-агар дур аз эдар ту гардӣ ҳалок 
Аз Эрон барояд яке тирахок. 

5 1 0 Яке зинда аз мо намонад ба ҷой, 

На шаҳру бару буми Эрон ба пой. 

Касе нест моро зи тухми каён, 

Ки кинро бубандад камар бар миён. 

Ниёи ту пири ҷаҳондида аст, 5 
Ба Турону Чин-дар писандида аст. 6 

Ҳаме пӯзиш орад бад-ин бад, ки кард, 
Ба бечорагӣ ҷуст хоҳад набард. 

Ҳаме гӯяд аспону ганҷу дирам, 

Ки бинҳод Тур аз паи Зодшам. 

5 1 5 Ҳамон тахти заррину тоҷи сарон, 
Камарҳои заррину гурзи гарон 


1. Л-бадиро. 

2. ТПЗМ - В-агар Шеда аз шоҳ ҷӯяд набард, 

Кунад рӯи моро зи тимор зард. 

3. М-ба дард. 

4. Л-б. 506 нест. 

5. И- тире ҷаҳондидае. 

6. И- писандидае: 


267 


Супорад ба ганҷи ту аз ганҷи хеш, 

Магар боздорад* 1 бад-ин ранҷи хеш. 

Ҳар он шаҳр к-аз буми Эрон ниҳӣ, 

Ҳаме кард хоҳад зи туркон тиҳӣ. 2 

Ба Эрон хиромем пирӯзу шод, 

Зи кори гузашта нагирем ёд». 

Бад-ин гуна гуфтанд пиру ҷавон, 

Ҷуз аз номвар Рустами паҳлавон, 

520 Ки Рустам ҳаме з-оштӣ сар бигошт, 

Зи дарди Сиёвуш ба дил кина дошт. 

Ҳаме лаб ба дандон бихоид шоҳ, 

Ҳаме кард хира бад-эшон нигоҳ. 

В-аз он пас чунин гуфт, к-ин нест роҳ 
Ба Эрон хиромидан аз 3 размгоҳ. 

Куҷо он ҳама панду савганди мо, 

Ки кардем бо шоҳ пайванд мо? 4 

Чу бар тахт-бар зинда Афросиёб 
Бимонад, аз ӯ гардад Эрон хароб. 

525 Ба Ковус яксар чӣ пӯзиш барем, 

Бад-ин дидагон чун ба вай бингарем? 

Шунидӣ, ки бар Эраҷи некбахт 
Чу омад зи Тур аз паи тоҷу тахт. 

Ба Нӯзар чӣ омад зи Афросиёб, 

Ки бар куштани вай гирифташ шитоб? 5 * 6 


1 . М- ҳамин боз харрад. 

2. Л-б. 515-517 нест. 

3. Л-хиромем аз ин; И-хиромем з-ин. 

4. Л-б. 523 нест. 

5. И-б. 527 нест. 

6. М-Ки ҳаргиз мабинод шодӣ ба хоб. 


268 


Сиёвахши радро ҳаме бегуноҳ 
Бикушт аз паи тахту ганҷу кулоҳ. 

Фиребанда турке аз он анҷуман 
Биёмад хиромон ба наздики ман. 

530 Ҳаме орзу кард бо ман 1 набард, 

Шуморо чаро шуд чунин рӯй зард? 

Ҳаме аз шумо ин шигифт оядам, 
Ҳамон кини пешин бияфзоядам. 

Гумоне набурдам, ки эрониён 
Кушоянд аз кина яксар 2 миён. 

Касеро надидам аз эронсипоҳ, 

Ки афканда буданд дар размгоҳ* 3 

Ки аз ҷанги эшон бад-ин сон* 4 тп итоб 
Гирифтанд аз гуфти* 5 Афросиёб». 

535 Чу эрониён ин суханро зи шоҳ 

Шуниданд, печон шуданд аз гуноҳ. 6 

Ба пӯзиш бигуфтанд:* 7 «Мо бандаем, 
Ҳам аз меҳрбонӣ сарояндаем. 

Нахоҳад шаҳаншоҳ ҷуз номи нек, 

Ба ҳар корҳо-дар 8 * 9 саранҷоми нек, 

Ки шояд 10 ҷаҳондори бартарманиш 
Нахоҳад, ки бар мо бувад сарзаниш, 


1 . И Л М - Гар аз ман ҳамеҷуст хоҳад. 

2. И-ҷовид аз ин кин. 

3. М- Ба чуз ростдил Рустами некхоҳ. 

4. М- гирифтӣ. 

5. М-Ба гуфти фиребанда. 

6. Л-б. 535 нест. 

7. М- Гирифтанд пӯзиш, кн мо. 

8. Л-корҳо ҷуз. 

9. М-Ҳама корҳоро. 

10. ИМ - ситуда. 


269 


222 


Ки гуянд аз Эрон саворе набуд, 
Ки ёраст бо ӯ набард озмуд. 


540 Сипоҳе хурушон* 1 ба дашти набард 
Ҷуз аз шоҳашон ин далерӣ накард. 

Нахоҳад магар Хусрави мӯбадон, 
Ки бар мо бувад нанг то ҷовидон». 

Бад-эшон чунин посух овард шоҳ, 
Ки «Эй мӯбадони намояндароҳ. 

Бидонед, к-ин Шеда рӯзи набард 
Падарро надорад ба ҳомун ба мард. 

Силеҳаш падар кард аз ҷодуӣ, 

Зи кажживу ториву аз бадхуӣ. 

545 Набошад силеҳи шумо коргар, 
Бад-он ҷавшану хӯди пӯлод-бар. 

Ҳамон аспаш аз дев дорад нажод, 
Гироидани шеру тундии бод.* 2 

Касеро, ки Яздон надодаст фар, 
Набошад-ш бо ҷанги ӯ пову сар. 

Ҳамон бо шумо ӯ наёяд ба ҷанг, 

Зи фарру нажоди худ ояд-ш нанг. 

Набера Фаридуну пури Қубод, 

Ду ҷангӣ бувад якдилу якниҳод. 

550 Бисӯзам бад-ӯ тира ҷони падар-ш, 
Чу Ковусро сӯхт ӯ бар писар-ш». 

Саворону* 3 шерони Эронзамин 
Ҳама шоҳро хонданд офарин. 


- саворае наёмад. 

-Ба дил ҳамчу шеру ба рафтан чу. 

- Далерону. 


270 


ПОСУХ ФИРИСТОДАНИ КАЙХУСРАВ 
АФРОСИЁБРО 

Бифармуд, то Қорани некхоҳ 
Шавад бозу посух гузорад зи шоҳ, 

Ки «Ин кори мо деру душвор гашт, 
Суханҳо зи андоза андаргузашт. 

Ҳунарёфта марди ҷангӣ ба ҷанг 
Наҷӯяд гаҳи размҷустан* 1 диранг. 

Нахоҳам зи ту буми Турон, на ганч 
Ки бар кас намонад сарои сипанҷ, 2 

Кунун то худованди хуршеду моҳ 
Киро шод дорад бар ин размгоҳ. 

Ба зӯри ҷаҳонофарин кирдгор, 

Ба дайҳими Ковуси парвардгор, 

Ки чандон намонам шуморо замон. 

Ки бар гул вазад тундбоди хазон 3 . 

Бад-он хоста нест моро ниёз, 

Ки аз ҷавру бедод омад фароз. 

560 Киро пуштгармӣ зи Яздон бувад, 
Ҳамеша дилу бахт хандон бувад. 

Бару буму ганҷу сипоҳат марост, 
Ҳамон тахту шаҳру кулоҳат марост 

Пашанг омаду хост аз мо набард, 
Зиреҳдор бо лашкару дору бард. 

Сапедадамон ҳаст меҳмони ман, 

Ба ханҷар бубинад сарафшони ман. 


1 . М - разм чандин. 

2. И-б. 555 нест. 

3. ТПЗМ - Дигар он ки гуфтӣ ту аз хоста 

Зи аспону аз ганҷи ороста. 


271 


Касеро набинам аз эронсипоҳ 
Ки бо ӯ бигардад ба овардгоҳ. 

565 Ману Шедаву дашту шамшери тез, 
Барорам ба фарҷом аз ӯ растахез. 

Гар эдун, ки пирӯз бошам ба ҷанг, 
Насозам бар-ин сон фаровон диранг. 

Мубориз хурӯшон кунем аз ду рӯй, 
Зи хун дашт гардад пур аз рангу бӯй 1 

В-аз он пас ялонро ҳама ҳамгурӯҳ 
Ба ҷанг андарорем бар сони кӯҳ. 

Чу ин гуфта бошӣ, ба Шеда бигӯй, 
Ки эй пурхирад меҳтари номҷӯй, 

570 Ту эдар ба танҳо* 2 ба дом омадӣ, 

На бар ҷустани нангу ном омадӣ. 

На аз баҳри пайғоми Афросиёб, 

Ки рӯзи бадат кард бар ту шитоб. 

Ҷаҳондорат ангехт аз анҷуман, 
Сутудонат эдар бувад, ҳам кафан. 

Газанд оядат з-он сари бегазанд, 

Ки аз тан буриданд чун гӯсфанд. 

Бигиряд чунон зор бар ту падар, 

Ки Ковус гиряд ҳаме бар писар. 

575 Биёмад дамон Қоран аз назди шоҳ 
Ба наздикии он дурафши сиёҳ. 


1. Л- Пас аз б. 567 ин б. омада: 

Бавижа, ки Рустам бувад пешрав, 
Намонад бар ин буму бар хору хав. 

2. М- Ба танҳо зи Турон. 


272 


Сухан ҳарчи бишнид, бо у 1 бигуфт, 
Ҳама ҳарчи буд ошкору 2 нуҳуфт. 

Бишуд Шеда наздики Афросиёб, 
Дилаш чун бар оташ ниҳода кабоб. 

Ҳама ҳар чи дид ошкору нуҳуфт, 

Ба пеши падар як ба як бозгуфт. 3 

Бишуд шоҳи туркон зи посух дижам, 
Ғамӣ гашту барзад яке тез дам. 

580 Аз он хоб, к-аз рӯзгори дароз 

Бидиду зи ҳар кас ҳаме дошт роз. 

Сараш гашт гардону дил пурниҳеб 
Бидонист, к-омад ба тангӣ нишеб. 

Бад-ӯ гуфт: «Фардо бад-ин размгоҳ 
Зи афканда мӯрон наёбанд роҳ». 

Сипаҳбад бад-ӯ* 4 гуфт, к-«Аз бомдод 
Макун то ду рӯз, эй писар, ҷанг ёд. 

Бад-ин разм бишкаст гӯӣ дилам, 

Бар онам, ки дилро зи тан бугсилам». 

585 Писар гуфт, к-«Эй шоҳи туркону Чин, 
Дили хешро бад магардон чунин. 

Чу хуршеди тобон барорад дурафш, 
Дурахшон кунад рӯи чархи бунафш, 

Ману Хусраву дашти овардгоҳ, 
Барангезам аз шоҳ гарди сиёҳ. 


1 . И-вай. 

2. ИМ - Намонд эч неку бад андар. 

3. ИМ-б. 578 нест, 

4. М-Ба Шеда чунин гуфт. 


273 


2 ? 


РАЗМИ КАЙХУСРАВ БО 1НҒ ДА - 
ПИСАРИ АФРОСИЁБ 

Чу равшан шуд он чодари лоҷвард, 
Ҷаҳон шуд ба кирдори ёқути зард. 

Нишаст аз бари аспи ҷангӣ Пашанг, 
Зи боди ҷавонӣ сараш пур зи ҷанг. 

590 Ба ҷавшан бипӯшид равшан бараш, 
Зи оҳан кулоҳи каён бар сараш. 

Дурафшаш яке турки ҷангӣ ба чанг 
Хиромон биёмад ба сони паланг.* 1 

Чу омад ба наздики эронсипоҳ, 

Яке номдоре бишуд назди шоҳ, 

Ки омад саворе миёни ду саф, 
Хурӯшону 2 ҷӯшону теғе ба каф 3 . 

Ҳамегӯяд он номвар тезчанг, 

Ки бо шоҳ гӯед, к-омад Пашанг. 4 

595 Бихандид аз ӯ шоҳу хафтон бихост, 
Дурафши* 5 бузурге 6 баровард рост. 

Яке тарги румӣ ба сар барниҳод 
Дурафшаш ба Руҳҳоми Гударз дод 7 . 

Ҳама лашкараш зору гирён шуданд, 
Чу бар оташи тез бирён шуданд. 


1 . М- бад он дашти. 

2. ИЛМ - Сарафрозу. 

3. ТПЗ - Ту гӯӣ яке аждаҳои дижам 
Ҳаме сӯхт хоҳад ҷаҳонро ба дам. 

■б. 594 нест. 

-Дурафши. 

6. ИЛ - дурафши бузургӣ. 

7. И-б. 596. 


274 


Хуруше баромад, ки «Эй шаҳрёр, 

Ба оҳан тани пок ранҷа мадор. 

Шаҳонро ҳама тахт будӣ нишаст, 

Кӣ бар кин камар бар миёни ту баст? 

600 Ки ҷуз хоки тира нишасташ мабод, 

Ба ҳеч орзу кому дасташ мабод! 

Сипаҳдор бо гурзу бо кабру хӯд 
Ба лашкар* 1 фиристод чандин 2 дуруд, 

Ки як тан наҷунбед 3 аз овардгоҳ, 
Чапу рост, қалбу ҷаноҳи сипоҳ. 

Набояд, ки ҷӯяд касе ҷангу чӯш, 

Ба Руҳҳоми Гударз доред гӯш. 4 

Чу хуршед бар чарх гардад баланд, 
Бубинед то бар кӣ ояд газанд. 

605 Агар з-он ки пирӯз гардад Пашанг, 

Зи Рустам биҷӯед сомони ҷанг. 

Ҳама пеши ӯ бандафармон шавед, 
Бад-он дард наздики дармон шавед. 

Сипаҳро ки чун ӯ нигаҳбон бувад, 
Ҳама чораи ҷанг осон бувад. 5 

Шумо ҳеч дилро мадоред танг, 

Чунин аст оғозу фарҷоми ҷанг. 


1. М- Бад эшон. 

2. Л-чанде. 

3. И- маҷунбед. 

4. И-Ҳама сӯи Гударз доранд хуш. 

5. И-б. 605-607 нест. 


275 


Гаҳе бар фарозу гаҳе бар 1 нишеб, 

Гаҳе шодмону гаҳе бо 2 * 3 ниҳеб». 

6 1 0 Барангехт шабранги беҳзодро , 

Ки андарнаваштӣ ба так бодро 4 . 

Миён баста бо найзаву хӯду кабр, 
Ҳаме гарди наълаш 5 баромад ба абр. 

Миёни ду саф Шеда ӯро бидид, 

Яке боди сард аз ҷигар баркашид. 

Бад-ӯ гуфт: «Пури Сиёвуш туӣ 6 , 
Хирадманду бедору хомуш туӣ. 7 

Набера сипаҳдори туронсипоҳ, 

Ки сояд ҳаме тарг бар чарху моҳ. 

6 1 5 Ҷуз онӣ, ки бар ту гумоне барад, 
Ҷаҳондидае к-ӯ хирад парварад, 

Ки гар мағз будит, бо холи хеш 
Накардӣ чунин ҷангро даст пеш. 

Агар ҷанг ҷӯӣ зи пеши сипоҳ 
Бирав, дур бугзин яке ҷойгоҳ, 

К-аз Эрону Турон набинанд кас, 
Нахоҳем ёрону фарёдрас». 

Чунин дод посух бад-ӯ шаҳрёр, 

Ки «Эй шери дарранда дар корзор, 

620 Манам доғдил пури он бегуноҳ 

Сиёвуш, ки шуд кушта бар дасти шоҳ. 


1. И-бо фароз асту гаҳ бо. 

2. И-суд пеш асту гоҳе. 

3. М-дар. 

4. И-б. 610 нест. 

5. И-аспаш. 

6. ИЛМ - Сиёвахш рад. 

7. ИЛМ- Туй, эй писандидаву пурхирад? 


276 




Бар ин дашт аз ин сон ба кин омадам, 
На аз баҳри гоҳу нигин омадам. 

Зи* 1 пеши падар чун биёростӣ, 

Зи лашкар набарди маро хостӣ. 

Маро хостӣ кас, набудӣ раво, 

Ки пешат фиристодаме носазо. 

Кунун орзу кун яке размгоҳ, 

Ки бошад ба дур аз миёни сипоҳ». 

625 Ниҳоданд паймон, ки аз ҳар ду рӯй 
Ба ёрӣ наёяд касе кинаҷӯй. 

Ҳам инон, ки доранд бо мо дурафш, 
Зи бад рӯзи эшон нагардад бунафш. 

Бирафтанд ҳар ду зи лашкар ба дур, 
Чунон чун шавад мард шодон ба сур. 

Расиданд ҷое, ки шеру паланг 
Бад-он шаххи беоб нанҳод чанг. 

Биёбон, ки андархури разм буд, 
Бад-он ҷойгаҳ марзи Хоразм буд. 

630 Напаррид 2 бар осмонаш уқоб, 

Аз он 3 * 4 баҳрае шахху баҳре сароб. 

Ниҳоданд овардгоҳи бузург 
Ду ҷангӣ ба кирдори дарранда 5 гург. 

Саворон чу шерони ҷаста зи ғор, 

Ки бошанд пурхашм рӯзи шикор. 


-Ба. 

- надиданд. 

Ӯ- 

-Аз у. 

5. ЛМ-аспу ду ҷангӣ, ба кирдори; И-аспу ду ҷангӣ ба сони. 


277 




Бигаштанд бо найзаҳои дароз 
Чу хуршед тобанда гашт аз фароз. 

Намонд эч бар найзаҳошон синон, 

Пур аз об баргустувону инон. 

635 Ба румиамуду ба шамшери тез* 1 
Бигаштанд бо якдигар пурситез.* 2 

Ҳаво шуд зи гарди* 3 саворон сиёҳ 
Нагаштанд сер андар овардгоҳ. 

Чу Шеда дилу зӯри Хусрав бидид, 
Сиришкаш зи мижгон ба рух барчакид. 

Бидонист, к-он фарраи эзадист, 

Аз ӯ бар тани хеш бояд гирист. 

Ҳамон аспаш аз ташнагӣ шуд ғамӣ 
Ба нерӯи мард андаромад камӣ. 

640 Чу з-ӯ танг шуд, бо дил* 4 андеша кард, 
Ки гар шоҳро гӯям андар набард, 

Биё то ба куштӣ пиёда шавем, 

Зи хуну хай 5 оҳордода шавем. 

Пиёда нагардад, ки ор оядаш, 

Зи шоҳӣ тани хеш хор оядаш. 

Бад-ин чора гар з-ӯ наёбам раҳо 
Шавам бегумон дар дами аждаҳо. 

Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо ба теғу синон 
Кунад ҳар касе ҷангу печад инон. 


- ба тиру ба теғ. 

-бедареғ. 

-Замин шуд зи хуни. 

- Чу дар монда шуд бо худ. 

5. ЛМ- хай ҳар ду. 


278 


645 Пиёда беҳ ояд, ки ҷуем ҷанг, 

Ба кирдори шерон биёзем чанг». 

Ҷаҳондор Хусрав ҳам андар замон 
Бидонист андешаи бадгумон. 

Би дил гуфт, к-ин шери бо зӯри 1 чанг 
Набера Фаридуну пури Пашанг, 

Гар осуда гардад, сар афшон кунад, 
Басе шердилро хурӯшон кунад. 

В-агар ман пиёда бигардам ба ҷанг, 

Ба эрониён-бар кунад кор танг. 

650 Бад-ӯ гуфт Руҳҳом, к-«Эй тоҷвар, 
Бад-ин кор нангӣ магардон гуҳар. 

Чу Хусрав пиёда кунад корзор, 

Чӣ бояд бар ин дашт чандин савор? 

Агар пой бар хок бояд ниҳод, 

Ман аз тухми Кашвод дорам нажод, 

Пиёда 2 шавам пеши ӯ размсоз, 

Ту 3 шоҳи ҷаҳондору гарданфароз». 

Ба Руҳҳом гуфт он замон шаҳрёр, 

Ки «Эй меҳрбон паҳлавону савор, 

655 Пашанги 4 * 5 диловар зи тухми Пашанг 
Чунон дон, ки бо ту наёяд ба ҷанг. 

Туро низ бо разми ӯ пой нест, 

Зи туркон чунин лашкаророй нест 6 . 


1 . И Л - зуру. 

2. ЛМ - ҳаме ман. 

3. Л-На. 

4. И- Наҳанги. 

5. М- Чу шеда. 

6. ТПИЛМ - Яке марди ҷангӣ Фаридуннажод 

Ки чун ӯ диловар зи модар назод. 


279 


Набошад маро нанг рафтан ба ҷанг, 
Пиёда бисозем ҷанги паланг. 

В-аз он сӯ бари Шеда шуд тарҷумон, 
Ки дурӣ гузин аз бади бадгумон. 

Ҷуз аз бозгаштан туро рой нест, 

Ки бо ҷанги Хусрав туро пой нест. 

660 Ба ҳангом кардан зи душман гурез 
Беҳ аз бо тани хеш кардан ситез». 

Бад-он номвар тарҷумон Шеда гуфт, 
Ки «Овози мардон нашояд нуҳуфт. 

Чунон дон, ки то ман бубастам камар, 
Ҳаме барфарозам ба хуршед сар. 

Бад-ин зӯру ин фарраву дастбурд 
Надидам ба овардгаҳ низ гурд. 

Валекин сутудон маро аз гурез 
Беҳ ояд чу гирам ба коре ситез. 

665 Ҳам аз гардиши чарх барнагзарем, 
Агар дидаи аждаҳо биспарем. 

Г ар эдар маро ҳуш бар дасти ӯст, 

На душман зи ман боздорад, на дӯст, 

Бидонистам ин зӯру мардӣ, ки чист, 
Бар ин номвар фарраи эзадист. 

Пиёда магар даст ёбам бар ӯй, 

Ба пайкор хун андарорам ба ҷӯй» 1 . 

Чунин гуфт бо Шеда шоҳи ҷаҳон, 

Ки «Эй номдор* 2 аз нажоди меҳон, 


1. И-б. 668 нест. 

2. М- номвар. 


280 


670 Зи тухми каён бегумон кас набуд, 

Ки ҳаргиз пиёда набард озмуд. 

Валекин туро гар чунин аст ком, 

Зи коми ту ҳаргиз напечам лагом». 

КУШТА ШУДАНИ ШЕДА БАР ДАСТИ ХУСРАВ 

Фуруд омад аз пушти шабранг шоҳ, 

Зи сар баргирифт он каёнӣ кулоҳ. 

Ба Руҳҳом дод он гаронмоя асп, 

Биёмад ба кирдори озаргушасп. 

Чу аз дур дидаш пиёда Пашанг, 

Фуруд омад аз асп ҷангӣ наҳанг 1 . 

675 Ба ҳомун чу пилон баровехтанд, 

Ҳаме хок бо хун баромехтанд. 

Чу Шеда бидид он бару бурзи шоҳ, 

Ҳамон эзадӣ фарру он дастгоҳ, 

Ҳаме ҷуст чора, ки ёбад* 2 раҳо, 

Дили чорагар з-ин бисозад* 3 баҳо. 

Чу огоҳ шуд Хусрав аз рози ӯй, 

В-аз он нобароварда овози ӯй, 

Ба зӯри ҷаонофарин кирдгор 
Бизад даст Кайхусрави номдор. 

680 Ба кирдори шере ки бар гӯри нар 
Занад чангу гӯр 4 андарорад ба сар, 

Гирифташ ба чап гардану рост пушт, 
Бароварду зад бар замин-бар дурушт. 


1. И-б. 673, 674 нест. 

2. М-Ҳаме хост, к-ояд магар з-ӯ. 

3. М- Ки чун сар бишуд, тан надорад. 

4. Л-дасту. 


281 


222 


Ҳама муҳраи пушти у ҳамчу най 
Шуд аз дард резону бугсаст пай. 

Яке теғи тез аз миён баркашид, 
Саросар дили номвар бардарид. 

Бар ӯ кард ҷавшан ҳама чок-чок, 

Пас он гоҳ бар торакаш рехт 1 хок. 

685 Ба Руҳҳом гуфт: «Ин бади ноҳамол 
Далеру сабуксар* 2 маро буд хол. 

Пас аз куштанаш меҳрубонӣ кунед, 
Яке дахмаи хусравонӣ кунед. 

Сарашро ба дибку ба мушку* 3 гулоб 
Бишӯеду танро ба кофури ноб. 

Ба гардан-ш- бар тавқи заррин ниҳед, 
Кулаҳ бар сараш анбарогин ниҳед. 

Нигаҳ кард пас тарҷумонаш зи роҳ, 
Бидид он тани номбардор шоҳ, 

690 Ки бо хун* 4 аз он рег бардоштанд, 
Сӯи лашкари шоҳ бугзоштанд. 

Биёмад хурӯшон ба наздики шоҳ, 

Ки «Эй номвар, додгар подшоҳ. 

Яке банда будам ман ӯро навон, 

На ҷангӣ савореву на паҳлавон. 

Ба ман-бар бубахшой, шоҳо, ба меҳр, 
Ки аз ҷони ту шод бодо сипеҳр». 


1 . И ЛМ - ҳам рехт бар торак аз дард. 

- Пашанги диловар. 

- мушку абиру. 

- то чун. 


282 


Бад-у гуфт шоҳ: «Ончи диди зи ман, 
Ниёро бигӯй андар он анҷуман». 

695 Дилу дидаи номдорон ба роҳ, 

Ки Шеда кай ояд зи овардгоҳ. 

Саворе дамон* 1 шуд ба он реги нарм, 
Бараҳна сару дида пурхуни гарм. 

Баровард пӯшида роз аз нуҳуфт, 

Ҳама пеши солори туркон бигуфт. 

Сипаҳдор 2 гашт аз ҷаҳон ноумед, 
Биканд он чу кофур мӯи 3 сапед. 

Ба сар барпароканд реги равон, 

Зи лашкар бирафт, он ки буд паҳлавон. 

700 Рухи шоҳи туркон 4 ҳар он кас, ки дид 
Бар ӯ* 5 ҷомаву дил ҳама бардарид. 

Хурӯше буд андар миёни сипоҳ, 

Ки бихшоиш овард хуршеду моҳ. 

Чунин гуфт бо мӯя Афросиёб, 

К-аз ин пас на ором ҷӯям 6 , на хоб. 

Маро андар ин сӯг ёрӣ кунед, 

Ҳама тан ба тан сӯгворӣ кунед. 

Набинад сари теғи моро ниём, 

На ҳаргиз бувам з-ин сипас шодком. 

705 Бубандем доман як андар дигар, 
Намонем аз Эронзамин буму бар. 


1 . М-ҳаме. 

2. М- ҷаҳондор. 

3. Л- риши. 

4. И-Турон. 

5. М- зи бар. 

6. И-ёбам. 


283 




На мардум шумар, бал зи деву дада, 
Диле* * 1 к-ӯ набошад ба дард ожада. 

Мабодо дар он дида-дар* 2 оби шарм, 
Ки аз дарди мо нест пурхуни гарм. 

Аз он моҳдидори ҷангисавор, 

В-аз он сарвбун бар лаби ҷӯйбор, 3 

Ҳаме рехт аз дида хунин сиришк, 

Зи дарде ки дармон надорад 4 * 5 пизишк, 

7 1 0 Ҳама номдорони посухгузор 

Забон баркушоданд бар шаҳрёр, 

Ки «Ин додгар бар ту осон кунод, 6 
Дили бадсиголат ҳаросон кунод! 7 

Зи мо низ як тан насозад диранг, 

Шабу рӯз бар дарду кини Пашанг. 

Сипаҳро ҳама дил хурӯшон кунем, 

Ба овардгаҳ-бар сар афшон кунем. 

Зи Хусрав набуд ҳеч монида* 8 чиз, 
Кунун кина бар кина бифзуд низ. 

7 1 5 Сипаҳ дилшикаста, пур аз дард шоҳ, 
Хурӯшону ҷӯшон ҳама размхоҳ. 


кас. 

пур- 

б. 708 нест. 

Л - надонад. 

• надонад. 
кунад. 

Бадандешро дил ҳаросон кунад. 
Зи Пирону Ҳумон набуд монда. 


284 




РАЗМИ ДУ ЛАШКАР БА АНБУҲ 

Чу хуршед барзад сар аз бурҷи* 1 гов, 

Зи ҳомун баромад хурӯши чаков. 

Табира баромад зи пардасарой, 2 
Ҳамон нолаи кӯс 3 бо каррной. 

Зи гурдони шамшерзан даҳ ҳазор 
Биёвард Ҷаҳн аз дари корзор. 

Або сад ҳазор озмуда бурун 

Забон пур зи дашному лаб пур зи хун.* 4 

720 Чу Хусрав бар он гуна бардидашон,* 5 
Бифармуд, то Қорани ковиён* 6 

Зи қалби сипоҳ андаромад чу кӯҳ 
Або даҳ ҳазор озмуда гурӯҳ,* 7 

Сӯи ҷанг Густаҳми Нӯзар чу гард 
Биёмад дамон бо дурафши набард. 

Ҷаҳон шуд зи гарди саворон бунафш, 
Замин пурсипоҳу ҳаво пурдурафш. 

Биҷунбид Хусрав зи қалби сипоҳ, 

Ҳам Афросиёб андар он размгоҳ. 8 


1 . М- пушти. 

2. И-ҳарду сарой. 

3. И-ҳама нолаи бӯк; Л-бӯқ. 

3. ТПЗЛ - Биёмад ҷаҳонҷӯи ҷангӣ ба ҷанг 

Саворони туркон камонҳо ба чанг. 

- танҳо, б. 1 мавҷуд аст. 

-б. 719 нест. 

- бардид соз. 

- размсоз. 

- Аз ӯ гашт ҷавони диловар сутӯҳ. 

8. ТПЗМ - Бипайваст ҷанге к-аз он сон нишон 
Надиданд гурдону гарданкашон. 
Бикуштанд чандон зи туронсипоҳ, 
Ки дарёи хун гашт овардгоҳ. 


285 




725 Чунин буд, то осмон тира гашт, 

Ҳаме* * 1 ча ттт ми ҷанговарон хира гашт. 

Чу пирӯз шуд Қорани размзан, 

Ба Ҷаҳни диловар даромад шикан. 

Чу бар домани кӯҳ* 2 биншаст моҳ, 
Ялон бозгаштанд аз овардгоҳ. 

Аз эрониён шод шуд шаҳрёр, 

Ки чира буданд андар он корзор. 

Ҳама шаб ҳаме ҷангро сохтанд, 

Ба хобу ба хӯрдан напардохтанд. 

730 Чу барзад сар аз бурҷи харчанг ҳур, 
Ҷаҳон шуд пур аз ҷангу оҳангу шӯр. 

Сипоҳи ду кишвар кашиданд саф, 
Ҳама ҷангро бар лаб оварда каф. 

Сипахдори Эрон зи пушти сипоҳ 
Бишуд дур бо кеҳтари некхоҳ. 

Чу лахте биёмад, пиёда бибуд, 
Ҷаҳонофаринро фаровон ситуд. 

Бимолид рухро бар он тирахок, 3 
Чунин гуфт, к- «Эй довари додпок, 

Ту донӣ, ки гар ман ситам дидаам, 
Басе рӯзи бадро писандидаам. 

735 Мукофот кун бадкунишро ба хун, 

Ту бошӣ 4 ситамдидаро раҳнамун. 


• Ҳама. 

• тахти хуршед. 
гармхок. 
бош ин. 


286 


22 


В-аз он ҷойгаҳ бо дили пур зи ғам, 
Пур аз кин сар аз тухмаи Зодшам 

Биёмад хурӯшон ба қалби сипоҳ, 

Ба сар барниҳод он хуҷаста кулоҳ. 

Хурӯш омаду нолаи говдум, 

Дами нои рӯину 1 рӯинахум. 

В-аз он рӯй лашкар ба кирдори кӯҳ 
Бирафтанд ҷӯшон гурӯҳогурӯҳ. 

740 Сипоҳе ба кирдори дарёи об 

Ба қалб-андарун Ҷаҳну Афросиёб. 

Чу ҳарду сипоҳ андаромад зи ҷой, 

Ту гуфтӣ, ки дорад дару дашт пой. 

Сияҳ шуд зи гарди сипоҳ офтоб 
Зи пайкони алмосу парри уқоб. 

Зи бас нолаи бӯқу бонги сипоҳ, 

Зи гурзи ялон 2 * 3 андар он размгоҳ 

Ҳаме об гашт оҳану кӯҳу санг, 

Ба дарё наҳангу ба ҳомун паланг. 

745 Замин пур зи ҷӯшу ҳаво пурхурӯш, 
Ҳизабри жиёнро бидаррид гӯш. 

Ҷаҳон сар ба сар гуфтӣ Оҳарман аст, 
Ба доман-бар аз остин* 4 душман аст. 

Ба ҳар ҷой буд тӯда чун кӯҳ-кӯҳ 
Зи гурдони Эрону Турон гурӯҳ. 


1 . И- Ҳама нои сарғину. 

2. ИЛ- гарди сипоҳ. 

- бонги саворон. 

- Дигар осмон бар замин. 


287 


Ҳама рег хуну сару дасту пой, 
Заминро ҳаме дил баромад зи ҷой. 

Ҳама буму бар зери наъл-андарун, 

Чу карбоси оҳордода ба хун. 

750 В-аз он пас далерони Афросиёб 

Бирафтанд бар сони киштӣ бар об. 

Ба сандуқи пилон ниҳоданд рӯй, 

Куҷо новакандоз буд андар ӯй. 

Ҳисоре буд аз пеши қалби сипоҳ, 
Бароварда аз пилу барбаста роҳ. 

Зи сандуқи пилон биборид тир, 
Баромад хурӯшидани доругир. 

Бирафтанд пилону найзаварон, 

Ҳам аз қалби лашкар сипоҳи гарон. 

755 Нигаҳ кард Афросиёб аз ду мил 

Бар он лашкари гашну сандуқи пил. 

Ҳама жандапилону лашкар биронд, 
Ҷаҳон тира шуд, рӯшноӣ намонд. 

Хурӯшид, к-«Эй номдорони ҷанг, 

Чӣ доред бар хештан ҷой танг? 

Ҳама монда бар пеши сандуқи пил, 
Сипоҳ аст пайкор то чанд мил. 

Зи қалбу зи сандуқ бартар кашед, 

Сӯи маймана майсара баркашед. 

760 Бифармуд, то Ҷаҳни размозмой 

Шавад* 1 бо бузургони лашкар зи ҷой. 


М-равад. 


288 


22 


Барад даҳ ҳазор озмуда савор 
Ҳама найзадор аз дари корзор. 

Сӯи майсара шери ҷангинабард 
Бишуд тез бо номдорони мард. 

Чу Кайхусрав он разми туркон бидид, 
Ки хуршед гашт аз ҷаҳон нопадид. 

Сӯи номдорони худ кард рӯй, 

Ки буданд гурдони пархошҷӯй. 

765 Бифармуд, то бар сари 1 майсара 
Битобанд чун офтоб аз бара. 

Бирафтанд бо номвар даҳ ҳазор 
Зиреҳдор бо гурзаи говсор.* 2 

Ба Шаммоҳи Сурӣ бифармуд шоҳ, 

Ки аз номдорони эронсипоҳ 

Гузин кун зи ҷанговарон даҳ ҳазор, 
Ҷавонони гурд аз дари корзор.* 3 

Миёни ду саф теғҳо баркашед, 

Абар кӯҳаи зин* 4 сар андаркашед. 

770 Ду лашкар бар он сон баровехтанд, 
Чунон шуд, ки гӯӣ баромехтанд. 

Чакочок бархост аз ҳар ду рӯй, 

Зи пархош хун андаромад ба ҷӯй. 

Ба як сӯ кашиданд сандуқу пил, 

Ҷаҳон шуд ба кирдори дарёи Нил. 


1 . Л- сӯи. 

2. - Ҳама размҷӯёни найзагузор. 

-Зиреҳдору бо гурзаи говсор. 

- Мабинед касро. 


289 


Чу бархост гард аз чапу дасти рост, 
Ҷаҳондор хафтони ҷангӣ бихост. 

Биҷунбид бо Рустам аз қалбгоҳ 
Хурӯшону ҷӯшону лашкарпаноҳ. 

775 Баромад хурӯшидани бӯқу кӯс 
Ба як даст Хусрав, сипаҳдор Тус. 

Биёрост* 1 бо коваёнӣ дурафш 
Хдма паҳлавонони зарринакафш. 

Ба дарди дил аз ҷой бархостанд, 
Чапи шоҳи Эрон биёростанд. 

Сӯи росташ Рустами ҷангҷӯй, 
Завора бародар-ш бинҳод рӯй. 

Ҷаҳондида Гударзи Кашводагон, 
Бузургони бисёру озодагон. 

780 Бибуданд бар дасти Рустам ба пой, 
Зараспу Манӯшони фархундарой. 

Баромад зи овардгаҳ гирудор, 
Набинад бар он гуна кас корзор. 

Ҳама рег пурхаставу кушта буд, 
Касонро* 2 куҷо рӯз баргашта буд. 

Зи бас кушта бар дашти овардгоҳ, 
Паеро надиданд бар хок роҳ. 

Биёбон ба кирдори Ҷайҳун зи хун 
Яке бесару дигаре сарнагун. 

785 Хурӯши саворону аспон зи дашт 
Зи бонги табира ҳаме даргузашт. 


1. М- Бирафтанд. 

2. М- Касеро. 


290 


Дили куҳ гуфти бидаррад ҳаме, 

Замин бо саворон бипаррад ҳаме. 

Сари бетанону тани бесарон, 
Ҷарангидани 1 гурзҳои гарон. 

Зи рахшидани ханҷару теғи тез 
Ҳаме ҷуст хуршед роҳи гурез. 

Ту гуфтӣ, ки абре баромад сиёҳ, 
Биборид хун андар он размгоҳ. 

790 Чу Фартус* 2 бар майсара шуд табоҳ 
Ба дасти Фарибурзи Ковусшоҳ. 

Ба дасти Манучеҳр бар маймана 
Каҳило, ки сад пил буд яктана. 

Яке боду абре дар он нимрӯз 
Баромад, рухи ҳури гетифурӯз 

Бипӯшиду рӯи замин тира гашт, 
Ҳамон дида аз тирагӣ хира гашт. 

Бад-он гаҳ ки шуд ҳур сӯи нишеб, 
Дили шоҳи туркон биҷаст аз ниҳеб. 

795 Зи ҷӯши саворони ҳар кишваре, 

Зи ҳар марзу ҳар буму ҳар меҳтаре 

Дигаргуна чавшан, дигаргун дурафш, 
Ҷаҳоне шуда сурху зарду бунафш. 

Нигаҳ кард Гарсеваз аз пушти шоҳ, 
Ба ҷанг андаровард яксар сипоҳ. 

Сипоҳе фиристод бар маймана, 
Гаронмояву якдилу яктана. 


1 . ИЛ- чарангидани. 

2. М -Харанҷос. 


291 


Суи майсара ҳамчунин лашкаре,* 1 
Пароканда ба ҳар сӯе меҳтаре.* 2 

800 Саворони шамшерзан чил ҳазор, 
Гузида бузургони ханҷаргузор. 

Чу Г арсеваз аз пушти лашкар бирафт, 
Ба пеши бародар хиромид тафт. 

Бародар чу рӯи бародар бидид, 

Ба нерӯ шуду лашкар андаркашид. 

Баромад зи лашкар деҳу дору гир, 
Бипӯшид рӯи ҳаво парри 3 тир. 

Чу хуршедро пушт торик шуд, 

Ба дидори шаб рӯз наздик шуд. 

805 Фиребанда Гарсевази бадниҳон 
Биёмад ба пеши бародар навон, 

Ки «Акнун зи гурдон кӣ ҷӯяд набард? 
Замин пур зи хуну ҳаво пур зи гард. 

Сипаҳ бозкаш чун шаб омад, бикӯш, 
Ки акнун барояд зи туркон хурӯш. 

Ту дар ҷанг бошӣ, сипаҳ дар гурез, 
Макун бо тани хеш чандин ситез. 

Дили шоҳи туркон пур аз хашму чӯш, 
Зи тундӣ набудаш ба гуфтор гӯш. 

8 1 0 Барангехт асп аз миёни сипоҳ, 

Биёмад дамон то ба овардгоҳ 4 . 


1 . М- лашкаре ҳамчунин. 

2. М- Пароканда бар ҳар сӯе баҳри кин. 

3. Л-пар зи; И- ҳаворо ба. 

4. Л-Ба ҷанг андарун кинахоҳ. 


292 


Аз эрониён чанд номи бикушт, 

Чу Хусрав бидид, андар омад ба пушт. 

Ду шоҳу ду кишвар чунон кинадор 1 , 
Бирафтанд бо хормоя савор 2 . 

Надиданд Г арсевазу Ҷаҳн рӯй, 

Ки ӯ пеши Хусрав шавад кинаҷӯй. 

Инонаш гирифтанду бартофтанд, 
Бад-он* 3 реги Омуй биштофтанд. 

815 Чу ӯ бозгашт, Устуқило чу гард 
Биёмад, ки бо шоҳ ҷӯяд набард. 

Дамон шоҳ Ило чу ҷангипаланг, 

Дигар Барзуило сарафрози ҷанг, 

Ки он ҳар се тан кӯҳи хоро буданд, 
Ҷафопешаву бемудоро буданд. 

Чу он дид, шоҳ аз миёни гурӯҳ 
Барангехт асп, андаромад чу кӯҳ. 

Бизад найза бар Устуқилои гурд, 

Зи зин баргирифташ, заминро супурд. 4 

820 Дамон шоҳ Ило ба пеши сипоҳ 

Яке найза зад бар камарбанди шоҳ. 

Набуд коргар найза бар ҷавшанаш, 

На тарс омад андар дили равшанаш. 

Чу Хусрав дилу зӯри ӯро бидид, 

Сабук теғи тез аз миён баркашид, 


1 . И-кинахоҳ. 

2. И-сипоҳ. 

3. М-сӯи. 

4. Л-б. 817-819 нест. 


293 


Бизад бар синонаш, 1 ба ду ним гашт, 2 
Дили Барзуило пур аз бим гашт 3 . 

Сабук Барзуило чу он захми шоҳ 
Бидид он дилу зӯру он дастгоҳ. 

825 Ба торикӣ-андар гурезон бирафт, 
Ҳаме пӯст бар тан-ш гуфтӣ бикафт. 

Сипаҳ чун бидиданд он дастбурд, 

Бар овардгаҳ-бар намонд эч гурд. 

Бар Афросиёб ин сухан марг буд, 
Куҷо кори носозу бебарг буд. 4 * 5 

Зи Турон саворон чу огаҳ шуданд, 

Зи ҳамла ҳама дасткӯтаҳ шуданд. 

Чу овардгаҳ хор бугзоштанд, 
Бифармуд, то бонг бардоштанд, 

830 Ки ин шермардӣ зи ранги шаб аст, 
Маро бозгаштан зи ҷанги шаб аст. 

Гар эдун, ки имрӯз якбора бод, 

Туро ҷусту шодӣ туро дар кушод. 6 

Чу равшан шавад, рӯзи моро бубин, 
Дурафши дилафрӯзи моро бубин. 

Ҳама рӯи саҳро 7 чу дарё кунем, 

Зи хуршеди тобон сурайё кунем. 

Ду шоҳи ду лашкар чунон размсоз 
Ба лашкаргаҳи хеш рафтанд боз. 


1. ИЛ-миёнаш. 

2. ИЛМ- кард. 

3. ЛМ-кард. 

4. Л-б. 827 нест; И-Куҷо пушти ҷавшан бад-эшон намуд. 

5. М-Ки боист пушташ ба Хусрав намуд. 

6. Л-дар андар кушод. 

7. ИЛМ-Эрон. 


294 


I . . I I г < I , 


ҲАЗИМАТ КАРДАНИ АФРОСИЁБ 

835 Чу ниме зи тирашаб андар гузашт, 
Сипеҳр аз бари гӯи гардон 1 бигашт. 

Сипаҳдори Турон буна барниҳод, 
Сипаҳро ҳама таргу ҷавшан бидод. 

Талоя бифармуд, то даҳ ҳазор 
Бувад турки баргустувонвар савор. 

Чунин гуфт бо лашкар Афросиёб, 

Ки чун ман гузар ёбам аз рӯи об, 

Дамодам шумо аз пасам бугзаред* 2 
Ба Ҷайҳуну рӯзу шабон нашмаред.* 3 

840 Шаби тира бо лашкар Афросиёб 
Гузар кард аз Омӯю бугзошт об. 4 

Ҳама рӯи кишвар ба бероҳу роҳ 
Саропардаву хайма буд бесипоҳ. 

Сапеда чу аз кӯҳсар бардамид, 

Талоя сипаҳро ба ҳомун надид, 

Биёмад ба мужда бари шаҳрёр, 

Ки пардахта шуд шоҳ аз ин корзор 5 . 

Ҳама хайма бинему 6 пардасарой, 

Зи душман саворе намонда 7 * 8 ба ҷой. 


кӯҳ лахте. 

-паси якдигар. 

-Зи Ҷайҳун ҳаме кард бояд гузар. 

б. 840 нест. 

б. 843 нест. 

VI дашт хайма. 
набинам. 

-набинӣ. 


295 


845 Чу бишнид Хусрав, дамон 1 шуд ба хок, 
Ситоишкунон пеши додори 2 пок. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй равшани кирдгор, 
Ҷаҳондору додору парвардгор, 

Ту додӣ маро фарру дайҳиму зӯр, 

Ту кардӣ дилу ҷони 3 бадхоҳ кӯр. 

Зи гетӣ ситамкораро* 4 дур дор, 

Зи бимаш ҳамасола ранҷур дор!» 

Чу хуршеди заррин сипар баргирифт, 
Шаб он шаъри пирӯза бар 5 сар гирифт. 

850 Ҷаҳондор 6 биншаст бар тахти оҷ, 

Ба сар барниҳод он дилафрӯз 7 тоҷ. 

Ситоишкунон* 8 пеши ӯ шуд сипоҳ, 

Ки ҷовид бод ин сазовор гоҳ! 

Шуд ин лашкар аз хоста бениёз, 

Ки аз лашкари шоҳи Чин монд боз. 

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки инат фусӯс, 

Ки ӯ рафт бо лашкару бӯқу кӯс. 

Шаби тира аз дасти озодагон 
Бишуд номдоре чунин роягон. 

855 Бад-эшон чунин гуфт бедоршоҳ, 

Ки «Эй номдорони эронсипоҳ, 


1. Л-равон. 

2. Л-нёишкунон пеши яздони. 

3. ИМ-чашми. 

4. М-ситамкарда. 

5. Л-чодари шаър дар. 

6. И-Шаҳаншоҳ. 

7. И-Шабафрӯз. 

8. М-Ниёишкун он. 


296 


Чу душман бувад шоҳро, кушта беҳ, 

Гар овора аз ҷанг баргашта беҳ. 

Чу пирӯзгар додамон фарраҳӣ, 
Бузургиву дайҳиму шоҳаншаҳӣ, 

Зи гетӣ мар ӯро ситоиш кунед, 

Шабу рӯз ӯро ниёиш кунед, 

Ки онро, ки хоҳад кунад шӯрбахт, 

Яке беҳунар барнишонад ба тахт. 

860 Бар ин пурсишу ҷунбишу рой нест, 

Ки бо доди ӯ бандаро пой нест. 

Бибошем бад-ин размгаҳ панҷ рӯз, 
Шашум рӯз ҳурмузди гетифурӯз, 

Ба ҳафтум биронем з-эдар сипоҳ, 

Ки ӯ кинфизоясту ман кинахоҳ. 

Дар ин панҷ рӯз андар он размгоҳ 
Ҳаме кушта ҷустанд аз эронсипоҳ, 

Бишустанд эрониёнро зи гард, 

Сазовори он куштагон дахма кард. 

ФАТҲНОМА НАВИШТАНИ КАЙХУСРАВ 
БА КОВУС 

865 Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, 
Биёвард қиртосу мушку абир. 

Навиштанд нома ба Ковушоҳ, 

Чунон чун сазо буд, аз он размгоҳ. 

Сари нома кард офарини Худой, 
Ситоиш ҳам ӯро, ҳам ӯ* 1 раҳнамой. 


1 . М-Ки уяст бар неку бад. 


297 


Дигар гуфт: «Шоҳи 1 ҷаҳонбони ман 
Падарвор ларзанда бар ҷони ман. 

Бузургиш бо кӯҳ пайваста бод 
Дили бадсиголаш аз ӯ хаста бод! 

870 Расидам зи Эрон ба реги Фараб, 

Се ҷанги гарон карда шуд дар се шаб. 

Шумори саворони Афросиёб 
Набинад хирадманд ҳаргиз ба хоб. 

Бурида чу сесад сари номдор, 
Фиристодам инак бари шаҳрёр. 

Бародар буду хешу пайванди ӯ, 

Гиромӣ бузургону фарзанди ӯ. 

В-аз он номдорон баста дувист, 

Ки сад шер бо ҷанги ҳар як якест. 

875 Ҳама ҷанг* 2 бар дашти Хоразм буд, 

Зи чарх офарин бар чунон разм буд. 

Бирафт ӯву мо аз пас-андар дамон 
Гузаштем, то бар кӣ гардад замон, 

Ниҳоданд бар нома мӯҳре зи мушк, 

Аз он пас гузар кард бар реги хушк. 

Бад-ин размгаҳ офарин бод гуфт, 
Ҳамасола бо ахтари нек ҷуфт. 

РАСИДАНИ АФРОСИЁБ БА ГАНГДИЖ 

Чу аз разм баргашт Афросиёб, 

Чу боди дамон тез бигзашт об. 


1. Л-шоҳ он. 

2. М-разм. 


298 


880 Сипаҳ дар сипоҳи Қарохон расид, 
Ҳаме гуфт ҳар кас, ба ҷанг ончӣ дид. 

Сипаҳдори туркон чӣ моя гирист, 
Ҳар он кас, ки аз тухмаи ӯ бизист, 

Зи баҳри гаронмоя фарзанди ӯй, 
Бузургону хешону пайванди ӯй 

Хурӯше баромад, ту гуфтӣ, ки абр 
Ҳаме хун чаконад зи ча ттт ми ҳизабр. 

Ҳаме будаш андар Бухоро диранг, 
Ҳаме хост к-оянд шерон ба ҷанг. 

885 Аз он пас аз он анҷуман он ки монд, 
Бузургони бартарманиш пеш хонд. 

Чу гаштанд пурмоягон анҷуман, 

Зи лашкар ҳар он кас ки буд ройзан, 

Забон баркушоданд бар шаҳрёр, 

Ки бечора гаштанд аз он корзор, 1 

Ки аз лашкари мо бузургон ки буд, 
Гузаштанду з-эшон дили мо шахуд. 

Ҳамоно, ки аз сад намондаст бист, 
Бар он рафтагон-бар бибояд гирист. 

890 Кунун мо дил аз ганҷу фарзанди хеш 
Гусистему чанде зи пайванди хеш. 

Бар он рӯди Ҷайҳун яке размгоҳ 
Бикардем з-он сон, ки фармуд шоҳ. 

Зи бедонишӣ ончӣ омад ба рӯй, 

Ту донӣ, ки шоҳиву мо чораҷӯй. 


1. И-б. 887 нест. 


299 


Г ар эдун, ки равшан шавад рои шоҳ, 
Аз эдар ба Чоч андарорад сипоҳ 1 . 

Чу шоҳ андар ин кор фармон барад, 
Зи Гулзарриюн низ ҳам бугзарад. 

895 Бибошад ба ором ба Б-ҳиштганг, 

Ки ҳам ҷои ҷанг асту ҷои диранг. 

Бар ин барниҳоданд яксар сухун, 
Касе рои дигар наяфканд бун. 

Бирафтанд яксар ба Гулзарриюн, 
Ҳама дида пуробу дил 2 пур зи хун. 

Ба Гулзарриюн шоҳи туркон се рӯз 
Бибуду баросуд 3 бо озу юз. 

Бирафтанд аз он сӯй ба Б-ҳиштганг, 
Ба ҷое набудаш фаровон диранг. 

900 Яке ганг будаш ба сони биҳишт, 

Гилаш мушки соро буду зар-ш 4 хишт. 

Бад-он ҷойгаҳ шоду хандон бихуфт, 
Ту гуфтӣ, ки бо эминӣ буд ҷуфт. 

Сипаҳ хонд аз ҳар сӯе бекарон 
Бузургону гарданкашу меҳтарон. 

Маю гулшану бонги чангу рубоб, 
Гулу маҷлису* 5 ратлу Афросиёб. 

Ҳаме хӯрд май рӯзу шаб бо меҳон 
Ба ҳар сӯ фиристод корогаҳон. 6 


1. ТПЗИ - Чу Кайхусрав ояд ба кинхостан, 

Бибояд туро лашкар оростан. 

2. ЛМ - рух. 

3. И-биёсуд. 

4. Л-мушксор омаду зарр. 

5. М-сунбулу. 

6. Л-б. 904 нест. 


300 


22 


905 Ҳаме буд, то бар чи гардад замон, 
Бад-ин ошкоро чӣ дорад ниҳон.* 1 

ГУЗАШТАНИ КАЙХУСРАВ БА ҶАЙҲУН 

Чу Кайхусрав омад бад-он рӯи об, 

Аз ӯ дур шуд хӯрду орому хоб. 

Сипаҳ чун гузар кард аз он сӯи рӯд, 
Фиристод аз он пас ба ҳар кас дуруд, 

К-аз ин омадан кас мадоред бок 
Бихоҳед моро зи Яздони пок. 

Гаронмоя ганҷе ба дарвеш дод, 

Касеро к-аз ӯ шод буд, беш дод. 

9 1 0 В-аз он ҷо биёмад сӯи марзи Суғд, 

Яке навҷаҳон дид ороми ҷуғд. 2 

Бубахшид ганҷе бар он шаҳр низ 
Ҳаме хост, к-обод гардад ба чиз. 

Ба ҳар манзиле зинҳорисавор 
Ҳаме омадандӣ бари* 3 шаҳрёр. 

В-аз он пас чу огоҳӣ омад ба шоҳ 
Зи кирдори* 4 Афросиёбу сипоҳ, 

Ки омад ба наздики ӯ Кокула, 

Або лашкаре чун ҳизабри яла, 


1. М- Пас аз б. 905 ин б. омада: 

Зи ҳар сӯй корогаҳе аз нуҳуфт, 

Ки оянда омад, якояк бигуфт, 

Ки Хусрав сипаҳро ба Ҷайҳун кашид, 
Баромад зи Ҷайҳун, ба ҳомун расид, 
Нигар, то чӣ бояд, сабук он бисоз, 

Ки ногоҳ лашкар барояд фароз. 

2. Л-б. 910 нест. 

2. ИЛ- ҷаҳондор. 

-сӯи. 

- Гангу зи. 


301 


9 1 5 Ки аз тухми Тур аст пуркину дард, 
Биҷӯяд ҳама рӯзгори набард. 

Фиристод баҳре зи гурдон ба Чоҷ 
Ки ҷӯяд ҳаме тахти Эрону тоҷ. 

Сипоҳе ба сӯи биёбон бузург 
Фиристоду солори эшон Тувург. 

Пазируфт аз он ҳар яке ҷанги шоҳ, 
Ки бар номдорон бубанданд роҳ. 

Сипахдор Кайхусрав он хор дошт, 
Хирадро бар андеша солор дошт. 

920 Сипоҳе ки аз Бардаву Ардабил 
Биёмад, бифармуд, то хел- хел 

Биёянду бар пеши ӯ бугзаранд, 
Раду мӯбаду марзбон бишмаранд. 

Бирафтанд солорашон Густаҳам, 
Ки дар ҷанги шерон набудӣ дижам. 

Дигар 1 гуфт, то лашкари Нимрӯз 
Бирафтанд бо Рустами невсӯз. 

Бифармуд, то бар ҳаюнони маст 
Нишинанду гиранд аспон ба даст. 

925 Бар он вожгуна ду лашкар дамон 
Шабехун бароранд аз ногаҳон. 

Бирафтанд ин ҳарду зебои тоҷ, 

Яке дар биёбон, дигар сӯи Чоҷ 2 . 

Ба Суғд-андарун буд як моҳ шоҳ, 
Ҳама Суғд шуд шоҳро некхоҳ. 3 


1. ИМ-Ҳаме. 

2. Л-925, 926 нест. 

3. И-б. 924-927 нест. 


302 


Сипаҳро дирам доду осуда кард, 

Ҳаме ҷуст ҳангоми нангу набард. 

Ҳар он кас, ки буд аз дари корзор, 

Ки донист найрангу банди ҳисор, 

930 Биёварду бо хештан ёр кард, 

Сари бадкуниш пур зи тимор кард, 

В-аз он ҷойгаҳ гардан афрохта, 

Камар баставу ҷангро сохта. 

Зи Суғду Кашонӣ сипаҳ баргирифт, 
Ҷаҳоне бад-ӯ монда андар шигифт. 

Хабар шуд ба туркон, ки омад сипоҳ 
Ҷаҳонҷӯй Кайхусрави кинахоҳ. 

Ҳама сӯи дижҳо ниҳоданд рӯй, 

Ҷаҳон шуд пур аз ҷунбишу гуфтугӯй. 

935 Ба лашкар чунин гуфт пас шаҳрёр, 

Ки «Имрӯз чун шуд дигаргуна кор,* 1 

Зи туркон ҳар он кас, ки фармон кунанд, 
Дил аз ҷангҷустан пушаймон кунанд. 

Масозед ҷангу марезед хун, 

Мабошед касро ба бад раҳнамун. 

В-агар ҷанг ҷӯяд касе бо сипоҳ, 

Дили кинадораш наёяд ба роҳ. 

Шуморо ҳалол аст хун рехтан, 

Ба ҳар ҷой тороҷу овехтан. 


1 . М- Ки акнун дигаргуна шуд корзор. 


303 




940 Хуруше баромад зи эронсипоҳ,* 1 
Ниҳоданд гардан ба фармони шоҳ. 2 

Далерон ба дижҳо ниҳоданд рӯй, 

Ба ҳар диж, ки будӣ яке номҷӯй. 3 

Шудӣ бораи диж 4 ҳамон гоҳ паст, 
Намондӣ дижу низ ҷои 5 нишаст. 

Ғулому парастандаву чорпой 
Намондӣ баду нек чизе ба ҷой. 

Бар ин гуна фарсанг сад баргузашт, 
На диж монд обод, на кӯҳу на дашт. 

945 Чу овард лашкар ба Гулзарриюн, 

Ба ҳар сӯ бигардид бо роҳнамун. 

Ҷаҳон дид бар сони боғи баҳор, 
Дару дашту кӯҳу замин пурнигор. 

Ҳама кӯҳ нахчиру ҳомун дарахт, 
Ҷаҳон аз дари мардумӣ некбахт. 

Талоя фиристоду корогоҳон 
Бад-он, то бидонанд кори ниҳон. 


- пеши сипоҳ. 

■939, 940 нест; 

ТПЗМ - Бар ӯ- дар хуришҳо мадоред танг, 
Мадоред кину масозед ҷанг. 

Ба Туронзамин барниҳоданд рӯй, 
Ҷаҳон шуд пур аз гулғулу гуфтугӯй. 
Ҳар он кас, ки фармон ба ҷой оварид, 
Сипоҳи шаҳаншаҳ бад-ӯ нангарид. 

Зи туркон кас аз бими Афросиёб 
Лаби ташна нагзоштандӣ бар об. 
В-агар боз мондӣ, касе з-ин сипоҳ, 
Тани бесараш ёфтандӣ ба роҳ. 

3. Л- ҷангҷӯй. 

4. И-ӯ. 

5. Дар ӯ ҷойгоҳи. 


304 


22 


Саропардаи шаҳрёри ҷавон 
Кашиданд дар пеши оби равон. 

950 Ҷаҳондор бар тахти заррин нишаст, 

Худу номдорони хусравпараст, 

Шабе кард ҷашне, ки то рӯзи пок 
Ҳаме мурда бархост аз тирахок. 

В-аз он сӯ ба Ганг-андар Афросиёб 
Ба рахшанда рӯзу ба ҳангоми хоб 

Ҳаме гуфт бо ҳар кӣ буд кордон 
Бузургони бедору бисёрдон, 

Ки «Акнун, ки душман ба болин расид, 

Ба ганг-андарун чун тавон орамид?» 

955 Ҳама баркушоданд гӯё забон, 

Ки «Акнун, ки наздик шуд бадгумон, 

Ҷуз аз ҷанг дигар набинем роҳ* 1 , 

Забунӣ на хуб асту чандин сипоҳ».* 2 

Бигуфтанд в-аз пеш бархостанд, 

Ҳама шаб ҳаме лашкар оростанд. 

РАЗМ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БОРИ ДИГАР 
БО АФРОСИЁБ 

Сапедадамон гоҳи бонги хурӯс 
Зи даргоҳ бархост овози 3 кӯс. 

Сипоҳе биёмад ба ҳомун зи ганг, 

Ки бар мӯру бар пашша шуд роҳ танг. 

960 Чу омад ба наздики Гулзарриюн, 

Замин шуд ба сони куҳи Бесутун. 


-мо. 

-мо. 

3. ИЛ- овон. 


305 


Ҳаме лашкар омад се рузу се шаб, 
Ҷаҳон шуд пурошӯбу 1 ҷангу ҷалаб. 2 

Кашиданд бар ҳафт фарсанг нах, 
Фузун гашт мардум зи мӯру малах. 

Чаҳорум сипаҳ баркашиданд саф, 

Зи дарё баромад ба хуршед таф. 

Сӯи маймана Ҷаҳни Афросиёб, 

Куҷо найза бугзоштӣ з-офтоб. 

965 Ба қалб-андар Афросиёбу радон, 
Саворони гарданкашу бихрадон. 

Сӯи майсара шери ҷангӣ Кабурд, 

Або кордида саворони гурд. 

Паси пушт Г арсевази кинахоҳ, 

Ки дорад сипаҳро зи душман нигоҳ. 

В-аз ин рӯй Кайхусрав аз қалбгоҳ 
Ҳаме дошт чун кӯҳ пушти сипоҳ. 

Чу Гударзу чун Туси Нӯзарнажод, 
Манӯшону Хузони фаррухниҳод. 

970 Чу Гургини Мелоду Густаҳми шер, 
Ҳаҷиру чу Шедӯши гурди далер. 

Фарибурзи Ковус бар маймана, 
Сипоҳе ҳама якдилу яктана. 

Манучеҳр бар майсара ҷой дошт, 

Ки бо ҷанги мардон* 3 ҳаме пой дошт. 

Ба пушти сипаҳ Геви Гударз буд, 

Ки пушту нигаҳбони ҳар марз буд. 


1. И-азшӯру. 

2. Л-салаб; И-шағаб. 

3. М- дар ҷангй-ҷанги. 


306 


Замин куҳи оҳан шуд аз мехи наъл* 1 
Ҳама дашт дарё шуду наъл лаъл. 

975 Ба сар бар зи 2 гарди сипаҳ абр баст, 
Табира дили санги 3 хоро бихаст. 4 

Замин гашт ҷунбон чу абри сиёҳ, 

Ту гуфтӣ ҳаме барнатобад сипоҳ. 

Ҳаво гашт чун чодари обнӯс, 

Ситора ғамӣ гашт з-овози кӯс. 

Ҳама дашт мағзу сару дасту рой, 
Ҳамоно набуд бар замин низ ҷой. 

Ҳама наъли аспон сари кушта хаст, 
Ҳама дашт бе тан сару пову даст. 

980 Хирадманд мардум ба як сӯ шуданд, 
Ду лашкар бар ин ҳарду хасту шуданд, 

Ки гар як замон низ лашкар чунин 
Бимонад бар ин дашт бо дарду кин, 

Намонад яке з-ин саворон ба ҷой, 
Ҳамоно сипеҳр андарояд зи пой. 

Зи бас чок-чоки табарзину хӯд 
Равонҳо ҳаме дод танро дуруд. 

Чу Кайхусрав он печиши ҷанг дид, 
Ҷаҳон бар дили хештан танг дид. 

985 Биёмад ба як сӯ зи пушти сипоҳ, 

Ба пеши ҷаҳондор шуд додхоҳ, 


1 . М- Ҳама оби дарё пур аз хун шуд. 

2. И- пасу пеш. 

3. И- кӯҳи. 

4. И- шикаст. 


307 


Ки эй бартар аз дониши порсо 1 . 
Ҷаҳондор 2 бар подшо подшо. 

Агар нестам ман ситамёфта, 

Чу оҳан ба бӯта-дарун тофта, 

Нахоҳам, ки пирӯз бошам ба ҷанг, 
На бар додгар-бар кунам кор танг. 

Бигуфт ину бар хок молид рӯй, 
Ҷаҳон пур шуд аз нолаи зори ӯй. 

990 Ҳамон гаҳ баромад яке бод сахт, 

Ки бишкаст шодоб шохи дарахт. 

Ҳаме хок бардошт аз размгоҳ, 
Бизад бар руху чашми туронсипоҳ. 3 

Касе к-ӯ сар аз ҷанг бартофтӣ, 

Чу Афросиёб огаҳӣ ёфтӣ, 

Ба ханҷар буридӣ сарашро зи тан, 
Ҷуз аз хоку регаш набудӣ кафан. 

Чунин то сипеҳру замин тор шуд, 
Фаровон зи туркон гирифтор шуд. 

995 Биёмад* 4 шабу чодари мушкранг 
Бипӯшид, то кас наёяд ба ҷанг. 

Сипаҳ бозхонданд шоҳон зи дашт, 
Чу рӯи замин з-осмон тира гашт. 

Ҳама домани кӯҳ то пеши рӯд 
Сипаҳ буд бо ҷавшану диръу хӯд. 


1. И- донишу кимиё. 

2. Л- ҷаҳондору. 

3. ТПЗ - Ба гурдони Турон баромад шикаст, 

Яке хаста гашта, дигар баста даст. 

4. М- Баромад. 


308 


Барафрухтанд оташ аз ҳар суе, 

Талоя баромад зи ҳар паҳлӯе. 

Ҳаме ҷангро сохт Афросиёб, 

Ҳаме буд то чашмаи офтоб 

1000 Барояд, рухи кӯҳ рахшон кунад, 

Замин чун нигини Бадахшон кунад. 

Сарони саворон ба ҷанг оварад, 

Бар он дашт-бар ному нанг оварад. 1 

Ҷаҳонофаринро дигар буд рой, 

Ба ҳар кор бо рои ӯ нест пой. 

ПАНОҲ ГИРИФТАНИ АФРОСИЁБ 
ДАР ГАНГБИҲИШТ 

Шаби тира чун рӯи зангӣ сиёҳ 
Кас омад зи Густаҳми Нӯзар ба шоҳ, 

Ки «Шоҳи ҷаҳон ҷовидон зинда бод! 
Ки мо бозгаштем пирӯзу шод. 

1005 Бад-он номдорони Афросиёб 
Расидем ногаҳ ба ҳангоми хоб. 

Аз эшон саворе талоя набуд, 

Касеро зи андеша моя набуд. 

Чу бедор гаштанд аз эшон сарон, 
Кашиданд* 2 шамшеру гурзи гарон. 

Чу шаб рӯз шуд, ҷуз Қарохон намонд, 
Зи мардони эшон фаровон намонд. 

Ҳама дашт аз эшон тани бесар аст, 
Замин бистару хокашон чодар аст». 


1. ИЛМ -б. 1001 нест. 

2. М- кашидем. 


309 


1010 Ба мужда зи Рустам ҳам андар замон 
Ҳаюне биёмад сапедадамон, 

Ки мо дар биёбон хабар ёфтем, 
Бад-он огаҳӣ тез биштофтем. 

Шабу рӯз Рустам яке доштӣ, 

Ба тундӣ ҳаме роҳ бугзоштӣ. 

Ҳам он ҷо* 1 расидем ҳангоми рӯз, 

Чу барзад сар аз чарх гетифурӯз, 

Таҳамтан камонро ба зеҳ барниҳод, 
Чу наздик шуд, тарг бар сар ниҳод. 

1015 Нахустин, ки бар килк бинҳод шаст, 2 
Биёбон зи пайкори туркон бираст. 

Ба Туронзамин шуд кунун кинахоҳ, 
Ҳамоно ки огоҳӣ ояд ба шоҳ. 

Ба шодӣ зи лашкар баромад хурӯш, 
Сипахдори туркон ҳаме дошт гӯш. 

Ҳар он кас, ки буданд хусравпараст, 
Зи туркон бифармуд, то барнишаст 3 . 

Саворе биёмад ҳам андар шитоб 
Хурӯшон ба наздики Афросиёб, 

1020 Ки «Аз лашкари мо Қарохон биҷаст, 
Расидаст наздик бо мард шаст. 

Сипоҳе ба Турон ниҳоданд рӯй, 

К- аз эшон шавад нопадид оби ҷӯй». 


1. М- Бад-эшон. 

2. ИЛ-даст. 

3. И-1018нест. 


310 


22 


Чунин гуфт бо ройзан шаҳрёр, 

Ки «Пайкор сахт андаромад ба кор,* 1 

Чу Рустам бигирад сари гоҳи мо 
Ба як борагӣ гум шавад роҳи мо. 

Кунун ӯ гумонад, ки мо нашнавем, 
Куҷо дар ғаму ранҷи* 2 Кайхусравем. 

1025 Чу оташ бар эшон шабехун кунем, 

Зи хун рӯи ҳомун чу Ҷайҳун кунем. 3 

Саросар ҳама лашкар ин дид рой, 

Ҳам он марди фарзонаи раҳнамой. 

Буна ҳар чи будаш, ҳамон ҷо 4 бимонд, 
Чу оташ аз он дашт лашкар биронд. 

Ҳам он гаҳ талоя биёмад зи дашт, 

Ки аз гарди лашкар ҳаво тира гашт. 

Зи туркон ҷаҳон пок дидаш ҳама, 
Хабар шуд ба наздики шоҳи рама. 

1030 Ҳама дашт хиргоҳу хайма-сту бас, 
В-аз эшон ба хайма- дарун нест кас. 5 

Бидонист Хусрав, ки солори Чин 
Чаро рафт бегоҳ аз дашти кин. 

Зи Густаҳму Рустам хабар ёфтаст, 
Бад-ин огаҳӣ тез биштофтаст. 

Наванде барафканд ҳам дар замон, 
Фиристод наздики Рустам дамон, 


- ин бор бахти бад омад. 

- Чунин к-аз дари ҷангӣ. 

3. ТПЗИМ - Чу Кайхусрав ояд зи лашкар ду баҳр, 

Набинад магар бому девори шаҳр. 

4. И- фаровон. 

5. И-б. 1029-1030 нест. 


311 


Ки Баргашт аз ин гуна Афросиёб, 
Ҳамоно ба ҷанги ту дорад шитоб. 

1035 Сипаҳро биёрою ожир бош, 

Шабу рӯз бо таркашу тир бош. 

Наванде ҷаҳондор шоиста буд, 

Бад-он роҳи бероҳ боиста буд. 1 

Ҳаме рафт, чун пеши Рустам расид, 
Гави шердилро миёнбаста дид. 

Сипаҳ гурзҳо барниҳода ба дӯш, 
Якояк ниҳоданд б-овоз гӯш. 

Ба Рустам бигуфт, ончӣ пайғом буд, 
Ки фарҷоми пайғомаш ором буд. 

1040 В-аз ин рӯй Кайхусрави кинаҷӯй 
Нишаста ба ором бегуфтугӯй. 

Ҳама бахш кард, ончӣ буд бар сипоҳ, 
Саропардаву хайма, тахту кулоҳ. 

Аз эрониён куштагонро биҷуст, 
Кафан кард в-аз хуну гилшон бишуст. 

Ба расми меҳон куштаро дахма кард, 
Чу бардошт аз хоку хуни набард. 

Буна барниҳоду сипаҳ барнишонд, 
Дамон аз паси шоҳи туркон биронд. 

1045 Чу наздики шаҳр омад Афросиёб, 
Бад-он буд, ки Рустам бувад серхоб. 

Кунун ман шабехун кунам бар сараш, 
Барорем гард аз дили лашкараш. 


1. И-б. 1036 нест. 


312 


22^2 


Ба торики-андар талоя бидид, 

Ба дашт-андар овози аспон шунид. 

Фурӯ монд аз кори Рустам шигифт, 
Ҳаме ронду андеша андаргирифт. 

Ҳама кӯфта лашкару рехта, 

Ба ширинравон-андар овехта. 

1050 Ба пеш-андарун Рустами тезчанг, 
Паси пушт шоҳу саворони ҷанг. 

Касеро, ки наздик буд пеш хонд 
В-аз андешаи дил фаровон биронд. 

Бипурсид, к-«Инро чӣ бинед рӯй», 
Чунин гуфт бо номвар номҷӯй, 1 

Ки «Ба Бҳиштганг он ҳама ганҷи шоҳ 
Чӣ боист акнун чунин* 2 ранҷи роҳ. 

Замин ҳашт фарсанг болои ӯй, 
Ҳамоно ки чор аст паҳнои ӯй. 

1055 Зану кӯдаку марду чандин сипоҳ, 
Туро ганҷу 3 бадхоҳро ранҷи роҳ. 4 * 5 

Бар он бораи диж напаррад уқоб, 
Набинад касе он баландӣ ба хоб. 

Хуриш ҳасту айвону ганҷу кулоҳ, 
Бузургию фармону тахту сипоҳ.* 6 

Ҳамон бум, к-ӯро Биҳишт аст ном, 
Ҳама ҷои шодиву орому ком. 


1 . ИЛ- чораҷӯй. 

■ ҳама. 

ранҷу. 

гоҷу гоҳ. 

■ Бузургиву дармону тахту кулоҳ. 

■ Туро ганҷу бадхоҳро ранҷи роҳ. 


313 


22 


Ба ҳар гушае чашмаву обгир, 

Ба болову паҳнои партоби тир. 

1 060 Ҳаме мӯбад оварад аз Ҳинду Рум, 
Биҳиште бароварда з-обод бум. 

Ҳамоно ки з-он* 1 бора фарсанг бист, 
Ҷаҳонбин бубинад,-* 2 ки бар дашт кист 

Туро з-ин ҷаҳон баҳра ҷанг асту бас, 

Ба фарҷом гетӣ намонад ба кас. 

Чу бишнид гуфторҳо шаҳрёр, 

Хуш омад-шу эмин шуд аз рӯзгор. 3 

Биёмад дили шод ба Бҳиштганг 
Або олату лашкару сози ҷанг. 

1065 Ҳаме гашт бар гирди он шорсон, 

Ба дасте надид андар он хорсон. 

Яке кох будаш сар андар ҳаво, 
Баровардаи шоҳи фармонраво. 

Ба айвон фуруд омаду бор дод, 

Сипаҳро дирам доду динор дод. 

Фиристод бар ҳар даре лашкаре, 
Нигаҳбони ҳар кишваре меҳтаре. 

Ба ҳар ҷой бар бора шуд дидбон, 
Нигаҳбон ба рӯзу ба шаб посбон. 

1070 Раду мӯбадаш буд бар дасти рост, 
Нависандаи номаро пеш хост. 


- Ҳамон низ ор. 

- Бубинанд осон. 

3. ИЛ- корзор. 


НОМАИ АФРОСИЁБ НАЗДИКИ ФАҒФУРИ ЧИН 

Яке номае сӯи фағфури Чин 
Навиштанд бо сад ҳазор офарин. 

Чунин гуфт, к-аз гардиши рӯзгор 
Наёмад маро баҳра ҷуз корзор. 

Бипарвардам ӯро ки боист кушт. 

Кунун гашт аз ӯ рӯзгорам дурушт. 

Чу фағфури Чин гар биёяд, равост, 

Ки бар дӯстияш* 1 равонам гувост. 

1075 В-агар худ наёяд, фиристад сипоҳ, 

К-аз ин сӯ хиромад сӯи кинахоҳ. 

Фиристода аз пеши Афросиёб 
Ба Чин андаромад ба ҳангоми хоб. 

Сарафроз фағфур бинвохташ, 

Яке хуррамайвон бипардохташ. 

В-аз он сӯ ба ганг-андар Афросиёб, 

Баромад зи ором в-аз хӯрду хоб. 

Ба девор аррода бар пой кард, 

Ба бурҷ-андарун размро ҷой кард. 

1080 Бифармуд, то сангҳои гарон 

Кашиданд бар бора афсунгарон. 

Басе кордонони румӣ бихонд, 

Сипоҳе ба девори диж барнишонд. 

Баровард бедордил ҷосалиқ, 

Бар он бора арродаву манҷаниқ. 

Камонҳои чарху сипарҳои карг, 

Ҳама бурҷҳо пур зи хафтону тарг. 


1 . М - меҳри у бар. 


315 


Гуруҳе зи оҳангарон ранҷа кард, 

Зи пӯлод бар ҳар сӯе панҷа кард. 

1085 Бубастанд бар найзаҳои дароз, 

Ки ҳар кас, ки рафтӣ бари диж фароз, 

Бад-он ҷанги тез андаровехтӣ, 
В-агарна зи диж зуд бугрехтӣ. 

Ба ҳар кор 1 бо ҳар касе дод кард, 
Сипаҳро дирам доду обод кард. 

Ҳамон хӯду шамшеру баргустувон, 
Сипарҳои чиниву тиру камон, 

Бубахшид бар лашкараш бешумор, 
Бавижа бад-он, к-ӯ кунад корзор. 

1090 Чу осуда шуд з-он, ба шодӣ нишаст, 
Худу номдорони хусравпараст. 

Паричеҳра ҳар рӯз сад чангзан 
Ба шодӣ ба даргаҳ шудӣ анҷуман.* 2 

Шабу рӯз чун маҷлис оростӣ, 

Суруди лаби турку май хостӣ. 

Ҳаме дод ҳар рӯз ганҷе ба бод 
Бар имрӯзу фардо наёмад-ш ёд. 

Агар буданӣ буд, дилро ба ғам 
Сазад, гар надорӣ, набошӣ дижам, 

1095 Ду ҳафта бад-ин гуна шодон бизист, 
Кӣ донад, ки фардо дилафрӯз кист. 


1. ИЛ-шаҳр. 

2. М- Шудандӣ ба даргоҳи шоҳ анҷуман. 


316 


ОМАДАНИ КАЙХУСРАВ БА ПЕШИ ГАНГДИЖ 

Севум ҳафта Кайхусрав омад ба ганг, 
Шунид он ғави ною овои ҷанг. 

Бихандиду баргашт гирди ҳисор, 

Бимонд андар он гардиши рӯзгор. 

Шигифт омадаш, к-ончунон ҷой дид, 
Сипеҳри дилорой барпой дид. 

Чунин гуфт «К-он, к-ӯ чунин бора кард, 

На аз баҳри пайкор патёра кард. 

1100 Кӣ хуни сари шоҳи Эрон бирехт, 

Зи мо дар чунин бора-андар гурехт. 

Ба Рустам чунин гуфт, к-«Эй паҳлавон, 
Сазад, гар бубинӣ ба равшанравон, 

Ки бо мо ҷаҳондор Яздон чӣ кард 
Зи хубиву 1 пирӯзӣ андар набард. 

Бадеро куҷо ном буд бар бадӣ 
Ба тундиву кажживу нобихрадӣ. 

Гурезон шудаст ӯ зи мо дар ҳисор, 

Бад-ин сон баросуда аз рӯзгор. 

1105 Баде, к-ӯ бадони ҷаҳонро сар аст, 

Ба пирӣ расида кунун бадтар аст. 

Бад-ин гар бидорам зи Яздон сипос, 
Набояд ки шаб хуфта монам се пос* 2 , 

К-аз ӯяст пирӯзиву дастгоҳ, 

Ҳам ӯ офаринандаи ҳуру моҳ». 

Зи як сӯи он шорсон кӯҳ буд, 

Зи пайкори лашкар беандӯҳ буд. 


1 . Л-хуби ба. 

2. М-бошам. 


317 




Ба руи дигар руду оби равон, 

Ки равшан шудӣ мардро з-ӯ равон. 

1110 Кашиданд бар дашт пардасарой, 

Ба ҳар сӯи диж паҳлавоне ба пой.* 1 

Замин ҳафт фарсанг лашкар гирифт, 
Зи лашкар замин даст бар сар гирифт. 

Саропарда зад Рустам аз дасти рост, 
Зи шоҳи ҷаҳондор лашкар бихост. 

Ба чап-бар Фарибурзи Ковусу Тус,* 2 
Дурафши дилафрӯз бо бӯқу кӯс* 3 

Бирафтанду бастанд пардасарой, 
Севум пури Гударз бугзид ҷой. 4 

1115 Шаб омад, зи ҳар сӯ баромад хурӯш, 
Замин* 5 гашт яксар пур аз ҷангу ҷӯш. 

Заминро ҳаме дил баромад зи ҷой 
Зи бас нолаи кӯсу шайпуру ной. 

Чу хуршед бардошт аз чарх занг, 
Бидаррид пероҳани мишкранг. 

Нишаст аз бари аспи шабранг шоҳ 
Биёмад, бигардид гирди сипоҳ. 

Чунин гуфт бо Рустами пилтан, 

Ки «Эй номвар меҳтари анҷуман, 

1 120 Чунин дорам уммед, к-Афросиёб 
Набинад ҷаҳон низ ҳаргиз ба хоб. 


-сӯ дурафши каёнӣ. 

- ковус буд. 

-Дилафрӯз бо бӯқу бо кӯс буд. 
Набарди адӯро бикарданд рой. 

- ҷаҳон. 


318 


Агар кушта, гар зинда ояд ба даст, 
Бубинад сари теғи яздонпарст. 

Бар онам, ки ӯро зи ҳар сӯ сипоҳ 
Биёяд, ки ҳасташ чунин дастгоҳ. 

Битарсанду аз тарс ёрӣ диҳанд, 

На аз кину аз комгорӣ диҳанд. 

Бикӯшем, то пеш аз он, к-ӯ сипоҳ 
Биронад, бар ӯ-бар бигирем роҳ. 

1 125 Ҳамон бораи диж фуруд оварем, 

Ҳама сангу хокаш ба рӯд оварем. 

Сипаҳро кунун рӯзи сахтӣ гузашт, 
Ҳамон рӯзи ранҷ-андар ором гашт. 

Чу душман ба девор гирад паноҳ, 

Зи пайкору кинаш натарсад сипоҳ. 

Шикастадил аст ӯ бар ин шорсон, 

К-аз ин пас шавад бегумон хорсон. 

Чу гуфтори Ковус ёд оварем, 

Равонро ҳама сӯи дод оварем». 1 

1130 Чунин* 2 гуфт, к-ин кина бо шоҳу нард 
Замона напӯшад ба зангору гард. 

Ба сони дарахте бувад тозабарг 
Дил аз кини шоҳон натарсад зи марг. 

Падар бар писар бугзаронад ба даст, 
Чунин то шавад сол сад бор шаст 3 . 


1. И-б. 1 129 нест. 

2. Л-б. 1126-1 132 нест. 

3. М- Ки ӯ. 


319 


Падар бугзарад, кин бимонад ба ҷой, 
Писар бошад он дардро раҳнамой». 

Бузургон бар ӯ офарин хонданд, 

Варо хусрави покдин хонданд, 

Ки кини падар бар ту ояд ба сар, 

Мабодӣ ба ҷуз шоду пирӯзгар! 

ОМАДАНИ ҶАҲН БО ПАЙҒОМИ АФРОСИЁБ 
НАЗДИ КАЙХУСРАВ 

Дигар рӯз чун хур баромад зи роғ, 

Ниҳод аз бари чарх заррин чароғ, 

Хурӯше баромад баланд аз ҳисор, 
Пурандеша шуд з-он дили шаҳрёр. 

Ҳамон гаҳ дари диж кушоданд боз, 
Бараҳна шуд он рӯи пӯшида роз. 

Биёмад зи диж Ҷаҳн бо даҳ савор 
Хирадманду бодонишу моядор. 

1140 Бишуд пеши даҳлези пардасарой, 

Ҳаме буд бо номдорон ба пой. 

Биёмад бари шоҳ салори бор, 

Бигуфто, ки 1 «Ҷаҳн аст бо даҳ савор». 

Шаҳаншоҳ биншаст бар тахти оҷ, 

Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ. 

В-аз он пас биёмад Манӯшони гурд, 
Хирадёфта Ҷаҳнро пеш бурд. 

Хирадманд чун назди* 2 Хусрав расид, 

Шуд аз оби дида рухаш нопадид. 


1. ИЛ- бигуфт он ки. 

2. М- пеши. 


320 


1 145 Бимонд андар у Ҷаҳни ҷанги шигифт, 
Кулоҳи бузургӣ зи сар баргирифт. 

Чу омад ба наздики тахташ фароз, 
Бар ӯ офарин карду бурдаш намоз. 

Чунин гуфт, к-«Эй номвар шаҳрёр, 
Ҳамеша ҷаҳонро ба хубӣ 1 гузор. 

Бару буми мо бар ту фархунда бод, 
Дилу чашми бадхоҳи ту канда бод. 

Ҳамеша бизӣ шоду яздонпраст, 

Бар ин буми мо пеш густурда даст. 

1 1 50 Хуҷаста нишастиву шод омадӣ, 

Ҳама достонҳо ба некӣ задӣ. 

Паёме гузорам зи Афросиёб, 

Агар шоҳ аз ин барнагирад 2 шитоб». 

Чу аз Ҷаҳн бишнид гуфтор шоҳ, 
Бифармуд заррин яке зергоҳ. 

Ниҳоданд зери хирадманд мард, 
Нишасту паёми падар ёд кард. 

Чунин гуфт бо шоҳ, к-«Афросиёб 
Нишастаст бо дидагон пур зи об. 

1155 Нахустин дуруде расонам ба шоҳ, 

Аз он доғдил шоҳи туронсипоҳ. 

Зи Яздон сипосу бад-ӯям паноҳ, 

Ки фарзанди мо шуд бад-ин пойгоҳ 3 . 


1 . ИЛ- шодӣ. 

2. ИЛ- шоҳро з-он нагирад. 

3. ТПЗМ - Ки лашкар кашад, шаҳрёрӣ кунад, 

Бар ин чархи гардон саворӣ кунад. 


321 


Зи роҳи падар шоҳ то Кайқубод 
Зи модар сӯи Тур дорад нажод. 

Зи шоҳони гетӣ сарат бартар аст, 

Ки тухми ту з-ин номвар гавҳар аст. 

Ба абр-андарун тезпаррон уқоб, 
Наҳанги диловар ба дарёи об. 

1160 Ҳама посбонони тахти туанд, 

Даду дом шодон ба бахти туанд. 

Бузургон, ки бо тоҷу бо афсаранд* 1 
Ба рӯи замин мар туро кеҳтаранд, 

Шигифтам ман аз кори деви нажанд, 
Ки ҳаргиз нахоҳад ба ман ҷуз газанд. 

Бад-он меҳрбониву он ростӣ, 

Чаро шуд дили ман сӯи костӣ? 

Ки бар дасти ман пури Ковусшоҳ, 
Сиёвахши 2 рад кушта шуд бегуноҳ. 

1165 Ҷигар хастаам з-ин сухан пур зи дард, 
Нишаста ба як сӯй бе хобу 3 х(в)ард. 

На ман куштам ӯро, ки нопок дев 
Бибурд аз дилам тарси кайҳонхидев. 

Замона варо буд, баҳона маро, 

Ба ҷанг-андарун буд фасона маро. 

Ту акнун хирадмандиву подшо, 
Пазирандаи мардуми порсо. 

Нигаҳ кун, ки то чанд шаҳри фарох 
Пур аз боғу майдону айвону кох. 


1. М- зеваранд. 

2. Л-Сиёвуши. 

3. И-аз хобу. 


322 


1170 Шудаст андар ин кинаҷустан хароб, 
Баҳона Сиёвахшу Афросиёб. 

Ҳамон корзорӣ саворони ҷанг, 

Ба тан ҳамчу пилу ба зӯри наҳанг, 

Ки ҷуз коми шерон кафаншон набуд, 
Сарон низ наздики таншон набуд. 

Яке манзил андар биёбон намонд, 

Ба кишвар ҷуз аз шаҳри вайрон намонд. 

Ҷуз аз кинаву захми шамшери тез 
Намонад зи мо ном то растахез. 

1175 Наёяд ҷаҳонофаринро писанд, 

Ба фарҷом печон шавем аз газанд. 

Агар ҷангҷӯӣ, ҳаме бегумон 
Наёсояд аз кин дилат як замон. 

Нигаҳ кун бад-ин гардиши рӯзгор, 

Ҷуз ӯро макун бар дил омӯзгор, 

Ки мо дар ҳисорему ҳомун турост, 

Сари пур зи кин, дил пур аз хун турост. 

Ҳаме ганг хонам, биҳишти ман аст, 
Баровардаи буму кишти ман аст. 

1180 Ҳам эдар маро ганҷу эдар сипоҳ, 

Ҳам эдар нигину ҳам эдар кулоҳ. 

Ҳамин ҷои кишту ҳамин ҷои х(в)ард, 
Ҳамин ҷои шерони рӯзи набард. 

Туро гоҳи гармиву ҷӯшӣ гузашт, 

Гулу лолаву рангу хушшӣ гузашт. 

Зимистону сармо ба пеш-андар аст, 

Ки бар найзаҳо гардад афсурда даст. 


323 


Бад-онам чу абр андарафканд чин, 
Бад-ин буми мо рӯд гардад замин. 1 

1185 Зи ҳар сӯ, ки хонам, биёяд сипоҳ, 
Натобӣ ту бо 2 гардиши ҳуру моҳ. 

В-ар эдун гумонӣ, ки бар корзор, 
Туро бар диҳад гардиши рӯзгор, 

Аз андеша гардун ҳаме бугзарад, 

Зи ранҷи ту дигар касе бар х(в)арад. 

Г ар эдун, ки гӯӣ, ки туркони 3 Чин 
Бигирам, занам осмон бар замин, 

Ба шамшер бугзорам ин анҷуман, 
Ба дасти ту оям гирифтор ман, 

1190 Мапиндор, к-ин низ нобуданист, 
Насояд касе, к-ӯ на фарсуданист. 4 

Набера писар Хусрави Зодшам, 

Зи пушти Фаридуну аз тухми Ҷам. 

Маро дониши эзадӣ ҳасту фар, 
Ҳамон чун сурушам яке ҳаст пар. 

Чу танг андарояд маро рӯзгор, 
Нахоҳад дилам панди омӯзгор, 

Ба фармони Яздон ба ҳангоми хоб 
Шавам чун ситора бари офтоб. 

1195 Ба дарёи Каймок 5 - бар бугзарам, 
Супорам туро кишвару афсарам. 6 


1. И-б. 1 174 нест. 

2. И-аз. 

3. Л-туркону. 

4. ИЛ-Бисояд касе к-ӯ бифарсуданист. 

5. ИЛ-Кимол. 

6. И-лашкару кишварам. 


324 


Туро Гангдиж бошад оромгоҳ, 
Набинад маро низ шаҳру 1 сипоҳ. 

Чу ояд маро рӯзи кинхостан, 

Ба пиронсар ин* 2 лашкар оростан, 

Биёям, бихоҳам зи ту кини хеш, 

Ба ҳар ҷой пайдо кунам дини хеш. 

В-агар кина аз мағз берун кунӣ, 

Ба меҳр-андарун 3 кишвар афсун кунӣ, 

1200 Кушоям дари ганҷу тоҷу камар, 

Ҳамон ганҷи динору зарру гуҳар, 

Ки Тури Фаридун зи Эраҷ ниҳод,* 4 
Ту бардору аз кин макун ҳеч 5 ёд. 

В-агар Чину Мочин бигирӣ, равост,* 6 
Бар он рон ҳама коми дил, к-ат ҳавост. 

Хуросону Мукронзамин пеши туст, 
Маро шодмонӣ ба кам- беши туст. 

Ба роҳе ки бугзашт Ковусшоҳ, 
Фиристам-т чандон, ки хоҳӣ сипоҳ. 

1205 Ҳама лашкаратро тавонгар кунам, 
Туро тахти заррину афсар кунам. 

Туро пушт бошам ба ҳар корзор, 

Ба ҳар анҷуман хонамат шаҳрёр. 

Бигӯ ончи хоҳӣ, ҳама коми хеш, 

Бубин аз пасу пеш анҷоми 7 хеш. 


1 . Л-шоҳу. 

2. М-Бубин он замон. 

3. ИЛ- андар ин. 

4. М-ҳаргиз Фаридун ба Эраҷ надод. 

5. ИЛ-низ. 

6. М-Бад он рафт бояд, ки дилро. 

7. Л-фарҷоми. 


325 


222 


Г ар аз панди ман сар бупечи ҳаме, 
Ҳамон бо ниё кин биасечӣ ҳаме, 

Чу ӯ бозгардад, биёрой ҷанг, 

Манам сохта размро чун паланг». 

ПОСУХ ДОДАНИ КАЙХУСРАВ ҶАҲНРО 

1210 Чу аз Ҷаҳн бишнид гуфтор' шоҳ, 

Ҳаме кард хандон бар ӯ-бар 1 2 нигоҳ. 

Ба посух чунин гуфт, к-«Эй номҷӯй, 
Шунидем сар то сар ин гуфтугӯй. 

Нахуст он ки кардӣ маро офарин, 
Ҳамон бод бар тоҷу тахту нигин. 

Дуруде ки додӣ зи Афросиёб, 

Ту гуфтӣ,* 3 ки ӯ кард мижгон пуроб, 

Шунидам ҳам он бод бар ту тоҷу тахт, 
Мабодо магар шоду пирӯзбахт. 

1215 Ва дигар, ки кардӣ* 4 зи Яздон сипос, 
Писанд аст бар шоҳи* 5 яздоншинос. 

Зи шоҳони гетӣ дилафрӯзтар, 
Писандидаву шоду пирӯзтар. 

Маро дод Яздон ҳама, ҳарчи гуфт, 

Ки бо ин ҳунарҳо хирад бод ҷуфт. 

Туро чанд хоҳӣ сухан чарб 6 ҳаст, 

Ба дил нестӣ поку яздонпараст. 


1. Л-пайғом бишнид; ИМ- пайғом. 

2. ИЛ-бад-ӯ дар. 

-Бигуфтй. 

-гуфтӣ. 

-ки бинам. 

6. ИЛ-хуб. 


326 


222 


Касе к-у ба дониш тавонгар бувад, 

Зи гуфтор кирдор беҳтар бувад. 

1220 Фаридуни фаррух ситора нагашт, 

На аз хоки тира сараш* 1 баргузашт. 

Ту гӯӣ,* 2 ки ман баршавам бар сипеҳр, 
Бишустӣ бар ин гуна аз шарм чеҳр. 

Дилат ҷодуиро сари моя гашт, 

Сухан бар забонат чу пероя гашт. 

Забон чарбгӯёву* 3 дил пурдурӯғ, 

Бари марди доно нагирад фурӯғ. 

Падаркуштаро шоҳи гетӣ махон, 
Кунун, к-аз Сиёвуш намонд устухон. 

1225 Ҳамон модарамро зи парда ба роҳ 
Кашидиву гаштӣ чунин кинахоҳ. 

Маро низ нозода аз модарам, 

Ҳаме оташ афрӯхтӣ бар сарам. 

Ҳар он кас, ки буд пеши даргоҳи ту, 
Бинафрид бар ҷони бероҳи ту, 

Ки харгиз ба гетӣ касе ин накард, 

Зи шоҳону гурдону мардони мард, 

Ки бар анҷуман-бар занеро кашон, 
Супорад бузурге ба мардумкушон, 

1230 Ки то духтараш баччаро бифканад, 
Зананда ҳаме тозиёна занад. 

Хирадманд Пирон бад-он ҷо расид, 
Бидид он ки ҳаргиз надиду шунид. 


-тане. 

- гуфти. 

-пур зи гуфтору. 


327 


Чунин буд фармони Яздони ман, 
Сарафроз бошам ба ҳар анҷуман. 

Газанду* 1 балои ту аз ман бигошт, 

Ки бо ман замона яке роз дошт. 

В-аз он пас, ки гаштам зи модар ҷудо, 
Чунон чун бувад баччаи бебаҳо, 

1235 Ба назди шубонон фиристодиям, 

Ба парварда шерони нар додиям. 2 

Чунин буд, то рӯз бар ман гузашт, 
Маро андаровард Пирон зи дашт. 

Ба пеши ту овард, кардӣ нигоҳ, 

Ки ҳастам сазовори тахту кулоҳ. 

Ба сони Сиёвуш сарамро зи тан 
Бибурриву тан ҳам наёбад кафан. 

Забони маро покяздон бубаст, 

Ҳаме хира мондам ба ҷои нишаст. 

1240 Маро бедилу бехирад ёфтӣ, 

Ба кирдори бад тез наштофтӣ. 

Сиёвуш нигаҳ кун, ки аз ростӣ 
Чӣ карду чӣ дидӣ аз ӯ костӣ? 

Зи гетӣ паноҳи туро баргузид, 

Чунон кард, к-аз номдорон сазид. 

Зи баҳри ту бугзошт 3 * 4 тахту кулоҳ, 
Биёмад ба гетӣ, 5 туро хонд шоҳ. 


1. М-КиЭзад. 

2. ТПЗИ - Бузон дояву мешгова шубон, 

На ороми рӯзу на хоби шабон. 

3. И-бипардохт Эрону. 

4. М- баҳрат бияндохт. 

5. И- Тирон. 


328 


Вафо ҷусту 1 бугзошт он анҷуман, 
Бад-он то нахониш паймоншикан. 

1245 Чу дидӣ бару гирдгоҳи 2 варо, 
Бузургиву 3 гурдиву роҳи варо. 

Биҷунбидат он гавҳари бад зи ҷой, 
Бияфкандӣ он покдилро зи пой. 

Сари тоҷдоре чунон арҷманд 
Буридӣ ба сони 4 сари гӯсфанд. 

Зи гоҳи Манучеҳр то ин замон 
Набудӣ магар бадтану бадгумон? 

Зи Тур андаромад зиён аз нахуст, 
Куҷо бо падар дасти бадро бишуст. 

1250 Писар бар писар бугзарад ҳамчунин, 
На роҳи бузургӣ, на оину дин. 

Задӣ гардани Нӯзари тоҷдор, 

Падар шоҳу аз тухмаи шаҳрёр. 

Бародар-т Ағрирас он некхӯй, 

Куҷо некномӣ будаш орзуй, 5 

Бикуштиву то будаӣ, бадтанӣ, 

Ту бадгавҳару* 6 роҳ оҳарманӣ. 

Касе к-ӯ бадиҳот гирад шумор, 
Фузун ояд аз гардиши рӯзгор. 

1255 Ниҳолӣ ба дӯзах фиристодаӣ, 

Ту гӯӣ на аз мардумон зодаӣ. 


1 . МИ - Ба ахди ту. 

2. П-гирдагоҳи. 

3. ИЛ- сутугиву. 

4. ЛМ - Буридед ҳам чун. 

5. ТПЗ - Миёнаш ба ду нима кардӣ ба дард, 

Касе бо бародар чунин бад накард. 

6. М- Ба бадгавҳар аз роҳи оҳарманӣ. 


329 


Дигар он ки гуфти, ки деви палид 
Дилу роҳи 1 ман сӯи дӯзах 2 кашид. 

Чунин буд 3 Заҳҳоку ҳам Ҷаммшед, 

Чу шудшон дил аз некуӣ ноумед, 

Ки моро дил Иблис бероҳ кард, 

Зи ҳар некуӣ даст кӯтоҳ кард. 

Набаргашт аз эшон бади рӯзгор 
Зи бадгавҳару гуфти омӯзгор. 

1260 Касе к-ӯ битобад сар аз ростӣ, 

Кажӣ гирадаш кору ҳам 4 костӣ.* 5 

Ба ҷанги Пашан низ чандон сипоҳ, 

Ки Пирон бикушт андар он размгоҳ. 6 

Замин гил шуд аз хуни гударзиён, 
Бияфзуд чандон зиён бар 7 зиён.* 8 

Кунун омадӣ бо ҳазорон ҳазор 
Зи туркон савор аз дари корзор. 

Ба Омуй лашкар кашидӣ ба ҷанг, 

В-аз эшон ба пеши ман омад Пашанг. 

1265 Фиристодияш, то бибуррад сарам, 

В-аз он пас ту* 9 вайрон кунӣ кишварам. 

Ҷаҳондор Яздон маро ёр гашт, 

Сари бахти душман нагунсор гашт. 


1. ИЛ- рои. 

2. Л-зиштӣ; И-пастӣ. 

3. ИЛМ-ҳам ин гуфт. 

4. И- Бубинад дилаш кажживу. 

5. М- Бубинад ҳаме каттиву. 

6. ИЛ- овардгоҳ. 

7. Л- Наҷӯӣ ҷуз аз ранҷу; И-Наҷӯӣ магар роҳи рангу. 

8. М-Нагӯӣ ҷуз аз ранҷу роҳи. 

9. М-Биёиву. 


330 


Маро гуи акнун, ки аз тахти ту 
Дилафрӯзу 1 шодонам аз бахти ту. 

Нигаҳ кун, ки то чун бувад боварам, 
Чу кирдорҳои ту ёд оварам. 

Аз ин пас маро ҷуз ба шамшери тез 
Набошад сухан низ то растахез. 

1270 Бикӯшам ба нерӯи ганҷу сипоҳ, 

Ба некахтару гардишу 2 ҳуру моҳ. 

Ҳаме пеши Яздон бибошам ба пой, 
Нахоҳам ба гетӣ ҷуз ӯ раҳнамой. 

Магар, к-аз бадон пок гардад ҷаҳон, 
Ба доду деҳиш ман бубандам миён. 3 

Ҷаҳонро ба доду деҳиш нав кунам, 
Магар, к-аз бадон боғ бехав кунам. 4 

Сухан ҳарчи гуфтам, ниёро бигӯй, 

Ки дар ҷанг чандин баҳона маҷӯй. 

1275 Яке тоҷ додаш забарҷаднигор, 

Яке тавқи заррину ду гӯшвор». 

Ҳамон гаҳ ки шуд Ҷаҳн пеши падар, 
Бигуфт он суханҳо ҳама дар ба дар. 

Барошуфт аз он посух Афросиёб, 
Дилаш гашт пурдарду сар пуршитоб. 

Бубахшид ганҷу дирам бар сипоҳ, 
Ҳамон гурзу шамшеру хӯду кулоҳ. 


1 . И-шабу руз. 

2. ИЛ- гардиши. 

3. И-б. 1272. 

4. ТПЗ - Бадандешро аз миён барканам, 

Сари баднишонро беафсар кунам. 


331 


РАЗМИ КАЙХУСРАВ БО АФРОСИЁБ 
ВА ГИРИФТА ШУДАНИ ГАНГДИЖ 

Шаби тира то сар зад аз чарх шед, 
Бибуд кӯҳ чун пушти пили сапед. 

1280 Ҳаме лашкар орост Афросиёб, 

Саворе зи туркон куҷо ёфт хоб. 

Чу аз Ганг бархост овои кӯс, 

Замин оҳанин шуд, ҳаво обнӯс. 

Шаҳи номбардори* 1 некигумон 
Нишаст аз бари зин сапедадамон. 

Биёмад, бигардид гирди ҳисор, 

Нигаҳ кард, то чун бувад 2 корзор, 

Ба Рустам бифармуд, то ҳамчу кӯҳ 
Биёмад ба як сӯи диж бо гурӯҳ. 

1285 Дигар сӯй 3 Густаҳми Нӯзар ба пой, 

Се дигар 4 чу Гударзи фархундарой. 

Ба сӯи чаҳорум шаҳи комгор 5 , 

Або пилу кӯсу набарда 6 савор. 

Сипаҳро ҳама ҳар чи боист соз, 
Бикарду биёмад сӯи тахт боз.* 7 

Ба лашкар бифармуд пас шаҳрёр 
Яке канда кардан ба гирди ҳисор. 

Бад-он кор ҳар кас, ки доно буданд, 
Ба ҷанги диж-андар тавоно буданд, 


1 . М- Сари мӯбадон шоҳи. 

2. ИЛ- кунад. 

3. Л- зи як сӯш. 

4. Л- дигар сӯ. 

5. номдор. 

6. И- кӯсу пилону чанде. 

7. М- бари диэн фароз. 


332 


1290 Чи аз Рум в-аз Чину аз Ҳиндувон, 
Чи размозмуда зи ҳар сӯ гавон. 

Ҳама гирди он шорсон чун наванд, 
Бигаштанду ҷустанд ҳар гуна банд. 

Ду найза ба боло яке канда кард, 
Сипаҳро ба гирдаш пароканда кард. 

Бад-он то шаби тира бе охтан 1 
Наёрад ба куштан касе 2 тохтан. 

Дусад бора арродаву манҷаниқ 
Ниҳод аз бараш ҳар сӯе ҷосалиқ.* 3 

1295 Дусад чарх бар ҳар сӯе буд* 4 камон, 
Зи девори диж чун сари бадгумон. 

Падид омадӣ манҷаниқ аз бараш, 

Чу жола ҳаме кӯфтӣ бар сараш. 

Паси манҷаниқ-андарун румиён 
Або чархҳо танг баста миён. 

Дусад пил фармуд пас шаҳрёр 
Кашидан сутунҳо ба пеши 5 ҳисор. 

Яке кандае зери бора-дарун, 

Ба канда 6 ниҳоданд зераш 7 сутун. 

1300 Пароканда 8 бар 9 чӯб нафти сиёҳ, 

Бар он гуна фармуд найранг шоҳ. 


1 . ИЛМ - сохтан. 

2. ЛМ-Наёяд зи туркон яке; И-Наёяд зи Туркон яке. 

3. М- Дусад сохт аррода бар ҳар даре, 

Дусад манҷаник аз паи лашкаре. 

4. М- даре бо. 

5. ЛМ - зи ҳар сӯ ба гирди. 

6. Л-Биканду. 

7. Л-з-ин сӯ. 

8. ИЛ-Пас олуда. 

9. И-дар. 


333 


222 


Бар он чубҳо бора монад* 1 ба пой, 
Бад-он чӯбҳо баргирифта зи ҷой. 

Ба як сӯ-бар аз манҷаниқу зи тир 
Рухи саркашон буд ҳамчун зарир. 

Ба зер-андарун оташу нафту чӯб, 

Зи бар гурзҳои гарон кӯҳкӯб. 

Ба ҳар чорсӯ сохта* 2 корзор, 

Чунон чун бувад сози ҷанги ҳисор. 

1 305 Чу он карда шуд,* 3 шаҳрёри замин 
Биёмад ба пеши ҷаҳонофарин. 

Зи лашкар бишуд, то ба ҷои намоз 
Або кирдгори ҷаҳон гуфт роз. 

Абар хок чун мор печон зи кин 
Ҳаме хонд бар кирдгор офарин, 4 

Ки ҳамвора пасту 5 баландӣ зи туст, 
Ба ҳар сахтие ёрмандӣ зи туст. 

Агар дод бинӣ ҳаме рои ман, 
Магардон аз ин пойгаҳ пои ман. 

1310 Нагун кун сари ҷодувонро зи тахт, 
Маро дор шодондилу некбахт. 

Чу бардошт аз пеши Яздон сараш, 
Ба ҷавшан бипӯшид равшан бараш. 

Камар бар миён басту барҷаст зуд, 
Ба ҷанг андаромад ба кирдори дуд. 


- монда. 

-сохт ин. 

-В-аз он ҷойгаҳ. 

4. ИЛ-б. 1306, 1307 нест. 

5. ИЛМ-кому. 


334 


22 


Бифармуд, то сахт бар ҳар даре 
Ба ҷанг андарояд гарон лашкаре. 1 * 2 

Бад-он чӯбу нафт оташ андарзаданд, 
Зи баршон ҳаме санг бар сар заданд. 

1315 Зи бонги камонҳои чарху зи дуд 3 
Шуда рӯи хуршеди тобон кабуд. 4 

Зи арродаву манҷаниқу зи гард, 
Замин нилгун шуд, ҳаво лоҷвард. 

Хурӯшидани пилу бонги сарон, 
Дурахшидани теғу гурзи гарон. 

Ту гуфтӣ баровехт бо ҳуру 5 моҳ 
Зи боридани тиру гарди сипоҳ. 

Бар он гуна гашт осмон нопадид, 
Куҷо чашми равшан ҷаҳонро надид. 6 

1 320 Зи нафти сияҳ чӯбҳо барфурӯхт, 

Ба фармони Яздон чу ҳезум бисӯхт. 

Нагунбора* 7 гуфтӣ, ки бардошт пой, 
Ба кирдори кӯҳ андаромад зи ҷой. 

В-аз он бора чанде зи туркон ба зер* 8 
Нагун андаромад ба кирдори шер, 

Ки орад бад-ӯ шӯрбахтӣ ҷаҳон 
Ба дом андарояд сараш ногаҳон. 


1. И-б. 1313 нест. 

2. М- Яке лашкаре. 

3. И-тир. 

4. И- чу қир. 

5. ИЛ- шед. 

6. ИМ-б. 1319 нест. 

- Ҳаме бора. 

- далер. 


335 


Баромад хурушидани корзор, 

Ба пирӯзии лашкари шаҳрёр. 

1 325 Сӯи рахнаи диж ниҳоданд рӯй, 
Биёмад дамон Рустами ҷангҷӯй. 1 

Хабар шуд ҳамон гаҳ ба Афросиёб, 
Куҷо бораи шорсон шуд хароб. 

Пас Афросиёб андаромад чу гард, 

Ба Ҷаҳну ба Гарсеваз овоз кард. 

Ки «Бо бораи диж шуморо чӣ кор? 
Сипаҳро зи шамшер бояд ҳисор. 

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш, 
Ҳамон аз паи ганҷу пайванди хеш 

1330 Бубандед бо якдигар домано, 
Мамонед бадхоҳ перомано!». 

Зи туркон сипоҳе 2 ба кирдори кӯҳ 
Бишуд сӯи рахна гурӯҳогурӯҳ 3 . 

Ба кирдори шерон баровехтанд, 
Хурӯш аз дурӯя барангехтанд. 

Саворони туркон ба кирдори бед 
Навон гашта в-аз буму бар ноумед. 

Ба Рустам бифармуд пас шаҳрёр, 
Пиёда ҳар он кас, ки буд найзадор. 

1335 Ба* 4 пеш андарорад бар он рахнагоҳ, 
Ҳам эдун пиёда ҳама кинахоҳ. 


1. И-кинаҷӯй. 

2. Л- Сипоҳе зи туркон. 

3. Л- Бад-он рахна рафтанд гурдон гурӯҳ. 

4. М-Ки. 


336 


Або таркашу теғу тиру сипар, 

Ду даста пиёда* 1 паси найзавар. 

Саворони ҷангӣ нигаҳдорашон, 

Бад-он гаҳ ки шуд сахт пайкорашон. 

Ба рахна даровард яксар сипоҳ 
Чу шери жиён Рустами кинахоҳ. 

1340 Ба бора баромад ба кирдори гард, 
Дурафши сияҳро нагунсор кард. 

Ни ттт они сипахдори Эрон бунафш 
Бар он бора зад шерпайкар дурафш. 

Ба пирӯзии шоҳи Эронсипоҳ 
Баромад хурӯшидан аз размгоҳ. 

Фаровон зи туронсипаҳ кушта шуд, 
Сари бахти он кинавар гашта шуд. 

Бад-он гаҳ 2 куҷо размашон шуд дурушт, 
Ду тан Рустам овард з-эшон ба мушт. 

1345 Чу Гарсевазу Ҷаҳни размозмой, 

Ки буд тахти Турон зи эшон ба пой. 

Бародар яке буду фаррухписар, 

Чунин омад аз шӯрбахтӣ ба сар. 

Бад-он шорсон андаромад сипоҳ, 

Чунон лашкари доғдил, кинахоҳ. 

Ба тороҷу куштан ниҳоданд рӯй, 
Баромад хурӯшидани ҳою ҳуй. 

Зану кӯдакон бонг бардоштанд, 

Ба эрониён ҷой бугзоштанд. 


1 . М- Савор истода. 

2. Л- ҷо. 


337 




1350 Чи моя зану кудаки норасид, 

Ки зери паи пил шуд нопадид. 

Ҳама шаҳри Турон гурезон чу бод, 
Наёмад касеро бару бум ёд. 

Ба зорӣ ҳама дидагон пур зи хун, 
Шуда бахти гурдони туркон 1 нагун. 

Зану ганҷу фарзанд гашта асир, 

Зи гардун равон хаставу тан ба тир. 


ГУРЕХТАНИ АФРОСИЁБ АЗ ГАНГ 

Ба айвон баромад пас Афросиёб, 

Пур аз хун дил аз дарду мижгон пуроб. 

1355 Бад-он бора баршуд, ки буд кохи ӯй, 
Биёмад, сӯи шорсон кард рӯй. 

Ду баҳра зи ҷанговарон кушта дид, 
Дигар яксар аз ҷанг баргашта дид. 

Хурӯши саворону бонги сарон,* 2 
Абар 3 пушти пилон табиразанон, 

Ҳаме пил мар зиндагонро чу дид,* 4 
Ҳаме кардашон бар замин нопадид.* 5 

Ҳама шорсон дуду фарёд буд,* 6 
Ҳама оташу ғорату бод буд.* 7 

1360 Яке шоду дигар пур аз дарду ранҷ, 
Чунон аст расми 8 сарои сипанҷ. 


1. ИЛМ-турон. 

■ занон. 

ҳама аз. 

■ бар зиндагон ронданд. 

■ пушташон бар замин монданд. 

■ дид. 

■Дид. 

кори; Л-Чунон чун бувад дар. 


338 


Чу Афросиёб он чунин дид кор, 

Чунон ҳавлу* 1 баргаштани корзор, 

На Ҷаҳну 2 бародар, на буму на бар, 

На тахту на шоҳӣ, на ганҷу гуҳар. 3 * 4 

Ҳаме гуфт як дил пур аз доғу дард, 

Ки чархи фалак хира бо мо чӣ кард. 

Ба дида бидидам ҳамон рӯзгор, 

Ки омад маро куштану марг хор. 

1365 Пур аз дард аз он бора омад фуруд, 
Ҳаме дод тахти меҳиро дуруд. 

Ҳаме гуфт кай бинамат низ боз 
Або рӯзи хушшиву орому ноз. 

В-аз он ҷойгаҳ хира шуд нопадид, 
Ҳушу рои ӯ ҳамчу мурғон парид. 

Дар айвон, ки дар диж бароварда буд, 
Яке роҳ зери замин карда буд, 

Ки аз лашкараш кас на огоҳ буд, 

Ки зери диж-андар чунон роҳ буд. 

1370 Аз он номдорон дусад баргузид, 
Бад-он роҳ бероҳ 5 шуд нопадид. 

В-аз он ҷо биёмад, 6 биёбон гирифт, 
Ҳама кишвараш монда андар шигифт. 

Нишоне надодаш кас андар ҷаҳон, 
Бад-он гуна овора шуд ногаҳон. 


1 . М- маргу. 

2. И- пуру. 

3. ИЛ- тоҷу камар. 

4. М- тахту камар. 

5. И-Бар он роҳ ногоҳ. 

6. И-он рӯй роҳи. 


339 


Чу Кайхусрав омад ба айвони уй, 

Ба пой андаровард кайвони ӯй. 

Абар тахти заррин-ш биншаст шоҳ, 

Або паҳлавонони зарринкулоҳ.* 1 

1375 Фаровон биҷустанду ҷое нишон 
Наёмад зи солори гарданкашон. 

Зи Гарсевазу Ҷаҳн пурсид шоҳ 
Зи кори сипаҳдори туронсипоҳ, 2 

Ки «Чун рафту оромгоҳаш куҷост, 
Ниҳон гашт аз эдар, паноҳаш куҷост?» 3 . 

Зи ҳар гуна гуфтанд, Хусрав шунид, 
Наёмад ҳаме з-ӯ нишоне падид. 

Ба эрониён гуфт пирӯзшоҳ, 

Ки «Душман чу овора гардад зи гоҳ, 

1380 Зи гетӣ бар ӯ ному ком андакест, 

Варо марг бо зиндагонӣ якест». 

ЗИНҲОР ДОДАНИ ХУСРАВ ХЕШОНИ 
АФРОСИЁБРО 

Зи лашкар гузин кард пас бихрадон, 
Ҷаҳондидаву коркарда радон. 

Бад-эшон чунин гуфт, к-«Обод бод 
Шуморо тану дил пур аз дод бод! 

Дари 4 ганҷи* 5 он турки шӯридабахт 
Супурдам шуморо, бикӯшед сахт. 


1. М-Ба ҷустан-ш бар кард ҳар сӯ сипоҳ. 

2. Л-Ки чун шуд, куҷо ҷуст орому гоҳ. 

3. Л-б. 1377 нест. 

4. И-дижу. 

5. М- Дари кохи. 


340 


Набояд, ки бар кохи Афросиёб 
Битобад зи чархи барин офтоб. 

1385 Ҳам овози пӯшидарӯёни ӯй 

Нахоҳам, ки ояд зи айвон* 1 ба кӯй. 

Нигаҳбон фиристод сӯи гала, 

Ки буданд гирди диж андар яла. 

Зи хешони ӯ кас 2 наёзурд шоҳ, 

Чунон чун бувад 3 дархури пешгоҳ. 

Чу з-он гуна диданд кирдори ӯй, 
Сипаҳ шуд саросар пур аз гуфтугӯй, 

Ки Кайхусрав эдар бад-он сон шудаст, 
Ки гӯӣ бари боб меҳмон шудаст. 

1390 Ҳаме ёд нояд-ш хуни падар, 

Бурида ба ханҷар* 4 ба бедод сар. 

Ҳамон модарашро, ки аз тахтгоҳ 
Бараҳна 5 ба як сӯ кашидаш ба роҳ. 

Шубонпарваридаст в-аз гӯсфанд 
Мазидаст шир ин шаҳи бегазанд. 

Чаро чун палангон ба чанголи тез 
Наангезад аз хони ӯ растахез. 

Фуруд оварад коху айвони ӯй, 
Барангезад оташ зи хешони ӯй? 

1395 Зи гуфтори эрониён пас хабар 

Ба Кайхусрав омад ҳама дар ба дар. 


1 . М-парда. 

2. И-хешон касеро. 

3. И-буд андар. 

4. М-Ба хира бурида. 

5. ЛМ-зипарда. 


341 


Фиристод кас, бихрадонро бихонд, 
Басе достон пеши эшон биронд, 

Ки «Ҳар ҷой тундӣ набояд намуд, 
Сари бехирадро нашояд ситуд. 

Ҳамон беҳ, ки бо кина дод оварем, 
Ба ком-андарун ном ёд оварем, 

Ки ном* 1 аст андар ҷаҳон ёдгор, 
Бимонад ба кас ҷовидон-рӯзгор.* 2 

1400 Ҳамин чархи гарданда бо ҳар касе 
Тавонад ҷафо густаридан басе». 

В-аз он пас бифармуд шоҳи ҷаҳон 
Ки оред пӯшидагонро 3 ниҳон. 

Ҳама духти шоҳону пӯшидарӯй 
Касе к-ӯ наёмад зи парда ба кӯй. 

Чу эрониён огаҳӣ ёфтанд, 

Пур аз кин сӯи кох биштофтанд. 

Бар он гуна бурданд гурдон гумон, 
Ки Хусрав сар орад бар эшон замон. 

1405 Ба хорӣ ҳаме бурдашон хостанд, 

Ба тороҷу куштан 4 биёростанд. 

Зи айвон баромад ба зорӣ хурӯш, 

Ки «Эй додгар, шоҳи 5 бисёрҳуш, 

Ту донӣ, ки мо сахт бечораем, 

На бар ҷои хориву пайғораем. 


1. М-Нек. 

2. М -Намонад ба кас ҷовидон рӯзгор. 

3. Л- оранд пӯшидарӯён. 

4. И- тороҷ кардан. 

5. Л-марди. 


342 


222 


Бари шоҳ шуд меҳтари бонувон 
Або духтарон андаромад навон. 

Парастанда сад пеши ҳар духтаре 
Зи ёқут бар ҳар саре афсаре. 

1410 Чу хуршеди тобон аз эшон гуҳар 
Бар ӯ бофта ҷомаҳое ба зар. 

Ҳамон ҷоми заррин гирифта ба даст, 
Ҳама дил зи бими шаҳаншоҳ паст. 

Пур аз мушку* 1 ёқуту зарру* 2 гуҳар 
Ба пеш-андар афканда аз шарм сар. 

Ба як даст миҷмар, ба як даст ҷом, 
Барафрӯхта анбару уди хом. 

Ту гуфтӣ, ки кайвон зи чархи барин 
Ситора фишонад ҳаме бар замин. 

1415 Сари* 3 бонувон шуд ба наздики тахт, 
Абар шаҳрёр офарин кард сахт. 

Ҳама духти парвардагонаш 4 ба ноз 
Бар ин гуна бурданд пешаш намоз. 5 

Касе к-ӯ бияфтад зи кому зи* 6 ноз 
Бар ӯ-бар бубахшой рӯзи ниёз. 

Ҳаме хонданд офарине бадард, 

Ки «Эй некпай хусрави родмард, 

Чӣ неку будӣ гар зи Туронзамин 
Набудӣ ба дил-т-андарун дарду кин. 


-дурру- 

- мушку. 

-Маҳи. 

4. ЛМ - Ҳамон парварида бутони. 

5. ТПЗИ - Ҳама яксара зор бигристанд, 

Бад-он шӯрбахтӣ ҳаме зистанд. 

6. М- Набинад ҷуз аз кам. 


343 


22^2 


1420 Ту эдар ба ҷашну хиром омади, 

Зи шоҳон дуруду паём омадӣ. 

Бар ин бум шоҳиву ҳам кадхудой, 
Ба тахти каӣ гирд карда ду* 1 пой. 

Сиёвуш нагаштӣ ба хира табоҳ, 
Валекин чунин гашт хуршеду моҳ. 

Чунон кард бадгавҳар Афросиёб, 
Ки пеши ту пӯзиш набинад ба хоб. 

Ҳаме додамаш панду суде надошт, 
Ба хира ҳаме сар зи пандам бигошт. 

1425 Гувоҳи ман аст офаринандаам, 

Ки борид хун аз ду бинандаам. 

Дигар бар замин Ҷаҳн пайванди ту, 
Ки сояд ба зорӣ ҳаме банди ту, 2 

Зи баҳри Сиёвахш дар хони ман 
Чи тимор буд бар дилу ҷони ман, 

Ки Афросиёб он бадандеш мард 
Басе панд бишниду судаш накард. 

Бад-он то чунин рӯзаш ояд ба сар, 
Шавад* 3 подшоҳиш зеру забар. 

1430 Ба тороҷ дода кулоҳу камар, 

Шуда рӯз тору нагун гашта сар. 

Чунин зиндагӣ бадтар аз марги ӯст, 
Замона бидаррид бар тан-ш* 4 пӯст. 


- Ниё барниҳад ту. 
б. 1426 нест. 

- Шуда. 

- Шигифт он ки дар тан надаррид-ш пӯст. 


344 


Кунун аз раҳи бегуноҳон ба мо 
Нигаҳ кун бар оини шоҳон ба мо. 

Ҳама пок пайвастаи хусравем, 

Ҷуз аз номи ӯ дар ҷаҳон нашнавем. 

Ба бад кардану ҷоду Афросиёб 
Нагирад бар ин бегуноҳон шитоб. 

1435 Ба хориву захму ба хунрехтан 
Чӣ ёбӣ гунаҳ 1 хира овехтан? 

Ки аз шаҳрёрон сазовор нест 
Буридан саре, к-ӯ гунаҳгор нест. 

Туро, шаҳрёро, ҷуз ин аст ҷой, 
Намонад кас андар* 2 сипанҷӣ сарой. 

Ҳамон кун, ки пурсад зи ту кирдгор, 
Напечӣ сар аз шарм рӯзи шумор». 

Чу бишнид Хусрав, бупечид сахт 
Бар он хубрӯёни баргаштабахт. 

1440 Аз он дарди пӯшидарӯёну доғ 

Шуда лаъли рухсорагон чун чароғ. 

Бупечид дил бихрадонро зи дард, 

Зи фарзанду зан 3 ҳар касе ёд кард. 

Ҳама хонданд офарини бузург 
Сарони сипаҳ, меҳтарони сутург, 

К-аз эшон шаҳи номбардор кин 
Нахоҳад зи баҳри ҷаҳонофарин. 

Чунин гуфт Кайхусрави ҳушманд 
Ки «Ҳар чиз, к-он нест моро писанд, 


1 . Л-бар бегунаҳ. 

2. М- Касе. 

3. Л- фарзанди худ. 


345 


22 


1445 Наёрам касеро ҳамон бад ба руй, 
В-агарчанд бошад дилам кинаҷӯй. 

Чу аз кори он номдори баланд 
Барандешам, онам* 1 наёяд писанд, 

Ки бад кард бо пурҳунар модарам, 
Касеро ҳамон бад ба сар н-оварам. 

Бифармудашон бозгаштан ба ҷой 
Чунон покзода ҷаҳонкадхудой. 

Бад-эшон чунин гуфт, к-«Эмин шавед, 
Зи гӯянда гуфтори ман бишнавед, 

1450 К-аз ин пас шуморо зи ман бим нест, 
Маро бевафоӣ чу дижхим нест. 

Тани хешро бад нахоҳад касе, 

Чу хоҳад, замонаш набошад басе. 

Бибошед эмин ба айвони хеш, 

Ба Яздон супурда тану ҷони хеш. 

ПАНД ДОДАНИ КАЙХУСРАВ 
ЭРОНИЁНРО 

Ба эрониён гуфт: «Пирӯз бахт 
Ба мо дод буму бару* 2 тоҷу тахт. 

Ҳама шаҳри Турон гирифта ба даст, 
Чу 3 Эрон шуморо сарои 4 нишаст. 

1455 Зи дилҳо ҳама кина берун кунед, 

Ба меҳр андар ин кишвар афсун кунед, 


- инам. 

- Бимонод то ҷовидон. 

3. ИЛ-Ба. 

4. Л-сарову. 


346 


Ки аз мо чунин тарсашон дар дил аст, 
Зи хунрехтан гирди кишвар гил аст. 1 

Ҳама ганҷи Турон шуморо диҳам, 

На з-он бар шумо-бар сипосе ниҳам. 

Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред, 

Чу дидед сармо, баҳор оваред. 

Ман ин лашкарамро якояк зи дер 2 
Кунам яксар аз ганҷу динор сер. 

1460 Зи хунрехтан даст бояд кашид, 

Сари бегуноҳон набояд бурид. 

На мардӣ бувад хира ошуфтан, 
Базерандаровардаро кӯфтан. 

Зи пӯшидарӯён бупечед рӯй, 

Ҳар он кас, ки пӯшида дорад ба кӯй. 

Зи чизи касон сар бупечед низ, 

Ки душман шавад дӯст аз баҳри чиз. 

Наёяд ҷаҳонофаринро писанд, 

Ки ҷӯянд бар бегуноҳон газанд. 

1465 Ҳар он кас, ки ҷӯяд ҳаме рои ман 
Набояд, ки вайрон кунад ҷои ман. 3 

Ва дигар, ки хонанд бедоду шум, 

Ки вайро кунад меҳтар обод бум. 

В-аз он пас ба лашкар бифармуд шоҳ 
Кушодан дари ганҷи туронсипоҳ. 


1 . ТПЗИ - Ба ҳар кор чарбӣ бибояд нахуст, 

Набояд ба оғоз пайкор чуст. 

2. ИЛ - на дер. 

3. -б. 1465 нест. 


347 


Ҷуз аз ганҷи вижа рад Афросиёб, 

Ки касро набуд андар он дастёб, 

Бубахшид дигар ҳама бар сипоҳ 
Зи 1 ганҷу силеҳу 2 зи 3 тахту кулоҳ. 

Зи ҳар сӯ пароканда бемар сипоҳ 
Зи туркон биёмад ба наздики шоҳ. 

Ҳаме дод зинҳору бинвохтшон 
Ба зудӣ ҳама корҳо сохтшон. 

Саронро зи Туронзамин баҳр дод, 

Ба ҳар номдоре яке шаҳр дод. 

Ба ҳар кишваре ҳар кӣ фармон набурд 4 , 
Зи дасти далерони ӯ ҷон набурд 5 . 

Шуданд он замон шоҳро чокарон 
Чу пайваста шуд номаи меҳтарон. 

1475 Зи ҳар сӯ фиристодагон назди шоҳ 
Якояк сар андар ниҳода ба роҳ, 6 

Або ҳадяву номае меҳтарон 
Шуда як ба як шоҳро кеҳтарон. 

НОМАИ КАЙХУСРАВ БА КОВУС БА 
НАВИДИ ФИРӮЗӢ 

Дабири писандидаро пеш хонд, 

Сухан ҳар чи боист, бо ӯ биронд. 7 


1. ИМ-чи. 

2. ЛМ - силоҳ. 

3. И- чи. 

4. Л-бибурд. 

5. Л-бибурд. 

6. И-б. 1475 нест. 

7. ТПЗИМ - Ба Ковуси кай номае кард шоҳ 

Зи Турону аз кори туронсипоҳ. 


348 


Сари нома кард офарин аз нахуст 
Бар он. к-ӯ замин аз бадиҳо бишуст. 

Сари ҷодувонро нагунсор кард, 
Чунон ахтари хуфта бедор кард. 

1480 Тавоноиву донишу дод аз ӯст 
Ба ҳар ҷо 1 ситамёфта шод аз ӯст. 

Дигар гуфт, к-аз бахти Ковусшоҳ 2 
Бузурги 3 ҷаҳондидаи некхоҳ. 4 

Кушода шуд ин ганги Афросиёб, 
Сари бахти ӯ андаромад ба хоб. 

Ба як размгаҳ аз набардасарон 
Сарафроз бо гурзҳои гарон. 

Ҳамоно ки афканда шуд чил ҳазор 
Ба Гулзарриюн дар сафи корзор. 

1485 В-аз он пас баромад яке боди сахт, 
Ки барканд бо шох бехи дарахт. 

Ба об-андар афканд чандин 5 сипоҳ, 
Ки ҷустанд бар мо ҳаме дастгоҳ. 

В-аз он ҷойгаҳ рафт ба Б-ҳиштганг, 
Ҳисоре пур аз мардуму ҷои ҷанг. 

Ба ҷанги ҳисор-андарун сӣ ҳазор 
Ҳамоно, ки шуд кушта дар корзор 6 . 

Ҳамон буд, ки бедодгар буд мард, 
Варо донишу бахт ёрӣ накард. 


1 . ИЛМ гетӣ. 

2. ИМ - Ковуси кай. 

3. ИЛМ - бузургу. 

4. И- меҳондидаву некпай; ЛМ - некпай. 

5. Л-чанде. 

6. ИЛ-б. 


349 


1490 Ҳама руи кишвар сипаҳ густарид, 
Шудаст ӯ кунун аз ҷаҳон нопадид. 

Аз ин пас фиристам ба шоҳ огаҳӣ 
Зи рӯзе ки бошад маро фарраҳӣ. 

Бар он нома-бар мӯҳри заррин ниҳод, 
Фиристод наздики Ковус шод 1 * 2 

В-аз он пас биёмад, ба шодӣ нишаст, 
Паричеҳра пеш-андарун май ба даст. 

Бибуд 3 то баҳор андаровард рӯй, 
Ҷаҳон шуд биҳиште пур аз рангу 4 бӯй. 

1495 Ҳама дашт чун парниён шуд ба ранг, 
Ҳаво гашт бар сони пушти паланг. 5 

Гурозидани гӯру оҳу ба дашт 

Бар ин гуна бар чанд хушшӣ 6 гузашт. 

Ба нахчири юзону парранда боз, 

Маи мушкбӯю бутони тароз. 

Ҳама чорпоён ба кирдори гӯр 
Пароканда оганда гардан ба зӯр. 

Ба гардан ба кирдори шерони нар, 

Ба сони гавазнон ба гӯшу ба сар. 

1 500 Ба ҳар сӯ фиристод корогаҳон, 

Ҳаме ҷуст пайдо зи кори ҷаҳон. 


1. ИЛ-б. 1492 нест. 

2. М-б. 1492 нест. 

3. И- Чунин. 

4. И-ба рангу ба. 

5. И-б. 1495 нест. 

6. И-рӯзе. 


350 


ОГОҲИ ЁФТАНИ КАЙХУСРАВ АЗ ОМАДАНИ 
АФРОСИЁБ БО ЛАШКАРИ ФАҒФУР 

Пас огоҳӣ омад зи Чину Хутан, 

В-аз Афросиёб андар он анҷуман. 

Ки фағфури Чин бо вай анбоз гашт, 

Ҳама кишвари Чин пуровоз гашт. 

Зи Чин то ба Гулзарриюн лашкар аст, 

Бар эшон чу хоқони чинӣ сар аст. 

Надонад касе арзи он хоста, 

Парастандаву аспи ороста, 

1505 Ки ӯро фиристод фағфури* 1 Чин, 

Ба шоҳӣ бар ӯ хонданд офарин. 

Ҳама ганҷи Пиронаш омад ба даст 
Шутурвор динор сад бор шаст. 

Чу он 2 хоста баргирифт аз Хутан, 

Яке лашкаре шуд бар ӯ анҷуман. 

Чу з-ин гуна огоҳӣ омад зи роҳ, 

Ба наздики он зинҳорӣ* 3 сипоҳ. 

Ҳама бозгаштанд аз эрониён 
Бубастанд кинхостанро миён. 

1510 Чу бардошт Афросиёб аз хутан, 

Сипоҳе баровард лашкаршикан, 

Ки гуфтӣ замин барнатобад ҳаме 
Ситора шумораш наёбад 4 ҳаме. 


1 . М-Хоқони. 

2. И-чунин. 

3. М- зинҳор дода. 

4. И- надонад. 


351 


Зи Чин суи Кайхусрав овард руй 
Пур аз дард бо лашкари ҷангҷӯй 1 . 

Чу Кайхусрав огоҳ шуд з-он сипоҳ 
Талоя фиристод чанде ба роҳ. 

Бифармуд Гударзи Кашводро, 
Сипахдори ял, шер Фарҳодро, 

1515 Ки эдар бибошед бо доду рой, 

Талоя шабу рӯз карда ба пой. 

Ба Гударз гуфт: «Ин сипоҳи туанд, 
Шабу рӯз андар 2 паноҳи туанд. 3 

Зи туркон ҳар он гаҳ ки бинӣ яке, 

Ки ёд орад аз душманон андаке, 

Ҳам андар замон зинда бар дор кун, 
Ду пояш забар, сар нагунсор кун. 

Чу беранҷ ёбӣ, ту беранҷ бош, 
Нигаҳбони ин лашкару ганҷ бош». 

1520 Табира баромад зи пардасарой, 
Хурӯшидани занг бо каррной. 

Сипоҳе баромад бар он сон 4 зи Ганг 
Ки хуршедро орзу кард ҷанг. 

Чу берун шуд аз шаҳр, саф баркашид, 
Сӯи ӯ куҷо лашкар андаркашид. 

Миёни ду лашкар ду фарсанг монд,* 5 
Ҷаҳондор гарданкашонро бихонд. 


1. И-кинаҷӯй. 

2. ЛМ- Чу кор ояд. 

3. И-б. 1516 нест. 

4. Л-Биёмад бад-он сӯ. 

5. М-манзил бимонд. 


352 


Чунин гуфт, к-«Имшаб маҷунбед ҳеч, 
На хобу на осоиш 1 андар басеч. 

1525 Талоя пароканда бар гирди дашт 

Ҳама шаб ҳаме гирди лашкар бигашт. 

Ба ҳар ҳафта будаш бар-он ҷо диранг, 
Ҳаме кард* 2 ороишу сози ҷанг. 

Ба ҳаштум талоя баромад зи роҳ, 

Ба Хусрав чунин гуфт,* 3 к-омад сипоҳ. 

Сипаҳро баророст з-он гуна 4 шоҳ, 

Ки разм орзу кард 5 хуршеду моҳ. 

Чу Афросиёб он сипаҳро бидид, 
Биёмад, баробар сафе баркашид. 

1530 Ба фарзонагон гуфт, к-«Ин дашти разм 
Ба дил бар маро ҳамчу хоб асту базм. 

Маро шод бар гоҳ хоб омадӣ, 

Чу размам набудӣ, шитоб омадӣ, 

Кунун монда гаштам чунин дар гурез 
Саре пур зи кина, диле пурситез. 

Надонам, ки ин фарри 6 Кайхусрав аст, 
Ва ё бар сарам рӯзгори нав аст. 

Бар онам, ки бо ӯ шавам ҳамнабард 
Агар коми дил ёбам, ар маргу дард». 

1535 Бад-ӯ гуфт ҳар кас ки фарзона буд, 
Агар хеш буд, ар зи 7 бегона буд, 


1. Л- оромиш. 

2. М-сохт. 

3. М-хабар кард. 

4. ЛМ - бар он сон биёрост. 

5. Л- Бар ӯ гашт наззора; ИМ-наззора гаштанд. 

6. ИЛ- бахти. 

7. И-ӯ буд. 


353 


5 К К 3 3 


Ки гар шоҳро ҷуст бояд набард, 

Чаро бояд ин лашкару дору бард? 

Ҳама Чину туркон ба пеши туанд 1 , 

Зи бегонагон гар зи хе ттт и туанд, 2 

Фидои ту бодо тану ҷони мо, 

Чунин буд, то буд паймони мо. 3 

Агар сад шавад кушта, ояд* 4 ҳазор, 
Тани хешро хормоя мадор. 

1540 Ҳама сар ба сар некхоҳи туем, 

Ки зинда ба фарри кулоҳи туем. 

В-аз он пас баромад зи лашкар хурӯш, 
Замину замон шуд пур аз ҷангу ҷӯш. 

Ситора падид омад аз тира гард, 

Рухи зарди хуршед шуд лоҷвард. 

НОМАИ АФРОСИЁБ БА КАЙХУСРАВ 

Сипахдори туркон аз он анҷуман 
Гузин кард корозмуда ду* 5 тан. 

Паёме фиристод наздики шоҳ, 

Ки «Кардӣ фаровон зи лашкар табоҳ 6 

1545 Ҳамоно, ки фарсанг аз Эрон ҳазор 
Бувад то ба Ганг-андар, эй шаҳрёр. 

Зи кӯҳу биёбону аз регу шах 
Ду лашкар бад-ин сон чу мӯру малах. 


■туем. 

■туем. 

■б. 1538 нест. 

-гар даҳ. 

-се. 

6. ИЛМ - паси пушт роҳ. 


354 


Заминҳо чу дарё шуд аз хуни кин 
Зи Г ангу зи Чин то ба Эронзамин. 

Агар хуни он куштагонро зи хок 
Ба жарфе барад рои Яздони пок, 

Ҳамоно, ки дарёи қулзум шавад, 

Ду лашкар ба хун-андарун гум шавад. 

1550 Агар ганҷ хоҳӣ зи ман ё сипоҳ 

В-агар буми Турону 1 тахту кулоҳ, 

Супорам туро ман, шавам нопадид, 
Ҷуз аз теғ ҷонро надорам калид. 

Макун гар туро, ман падармодарам, 
Зи тухми Фаридуни афсунгарам. 

Зи кини 2 падар гар дилат хира шуд, 3 
Чунин пеши ту оби ман 4 тира шуд. 

Аз он бад Сиёвуш гунаҳгор буд, 

Маро дил пур аз дарду тимор буд. 

1555 Дигар гардиши ахтарони баланд, 

Ки ҳам бо паноҳанду ҳам бо газанд. 

Маро солиён шаст 5 бар сар гузашт, 

Ки бо номдорон нарафтам 6 ба дашт. 

Ту фарзандиву шоҳи Эрон туӣ, 

Ба разм-андарун чанги шерон туӣ. 

Яке размгоҳе гузин дурдаст, 

На бар домани марди хусравпараст. 


1 . И-туркон. 

2. И-хуни. 

3. И-гашт. 

4. И-оби ман сӯи ту; Л-оби ман пеши ту. 
6. И-гашт. 

5. И-сол бисёр. 

6. И-номдорӣ бирафтам. 


355 


Бигардем ҳарду ба овардгоҳ, 

Ба ҷое к-аз ӯ дур монад 1 сипоҳ. 

1560 Агар ман шавам кушта бар дасти ту, 
Зи дарё наҳанг оварад шасти ту, 

Ту бо хешу пайванди мо дармакӯш, 
Бипарҳезу аз кина чандин маҷӯш. 

В-агар ту шавӣ кушта бар дасти ман, 
Ба зинҳори Яздон, к-аз он анҷуман 

Намонам, ки як тан бупечад зи дард, 
В-агар бинад аз тирахоки 2 * 3 набард». 

Зи гӯянда бишнид Хусрав паём, 
Чунин гуфт бо пури Дастони Сом, 

1565 Ки «Ин турки бадсози мардумфиреб 
Набинад ҳаме аз фарозу нишеб. 4 

Зи овард чандин 5 бигӯяд ҳаме, 

Магар дахмаи Шеда ҷӯяд ҳаме. 

Набера Фаридуну пури Пашанг, 

Зи овард бо ӯ маро нест нанг». 

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Эй шаҳрёр, 

Ба дил дармадор оташи корзор, 

Ки нанг аст бар шоҳ рафтан ба ҷанг, 
Агар ҳамнабарди ту бошад паланг. 

1570 Дигар он ки гӯяд, ки бо лашкарам, 
Макун ҷанг бо дудаву кишварам. 


1. Л-бошад. 

2. Л-бод хоки. 

3. М- Ва ё бинад ин чак-чаки. 

4. ТПЗМ - Ба чора чунин аз бади мо биҷаст, 

Ки монад бари тахти Турон нишаст. 

5. И- чанде. 


356 


Зи дарё ба дарё туро лашкар аст, 

Куҷо рояшон з-ин сухан дигар аст. 

Чу паймони Яздон кунӣ бо ниё, 

Набояд 1 , ки бар 2 дил бувад кимиё. 

Ба анбӯҳ лашкар ба ҷанг андар ор, 

Сухан бугсил аз гуфтаи нобакор». . . 

ҶАНГИ ЭРОНИЁН БО ТУРОНИЁН 

Зи Рустам чу бишнид Хусрав сухан, 3 
Писандид гуфтори пири куҳан. 4 

1575 Ба гӯянда гуфт: «Ин бадандеш мард 
Чунин бо ман овехт андар набард. 

Фузун кард аз ин бо Сиёвуш вафо, 

Забон пурфусун дошт, дил пурҷафо, 

Бирав з-эдар, он бадкунишро бигӯй, 

К-аз ин пас бар ин раҳ, ки гуфтӣ, мапӯй. 5 

Сипаҳбад ба кажжӣ нагирад фурӯғ, 
Равон хира 6 пуртобу дил пурдурӯғ. 

Гар эдун, ки роят набард асту бас, 

Ҷуз аз ман набарди туро ҳаст кас. 

1580 Таҳамтан ба ҷой асту Геви далер, 

Ки пайкор ҷӯянд бо наррашер. 7 

Агар шоҳ бо шоҳ чӯяд набард, 

Чаро бояд ин лашкару дору бард? 


1 . ИЛМ -нашояд. 

2. Л-дар. 

3. ИЛ- сухун. 

4. ИЛМ-Яке дигар андеша афканд бун. 

5. ИЛМ-б. 1577 нест. 

6. И-тира. 

7. И-пилу шер. 


357 


Набошад маро з-ин сипас бо ту ҷанг, 
Бубинӣ кунун рӯзи торику танг». 

Фиристода баргашту омад чу бод, 
Саросар шунида бар ӯ кард ёд. 

Пур аз дард шуд ҷони Афросиёб 
Накард эч бар ҷангҷустан шитоб. 

1585 Сипаҳро ба ҷанг андаровард шоҳ, 
Биҷунбид ночор дигар сипоҳ. 

Яке бодирангу яке бошитоб, 

Замин шуд ба кирдори дарёи об. 

Зи боридани тир гуфтӣ, ки абр 
Ҳаме жола борад зи коми ҳизабр. 

Зи шабгир то гашт хуршед зард, 1 
Замин пур зи хун буд дар зери мард. 2 

Сипаҳ бозгардид, чун тира гашт, 

Ки ча ттт ми саворон ҳаме хира гашт. 

1590 Шаҳаншоҳ 3 бо фарру аврангу соз 
Чу омад ба лашкаргаҳи хеш боз, 

Чунин гуфт бо Тус, к-«Имрӯз ҷанг 
На бар орзу кард пури Пашанг. 

Гумонам, ки им ттт аб шабехун кунад, 
Зи дил дарди дерина берун кунад». 

Яке канда фармуд кардан ба роҳ 
Бад-он сӯ, ки буд роҳи туронсипоҳ. 


1. ИМ-лаъл. 

2. ИМ - гашт дар зери наъл. 

3. ЛМ - Сипаҳдор. 


358 


Бифармуд, к-оташ* 1 масузед кас, 

Набояд, ки ояд хурӯши ҷарас. 

1595 Зи лашкар саворон, ки буданд гурд, 

Гузин карду Хусрав ба Рустам супурд. 

Дигар баҳра бугзид аз эрониён, 

Ки банданд мар тохтанро миён. 

Ба Туси сипаҳбад супурд он гурӯҳ, 
Бифармуд, то рафт бар сӯи кӯҳ. 

Таҳамтан сипаҳро ба ҳомун кашид, 
Сипаҳбад сӯи кӯҳ берун кашид. 

Бифармуд, то зуд берун шаванд, 

Чапу рост ҳарду ба ҳомун шаванд. 

1600 Талоя надоранду 2 шамъу чароғ, 

Яке сӯи дашту яке сӯи роғ. 

Бад-он то марг созад Афросиёб, 

Ба мо-бар шабехун ба ҳангоми хоб. 

Гар ояд сипоҳ, андароянд пас, 

Бимонад, набошад-ш фарёдрас. 

Ба раҳ канда пешу пас-андар сипоҳ, 

Паси канда бо лашкару пил шоҳ. 

Шабехун кардани Афросиёб бар 
Кайхусрав ва шикаст ёфтан 

СИПАҲДОРИ ТУРКОН, ЧУ ШАБ ДАРШИКАСТ, 
МИЁН БО СИПАҲ ТОХТАНРО БУБАСТ. 

1605 Зи лашкар ҷаҳондидагонро бихонд, 

Зи кори гузашта фаровон биронд. 


1 . М-Бигуфташ, ки оташ. 

2. И- надоранд. 


359 


Чунин гуфт, к-«Ин шуми пуркимиё 
Чунин чира* 1 шуд бар сипоҳи ниё. 

Кунун бегумон хуфтаанд он гурӯҳ, 
Пароканда лашкар ҳама дашту кӯҳ. 

Кунун мо зи дил тарс берун кунем, 
Саҳаргаҳ бар эшон шабехун кунем. 

Гар имшаб бар эшон наёбем даст, 
Ба пастӣ абар 2 хок бояд нишаст. 

1610 Агар бахтёрӣ* 3 нагирад фурӯғ, 
Ҳама чора бод асту мардӣ дурӯғ». 

Бар ин барниҳоданду бархостанд, 
Зи баҳри шабехун биёростанд. 

Зи лашкар гузин кард панҷаҳ ҳазор 
Ҷаҳондида гурд аз дари корзор. 4 

Бирафтанд корогаҳон пеши ӯй, 
Ҷаҳондида мардони пархошҷӯй. 5 

Зи корогаҳон он ки буд раҳнамой, 
Биёмад ба наздики пардасарой. 

1615 Ба ҷое ғави посбоне 6 надид, 

Ҷуз аз 7 орамида ҷаҳоне надид. 8 

Талоя наву оташу бод на, 

Зи Турон касеро ба дил ёд на. 


1. М-Хира. 

2. И-бари. 

3. М-бахтамон. 

4. И-мардони ҷангӣ савор. 

5. И-б. 1613 нест. 

6. Л-посбонон. 

7. Л-чунон. 

8. Л-ҷаҳонро бидид. 


360 


Чу он дид, баргашту омад давон, 

К-аз эшон касе нест равшанравон. 

Ҳама хуфтагон сар ба сар мурдаанд, 
Ту гуфтӣ 1 ҳама рӯз май хӯрдаанд. 

Ба ҷое талоя падидор нест, 

Ҳама дашт бар пой ҷуз хор нест. 

1 620 Чу Афросиёб ин суханҳо шунуд, 

Ба дил-ш- андарун рӯшноӣ фузуд. 

Сипаҳро фиристоду худ барнишаст, 
Миён бо ялон тохтанро бубаст. 2 

Бирафтанд гурдон чу дарёи об, 
Бикарданд* 3 бар тохтан-бар шитоб. 

Бар он тохтан ҷунбишу соз на, 

Ҳамон нолаи бӯқу овоз на. 

Бирафтанд 4 наздики пардасарой, 
Баромад хурӯшидани каррной. 

1625 Ғави табл бар кӯҳаи зин бихост, 
Дурафши сияҳро* 5 баровард рост. 

Зи лашкар ҳар он кас, ки буд пешрав, 
Барангехтанд аспу бархост зав. 

Ба канда дарафтод чандин 6 савор, 
Бупечид дигар сар аз корзор. 

Зи як даст Рустам баромад зи дашт, 
Зи гарди саворон ҳаво тира гашт. 


1. ИЛ-Вагарна. 

2. Л-б. 1619-1621 нест. 

3. М- гирифтанд. 

4. ИЛ-Чу рафтанд. 

5. М- сияҳ сар. 

6. Л-чанде. 


361 


Зи дасти дигар Геви Гударзу Тус, 

Ба пеш-андарун бӯқу овои кӯс. 

1630 Шаҳаншоҳ бо ковиёнӣ дурафш, 

Ҳаво шуд зи теғи саворон бунафш. 

Баромад деҳу дору банду 1 бикуш, 

На бо асп ҷону на бо мард ҳуш. 

Ба ҷунбиш даромаду ду дарёи хун, 
Шуд аз мавҷи он хун замин лолагун. 

Зи фӯлодпӯшони лашкаршикан 
Тани кӯҳ ларзанда бар хештан. 

Гурезандагонро дар он растахез 
На рӯи раҳоӣ, на роҳи гурез 2 . 

1635 Аз эшон зи сад номвар даҳ намонд, 
Зи кушта гурезандаро раҳ намонд. 

Чу огоҳӣ омад аз ин размгоҳ, 

Чунон хаста шуд шоҳи туронсипоҳ, 

Ки аз ҷангиён зору гирён шуданд, 

Зи дарди дили шоҳ бирён шуданд. 

Чунин гуфт, к-аз гардиши осмон 
Наёбад гузар донишӣ бегумон. 

Чу душман ҳаме ҷон ситонад, на чиз, 
Бикӯшем ночор як бор* 3 низ. 

1640 Агар сар ба сар тан ба куштан диҳем, 
В-агар тоҷи шоҳӣ ба сар барниҳем». 

Баромад хурӯш аз ду пардасарой, 
Ҷаҳон шуд пур аз нолаи каррной. 


1. Л- гиру. 

2. ИЛМ-б. 1632-1634 нест. 

3. М-захм. 


362 


Бирафтанд 1 шамшеру жупин ба каф, 
Кашида сипаҳ бар се фарсанг саф. 

Ба кирдори дарё шуд он размгоҳ, 

На хуршеди тобанда равшан, на моҳ. 

Сипоҳ андаромад ҳаме фавҷ-фавҷ, 

Бар он сон, ки бархезад аз об мавҷ. 

1 645 Дару 2 дашт гуфтӣ, ки пурхун шудаст, 
Хур аз чархи гарданда берун шудаст. 

Ба қир-андар андуда чеҳри сипеҳр, 
Касеро набуд бар тани хеш меҳр. 

Ҳамон гаҳ баромад яке тундбод, 

Ки ҳаргиз кас онро надорад ба ёд. 

Ҳаме хок бардошт аз размгоҳ, 

Бизад бар сару чашми туронсипоҳ. 3 

Зи саршон ҳама таргҳо баргирифт, 
Бимонд андар он шоҳи туркон шигифт. 

1650 Ҳама дашт мағзи сару 4 хун гирифт, 
Дили санг ранги 5 табархун гирифт. 

Саворони туркон, ки рӯзи диранг 
Забун доштандӣ шикори паланг, 

Надиданд бо чархи гардон набард, 
Ҳаме бод бардошт бо асп мард. 

Чу Кайхусрав он ҷунбиши бод дид, 
Дили бахти эрониён шод дид, 


1 . ИМ-гирифтанд. 

2. И-дижу. 

3. Л-б. 1648 нест. 

4. Л- Биёбон ҳама сар ба сар. 

5. Л-Ҳама рӯи дарё. 


363 


Або Рустаму Геви Гударзу Тус 
Зи қалби сипоҳ андаровард кӯс. 

1655 Деҳодеҳ баромад зи қалби сипоҳ, 

Зи як даст Рустам, зи як даст' шоҳ. 

Шуд андар 1 2 ҳаво гард бар сони меғ, 

Чи меғе 3 ки борони ӯ тиру 4 теғ. 

Тале кушта ҳар ҷой чун кӯҳ-кӯҳ, 

Бараш чашмаи хун зи ҳарду гурӯҳ. 

Ҳаво гашт чун чодари нилгун, 

Замин ҳам ба кирдори дарёи хун. 

Зи тир осмон шуд чу парри уқоб, 
Нигаҳ кард тирадил Афросиёб. 

1660 Бидид он дурафши дурафшон бунафш, 
Ниҳон кард бар қалбгаҳ-бар дурафш. 

Сипаҳро рада баркашида бимонд, 
Худу номдорону гурдон биронд. 

Зи хешону 5 шоиста марди 6 ҳазор, 
Бибурд он ки буд, аз дари корзор. 

Ба бероҳ роҳи биёбон гирифт, 

Ба ранҷи тан аз душманон ҷон гирифт. 

Зи лашкар ниёро ҳаме ҷуст шоҳ, 
Биёмад дамон то ба қалби сипоҳ.* 7 


1. И-дигардаст. 

2. Л-бубаст дар. 

3. Л-абре. 

4. И-Ки борони ӯ сар ба сар буд. 

5. ИЛ-хешони. 

6. ИЛ-марде. 

7. М-сари қалбгоҳ. 


364 


1665 Рикобаш гарон карду чанде шитофт, 
Ни ттт онн паи шоҳи Турон наёфт. 1 

Сипаҳ чун нигаҳ кард дар қалбгоҳ, 
Надиданд ҷое дурафши сиёҳ. 

Зи шоҳи каён хоста зинҳор, 

Фурӯ рехтанд олати корзор. 

Чу Хусрав нигаҳ кард, бинвохтшон, 
Зи лашкар ҷудо пойгаҳ сохтшон. 

Бифармуд, то тахти заррин ниҳанд, 
Ба хайма-дар ороиши Чин ниҳанд. 

1670 Май оварду ромишгаронро бихонд, 
Зи лашкар фаровон саронро бихонд. 

Шабе кард ҷашне, ки то рӯзи пок 
Ҳаме мурда бархост аз тирахок. 

Чу хуршед бар чарх бинмуд даст, 
Рухи тирашабро 2 ба нохун бихаст. 

Шаҳаншоҳи Эрон сару тан бишуст, 
Ба ҷое хиромид бо Жанду Уст,* 3 

К-аз эрониён кас мар ӯро надид, 

На дому дад овози вайро шунид. 

1675 Зи шабгир то моҳ бар чархи соҷ 
Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ. 

Ситоиш ҳаме кард бар кирдгор, 

Аз ӯ шодмон гардиши рӯзгор. 

Фаровон бимолид бар хок рӯй, 

Ба рух барниҳод аз ду дида ду ҷӯй. 


1. Л-б. 1664, 1665 нест. 

2. И-Шаби тира рухро. 

3. М- Яке ҷойгоҳи парастиш биҷуст. 


365 


В-аз он ҷо биёмад суи тоҷу тахт, 
Хиромону шодондилу некбахт. 

Аз эрониён ҳар кӣ афканда буд, 

Агар кушта буду 1 агар 2 зинда буд, 

1680 Аз он хоки овард 3 бардоштанд, 

Тани душманон хор бугзоштанд. 

Ҳама размгаҳ дахмаҳо 4 сохтанд, 

Аз он куштагон чун бипардохтанд. 

Зи чизе ки дид андар он размгоҳ, 
Бубахшид пок он 5 ҳама бар сипоҳ. 

В-аз он ҷойгаҳ рафт ба Б-ҳиштганг 
Ҳама лашкар обод бо сози ҷанг. 

РАСУЛ ФИРИСТ ОДАНИ ХОҚОНИ ЧИН 
НАЗДИ КАЙХУСРАВ 

Чу огоҳӣ омад ба Мочину Чин, 

Зи туркону аз шоҳи Эронзамин, 

1685 Бупечид 6 фағфуру хоқон ба дард, 

Зи тахти меҳӣ ҳар касе ёд кард. 

В-аз он ёвариҳо 7 пушаймон шуданд, 
Пурандеша дил сӯи дармон шуданд. 

Ҳаме гуфт фағфур, к-«Афросиёб, 

Аз ин пас бузургӣ набинад ба хоб. 


1. Л-буданд. 

2. И-ё. 

3. И-мар ӯро ҳам аз хок. 

4. Л-хаймаҳо. 

5. И-яксар. 

6. И-хабар шуд ба. 

7. И-Бузургони чинӣ. 


366 


Зи лашкар фиристодану хоста 
Шавад бегумон кори мо 1 коста. 

Пушаймонӣ омад ҳама баҳри мо, 
В-аз 2 ин кор вайрон шавад шаҳри мо. 

1 690 Зи Чину Хутан ҳадяҳо сохтанд, 

Бар он кор ганҷе бипардохтанд. 

Фиристодаи некдилро бихонд, 
Суханҳои шоиста бо ӯ биронд. 3 

Зи боистанӣ ҳар чи дар ганҷ 4 * 5 буд, 
Зи динору аз гавҳари нобисуд, 

Ба пӯзиш фиристод наздики шоҳ, 
Фиристодагон баргирифтанд роҳ. 

Бузургони Чин бедиранг омаданд, 

Ба як ҳафта аз Чин ба Ганг омаданд. 

1695 Ҷаҳондори пирӯз бинвохтшон, 

Чунон чун бибоист, биншохтшон. 

Пазируфт чизе, ки оварда буд, 
Зароиф буду бадраву барда буд. 

Фиристодаро гуфт, к ӯро бигӯй, 

Ки хира бари мо мабар обрӯй. 6 

Набояд, ки назди ту Афросиёб 
Биёяд шаби тира ҳангоми хоб». 


1. И-корҳо. 

2. ИЛ-к-аз. 

3. ТПЗЛ - Яке марди некӯдилу некхоҳ 

Фиристод фағфур наздики шоҳ. 

4. ИЛ- Зароиф ба Чин-андарун ҳар чи. 

5. М-Ба Чин- андарун турфа аз ҳарчи. 

6. Л-б. 1697 нест. 


367 


Фиристода баргашту омад чу бод, 

Ба фағфур яксар паёмаш' бидод. 

1700 Чу бишнид фағфур ҳангоми хоб, 
Фиристод кас назди Афросиёб. 

Ки аз марзи Чину Хутан дур бош, 

Зи бад кардани хеш ранҷур бош. 

Ҳар он кас, ки ӯ гум кунад роҳи хеш, 
Бад ояд бадандешро кор пеш. 

БАРГАШТАНИ АФРОСИЁБ АЗ 
ОБИ ЗИРЕҲ 

Чу бишнид Афросиёб ин сухан, 
Пушаймон шуд аз кардаҳои куҳан. 

Ба бероҳ роҳи биёбон гирифт, 
Бияфканд номи 1 2 меҳӣ, 3 ҷон гирифт. 

1705 Чу бо дарду бо ранҷу ғам дид рӯз, 
Биёмад дамон то ба кӯҳ Испирӯз. 

Зи бадхоҳ рӯзу шаб ожир буд, 

Ба ҳар ҷой хӯрдан-ш нахчир буд. 

Биёмад чунин то ба оби Зиреҳ, 

Миён суда аз ранҷу банду гиреҳ. 

Чу наздики он жарфдарё расид, 

Мар ӯро миёну карона надид. 

Бифармуд, то марди киштишумор 
Бисозад ба киштӣ зи дарё гузор. 4 


1. И-бар гуфтаҳо кард. 

2. Л-тахти; И-ному. 

3. И-ғами. 

4. ИЛМ - Бад-ӯ гуфт маллоҳ, к-эй шаҳрёр, 

Бад ин жарфдарё наёбӣ гузор. 


368 


1710 Чунин гуфт дарёшиноси куҳан, 

Ки «Эй номбардори Чину Хутан, 1 

Маро солиён ҳаст ҳафтоду ҳашт, 
Надидам, ки киштӣ бар ин сӯ гузашт». 

Бад-ӯ гуфт пурмоя Афросиёб, 

Ки «Хуррам касе, к-ӯ бимирад дар об. 

Мар ӯро* 2 ба шамшер душман накушт, 
Ҷаҳон чун накушташ 3 , бигирад ба мушт». 

Бифармуд, то меҳтарон ҳар касе 
Ба об андароранд киштӣ басе. 

1715 Сӯи Гангдиж бодбон баркашид, 

Зи неку зи бадҳо сар андаркашид. 

Чу он ҷо шуд эмин, бихуфту бих(в)ард, 
Баросуд аз рӯзгори 4 набард. 

Чунин гуфт, к-«Эдар бибошем шод, 

Зи кори гузашта нагирем ёд. 

Чу равшан шавад тирагун ахтарам, 

Ба киштӣ бар оби Зиреҳ бугзорам. 

Зи душман бихоҳам ҳамон кини хеш, 
Дурафшон кунам роҳу оини хеш». 

1720 Чу Кайхусрав огоҳ шуд з-он сухан, 

Ки кори нав овард марди куҳан, 

Ба Рустам чунин гуфт, к-«Афросиёб 
Сӯи Гангдиж шуд ба дарёи об. 


1. ИЛМ -б. 1710т нест. 

2. М-Маро чун. 

3. Л- нигинаш. 

4. ИЛ-овардгоҳ. 


369 


Ба кирдор кард он чи бо мо бигуфт, 

Ки моро сипеҳри баланд аст ҷуфт. 

Ба киштӣ ба оби Зиреҳ баргузашт, 

Ҳама сар ба сар ранҷи мо бод гашт. 1 

Маро бо ниё ҷуз ба ханҷар сухан 
Набошад, нагардонам ин кин куҳан. 

1725 Ба нерӯи Яздони пирӯзгар 

Бубандам ба кини Сиёвуш камар. 

Ҳама Чину Мукрон сипаҳ густарам, 

Ба дарёи Каймок 2 - бар бугзарам. 

Чу гардад маро рост Мочину Чин, 
Нахоҳем ёрӣ зи Мукронзамин. 

Бар оби Зиреҳ бугзаронам сипоҳ, 

Агар чархи гардон бувад некхоҳ. 

Агарчанд ҷое диранг оядам, 3 
Магар марди хунӣ ба ҷанг оядам. 4 

1730 Фаровон шумо ранҷ бардоштед, 

Бару буми обод бугзоштед. 

Ҳам ин ранҷ бар хештан барниҳем, 

Аз он беҳ, ки гетӣ ба душман диҳем. 5 

Бимонад зи мо ном то растахез 
Ба пирӯзиву душман андар гурез. 

Шуданд андар он паҳлавонон дижам, 
Лабон* 6 пур зи бод, абрувон пур зи хам, 


1. И-б. 1723 нест. 

2. ИЛ-Кимол. 

3. И-оварам. 

4. И-оварам. 

5. И-б. 1731 нест. 

6. М-даҳон. 


370 


Ки дарёи бомавҷу чандин сипоҳ, 

Сару кор бо бод шаш моҳ роҳ. 

1735 Кӣ донад, ки берун кӣ ояд зи об, 

Бад омад сипаҳро зи Афросиёб. 

Чу хушкӣ бувад, мо ба ҷанг-андарем, 
Ба дарё ба коми наҳанг-андарем». 

Ҳаме гуфт ҳар гунае ҳар касе, 

Бад-он гаҳ, ки гуфторҳо шуд басе. 

Чунин гуфт Рустам, ки «Эй меҳтарон, 
Ҷаҳондидаву ранҷбурда сарон, 

Набояд, ки ин ранҷ бебар шавад, 

Ба боди таносонӣ андар шавад. 

1740 Ва дигар, ки ин шоҳи пирӯзгар 
Биёбад ҳаме з-ахтари нек бар. 

Аз Эрон бирафтем то пеши Г анг, 
Надидем ҷуз ҷанг ҷое диранг. 

Зи коре ки созад ҳаме бар х(в)арад, 
Бар ин омаду ҳам бар ин бугзарад». 

Чу бишнид лашкар зи Рустам сухун, 
Яке посухи нав фиканданд бун. 

Бузургони донанда 1 бархостанд, 

Ба хубӣ забонро 2 биёростанд, 

1745 Ки «Мо шоҳро сар ба сар бандаем, 
Або бандагӣ дӯстдорандаем. 

Ба хушкиву бар об фармон турост, 
Ҳама бандагонему 3 паймон турост. 


1 . И-фарзона. 

2. И-забонҳо. 

3. ИЛ-кеҳтаронему. 


371 




ФИРИСТОДАНИ КАЙХУСРАВ БАНДИЁН ВА 
ГАНҶ НАЗДИ КОВУС БО НОМА 

Аз он шод шуд шоҳу бинвохтшон, 

Якояк бар андоза биншохтшон. 

Дари ганҷҳои ниё баркушод, 

Зи пайванду меҳраш накард эч ёд. 

Зи дебову динору гавҳар ҳазор 
Ҳаюнони шоиста карданд бор. 

1750 Зи говони гардункашон даҳ 1 ҳазор 
Бибурданд бо олати корзор. 

Ҳам эдун зи ганҷи дирам бешумор* 2 
Шутур бор карданд бо шаҳрёр. 

Бифармуд аз он пас ба ҳангоми хоб, 

Ки пӯшидарӯёни Афросиёб 

Зи хешу зи пайванди ӯ ҳар кӣ ҳаст, 

Агар духтаронанд, агар зердаст, 

Ҳама дар иморӣ ба роҳ оваред, 

Аз айвон ба майдони шоҳ оваред. 

1755 Сад аз номдорону гарданкашон, 

Ки буданд ҳар як ба мардӣ нишон. 

Ҳама хешу пайванди Афросиёб, 

Зи тимори ӯ дидагон пур зи об. 

Чу Ҷаҳну чу Гарсевази арҷманд, 

Ба маҳд-андарун пой карда ба банд. 

Навоҳо, ки аз шаҳрҳо ёдгор, 

Г аравгон зи туркону чинӣ ҳазор 3 


■ду. 

-ду. 

3. ИЛ-б. 1758 нест. 


372 


Гузин кард аз эрониён даҳ 1 ҳазор 
Супурд аз замон Гевро шаҳрёр. 

1760 Бад-ӯ гуфт, к-«Эй марди фархундапай, 
Бирав бо сипаҳ сӯи Ковуси Кай. 

Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, 
Биёвард қиртосу мушку абир. 2 * 3 

Яке нома аз қиру мушку гулоб 
Бифармуд дар кори Афросиёб. 

Чу шуд ҳома аз мушк в-аз қир тар, 
Нахуст офарин кард бар додгар, 

Ки дорандаву барсароранда ӯст, 
Замину замонро нигоранда ӯст. 

1765 Ҳам ӯ офаринандаи мӯру пил 
Зи хошоки ночизу дарёи Нил. 

Ҳама бо тавоноии ӯ якест, 

Худованди ҳасту Худованди нест. 

Касеро, ки ӯ парваронад ба меҳр, 

Бар ӯ- бар нагардад ба тундӣ сипеҳр. 

В-аз ӯ бод бар шоҳи гетӣ дуруд, 

К-аз ӯ хезад оромро тору пуд. 

Расидам бар ин диж, ки Афросиёб 
Ҳаме дошт аз баҳри орому хоб. 

1770 Бад-ӯ- андарун буд тахту кулоҳ, 
Бузургиву дайҳиму тоҷу сипоҳ. 


1 ■ Л-ду. 

2. И-б. 1761 нест. 

3. М- Чини ҳарир. 


373 


Чиҳил руз то бораҳо гашт паст, 

Бад он буд, ки душман наёмад ба даст. 1 

Бигӯяд кунун Гев як-як ба шоҳ, 

Сухан ҳарчи рафт андар ин размгоҳ. 

Чу дар пеши Яздон кушоӣ ду лаб, 
Ниёиш кун аз баҳри ман рӯзу шаб. 

Кашидем лашкар ба Мочину Чин 
В-аз он рӯй ронам ба Мукронзамин. 

1775 В-аз он пас бар оби Зиреҳ бугзарам, 
Агар покяздон бувад ёварам. 

Зи пеши шаҳаншоҳ баргашт Гев, 

Або лашкари гашну мардони нев. 

Чу боди ҳаво гашт бар шоҳроҳ, 
Расидаш 2 ба наздики Ковусшоҳ. 

Пас огоҳӣ омад ба Ковуси кай 
Аз он паҳлавонзодаи некпай. 

Пазира фиристод чанде сипоҳ, 

Г аронмоягон баргирифтанд роҳ. 

1780 Чу омад бари шоҳ Геви далер, 

Сипоҳе зи гурдон чу як дашт шер. 

Чу Гев андаромад ба наздики шоҳ, 
Заминро бибӯсид бар пешгоҳ. 

Варо дид Ковус, бар пой ҷаст, 
Бихандиду бистурд рӯяш ба даст. 


1. ТПЗМ - Саранҷом аз чанги мо раста гашт, 

Ҳар он кас, ки баргашт, дилхаста гашт. 

2. Л-биёмад. 

2. И- бигрифт дасташ. 


374 


Бипурсидаш аз шаҳреру сипоҳ, 

Зи гарданда хуршеду тобанда моҳ. 

Бигуфт он куҷо дид Геви сутург, 

Зи гурдону аз шаҳрёри бузург. 

1785 Ҷавон шуд зи гуфтори ӯ шоҳи пир, 
Пас он нома бинҳод пеши дабир. 

Чу он нома бар шоҳи Эрон бихонд, 
Ҳама анҷуман дар шигифтӣ бимонд. 1 

Фуруд омад аз тахт Ковусшоҳ, 

Зи сар баргирифт он каёнӣ 2 кулоҳ. 

Биёмад, биғалтид бар тирахок 
Ниёишкунон пеши Яздони пок. 

Аз 3 он ҷойгаҳ шуд ба ҷои нишаст, 
Або паҳлавонони хусравпараст, 4 * 5 

1790 Ҳаме гуфт бо шоҳ Гев, он чӣ дид, 
Сухан низ, к-аз шоҳи Эрон шунид. 

Май оварду ромишгаронро бихонд, 
В-аз Эрон набардасаронро бихонд. 

Ҳама шаб ҳаме гуфту посух шунид, 
Чунин то шаби тира андарчамид. 

Бирафтанд бо шамъ ёрон зи пеш, 
Диле шоду хуррам ба айвони хеш. 


1 . ТПЗ - Ҳама шод гашта ва хуррам шуданд, 

Зи шодӣ ду дида пур аз нам шуданд, 
Ҳама чиз доданд дарвешро, 

Ба нафрин бикарданд бадкешро. 

2. ИЛ- хучаста. 

3. Л-В-аз. 

4. Л-Ба гирди дил озини шодӣ бубаст. 

5. М-Ба гирди дил озини шоҳӣ бубаст. 


375 


Чу барзад хур аз чарх рахшон синон, 
Бупечид шаб гирд карда инон. 

1795 Табира баромад зи даргоҳи шоҳ, 
Бирафтанд гурдон бад-он боргоҳ. 

Ҷаҳондор пас Гевро пеш хонд, 

Бар он номвар тахти шоҳӣ нишонд. 

Бифармуд, то хоста пеш бурд, 

Ҳам он номвар сарфарозони гурд. 

Ҳам он бегунаҳ рӯйпӯшидагон, 

Паси парда андар ситамдидагон. 

Ҳам он Ҷаҳну Гарсевази 1 бандсой,* 2 
Ки ӯ бурд пои Сиёвуш зи ҷой. 

1800 Чу Гарсевази 3 бадкунишро бидид, 
Бар ӯ кард нафрин, ки нафрин сазид. 

Ҳам он Ҷаҳнро пой карда ба банд, 
Бибурданд наздики тахти баланд. 

Асирону он кас, ки буд аз наво, 4 
Биёрост мар ҳар якеро сазо.* 5 

Якеро нигаҳбон, якеро ба банд, 

Яке пурумеду яке бо газанд. 6 

Бар он духтарони рад Афросиёб 
Нигаҳ кард Ковус мижгон пуроб. 


1. ИЛ-Гаршеваз. 

2. М- тирарой. 

3. ИЛ-Гаршеваз. 

4. И-бенаво. 

5. М-Чудо. 

6. И-якеро наво: Л-Ниҳода ба гардан-дарун ғулу банд. 


376 


1805 Паси пардаи шоҳашон ҷой кард, 

Ба баршон 1 парастанда 2 бар пой кард. 

В-аз он пас ҳама хостҳо ҳар чӣ буд, 

Зи динору аз гавҳари нобисуд, 

Ба эрониён дод, то офарин 
Бихонданд 3 бар шаҳрёри замин 4 . 

Дигар бардагон меҳтаронро супурд, 
Ба айвон набуд аз бузургону хурд. 

Биёростанд аз дари Ҷаҳн ҷой, 

Хуриш бо парастандаву раҳнамой. 

1810 Ба диж-дар яке ҷои торик буд, 

Зи дил дуру бо дахма наздик буд. 

Ба Гарсеваз омад чунон ҷой баҳр, 
Чунин аст кирдори гардандадаҳр. 

Хунук он касе, к-ӯ бувад подшо, 

Кафи род дорад, дили порсо. 

Бидонад, ки гетӣ бар ӯ бугзарад, 
Нагардад ба гирди дари бехирад. 

Хирад чун шавад аз ду дида сиришк, 
Чунон ҳам, ки девона хоҳад пизишк. 

1815 В-аз он пас, к-аз эшон бупардохт шоҳ, 
Зи бегона мардум тиҳӣ кард гоҳ. 

Нависанда оҳанги қиртос кард, 

Сари хома бар сони алмос кард. 


1. И-б. 1803 нест. 

2. ИЛ- Вакилу. 

3. ИЛ- Бихонанд. 

4. И-шоҳи Эронзамин. 


377 


Навиштанд нома ба ҳар кишваре, 
Ба ҳар номдореву ҳар меҳтаре, 

Ки шуд Турку Чин шоҳро яксара, 

Ба обишхур омад палангу бара. 

Дирам доду динор дарвешро, 
Парастандаву 1 мардуми хешро. 

1 820 Ба ду ҳафта дар пеши даргоҳи шоҳ 
Аз анбӯҳи бахшиш надиданд роҳ. 

Севум ҳафта дар 2 ҷойгоҳи меҳӣ 
Нишаст андар ором бо фарраҳӣ. 

Зи бас нолаи пою бонги суруд 
Ҳаме дод дил ҷоми майро дуруд. 

Ба як ҳафта аз ҷоми Ковуси Кай 
Ҳаме мавҷ бархост аз сурхмай. 

Сари моҳи нав хилъати Гев сохт, 
Ҳама зарру пирӯза-андар нишохт. 

1825 Табақҳои заррину пирӯзаҷом, 
Камарҳои заррину симинситом. 3 

Парастор бо тавқу бо гӯшвор, 
Ҳамон ёраву тоҷи гавҳарнигор. 

Ҳамон ҷомаву тахту афканданӣ, 

Зи рангу зи бӯву зи густарданӣ. 

Фиристод, то Гевро хонданд, 

Бар авранги заррин-ш биншонданд. 

Бибурданд хилъат ба наздики ӯй, 
Бимолид Гев андар он тахт рӯй. 


1. ИЛ- парогандаву. 

2. ИЛ-бар. 

3. ИЛ- зарринситом. 


378 


ПОСУХИ НОМАИ ХУСРАВ АЗ КОВУСШОҲ 

1830 В-аз он пас биёмад хиромон дабир, 
Биёвард қиртосу мушку абир. 

Навиштанд посух, ки аз кирдгор 
Шудам шоду хушнуд аз ин рӯзгор, 

Ки фарзанди мо гашт пирӯзбахт' 

Сазои меҳӣ аз дари тоҷу тахт. 

Бадеро ки гетӣ ҳаме танг дошт, 

Ҷаҳон аз паи ғорату ҷанг дошт, 

Зи дасти ту овора шуд дар* 1 2 ҷаҳон, 
Нагӯянд номаш ҷуз андар ниҳон. 

1835 Ҳамасола то буд, хунрез буд, 

Сабукрӯю бадгавҳару тез буд. 

Бизад гардани Нӯзари тоҷдор, 

Зи шоҳони пешин буд ӯ 3 ёдгор. 

Бародаркушу бадтану шоҳкуш, 
Бадандешу бадному шӯридаҳуш. 

Паи ӯ мамон то ниҳад бар замин 
Ба Турону Мукрону дарёи Чин. 

Ҷаҳонро магар з-ӯ раҳоӣ бувад, 

Бадиро зи гетӣ ҷудоӣ бувад. 

1 840 Агар довари додгар як Худой 

Туро буд хоҳад ҳаме раҳнамой,* 4 

Ки гетӣ бишӯӣ зи ранҷи бадон, 

Зи гуфтору кирдори нобихрадон, 


1 . И-пирӯзгар. 

2. М-магар. 

3. Л-шоҳону пешинагон. 

4. М-б. 1840 нест. 


379 


Ба доди ҷаҳонофарин шод бош, 
Ҷаҳонро яке тоза бунёд бош! 

Агар 1 боз бинам туро шодмон, 

Пур аз дард гардад дили бадгумон. 

Аз он пас ҷуз аз пеши Яздони пок 
Набошам, к-аз ӯяст уммеду бок. 

1845 Бад-он то ту пирӯз бошиву шод, 
Сарат сабз бодо, дилат пур зи дод. 

Ҷаҳонофарин раҳнамои ту бод, 
Ҳамеша сари тахт ҷои ту бод». 

Ниҳоданд бар нома-бар мӯҳри шоҳ, 
Зи айвони ӯ Гев бугзид роҳ. 

Ба раҳ-бар набудаш ба ҷое диранг, 
Ба наздики Кайхусрав омад ба ганг. 

Бад-ӯ офарин карду нома бидод, 
Паёми ниё пеши ӯ кард ёд. 

1850 Зи гуфтори ӯ шод шуд шаҳрёр, 
Биёвард 2 ромишгару майгусор. 

Ҳаме буд пирӯз 3 шодон се рӯз, 
Чаҳорум чу бифрӯхт гетифурӯз, 

Сипаҳро ҳаме таргу ҷавшан бидод, 
Чунон чун бувад расми шоҳону дод. 

Ҷаҳоне* 4 ба Густаҳми Нӯзар супурд, 
Яке лашкаре номбардору гурд. 


1. ИЛ-Магар. 

2. ИЛ- май оварду. 

3. И-Ҳамехӯрд имрӯзу; Л-пирӯзу. 

4. М-Мар ӯро. 


380 


Зу Ганги гузин роҳи Чин баргирифт, 

Ҷаҳоне ба шамшер дар бар гирифт. 

1855 Бибуд рӯз пайкору тирашабон 
Талоя ба рӯзу ба шаб посбон. 

Бад-ин гуна то шорсони падар 
Ҳаме рафт гирёну пурхок сар. 

Ҳаме гирди боғи Сиёвуш бигашт, 

Ба ҷое ки бинҳод хун зери ташт. 

Ҳаме гуфт агар додгар як Худой 
Бихоҳад, ки бошад маро раҳнамой, 

К-аз ин ҳам ни ттт он хуни Афросиёб 
Бирезам ман эдар ба кирдори об. 

1860 В-аз он ҷойгаҳ шуд сӯи тахт боз, 

Ҳаме гуфт бо довари пок роз. 

ПАЙҒОМ ФИРИСТОДАНИ КАЙХУСРАВ НАЗДИКИ 
ФАҒФУРИ ЧИН ВА ШОҲИ МУКРОН 

Зи лашкар фиристодагон баргузид, 

Ки гӯянду донанд гуфту шунид. 

Фиристод кас назди хоқони Чин, 

Ба фағфур солори Мукронзамин, 

Ки гар дод гиреду фармон кунед, 

Зи кирдори бад дил пушаймон кунед. 

Хӯришҳо фиристед пеши сипоҳ, 

Бубинед ночор моро ба роҳ. 

1865 Касе к-ӯ битобад зи гуфтори мо, 

В-агар дур монад зи дидори мо, 


381 




Сари у бибуррам ба шамшери тез, 
Барорам зи айвони ӯ растахез. 1 

Фиристода омад ба ҳар кишваре, 

Ба ҷое ки буд номвар меҳтаре. 

Ғамӣ 2 гашт фағфуру хоқони Чин, 
Бузургони ҳар кишваре ҳамчунин. 

Фиристодаро чанд гуфтанд гарм 
Суханҳои ширин ба овои 3 нарм, 

1870 Ки мо шоҳро сар ба сар кеҳтарем, 
Замин ҷуз ба фармони ӯ наспарем. 

Гузарҳо, ки роҳи далерон будаст, 
Бубинем, то чанд вайрон шудаст. 

Кунем аз сар обод бо х(в)арданӣ, 
Биёрем ҳар чизи* 4 оварданӣ. 

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки будаш хирад, 
Ки гар бениёз ӯ ба мо бугзарад, 

Ба дарвеш бахшем бисёр чиз, 
Нисору хуришҳои бисёр низ. 

1875 Фиристодагонро гарон* 5 ҳадя дод, 
Биёмад ба даргоҳ хушнуду шод. 

Дигар номвар чун ба Мукрон расид, 
Дили шоҳи Мукрон дигаргуна дид. 


1. ИЛМ-б. 1866 нест; 

ТПЗМ - Биёрост бояд сипаҳро ба разм, 

Ҳар он кас, ки бугрезад аз роҳи базм. 

2. И- Ғамин. 

3. ИЛ-овози. 

-Биёему оремш. 

■номвар. 

- Фиристодаро бекарон. 


382 


222 


Бари тахти у рафт, нома бидод, 

Бигуфт аз паём, он чӣ будаш ба ёд. 

Сабуксар фиристодаро хор кард, 

Дили анҷуман пур зи тимор кард. 

Бад-ӯ гуфт: «Бо шоҳи Эрон бигӯй, 

Ки нодида бар мо фузунӣ маҷӯй. 

1880 Замона ҳама зери бахти ман аст, 

Замин* 1 равшан аз тоҷу тахти ман аст. 

Чу хуршеди тобон шавад* 2 бар сипеҳр, 
Нахустин бар ин бум тобад ба меҳр. 

Ҳамам донишу ганҷи обод ҳаст, 
Бузургиву мардиву* 3 нерӯи даст. 

Гар аз ман ҳаме роҳ ҷӯяд, равост, 

Ки ҳар ҷонвар бар замин подшост. 

Набандем, агар бугзарӣ, бар ту роҳ, 
Зиёне макун, баргузар бар 4 сипоҳ.* 5 

1885 В-ар эдун, ки бо лашкар оӣ ба шаҳр, 
Аз ин подшоҳӣ туро нест баҳр. 

Намонам, ки бар хоки мо бугзарӣ, 

В-аз ин марз ҷое ба пай биспарӣ. 

Намонам, ки бошӣ ту пирӯзгар, 

В-агар ёбӣ аз ахтари нек бар». 

Бар ин гуна чун шоҳ посух шунид, 

Аз он ҷойгаҳ лашкар андаркашид. 


- Ҷаҳон. 

-бувад. 

- Бузургону мардону. 

4. ИЛ-бо. 

5. М-бе сипоҳ. 


383 




Биёмад гурозон ба роҳи* 1 Хутан, 
Ҷаҳонгир* 2 бо номдор анҷуман. 

1890 Бирафтанд фағфуру хоқони Чин 
Бари шоҳ ба пӯзишу офарин. 

Се манзил аз Чин назди шоҳ омаданд, 
Худу номдорон ба роҳ омаданд. 

Ҳама роҳро пок* 3 карда чу даст, 

Дару дашт чун ҷойгоҳи нишаст. 

Ҳама роҳ пурпӯшишу хӯрданӣ 
Аз осоишу базму густурданӣ. 

Чу наздики шаҳр андаромад сипоҳ, 
Бубастанд озин ба бероҳу роҳ. 

1895 Ба девор дебо баровехтанд, 

Зи бар мушку анбар ҳаме* 4 рехтанд. 

Чу бо шоҳ фағфур густох шуд, 

Ба пеш андаромад, сӯи кох шуд. 

Бад-ӯ гуфт: «Мо шоҳро кеҳтарем, 
Дигар 5 кеҳтариро худ андарх(в)арем. 

Ҷаҳоне ба бахти 6 ту обод бод 7 , 

Дили дӯстдорон ба ту шод бод. 8 

Г ар айвони мо дархури шоҳ нест, 
Гумонам, ки ҳам камтар* 9 аз роҳ нест. 


- шаҳри. 

- Ҷаҳондор. 

- роҳ обод. 

- заъфарону дирам. 

5. ИМ - агар. 

6. И-тахти. 

7. ИЛМ-гашт. 

8. ИЛМ-гашт. 

9. М-бадтар. 


384 


1900 Ба кох андаромад сарафроз шоҳ, 

Нишаст андар он номвар пешгоҳ.* 1 

Зи динори чинӣ зи баҳри нисор 
Биёвард фағфури Чин сад ҳазор. 

Ҳаме буд бар пеши ӯ - бар ба пой 
Або марзбонони фархундарой. 

Ба Чин -андарун буд Хусрав се моҳ 
Або номдорони эронсипоҳ. 

Парастанда фағфур ҳар бомдод 
Ҳаме шоҳро нав ба нав ҳадя дод. 

1905 Чаҳорум зи Чин шоҳи Эрон биронд, 

Ба Мукрон шуду Рустам он ҷо бимонд. 

РАЗМИ КАЙХУСРАВ БО ШОҲИ МУКРОН ВА 
КУШТА ШУДАНИ ШОҲИ МУКРОН 

Биёмад чу наздики Мукрон расид, 

Зи лашкар ҷаҳондидае баргузид. 

Бари шоҳи Мукрон фиристоду гуфт, 

Ки «Бо шаҳрёрон хирад бод ҷуфт. 

Нигаҳ кун, ки мо аз куҷо рафтаем, 

На мастему бар орзу хуфтаем. 

Ҷаҳон равшан аз тоҷу 2 бахти ман аст, 

Сари меҳтарон пои тахти ман аст. 

1910 Хуриш созу роҳи сипоҳи маро 
Ба хубӣ биёрой гоҳи маро. 

Чу лашкар шуд аз хурданӣ бенаво, 

Касе бенавоӣ надорад раво. 


1 . М-боргоҳ. 

2. Л-фарру. 


385 


Баранд он гаҳе даст чизи касон, 

Агар 1 ман набошам, бар ҳар кас расон. 

Наво* 2 чун наёбанд, ҷанг оваранд, 
Ҷаҳон бар бадандеш танг оваранд. 

Г ар эдун, ки гуфтори ман нашнавӣ, 

Ба хуни фаровон кас- андар шавӣ. 

1915 Ҳама шаҳри 3 Мукрон ту вайрон кунӣ, 
Чу бе кина оҳанги шерон кунӣ». 

Фиристода омад, паёмаш бидод, 

Набуд дар дилаш ҷои пайғому дод. 

Сари бехирад з-он сухан тез гашт, 
Биҷӯшиду мағзаш бадомез гашт. 

Пароканда лашкар ҳама гирд кард, 
Биёрост бар дашт ҷои набард. 

Фиристодаро гуфт: «Баргарду рав, 

Ба наздики он бадгумон бозшав. 

1 920 Бигӯяш, ки аз гардиши тирарӯз 
Ту гаштӣ чунин 4 шоду гетифурӯз. 

Бубинӣ чу оӣ, зи мо дастбурд, 

Бидонӣ, ки мардон кадоманду гурд». 

Фиристодаи шоҳ чун боз гашт, 

Ҳама шаҳри Мукрон пуровоз гашт. 

Замин кӯҳ то кӯҳ лашкар гирифт, 

Ҳама марзи 5 Мукрон сипаҳ баргирифт. 6 


1. Л-магар. 

2. М-Алаф. 

3. И-марзи. 

4. И-ба дил. 

5. - тиру. 

6. Л-даргирифт. 


386 


Биёвард пилони ҷанги дувист, 

Ту гуфтӣ, ки андар замин ҷой 1 нест, 

1925 Аз овози аспону ҷӯши* 2 сипоҳ 
Ҳаме моҳ бар чарх гум кард роҳ. 

Талоя биёмад ба наздики шоҳ, 

Ки Мукрон сияҳ шуд зи гарди сипоҳ. 

Ҳама рӯи кишвар дурафш асту пил, 
Бубинад кунун шаҳрёр аз ду мил. 

Бифармуд, то баркашиданд саф, 
Гирифтанд кӯполу ханҷар ба каф. 

Зи Мукрон талоя биёмад ба дашт, 
Ҳама шаб ҳаме гирди лашкар бигашт. 

1930 Нигаҳбони лашкар зи Эрон Тахор, 

Ки будӣ ба наздики ӯ разм хор, 

Биёмад, баровехт бо ӯ ба ҳам 
Чу шери сарафрозу пили дижам. 

Бизад теғу ӯро ба ду ним кард, 

Дили шоҳи Мукрон пур аз бим кард. 

Ду лашкар бар он гуна саф баркашид, 
Ки аз гард чашм осмонро надид. 

Ду рӯя сипаҳ андаромад чу кӯҳ, 

Ба ҳам баркашиданд ҳар ду гурӯҳ. 

1935 Зи қалб андаромад сипаҳдор Тус, 
Ҷаҳон шуд пур аз нолаи бӯқу кӯс. 

Ба пеш-андарун ковиёнӣ дурафш, 
Паси пушт гурдони зарринакафш. 


1 . ИЛ-роҳ. 

2. М-бонги. 


387 




Ҳаво пур зи тиру замин пур зи пил,* 1 
Ҷаҳон* 2 шуд ба кирдори дарёи Нил.* 3 

Ба қалб-андарун шоҳи Мукрон бихаст, 
Ба жӯпину з-он хастагӣ ҳам нараст. 

Яке гуфт: «Шоҳо, сарашро бурем, 
Бад-ӯ 4 гуфт, зишт андар ӯ нангарем. 5 

1940 Сари шаҳрёрон кӣ буррад зи тан, 
Магар тира аз тухмаи* 6 аҳриман. 

Яке дахма созед мушку гулоб, 

Чунон чун бувад шоҳро ҷои хоб. 

Бараҳна набояд, ки гардад танаш, 

Бар он ҳамнишон хаста дар ҷавшанаш. 

Бипӯшед рӯяш ба дебои Чин, 

Ки марги бузургон бувад ҳамчунин». 7 

В-аз он анҷуман кушта шуд даҳ ҳазор 
Саворону гурдони ханҷаргузор. 

1945 Ҳазору саду чил гирифтор шуд, 

Сари зиндагон пур зи тимор шуд. 

Бибурданд пилону он хоста, 
Саропардаву гоҳи ороста. 

Бузургони Эрон тавонгар шуданд, 

Басе низ бо тахту афсар шуданд. 

В-аз он пас далерони пархошҷӯй 
Ба тороҷи Мукрон ниҳоданд рӯй. 


-пайкор шуду парри тир. 
-замин. 

- қир. 

яке. 

бингарем. 

-бадтар аз баччаи. 

б. 1943 нест. 


388 


Хуруши занон хост аз шаҳру дашт, 
Ҳама шаҳри Мукрон пуровоз 1 гашт. 

1905 Ба дижҳову* 2 шаҳр оташ андарзаданд, 
Ҳаме осмон бар замин барзаданд. 

Бихастанд аз эшон фаровон ба тир, 

Зану кӯдаки хурд карданд асир. 

Чу кам шуд бар он анҷуман ха ттт ми шоҳ, 
Бифармуд, то боз гардад сипоҳ. 

Ҳамон низ* 3 то А ттт ка ттт н тезҳуш 
Биёромад 4 аз ғорату ҷангу ҷӯш. 

Касеро намонад, ки зиштӣ кунад, 
Магар 5 бо нажандон 6 дуруштӣ кунад. 

1955 Аз он шаҳр ҳар кас, ки буд порсо, 

Ба пӯзиш биёмад бари подшо, 

Ки «Мо бегуноҳему бечораем, 

Ҳамеша ба ранҷи ситамкораем. 

Гар эдун, ки бинад сари бегуноҳ 
Бубухшад, сазовор бошад зи шоҳ. 7 

Хурӯше баромад зи пардасарой, 

Ки эй паҳлавонони фархундарой. 

Аз ин пас гар ояд зи ҷое хурӯш, 

Зи бедодиву ғорату ҷангу ҷӯш. 


1 . Л-пур аз бим. 

2. М-дарҳои. 

3. М-Бифармуд. 

4. И-Биёмад. 

5. ИЛ-В-агар. 

6. ИМ - Нажанде. 

7. ТПЗМ - Аз эшон чу бишнид фархунда шоҳ, 

Бифармуд, то бонг зад бар сипоҳ. 


389 


1960 Ситамкорагонро кунам бар ду ним, 
Касе к-ӯ надорад зи додор бим. 

Ҷаҳондор соле ба Мукрон бимонд, 
Зи ҳар ҷой киштигаронро бихонд. 

Чу омад баҳору замин гашт сабз, 
Ҳама кӯҳ пурлолаву дашт сабз, 

Чарогоҳи аспону ҷои шикор 
Биёрост боғ аз гулу мевадор. 

Бифармуд, то Ашкаши некхоҳ 1 
Ба Мукрон бимонад яке чанд гоҳ. 

1965 Наҷӯяд ҷуз аз хубиву ростӣ 

Наёрад ба дод-андарун костӣ. 2 

В-аз он шаҳр роҳи биёбон гирифт, 
Ҳама ранҷҳо бар дил осон гирифт. 

Чунон шуд ба фармони Яздони пок, 
Ки андар биёбон надиданд хок. 

Ҳаво пур зи абру замин пурхавид, 
Ҷаҳоне пур аз лолаву шанбалид. 

Хуришҳои мардум ҳаме рафт пеш, 
Ба гардуну зер-андарун* 3 говмеш. 

1970 Ба дашт-андарун сабзаву ҷои хоб, 
Ҳаво пур зи абру замин пур зи об. 


1. ИЛМ - Ба Ашкаш бифармуд, то бо сипоҳ. 

2. И-пас аз б. 1965 ин б. омада: 

Ҳаме бошад он ҷо ба фармони шоҳ 
Нигаҳбони он марзу тахту кулоҳ 
Чу ин карда шуд, шоҳи ботарсу дод 
Ҳамон гаҳ сар андар биёбон ниҳод. 

3. М- гарданда гардун. 


390 


ГУЗАШТАНИ КАЙХУСРАВ АЗ ОБИ ЗИРЕҲ 

Чу омад ба наздики оби Зиреҳ, 

Кушоданд гурдон миён аз гиреҳ. 

Ҳама корсозони дарё ба роҳ 
Зи Чину зи Мукрон ҳаме бурд шоҳ. 

Ба хушкӣ бикард, ончи боист кард, 

Чу киштӣ бар об андарафканд мард. 

Бифармуд, то тӯша бардоштанд, 

Зи яксола то об бугзоштанд. 

1975 Ҷаҳондори некахтари роҳҷӯй 
Бирафт аз лаби об пуробрӯй. 1 

Бар он бандагӣ-бар физоиш гирифт, 
Ҷаҳонофаринро ниёиш 2 гирифт. 3 

Ҳаме хост аз кирдгори баланд, 

Ки ӯро ба хушкӣ барад бегазанд. 

Ҳаме гуфт, к-эй кирдгори ҷаҳон, 
Шиносандаи ошкору ниҳон, 

Нигаҳдори хушкиву дарё туӣ, 

Худованди чарху 4 сурайё туӣ. 

1980 Нигаҳ дор ҷону сипоҳи маро, 

Ҳам он ганҷу тахту кулоҳи маро. 

Пурошӯб дарё аз он гуна буд, 

К-аз ӯ кас нарастӣ ба дил ношахуд. 

Ба шаш моҳ киштӣ бирафтӣ бар об, 

К-аз ӯ сохтӣ ҳар касе ҷои хоб. 


1 . Л-бар обрӯй. 

2. ИЛ- ситоиш. 

3. ТПИЛМ - Ҳамон сози ҷангу сипоҳи варо, 

Бузургони Эрону гоҳи варо. 

4. Л- худои сурӣ то. 


391 


Ба ҳафтум, ки ниме гузашти зи сол 
Шудӣ кажжу бе роҳ* 1 боди ттт имол. 

Сари бодбон тез бардоштӣ, 

Ҳала пеши маллоҳ бугзоштӣ. 

1985 Ба ҷое кашидӣ зи роҳи хирад, 

Ки маллоҳ хондиш фамм-ул-асад. 

Чунон хост Яздон, ки боду ҳаво 
Нашуд тунд 2 бо ахтари подшо. 

Шигифт андар он об монда сипоҳ, 
Намудӣ ба ангушт ҳар як ба шоҳ. 

Ба об-андарун шер диданду гов, 

Ҳаме доштӣ гов бо шер тов. 

Ҳам он мардуму мӯйҳо* 3 чун каманд, 
Ҳама тан пур аз пашм чун гӯсфанд. 

1990 Гурӯҳи сарон чун сари говмеш, 

Ду даст аз паси пушт буд пой пеш. 

Яке тан чу моҳиву сар чун паланг, 
Яке сар чу гӯру танаш чун наҳанг. 4 

Якеро сари хуку тан чун бара, 

Ҳама об аз инҳо будӣ яксара. 

Намудӣ ҳаме ин бад-он, он бад-ин, 
Ҳаме хондандӣ ҷаҳонофарин. 5 

Ба бахшоиши кирдгори сипеҳр 
Ҳаво ром шуд, бод нанмуд чеҳр. 


1. М-Бад-он сӯ фикандиш. 

2. ИЛ - каж. 

3. М-Ҳам он мардуму мӯяшон. 

4. Л-б. 1991 нест. 

5. ИЛ- ба дод офарин. 


392 


1995 Гузаштанд бар об дар ҳафт моҳ, 

Ки боде накард андар эшон нигоҳ. 

Чу Хусрав зи дарё ба хушкӣ расид, 
Нигаҳ кард ҳомун, ҷаҳонро бидид. 

Биёмад ба пеши ҷаҳонофарин, 
Бимолид бар хок* 1 рух бар замин. 

Баровард киштиву заврақ зи об, 
Шитоб омадаш, буд ҷои шитоб. 

Биёбон-ш пеш омаду регу дашт, 
Таносон ба реги равон баргузашт. 

2000 Ҳама шаҳрҳо-дид бар сони Чин, 

Забонҳо ба кирдори Мукронзамин. 2 

Бад-он шаҳрҳо - дар биёсуд шоҳ, 
Хуриш хост чанде зи баҳри сипоҳ. 

Супурд он замин Гевро шаҳрёр, 
Бад-ӯ гуфт: «Бар хур ту 3 аз рӯзгор. 

Дуруштӣ макун бо гунаҳкор низ, 

Ки беарҷ шуд бар дилам ганҷу чиз. 

Аз ин пас надорам касеро ба кас, 
Парастиш кунам пеши фарёдрас. 

2005 Зи лашкар яке номвар баргузид, 

Ки гуфтори ҳар кас бидонад шунид, 

Фиристод наздики шоҳон паём, 

Ки ҳар кас, ки ӯ ҷӯяд орому ком, 

Биёянд хуррам бад-ин боргоҳ, 

Ба дил шоду некидиҳиш некхоҳ. 


1 . М- Фаровон бимолид. 

2. И-б. 1998, 2000 нест. 

3. Л-шодон зӣ. 


393 


Ҳар он кас, ки у з-ин сухан бугзарад, 
Зи рои* 1 бади хеш кайфар барад» 2 . 

Фиристода чун назди эшон расид, 
Паёми шаҳаншоҳро густарид. 3 

2010 Бигуфтанд ҳар як, ки «Мо кеҳтарем, 
Агар кеҳтариро худ андарх(в)арем» 4 . 

Касе* 5 сар напечид аз он меҳтарон, 
Ба даргоҳ рафтанд пиру ҷавон. 6 

Ба даргоҳи шоҳ омада бо нисор. 7 
Ҳам аз марзбонону ҳам шаҳрёр. 8 

Чу Хусрав чунон дид 9 , бинвохтшон, 
Ба хуршед гардан барафрохтшон. 

Пас аз Г ангдиж бозҷуст огаҳӣ, 

Зи Афросиёбу зи тахти меҳӣ. 

2015 Чунин гуфт гӯяндае з-он гурӯҳ, 

Ки «Эдар на об аст пешат, на кӯҳ. 

Агар бишмарӣ сар ба сар неку бад, 
Фузун нест то Ганг фарсанг сад 10 . 

Аз он шоҳи бедодгар ҷон намонд,* 11 
Зи бедод мардум фаровон намонд. 


1 . М-хуи. 

2. И-б. 2008 нест. 

3. Л-2009 нест. 

4. Л- Яке сар напечид аз ин боргоҳ, 

Бирафтанд яксар ба фармони шоҳ. 

5. М- Яке. 

6. ЛМ - чун кеҳтарон. 

7. И-б. 201 1 нест. 

8. Л-б. 2012 нест. 

9. Л- чу дидор шуди шоҳ. 

10. ТПЗ Бад-он сон, ки пури Сиёваш туӣ, 

Ба разм-андарун обу оташ туӣ. 

11. М-Бар он сӯ, ки солори Турон биронд. 


394 


Кунун то баромад зи дарёи об 
Ба ганг аст бо мардум Афросиёб». 

Аз он огаҳӣ шод шуд шаҳрёр, 

Шуд он ранҷҳо бар дилаш низ хор. 

2020 Бар он мардумон хилъат оростанд, 
Пас аспи ҷаҳондидагон хостанд. 

Бифармуд то бозгаштанду шоҳ 
Сӯи Гангдиж рафт худ бо сипоҳ. 

РАСИДАНИ КАЙХУСРАВ БА ГАНГ 

Сипаҳро биёрост, рӯзӣ бидод, 

Зи Яздони некидиҳиш кард ёд. 

Ҳаме гуфт, ҳар кас, ки ҷӯяд бадӣ, 
Бупечад зи бодафраи эзадӣ. 

Набояд, ки бошед як тан ба шаҳр, 
К-аз ӯ 1 ранҷ ёбад тани мӯр баҳр. 

2025 Ҷаҳондор чун Гангдижро бидид, 
Шуд аз оби дида рухаш нопадид. 

Пиёда шуд аз аспу сар бар замин, 
Ҳаме хонд бар кирдгор офарин. 

Ҳаме гуфт, к-эй 2 довари додпок, 

Яке бандаам, дил пур аз тарсу бок. 

Ту додӣ маро зӯру оину фар, 

Сипоҳу дилу ахтару пову пар, 

Ки ин бораи шорсони падар 
Бидидам бароварда аз хок сар. 


1. ИЛМ-Гараз. 

2 . Л-бо. 


395 


2030 Сиёвуш, ки аз фарри Яздони пок 
Чунин борае баркашид аз мағок, 

Ситамгар буд он к-ӯ ба бад охт даст, 
Дили ҳар кас аз куштани ӯ бихаст. 

Бар он бора бигрист яксар сипоҳ 
Зи хуни 1 Сиёвуш, ки буд бегуноҳ. 

Ба дасти бадандеш-бар кушта шуд, 
Чунин тухми кин дар ҷаҳон кишта шуд. 

Пас огоҳӣ омад ба Афросиёб, 

Ки шоҳи ҷаҳонгир бугзошт об. 

2035 Шунида ҳаме дошт андар нуҳуфт, 
Биёмад шаби тира, бо кас нагуфт. 

Ҷаҳондидагонро ҳамон ҷо бимонд, 
Дили пур зи тимор танҳо биронд. 

Чу Кайхусрав омад ба Г анг-андарун, 
Саре пур зи тимору дил пур зи хун. 

Бидид он дилафрӯз боғи биҳишт, 
Чаманҳои 2 ӯ чун чароғи биҳишт. 

Ба ҳар гӯшае чашмаву гулситон, 

Замин сунбулу шох булбулситон. 

2040 Ҳаме гуфт ҳар кас, ки инат ниҳод, 

Ҳам эдар бибошем то марг шод. 

В-аз он пас бифармуд бедоршоҳ 
Нигаҳ кардани шоҳи туронсипоҳ. 

Биҷустанд бар дашту боғу сарой, 
Гирифтанд бар ҳар сӯе раҳнамой. 


1. ИЛМ-дарди. 

2. И - Самарҳои. 


396 


Ҳаме рафт ҷуянда чун беҳушон, 
Магар з-ӯ биёбад ба ҷое нишон. 

Чу бар ҷустанаш тез биштофтанд, 
Фаровон зи касҳои ӯ ёфтанд. 

2045 Бикуштанд бисёр кас бегуноҳ, 
Нишоне наёмад зи бедодшоҳ. 

Ҳаме буд дар Г ангдиж шаҳрёр 
Яке 1 сол бо ромишу майгусор. 

Ҷаҳон чун биҳишти диловез буд, 
Пур аз гулшану боғу полез буд 2 . 

Ба рафтан ҳаме шоҳро дил надод, 
Ҳаме буд дар Ганг пирӯзу шод. 

Ҳама паҳлавонони эронсипоҳ 
Бирафтанд як рӯз* 3 наздики шоҳ, 

2050 Ки гар шоҳро дил наҷунбад зи ҷой 
Сӯи шаҳри 4 Эрон наёяд-ш рой. 

Ҳамоно бадандеш 5 Афросиёб 
Гузаштаст аз он сӯи дарёи об. 

Чунон пир бар гоҳ Ковусшоҳ, 

На аврангу 6 фарру на ганҷу сипоҳ. 7 

Гар ӯ сӯи Эрон шавад пур зи кин, 
Кӣ бошад нигаҳдори 8 Эронзамин? 


1 . И-Ба як. 

2. Л-б. 2047 нест. 

3. М- Яксар ба. 

4. ИЛМ - тахти. 

5. ИЛ-наёбӣ ту. 

6. Л-рӯи. 

7. ТПЗ - Сарону сипоҳи ҷаҳон бо туанд, 

Сухандону корогаҳон бо туанд. 

8. ИЛМ - нигаҳбони. 


397 




Гар у боз бо тахту афсар шавад, 

Ҳама ранҷи мо пок бебар шавад. 

2055 Аз он пас ба эрониён шоҳ гуфт, 

Ки «Ин панд бо судмандист ҷуфт». 

Аз он шорсон пас меҳонро бихонд, 

В-аз он ранҷи бурда фаровон биронд. 

Аз эшон касеро ки шоиста буд,* 1 
Гиромитар аз 2 шаҳр боиста буд,* 3 

Танашро ба хилъат биёрост шоҳ 4 , 

Зи диж бораи марзбон хост шоҳ 5 . 

Бад-ӯ гуфт: «Эдар ба шодӣ бимон 
Ҳамеша пурандешаи 6 * 7 бадгумон. 

2060 Бубахшид чандон, ки буд хоста, 

Зи аспону аз ганҷи ороста. 

Ҳама шорсон з-ӯ тавонгар шуданд, 

Чи бо ёраву тахту афсар шуданд. 

БОЗГАШТАНИ КАЙХУСРАВ ЗИ ГАНГДИЖ 
СӮИ СИЁВУШГИРД 

Бад-он гаҳ, ки бедор гардад хурӯс, 

Зи даргоҳ бархост овои кӯс. 

Сипоҳи шитобандаву роҳҷӯй 
Ба сӯи биёбон ниҳоданд рӯй. 


-шоистатар. 

■Гиромитару. 

-боистатар. 

4. ИЛ-биёростанд. 

5. ИЛ-хостанд. 

6. ИЛ-бар андешаи. 

7. М- Зи дил баркан андешаи бадгумон. 


398 


Ҳама 1 номдорони ҳар кишваре 
Бирафтанд ҷое, ки буд меҳтаре. 

2065 Хуришҳо бибурданд чанде ба роҳ, 

Ки буд аз дари шаҳрёру сипоҳ. 

Ба роҳе ки лашкар ҳаме баргузашт, 
Дару дашт яксар чу бозор гашт. 

Касеро набуд дил, ки накшод даст, 

Ба кӯҳу биёбону ҷои нишаст. 

Бузургон, ки бо ҳадяву бо нисор 
Пазира шудандӣ бари шаҳрёр, 

Чу дидандӣ он хусрави сарфароз 
Ба наздики ӯ ҷумла бурдӣ намоз. 2 

2070 Чу хилъат фароз омадишон зи ганҷ, 
Наҳиштӣ, ки бо вай бирафтӣ ба ранҷ. 

Пазира шудаш Гев бо лашкаре 
В-аз он шаҳр ҳар кас, ки буд меҳтаре, 3 

Ҷаҳондори бедор* 4 бинвохташ 5 , 

Ба расми падар ҷойгаҳ сохташ 6 . 

Чу Хусрав ба наздики дарё 7 расид, 
Фуруд омаду бодбонҳо бидид. 

Ду ҳафта бар он рӯи дарё бимонд, 

Зи дидор бо Гев чанде биронд. 


1 . Л-Аз он. 

2. ИЛ-б. 2069 нест. 

3. ТПЗИЛ - Чу дид он сару фарраи сарфароз, 

Пиёда шуду бурд пешаш намоз. 

4. М- Ҷаҳондор бисёр. 

5. И-Ҷаҳондор бисёр бинвохтшон. 

6. И- сохтшон. 

7. ИЛ-киштӣ. 


399 


2075 Ҳаме гуфт: «Ҳар, к-у надидаст Ганг, 
Набояд, ки хоҳад ба гетӣ диранг. 


Бифармуд, то кор бархостанд, 

Ду заврақ ба об-андар андохтанд. 

Паси заврақ-андар зи киштӣ ҳазор 
Ба об-андарун ронд пас шаҳрёр. 

Шиносои киштӣ ҳар он кас, ки буд, 
Ки бар жарфдарё далерӣ намуд. 

Бифармуд, то бодбон баркашид, 

Ба дарёи бепоя андаркашид. 

2080 Ҳамон оби дарёи яксола роҳ 

Чунон тез шуд бод дар ҳафт моҳ, 

Ки он шоҳу лашкар бад-ин сӯ гузашт, 
Ки аз бод каж остин барнагашт. 1 

Сипахдор чун сӯи хушкӣ кашид, 2 
Бурун шуд зи 3 киштиву ҳомун бидид, 

Биёмад, бимолид рухро ба хок 
Ниёишкунон пеши Яздони пок. 

Хуриш карду пӯшиш фаровон яла, 

Ба маллоҳу он кас, ки кардӣ хала. 

2085 Бифармуд динору хилъат зи ганҷ, 

Ба киштӣ касеро, ки бурданд ранҷ. 

В-аз он об роҳи биёбон гирифт, 
Ҷаҳоне бад-ӯ монда андар шигифт. 

Чу огоҳ шуд Ашкаш омад ба роҳ 
Або лашкари сохта пеши шоҳ. 


1. Л-Ки дар ҳафт маҳ боди ӯ каҷ нагашт. 

2. Л- расид. 

3. ЛМ- Бубастанд киштиву. 


400 


Пиёда шуд аз аспу руи замин 
Бибӯсиду бар шоҳ кард офарин. 

Ҳама шаҳри Мукрон биёростанд, 

Зи ҳар ҷой ромишгаре 1 хостанд. 

2090 Ҳама роҳ бероҳ овои руд, 

Ту гуфтӣ ҳаво тор буд, руд пуд. 

Ба девор дебо баровехтанд, 

Шакар бо дирам зери пай рехтанд. 

Ба Мукрон ҳар он кас, ки буд меҳтаре 
В-агар номдореву кундоваре, 

Бирафтанд бо ҳадяву бо нисор 
Ба наздики пирӯзгар шаҳрёр. 

В-аз он марз чандон, ки буд хоста, 
Фароз оварид Ашкаш ороста. 

2095 Аз Ашкаш пазируфт шоҳ, он чи дид, 
В-аз он номдорон яке баргузид. 

Варо кард меҳтар ба Мукронзамин, 
Басе хилъаташ дод, 2 кард офарин. 

Чу омад зи Мукрон ба наздики Чин 
Худу сарфарозони Эронзамин, 

Пазира шудаш Рустами Золи Сом, 
Сипоҳе кушодадилу шодком. 

Чу аз дур Кайхусрав омад падид, 
Савори сарафроз чатраш бидид. 

2100 Пиёда шуд аз дуру бурдаш намоз, 

Гирифташ ба бар шоҳи гарданфароз. 


1 . ИЛ- ромишгарон. 

2. ИЛ- доду. 


401 


Бигуфт он шигифте, ки дид андар об 
Зи гум будани ҷоду Афросиёб. 

Ба Чин низ меҳмони Рустам бимонд, 
Ба як ҳафта аз Чину Мочин биронд. 

Ба фағфуру Хоқон супурд он замин, 
Басе шоҳро хонданд офарин. 

Басе хилъату пандҳо додашон 
Зи ғам кард яксар дилозодашон. 1 

2105 Ҳаме рафт сӯи Сиёвахшгирд, 

Ба моҳи сифандормуз рӯзи ирд. 

Чу омад бад-он шорсони падар 
Ду рухсор 2 пуробу пурхун 3 ҷигар, 

Ба ҷое ки Г арсевази баднишон 
Гурӯи банафрину мардумкушон 

Сари шоҳи Эрон буриданд хор, 
Биёмад ба он ҷойгаҳ шаҳрёр. 

Ҳаме рехт бар сар аз он тирахок 
Ҳаме кард рӯву бари хеш чок. 

2110 Бимолид Рустам бар он хок рӯй, 

Ба нафрин сияҳ кард ҷони Гурӯй. 

Ҳаме гуфт Кайхусрав: «Эй шаҳрёр, 
Маро мондӣ дар ҷаҳон ёдгор. 

Намондам ба кини ту монида чиз, 

Ба ранҷ-андарам, то ҷаҳон аст низ. 

Бипардохтам тахт з-Афросиёб 
В-аз ин пас на ором ҷӯям, на хоб. 


1. ИЛМ-б. 2103 нест. 

2. ИЛ - рухсора. 

3. ИЛ- хаста. 


402 


Бар уммеди он, к-аш ба чанг оварам, 
Ҷаҳон пеши ӯ тору танг оварам». 

2115 Аз он пас бар он ганҷ бинҳод сар, 

Ки модар бар ӯ ёд кард аз падар. 

Дари ганҷ букшоду рӯзӣ бидод, 

Ду ҳафта бар он шорсон буд шод. 

Ба Рустам дусад бадра динор дод, 

Ҳам он Гевро чиз бисёр дод. 

Чу бишнид Густаҳми Нӯзар, ки шоҳ 
Бар он шорсони падар кард роҳ. 

Пазира шудаш бо сипоҳи гарон, 

Аз Эрон бузургону кундоварон. 

2120 Чу аз дур дидаш сару тоҷи шоҳ, 

Пиёда фаровон бипаймуд роҳ. 

Сипаҳ* 1 яксара хонданд офарин 
Бар он додгар шаҳрёри замин. 

Ба Густаҳм фармуд, то барнишаст, 
Ҳаме рафт шодону дасташ ба даст. 

Кашиданд аз он рӯй ба Б-ҳиштганг, 
Сипаҳро ба наздики шоҳ обу ранг. 

Вафо чун дарахте бувад мевадор, 

Куҷо ҳар замоне нав ояд ба бор. 

2125 Наёсуд як тан зи хӯрду шикор, 

Ҳамон як савора, ҳамон шаҳрёр. 

Зи туркон ҳар он кас, ки буд сарфароз, 
Шуданд аз навозиш ҳама бениёз. 


1 . М- Ҳама. 


403 


Ба рахшандарузу ба ҳангоми хоб 
Ҳаме огаҳӣ ҷуст з-Афросиёб. 

Аз эшон касе з-ӯ нишоне надод, 
Накарданд аз ӯ дар ҷаҳон низ ёд. 

Ҷаҳондор як шаб сару тан бишуст, 
Бишуд дур бо дафтари Занду Уст. 

2130 Ҳама шаб ба пеши ҷаҳонофарин 
Ҳаме буд гирёну сар бар замин. 

Ҳаме гуфт, к-«Ин бандаи нотавон 
Ҳамеша пур аз дард дорад равон. 

Ҷаҳон кӯҳу дашту 1 биёбону об 
Ҳаме кӯбам аз баҳри Афросиёб, 

Ки ӯ роҳи ту додгар наспарад, 
Касеро зи гетӣ ба кас нашмарад. 

Ту донӣ, ки ӯ нест бар доду роҳ 
Басе рехт хуни сари бегуноҳ. 

2135 Магар бошадам додгар як Худой 
Ба наздики он бадкуниш раҳнамой. 

Вагар низ ман носазо бандаам, 
Парастандаи офаринандаам, 

Ба гетӣ аз ӯ ному овоз нест, 

Зи ман роз бошад, зи ту роз нест. 

Агар з-ӯ ту хушнудӣ, эй додгар, 
Маро бозгардон зи пайкор сар. 

Бикуш дар дил ин оташи кини ман, 
Ба оини хеш овар оини ман». 


ИЛ- регу. 


404 




2140 Зи ҷои ниёиш биёмад ба тахт 
Ҷавони сарафрози бедорбахт. 

Ҳаме буд як сол ба Б-ҳиштганг, 

Баросуд аз ҷунбишу сози ҷанг. 

БОЗГАШТАНИ КАЙХУСРАВ АЗ ТУРОН БА 
ЭРОНЗАМИН 

Чу будан ба Ганг-андарун шуд дароз, 

Ба дидори Ковусаш омад ниёз. 

Ба Густаҳми Нӯзар супурд он замин 
Зи Қипчоқ* 1 то пеши дарёи Чин. 

Беандоза лашкар ба Густаҳм дод, 

Бад-ӯ гуфт, бедордил бошу шод. 

Ба Чину ба Мукронзамин даст ёз, 

Ба ҳар кас фиристодани нома соз. 

2145 Ҳаме ҷӯй з-Афросиёб огаҳӣ 

Магар з-ӯ шавад рӯи гетӣ тиҳӣ. 

В-аз он ҷойгаҳ хоста, ҳарчи буд 
Зи динору аз гавҳари нобисуд, 

Зи мушку зи кофуру заринситом, 

Ҳамон ёраву аспу тахту ғулом, 

Зи густарданиҳову дебои Чин 
Зи чизе ки хезад зи Мукронзамин, 

2150 Зи говони гардункашон чил ҳазор 
Ҳаме ронд пеш-андарун шаҳрёр.* 2 

Ҳаме гуфт ҳар кас, ки кас пеш аз ин 
Надиду набуд хоста беш аз ин. 


- Каҷғор. 
-пур зи бор. 


405 


Сипаҳ буд чандон, ки бар куҳу дашт 
Ҳаме дар шабу рӯз лашкар гузашт. 

Чу дидор бардоштӣ пешрав, 

Ба манзил расидӣ ҳаме нав ба нав. 

Биёмад бад-ин ҳамнишон то ба Чоҷ 
Биёвехт тоҷ аз бари тахти оҷ. 

2155 Ба Суғд-андарун буд як ҳафта беш, 
Талимону Хузон ҳаме рафт пеш. 

В-аз он ҷо ба шаҳри Бухоро кашид, 
Зи лашкар замин шуд ҳаме нопадид. 

Бихӯрду биёсуду як ҳафта буд, 
Дувум ҳафта бо ҷомаи нобисуд. 

Ғамӣ шуд 1 аз он рӯзҳои шуда, 
Биёмад хурӯшон ба оташкада, 

Ки Тури Фаридун бароварда буд, 
Бад-ӯ - андарун кохҳо 2 карда буд. 3 

2160 Бигустард бар мӯбадон симу зар, 

Ба оташ пароканда чанде гуҳар. 

В-аз он ҷойгаҳ сар ба рафтан ниҳод, 
Ҳаме рафт бо коми дил шоҳ шод. 

Зи Ҷайҳун гузар кард бар сӯи Балх, 
Чашида зи гетӣ басе шӯру талх. 

Ба Балх-андарун буд як ҳафта шоҳ 
Сари ҳафта аз Балх бугзид роҳ. 


1. И-буд. 

2. Л-андар айвонҳо. 

3. И-б. 2159 нест; 

ТПЗ - Ниёишкунон пеши Яздони пок 
Бимолид рухро бар он тирахок. 


406 


Ба ҳар шаҳр-дар номвар меҳтаре 
Бимондӣ сарафроз бо лашкаре. 

2165 Бубастанд озин ба бероҳу роҳ, 

Ба ҷое ки бугзашт шоҳу сипоҳ. 

Сӯи Толқон омаду Марврӯд, 

Ҷаҳон пур шуд аз нолаи ною руд 1 . 

Ҳама шаҳр яксар биёростанд, 

Маю руду ромишгарон хостанд. 

Дирам рехтанд аз бару заъфарон, 

Чу 2 динору мушк аз карон то карон. 

В-аз он сӯ ба роҳи Нишопур шоҳ 
Биёвард пилону ганҷу сипоҳ. 3 

2170 Ба шаҳр- андарун ҳар кӣ дарвеш буд, 
Ва гар хурдаш аз кӯшиши хеш буд, 

Дирам дод мар ҳар якеро зи ганҷ, 
Пароканда шуд бадра панҷоҳу панҷ. 

В-аз он ҷо сӯи Домғон баркашид, 
Ҳама роҳ зарру дирам густарид. 

Ба як ҳафта он ҷо биёсуд шоҳ, 

Ҳамон дид пилону аспу сипоҳ. 4 

Сари ҳафтаро кард оҳанги Рай 
Ҳама роҳ бо ромишу руду май. 

2175 Ду ҳафта бубахшиду ҳам дод кард, 5 
Севум ҳафта оҳанги Бағдод кард. 


1. Л-б. 2166 нест. 

2. Л-Чи. 

3. Л-б. 2169 нест. 

4. ИЛМ-б. 2172, 2173 нест. 

5. Л-бар ин низ бахшиду х(в)ард; ИМ - бар ин низ бахшид мард. 


407 


Ҳаюнон фиристод чанде зи Рай 
Сӯи Порс наздики Ковуси Кай. 

БОЗОМАДАНИ КАЙХУСРАВ БА НАЗДИ НИЁ 

Дили шоҳ аз он огаҳӣ тоза шуд, 

Ту гуфтӣ, ки бар дигар андоза шуд. 

Бар айвонҳо тахти заррин ниҳод, 

Ба хона-дар ороиши Чин ниҳод. 

Бубастанд озин ба шаҳру* 1 ба роҳ, 

Ҳама барзану кӯю бозоргоҳ. 

2 1 80 Пазира шудандаш ҳама меҳтарон, 
Бузургони Эрону 2 кундоварон. 

Ҳама роҳу бероҳ гунбад зада, 

Ҷаҳон шуд чу 3 дебо ба зар озада. 

Ҳама мушку гавҳар баромехтанд, 

Зи гунбад ба сарҳо фурӯ рехтанд. 

Чу берун шуд аз шаҳр Ковуси Кай 
Або номдорони фархундапай, 

Ниёро бидид аз карон шоҳи нав, 
Барангехт он бораи тундрав. 4 * 5 

2185 Гирифтанд мар якдигарро ба бар, 

Басе бӯса доданд бар рӯю сар. 6 

Ҳаме ҳардувон зор бигристанд, 

Ки якчанд бе орзу зистанд. 


1. М-дашту. 

2. И-ҳар шаҳру; Л-шаҳру зи. 

3. Л-зи. 

4. ТП - Фуруд омад аз аспу бурдаш намоз, 

Басе офарин кард Ковус боз. 

5. М-тезрав. 

6. ИЛ-б. 2185 нест. 


408 


Ҳаме офарин кард Ковуси Кай 
Бар он шоҳи некахтару 1 некпай. 

Ҳаме гуфт: «Бе ту мабодо ҷаҳон, 

На тоҷи бузургиву тахти меҳон, 

Ки хуршед чун ту надидаст шоҳ, 

На аспу на ҷавшан, на тахту кулоҳ. 

2190 Зи Ҷамшед то бар Фаридун расид, 
Сипеҳру замин чун ту шоҳе надид. 

На з-ин сон касе ранҷ бурд аз меҳон, 
Надид ошкору ниҳони ҷаҳон. 

Сиёвуш гар аз дахма боз омадӣ, 

Ба фарри ту ӯро ниёз омадӣ. 

Гар ӯ шуд, 2 ҷаҳон бар ту фархунда бод, 
Дилу ҷони бадхоҳи ту канда бод!» 

Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Ин ба бахти ту буд, 
Барӯманд шохи дарахти ту буд. 

2195 Касе к-аш ба гетӣ ту бошӣ ниё, 

Бирӯяд мар ӯро зи хоро гиё».* 3 

Ниёяш бибӯсид дандону лаб, 

Ки «Бе ту мабодо маро рӯзу шаб!» 4 

Забарҷад биёварду ёқуту зар, 

Ҳаме рехт бар тораки шоҳ-бар. 

Бад-он гуна то тахти гавҳарнигор 
Шудаш пояҳо нопадид аз нисор. 


1 . ИЛ- некахтари. 

2. ИМ - Ки равшан. 

3. М-б. 2195 нест. 

4. И-б. 2193-2196 нест; Л-б. 2194-2195 нест. 


409 


Бифармуд пас,* 1 к-анҷуманро бихон, 
Бар айвони дигар баророй хон. 

2200 Нишастанд бар гулшани зарнигор 
Бузургони пурмоя бо шаҳрёр. 

Ҳаме гуфт шоҳ, он шигифте ки дид, 
Ба дида надида, на аз кас шунид. 

Зи дарёву аз Гангдиж ёд кард, 

Лаби номдорон пур аз бод кард. 

Аз он хуррамишаҳру он дашту роғ 
Чаманҳову полезҳо чун чароғ. 

Бад-ӯ монд Ковуси Кай дар шигифт, 
Зи кирдораш андозаҳо баргирифт. 

2205 Бад-ӯ гуфт: «Рӯзи наву моҳи нав 
Зи гуфторҳои нави шоҳи нав. 

На чун ту касе дар 2 ҷаҳон шоҳ дид, 
На ин достон гӯш ҳаргиз шунид. 

Кунун мо бад-ин ахтари нав кунем, 
Ба май - дар ҳаме ёди Хусрав кунем. 

Биёрост он гулшани зарнигор, 

Май оварду ёқутлаб майгусор. 

Ба як ҳафта з-айвони Ковуси Кай 
Ҳаме мавҷ бархост аз ҷоми май. 

2210 Ба ҳаштум дари ганҷ букшод шоҳ, 
Ҳаме сохт ин ранҷро пойгоҳ. 

Бузургон, ки буданд бо ӯ ба ҳам 
Ба разму ба базму ба шодиву ғам, 


1. М-шаҳ. 

2. ИЛ- к-андар. 


410 


Бар андозашон хилъат оростанд, 

Зи ганҷ он чи пурмоятар, хостанд. 

Бирафтанд ҳар кас 1 сӯи кишваре 
Сарафроз бо номвар лашкаре. 

Бипардахт аз он пас ба кори сипоҳ 
Дирам дод яксола аз ганҷ шоҳ. 

22 1 5 В-аз он пас нишастанд бе анҷуман 
Ниёву ҷаҳонҷӯй бо ройзан. 

Чунин гуфт Хусрав ба Ковусшоҳ, 

Ки «Ҷуз* 2 кирдгор аз кӣ ҷӯем 3 роҳ? 

Биёбону яксола дарёву кӯҳ 
Бирафтем бо доғи дил як 4 гурӯҳ. 

Ба кӯҳу биёбону* 5 дарёву об 
Нишоне надидам зи Афросиёб. 

Гар ӯ як замон андарояд ба Ганг, 
Сипоҳ орад аз ҳар сӯе бедиранг. 

2220 Ҳама 6 ранҷу сахтӣ ба пеш-андар аст 
Агарчандамон додгар ёвар аст. 

Ниё чун шунид аз набера сухун, 

Яке панди пирона афканд бун. 

Бад-ӯ гуфт: «Мо ҳамчунин бо 7 ду асп 
Битозем то хони озаргушасп. 

Сару тан бишӯем бо пову даст, 
Чунон чун бувад марди яздонпараст. 


1. ИЛ-як. 

2. М-Ҷуз аз. 

3. И- ҷӯям. 

4. И-Гирифтам чунин доғдил бо. 

5. М-ҳомуну кӯҳу. 

6. Л- Ҳамин. 

7. ИЛ-бар. 


411 


Ба зори або кирдгори ҷаҳон 
Ба замзам кунем офарини ниҳон. 

2225 Бибошем дар пеши озар ба пой 
Магар покяздон бувад раҳнамой. 

Ба ҷое ки ӯ дорад оромгоҳ, 

Намояд намояндаи дод роҳ. 

Бар ин рой 1 гаштанд ҳар ду яке, 
Нагардид як тан зи роҳ андаке. 

Нишастанд чун бод ҳарду бар асп 
Дамон то дари* 2 хони озаргушасп. 3 

Бирафтанд бо ҷомаҳои сапед 
Пур аз тарс дил, як ба як пурумед. 

2230 Чу оташ бидиданд, гирён шуданд, 
Чу бар оташи тез бирён шуданд. 

Бар он ҷойгаҳ зору гирён ду шоҳ 
Ба пе ттт и худованди хуршеду моҳ.* 4 

Ҷаҳонофаринро ҳаме хонданд, 

Бар он мӯбадон гавҳар афшонданд. 

Чу Хусрав ба оби мижа рух бишуст, 
Барафшонд динор бар Занду Уст. 

Ба як ҳафта бар пеши Яздон буданд, 
Мапиндор, к-оташпарастон буданд, 

2235 Ки оташ бад-он гоҳ меҳроб буд, 
Парастандаро дида пуроб буд. 


1. И-роз. 

2. М-Давон то сӯи. 

3. Л-б. 2223-2228 нест. 

4. М-Бибуданд бо дард фарёдхоҳ. 


412 


Агарчандат андеша гардад дароз, 

Ҳам аз покяздон наӣ бениёз. 

Ба як моҳ дар Озарободагон 
Бибуданд шоҳону озодагон. 1 

ГИРИФТОР ШУДАНИ АФРОСИЁБ БАР 
ДАСТИ ҲУМ АЗ НАЖОДИ ФАРИДУН 

В-аз он пас чунон буд, ки Афросиёб, 
Ҳаме гашт ҳар ҷой бехурду хоб. 

На эмин ба ҷону на тан судманд, 
Ҳамеша ҳаросон зи бими газанд. 

2240 Ҳаме аз ҷаҳон ҷойгоҳе биҷуст, 

Ки бошад ба ҷон эмину тандуруст. 

Ба наздики Барда яке ғор дид,* 2 
Сари кӯҳи ғор аз ҷаҳон нопадид.* 3 

Надид аз бараш ҷои парвози боз, 

На зераш паи шеру ҷои гуроз. 

Зи ҳар шаҳр дуру ба наздики об, 

Ки хонӣ ҳаме Ҳанги 4 Афросиёб. 

Бишуд шоҳи бечора наздики кӯҳ, 

Чу дидаш бад-он гуна дур аз гурӯҳ, 5 

2245 Хуриш бурд, аз бими ҷон ҷой сохт, 

Ба ғор-андарун ҷой бо лой сохт. 

Ҳаме буд чанде ба ғор 6 - андарун, 

Зи карда пушаймону дил пур зи хун. 


1. И-боумед. 

2. И-б. 2237 нест. 

2. М-буд. 

3. М-хоро ҳаворо бисуд. 

4. Л-Хона ҳамекандӣ. 

5. ИЛМ-б. 2244 нест. 

6. Л-хона. 


413 


22 


Чу хунрез гардад дили сарфароз, 

Ба тахти каӣ барнамонад дароз. 

Чунон шаҳрёре худованди тахт, 
Ҷаҳондори некахтари некбахт. 

Чу хунрез шуд, душман омад падид, 
Хунук шоҳ, к-ӯ хуни шоҳон надид. 

2250 Яке некмард андар он рӯзгор 
Зи тухми Фаридуни омӯзгор. 

Парастанда бо фарру бурзи каён, 

Ба зуннори Кайшоҳ* 1 баста миён. 

Парастишгаҳаш кӯҳ будӣ ҳама, 

Зи шодӣ шуда дуру дур аз рама. 

Куҷо номи он номвар Ҳум буд, 
Парастанда дур аз бару бум буд. 

Яке ғор* 2 буд андар он бурзи кӯҳ, 
Бад-ӯ сахт наздику дур аз гурӯҳ. 

2255 Ҳаме рафт рӯзе бар он кӯҳ-бар 
Зи баҳри парастидани додгар. 

Ниёишкунон Ҳум бар кӯҳсор 
Ба пеши ҷаҳондор парвардгор. 3 

Парастиш ҳаме кард пашминапӯш, 
Зи ғораш яке нола омад ба гӯш, 4 


- Ба ҳар кор бо шоҳ. 

- коф. 

3. ИЛМ-б. 2255. 2256 нест. 

4. ТПЗ - Чу он нолаи зор бишнид, тафт 

Шитобон ба наздикии ғор рафт. 
Бар он нолаи зор букшод гӯш, 

Ки Афросиёб аз дили пурхурӯш 
Ҳаме гуфт, к-эй бартар аз бартарӣ, 
Зи рози дили ман ту огаҳтарӣ. 


414 


Ки зоро, саро* * 1 номвар, меҳтаро, 
Бузурго, зи ҳар номвар бартаро, 2 

Ҳама Турку Чин зери фармони ту, 
Расида ба ҳар ҷой паймони ту. 

2260 Яке ғор дорӣ ба баҳра ба чанг, 

Куҷот он бузургону мардони ҷанг? 

Куҷот он ҳама ганҷу мардонагӣ 
Далериву нерӯву фарзонагӣ? 

Куҷот он бузургиву тахту кулоҳ, 
Куҷот он бару буму чандон сипоҳ? 3 


Агарчанд ман тирагӣ кардаам, 

Ба хира туро чанд озурдаам, 

Ҳамон бандаи пургуноҳи туам, 

Ба бечорагӣ дар паноҳи туам. 

Ба ман-бар бубахшой тахту кулоҳ, 
Маро боз деҳ боз ганҷу сипоҳ, 

Вагарна равонам ҷудо кун зи тан, 

Ки не афсару ганҷу не анҷуман! 
Нахоҳам ман ин зиндагониву ранҷ, 

На буму на кишвар, на тоҷу на ганҷ. 
Дареғ, он ҳама кишвару буму бар. 
Дарег, он ҳама зарру ганҷу гуҳар. 
Дарег, афсари тахти заррину оҷ, 

Ҳамон ёраву тавқу заррина тоҷ. 

Дареғ, он ҳама теғу гурзи гарон, 

Дареғ, он саворони печонинон. 

Дареғо, бародар, дареғо, писар. 

Чӣ омад маро аз замона ба сар? 

Ба зорӣ ҳаме гуфт Афросиёб 
Або хештан бо ду дида пуроб. 

1 . М-Шоҳо, радо 

2. ЛМ - Бузургову бар доварон доваро. 

3. ТПЗ - Куҷост он бару бозуи тиру чарх, 

Ки акнун надорӣ аз он ҳеч барх? 

Куҷот он зи ёқути рахшон нигин, 

Ки фармон будаш бар ду баҳра замин? 
Куҷот он бузургон ба пешат ба пой, 

Ба ҳар кор буда туро раҳнамой? 

Куҷот он биноҳои карда баланд, 

Ки будат якояк паноҳ аз газанд? 


415 


Ки акнун бад-ин тангғор-андари, 
Гурезон ба сангин ҳисор-андарӣ * 1 ?! 

Ба туркӣ чу он нола бишнид Ҳум, 
Парастиш раҳо карду бугзошт бум. 

2265 Чунин гуфт, к-ин нола ҳангоми хоб 
Набошад магар бонги 2 Афросиёб. 

Чу андеша шуд бар дилаш-бар дуруст, 
Дари ғори торик чанде биҷуст. 3 * 4 

Бидид андар он ҳанги Афросиёб, 

Дар ӯ сохта ҷои орому хоб 

Биёмад ба кирдори шери жиён, 

Зи пашмина букшод гирди миён. 

Каманде ки бар ҷои зуннор дошт, 

Ки он дар паноҳи 5 ҷаҳондор дошт. 

2270 Ба ҳанг-андарун шуд гирифта* 6 ба даст, 
Чу наздик шуд шоҳ, бар пой ҷаст. 

Биёвехта он ду тан сахт дер, 

Ба охир варо Ҳум овард зер. 

Варо бар замин Ҳум афканд паст, 

Чу афканда шуд, бозуи ӯ бубаст. 

Ҳаме рафт ӯро пас-андар кашон, 

Ҳаме тохт бо ранҷ чун беҳушон. 


Куҷот он рада бар дар аз мӯбадон, 
Бад-он мӯбадон ёр буда радон? 
Куҷот он далерону мардони мард, 
Ба пешат ситода ба рӯзи набард? 

1. И-б. 2263 нест. 

2. Л-они. 

3. Л-б. 2266, 2267 нест. 

4. М- Зи кӯҳ андаромад ба ҳангоми хоб 

Бидод он дари ҳанги Афросиёб. 

5. И-аз фарри шоҳи. 

6. М-гирифт он. 


416 


Шигифт, ар бимонад бар ин-бар равост, 
Ҳар он кас, ки ӯ дар ҷаҳон подшост. 

2275 Ҷуз аз номи некӣ набояд гузид, 

Бибояд чамиду бибояд чарид. 

Аз он пас, ки чандон будаш нозу ком, 
Тавоноиву лашкару ганҷу ном, 1 

Зи гетӣ яке ғор бугзид рост, 

Чӣ донист, к-он ҳанг доми 2 балост? 

ГУРЕХТАНИ АФРОСИЁБ АЗ ДАСТИ ҲУМ 

Чу он шоҳро Ҳум бозу бубаст, 

Ҳаме бурд ӯро зи ҷои нишаст. 

Бад-ӯ гуфт, эй марди ботарсу бок, 
Парастору донанда* 3 Яздони пок. 

2280 Чӣ хоҳӣ зи ман, ман киям дар ҷаҳон, 
Нишаста дар ин ғори бебун ниҳон?» 4 

Бад-ӯ гуфт Ҳум: «Ин на ороми туст, 
Ҷаҳоне саросар пур аз номи туст. 

Зи шоҳони гетӣ бародар кӣ кушт? 

Кӣ шуд низ бо покяздон дурушт? 

Чу Ағрирасу Нӯзари номдор 
Сиёвуш, ки буд аз каён ёдгор, 5 


1. ИЛМ -б. 2276 нест. 

2. Л-ҷон. 

3. М-парастанда дар пеши. 

4. ТПЗ - Яке марди бозоргонам дижам 

Дирам рафтаву монда бо дарду ғам. 
Гирифта сари хеш дар танги ғор, 
Нишаста чунин пурғаму сӯгвор. 

5. ТПЗ - Бикуштӣ, наёмад-т аз ин рӯз ёд 

Чу ту шоҳи бедодгар худ мабод! 


417 


Ту хуни сари шаҳрёрон 1 марез, 

На аз гоҳ дар ғори бебун гурез». 2 

2285 Бад-ӯ гуфт, к-«Андар ҷаҳон бегуноҳ 
Киро донӣ, эй марди бодастгоҳ? 

Чунин ронд бар сар сипеҳри баланд, 
Ки омад зи ман дарду ранҷу газанд. 

Зи фармони Яздон касе нагзарад, 
Агар гардани шери нар бишкарад. 

Бубахшой бар ман, ки бечораам, 
В-агарчанд бар тан ситамгораам. 

Набера Фаридуни фаррух манам, 

Зи банди камандат ҳаме бишканам. 

2290 Куҷо бурд хоҳӣ маро баста зор 3 

Натарсӣ зи Яздон ба рӯзи шумор?» 

Бад-ӯ гуфт Ҳум «Эй бади бадгумон, 
Ҳамоно фаровон намондат замон. 

Суханҳот чун дар гулистон хав аст, 
Туро ҳуш бар дасти Кайхусрав аст». 

Бупечид дар Ҳумро з-ин нажанд,* 4 
Бар ӯ суст кард он каёнӣ каманд. 

Чу донист, к-он марди парҳезгор 
Бубахшид бар нолаи шаҳрёр, 

2295 Бупечиду з-ӯ хештан даркашид, 

Ба дарё - дарун ҷасту шуд нопадид. 


1. Л- бегуноҳон. 

2. ТПЗ - Чу Афросиёб ин суханҳо шунид, 

Ту гӯӣ, ки ҳуш аз сараш барпарид. 

3. ИЛМ - хор. 

4. М-газанд. 


418 




Чунон буд, ки Гударзи Кашводагон 
Ҳаме рафт бо Геву озодагон. 

Гурозону тозон ба наздики шоҳ 
Ба дарё нигаҳ кард чандон зи роҳ. 

Ба чашм омадаш Ҳум худ 1 бо каманд 
Навон бар лаби об-бар* 2 мустаманд. 

Ҳам он гунаи обро тира дид, 
Парастандаро дидагон хира дид. 

2300 Ба дил гуфт, к-ин марди парҳезгор 
Ҳаме аз лаби об* 3 гирад шикор. 

Наҳанге магар доми моҳӣ гирифт, 
Бидиду аз ӯ монда андар шигифт. 

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй марди парҳезгор, 
Ниҳонӣ чӣ дорӣ, бикун ошкор. 

Аз ин оби дарё чӣ ҷӯӣ ҳаме 
Магар тиратанро бишӯӣ ҳаме?» 

Бад-ӯ гуфт Ҳум: «Эй сарафроз мард, 
Нигаҳ кун яке андар ин коркард. 

2305 Яке ҷой дорам бар ин теғи кӯҳ, 
Парастишгаҳе низ* 4 дур аз гурӯҳ. 

Шаби 5 тира дар пеши Яздон будам, 
Ҳама шаб зи эзадпарастон будам. 

Бад-он гаҳ, ки хезад зи мурғон хурӯш, 
Хурӯшидани* 6 зорам омад ба гӯш. 


Бидид он замон Ҳумро. 
■чун. 

■Зи дарёи хун ҷуст. 

■банда. 

шабе. 

■Яке нолаи зорам. 


419 


Ҳамон гаҳ гумон бурд равшан дилам, 
Ки ман бехи кин аз ҷаҳон бугсилам. 

Бад-ин гуна навҳа ба ҳангоми хоб, 
Нашояд, ки созад ҷуз Афросиёб. 

2310 Биҷастам, биҷустам ҳама кӯҳу ғор, 
Бидидам дари ҳанги он номдор* 1 

Ба ҳанг-андарун хуфта он шӯрбахт, 
Ҳаме зор бигрист бар тоҷу тахт. 

Чу дар ҳанг рафтам, биҷаст ӯ зи ҷой, 
Ҳамон санги хоро гирифташ ду пой. 

Ду дасташ ба зуннор бастам чу санг, 
Бад-он сон, ки хунрез гашташ ду чанг. 

Зи кӯҳ андаровардамаш тозиён, 
Хурӯшону навҳакунон чун занон. 

2315 Зи бас нолаи зору савганди ӯй, 

Яке сусттар кардамаш банди ӯй. 

Бар ин ҷойгаҳ - бар зи ҷангам биҷаст, 
Дилу ҷонам аз ҷастани ӯ бихаст. 

Дар ин оби ханҷаст пинҳон шудаст, 
Бигуфтам ба ту роз чунон, ки ҳаст». 2 

Чу Гударз бишнид ин достон, 

Ба ёд омадаш гуфтаи бостон. 

Пурандеша шуд сӯи оташкада 
Чунон чун бувад мардуми дилшуда. 

2320 Нахустин бар оташ ниёиш гирифт, 
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт. 3 


1. М-сугвор. 

2. Л-б. 2317 нест. 

3. И-б. 2302-2320 нест. 


420 


Бупардахту букшод роз аз нуҳуфт, 
Ҳама* 1 - дида бо шаҳрёрон бигуфт. 

Ҳамон гаҳ нишастанд шодон 2 бар асп, 
Бирафтанд аз айвони озаргушасп. 

ОМАДАНИ КОВУС ВА ХУСРАВ 
НАЗДИКИ ҲУМ 

Пурандеша шуд шаҳрёри ҷаҳон, 
Биёмад ба наздики Ҳум он замон. 

Чу Ҳум он сару тоҷи шоҳон бидид, 
Бар эшон ба дод офарин густарид. 3 

2325 Ҳамон шаҳрёрон бад-ӯ офарин 
Ҳаме хонданд аз ҷаҳонофарин. 

Чунин гуфт бо Ҳум Ковусшоҳ, 

«Ба Яздон сипосу бад-ӯям паноҳ, 

Ки дидам рухи марди яздонпараст, 
Тавонову бо донишу зӯри даст». 

Чунон дод посух парастанда Ҳум, 

Ки «Обод бодо ба доди ту бум! 

Бад-ин шоҳи нав рӯз фархунда бод, 
Дили бадсиголони ту канда бад! 

2330 Парастанда будам бад-ин кӯҳсор, 

Ки бугзашт бар Гангдиж шаҳрёр. 

Ҳаме хостам, то ҷаҳонофарин 
Бад-ӯ дорад обод рӯи замин. 

Чу боз омад ӯ, шоду хандон шудам, 
Ниёишкунон пеши Яздон шудам. 


1 . М-Ҳамон. 

2. ИЛ-шоҳон. 

3. Л-б. 2324 нест. 


421 




Суруши хуҷаста шабе ногаҳон 
Бикард ошкоро ба ман-бар ниҳон. 

Аз он ғор берун баромад хурӯш 
Шунидам, ниҳодам ба овоз гӯш. 

2335 Касе* 1 зор бигрист бар тахти оҷ 
Чу бар кишвару лашкару гоҳу тоҷ. 

Зи теғ 2 омадам сӯи он ғори танг, 
Каманде ки зуннор дорам ба чанг. 

Бидидам сару гӯши* 3 Афросиёб, 

Дар ӯ сохта ҷои орому* 4 хоб. 

Ба банди камандаш бубастам чу санг 
Кашидам-ш бечора аз ғори танг. 

Яке зор бигрист з-он банди сахт, 

Ба зорӣ ба ман гуфт, эй некбахт, 5 

2340 Мар ин бандро суст гардон зи тоб, 

Чу кардам, зи дастам фурӯ шуд ба об. 

Ба об-андар аст ӯ кунун нопадид, 

Паи ӯ зи гетӣ бибояд бурид. 

Гар ӯро зи сар* 6 бозгардад сипеҳр, 
Биҷунбад ба Гарсевазаш хун зи меҳр. 

Чу фармон диҳад шаҳрёри баланд, 
Бародар-шро пой карда ба банд. 

Биёранду бар гарданаш чарми гов 
Бидӯзанд, то гум кунад тӯшу тов. 


-Яке. 

■ Чу ман. 

-китфи. 

-Ба кор - андарун сохта ҷон. 

5. ИЛМ - Зи хоҳиш бар ӯ суст кардам каманд, 

Чу омад бари об, букшод банд. 

6. М-Варо гар ба бад. 


422 


2345 Чу овози у ёбад Афросиёб, 

Ҳам он гаҳ барояд зи дарёи об». 

Бифармуд, то рӯзбонони дар 
Бирафтанд бо теғу гелисипар. 

Бибурданд Гарсевази шумро, 

Ки ошӯб аз ӯ буд бару бумро. 

Ба дижхим фармуд, то баркашид, 

Зи рух пардаи шармро бардарид. 

Бикарданд дар гарданаш чарми* 1 гов, 
Чунон чун намондаш ба тан зӯру тов. 

2350 Бар ӯ пӯст бидриду зинҳор хост, 
Ҷаҳонофаринро ҳаме ёр хост. 

Чу бишнид овозаш Афросиёб, 

Ҳамон гаҳ баромад зи дарёи 2 об. 

Ба дасташ ҳаме карду пой ошиноҳ, 
Биёмад ба ҷое, ки буд пойгоҳ. 

Зи хушкӣ чу бонги бародар шунид, 
Бад-ӯ бадтар омад зи марг, ончӣ дид. 

Чу Гарсеваз 3 ӯро бидид андар об 
Ду дида пур аз хуну дил пуршитоб, 

2355 Фиғон кард, к-«Эй шаҳрёри ҷаҳон, 
Сари номдорону тоҷи меҳон. 

Куҷот он ҳама расму оину роҳ, 

Куҷот он сару тоҷу ганҷу сипоҳ. 4 


1 . Ҳама дӯхт бар китфи ӯ хоми. 

2. Ил-б. 2340 нест. 

2. Л-Бар он дард гирён баромад, зи; И-Пур аз дарду гирён баромад зи. 

3. ИЛ-Гаршеваз. 

4. ТПЗ - Куҷост он камину камону каманд, 

Ки кардӣ бад-ӯ деву ҷоду ба банд? 


423 


Куҷот он ҳама донишу зури даст, 

Куҷот он бузургони хусравпараст? 

Куҷот он ба разм-андарун фарру ном, 

Куҷот он ба базм-андарун кому ҷом? * 1 

Ки акнун ба дарё ниёз омадат, 

Чунин ахтари бад фароз омадат?» 

2360 Чу бишнид, бигрист Афросиёб, 

Ҳаме рехт хунин сиришк андар об. 

Чунин дод посух, ки «Гирди ҷаҳон 
Бигаштам басе 2 ошкору ниҳон, 

К-аз ин бахшиши бад магар бугзарам, 

Зи бад бадтар ояд ҳаме бар сарам. 

Маро зиндагонӣ кунун хор гашт, 

Равонам зи ту пур зи тимор гашт. 

Набера Фаридуну пури Пашанг 
Баровехт з-ин сон ба доми наҳанг. 3 

ГИРИФТОР ШУДАНИ АФРОСИЁБ БОРИ ДУВУМ 
ВА КУШТА ШУДАНИ Ӯ ВА ГАРСЕВАЗ 

2365 Забони ду меҳтар пур аз гуфтугӯй, 

Равони парастанда пурҷустуҷӯй. 4 


Куҷот он савориву майдону гӯй, 

Ки будӣ зи ҷавгони ту гуфтугӯй? 

Куҷот он шабехуни ногаҳ чу шер, 

Ки шери жиён оваридӣ ба зер? 

1. И-2358 нест. 

2. ИЛ-ҳаме. 

3. ТПЗИЛМ - Ҳаме пӯст дарранд бар ту ба чарм, 

Набинам касеро ба дил рою шарм. 

4. ТП - Чу яздонпарастанда ӯро бидид, 

Чунон нолаи зору ово шунид. 


424 


Зи роҳи ҷазира даромад яке 1 , 

Чу дидаш мар ӯро зи дур андаке, 2 

Кушод он каёнӣ каманд аз миён 
Дутоӣ биёмад чу шери жиён. 3 

Бияндохт он тобдода 4 каманд, 

Сари шаҳрёр андаромад ба банд. 

Ба хорӣ зи дарё кашидаш ба дашт, 
Ҳама зиндагонӣ бар ӯ хор гашт. 5 * 6 

2370 Супурдаш ба шоҳону 7 худ боз гашт, 
Ту гуфтӣ, ки бо бод анбоз гашт. 

Биёмад ҷаҳондор бо теғи тез, 

Сари пур зи кина, дили пурситез. 

Чунин гуфт бедониш Афросиёб, 

Ки «Ин рӯз худ дида будам ба хоб. 

Сипеҳр аз бари ман фаровон кашид, 
Кунун пардаи розҳо бардарид. 

Ба овоз гуфт; Эй бади кинаҷӯй, 

Чаро кушт хоҳӣ ниёро, бигӯй?» 

2375 Чунин дод посух, ки «Эй бадкуниш, 
Сазовори пайғораву сарзаниш, 


1. И-ба пай. 

2. И-Ҳамедидаш аз дур Ковуси Кай. 

3. Л-бабри баён. 

4. Л-гирд карда. 

5. ТПЗИЛМ - Ба хушкӣ кашидаш зи дарёи об, 

Бишуд донишу ҳуш аз Афросиёб.* 
Г ирифта варо марди дин пову даст, 
Ба хорӣ зи дарё кашиду бубаст. 

* ИЛ - танҳо б. якум мавҷуд аст. 

6. М-б. 2368 нест. 

7. Л-эшону. 


425 


22 ? 


Зи хуни 1 бародар-т гуям нахуст, 

Ки ҳаргиз бадии 2 меҳонро наҷуст. 3 

Дигар Нӯзар, он номвар шаҳрёр 
Ҷаҳондору з-Эраҷ яке* 4 ёдгор, 

Задӣ гарданашро ба шамшери тез, 
Барангехтӣ аз ҷаҳон растахез. 

Се дигар Сиёвуш, ки чун ӯ савор 
Набинад касе аз ҷаҳон ёдгор,* 5 

2380 Буридӣ сараш чун сари гӯсфанд, 
Ҳаме баргузаштӣ зи чархи баланд. 

Ту боби маро аз чӣ кардӣ табоҳ, 
Чунин рӯзи бадро накардӣ нигоҳ? 

Ба кирдори бад тез биштофтӣ, 
Мукофоти бадро бадӣ ёфтӣ. 6 

Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, бибуд, он чӣ буд, 
Кунун достонам бибояд шунуд. 7 

Бимон, то магар модаратро рухон 
Бубинам, пас ин достонҳо бихон». 

2385 Бад-ӯ гуфт, к-аз хоҳиши модарам 
Нигар, то чи бад сохтӣ бар сарам. 

Падар бегунаҳ буду ман дар ниҳон, 
Чӣ рафт аз газанди ту андар ҷаҳон? 


1. И-ҳоли. 

2. ИМ-балои. 

■Ба хуни ялон дил нашуст. 

-Ки аз тухми Эраҷ буд ӯ. 

- Набинад дигар низ як ном дар. 

6. -6.2381, 2382 нест; 

ТПИМ - Чунон дод посух, ки «Аз бадкуниш 
Наёбӣ ҷуз аз куштану сарзаниш». 

7. И-б. б. 2383 нест. 


426 


Сари шаҳрёре буриди, ки тоҷ 
Бар ӯ зору гирён шуду тахти оҷ 1 . 

Кунун рӯзи бодафраи эзадист, 
Мукофоти бадро зи Яздон бадист. 

Ба шамшери ҳиндӣ бизад гарданаш, 
Ба хок-андар афканд торӣ 2 танаш. 

2390 Зи хун лаъл шуд гӯшу риши 3 сапед, 
Бародар-ш гашт аз ҷаҳон ноумед. 

Тиҳӣ монд аз ӯ тахти шоҳаншаҳӣ, 
Сар омад ҳама* 4 рӯзгори беҳӣ. 

Зи кирдори бад бар танаш бад расид, 
Маҷӯ, эй писар, банди бадро калид. 

Чӣ 5 ҷӯӣ, бидонӣ, ки аз кори бад 
Ба фарҷом бар бадкуниш бад расад. 

Сипаҳбад, ки бо фарри Яздон бувад, 
Ҳама хашми ӯ банду зиндон бувад. 

2395 Чу хунрез гардад, бимонад нажанд, 
Мукофот ёбад зи 6 чархи баланд. 

Чунин гуфт мӯбад ба Баҳроми тез, 
Ки «Хуни сари бегуноҳон марез. 


1 . ТПЗ - Агар банд хоҳӣ зи ман бегазанд, 

Касе оташи тез кай кард банд? 

Шубон чун ки бигрифт дарранда гург, 
Агар зинда монад, набошад, сутург. 
Диловар чу аз беша бигрифт шер, 
Нишон деҳ, куҷо зинда монад-ш дер? 
Вагар меҳр бар хасташер оварад, 
Ҳамон шер ӯро ба зер оварад. 

2. Л- тозӣ, ИМ - нозук. 

3. И-ришу мӯи. 

4. М-бар ӯ. 

5. ИЛ-Чу. 

6. ИЛ-Биёбад мукофоти. 


427 


Чу хоҳи, ки тоҷи ту монад ба ҷой, 
Мабодӣ ҷуз оҳиставу покрой. 

Нигаҳ кун, ки то тоҷ* 1 бо сар чӣ гуфт, 
Ки бо мағзат, эй сар, хирад бод ҷуфт!» 2 

Ба Герсеваз омад зи кори ниё, 

Ду рух зарду як дил пур аз кимиё. 

2400 Кашидандаш аз 3 пеши дижхим хор 
Ба банди гарону ба бад рӯзгор. 

Або рӯзбонону мардумкушон 
Чунон чун бувад мардуми баднишон. 

Чу дар пеши Кайхусрав омад ба дард, 
Буборид хун бар рухи лоҷвард. 

Шаҳаншоҳи Эрон забон баркушод, 
В-аз он ташту ханҷар ҳаме кард ёд. 

Зи тури Фаридуну Салми сутург, 

Аз Эраҷ, ки буд номдори бузург, 

2405 Ба дижхим фармуд, то теғи тез 
Кашида биёмад диле пурситез. 

Миёни сипаҳбад ба ду ним кард, 
Сипаҳро ҳаме дил пур аз бим кард. 

Ба ҳам барфикандандашон кӯҳ-кӯҳ, 4 
Зи ҳар сӯ ба дур истода гурӯҳ. 5 


1. М-танхудабо. 

2. Л-б. 2398 нест. 

3. кашиданд дар. 

4. ИЛ- ҳамчу кӯҳ. 

5. ТПЗ Ҷафоҳои эшон ҳаме гуфт шоҳ, 

Ҳаме кард бар ҳарду кушта нигоҳ. 
Аз он пас бифармуд, то раҳнамун 
Бишӯяд тани шоҳ аз хоку хун. 


428 


БОЗ ОМАДАНИ КОВУС ВА ХУСРАВ БА ПОРС 

Зи Яздон чу шоҳ орзӯҳо биёфт, 

Зи дарё сӯи хони озар шитофт. 

Басе зар бар оташ барафшонданд, 1 
Ба замзам басе офарин хонданд. 

2410 Бибурданд як рӯзу як шаб ба пой 
Ба пеши ҷаҳондовари раҳнамой. 

Чу ганҷури Кайхусрав омад Зарасп 
Бубахшид ганҷе бар озаргушасп. 

Бар он мӯбадон хилъат афканд низ, 

Дирам доду динору бисёр 2 чиз. 

Ба шаҳр-андарун ҳар кӣ дарвеш буд, 

В-агар хӯрдаш аз кӯшиши хеш буд, 


Бипӯшад аз он пас ба дебои Чин, 

Зи хаззу зи мулҳам кафан ҳамчунин. 
Ба дахма-дарун тахти заррин ниҳанд, 
Кулаҳ бар сараш анбарогин ниҳанд. 
Бихобонадаш пас бар афрози тахт, 
Бигиряд фаровон бар он шӯрбахт. 
Тани паҳлавонро, к-аз ӯ хост кин, 
Кашиданд ду пора зӣ борагин. 

Чунин гуфт Хусрав, ки кин рондем, 
Зи дил оташи дард биншондем. 
Кунун бар ниё ҷои бахшоиш аст, 
Маро вақти орому осоиш аст. 

Кунун бояд оини нав сохтан, 

Асирон ба ҳар ҷой бинвохтан, 

Ки бо ман ниё буд, к-афканд хун, 

Чу ӯ рафт, аз инҳо чӣ ояд кунун? 
Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад, 
Зи бад гардад андар ҷаҳон ном бад. 
Нигаҳ кун, ки ин гунбади тезгард 
Ниҳонӣ надорад магар гарму сард. 

Ба гетӣ ҳаме бош бо тарсу бок, 
Ниёиш ҳаме кун ба Яздони пок, 

Ки пирӯзиву шӯрбахтӣ аз ӯст, 
Таносониву ранҷу сахтӣ аз ӯст. 

1 . И- Бияфшонданд. 

2. ИЛ- ҳар гуна. 


429 


Бар он низ ганҷе пароканда кард, 
Ҷаҳоне ба доду деҳиш зинда кард. 

2415 В-аз он пас ба тахти каӣ барнишаст, 
Дари бор букшоду лабро бубаст. 

Набиштанд нома ба ҳар кишваре, 

Ба ҳар номдореву ҳар меҳтаре. 

Зи Ховар бишуд нома то Бохтар, 

Ба ҳар ҷо ки буд меҳтари номвар, 

Ки рӯи замин аз бади аждаҳо 
Ба шамшери Кайхусрав омад раҳо. 

Ба нерӯи Яздони пирӯзгар 
Наёсуду накшод ҳаргиз камар. 1 

2420 Равони Сиёвуш бад-ӯ зинда гашт, 
Ҳама рӯи гетӣ варо банда гашт. 

Ҳама чиз бахшид дарвешро, 
Парастандаву мардуми хешро 

В-аз он пас чунин гуфт шоҳи ҷаҳон, 
Ки «Эй номдорони фаррух меҳон, 2 

Зану кӯдак аз шаҳр берун баред, 
Хуришҳову ромиш ба ҳомун баред. 

Бипардахт аз он, сар ба ромиш ниҳод, 
Бирафтанд гурдони хусравнажод. 

2425 Ҳар он кас, ки буд ӯ зи тухми Зарасп, 
Биёмад ба айвони озаргушасп. 


1 . ТПЗ - Ки то гетӣ аз ҳар бадӣ пок кард, 

Ҷаҳон ҷумла бетарсу бебок кард. 

2. ИЛ-б. 2422 нест. 


430 


Чиҳил руз бо шоҳ Ковуси Кай 
Ҳаме буд бо ромишу руду май. 

Чу рахшанда* 1 шуд бар фалак моҳи нав 
Чу зарафсаре бар сари шоҳи нав. 

Бузургон сӯи Порс карданд рӯй, 
Баросуда аз разму аз гуфтугӯй. 

Ба ҳар шаҳр, к-андар шудандӣ ба 2 роҳ, 
Шудӣ анҷуман мард бар пешгоҳ. 

2430 Кушодӣ сари бадраҳо шаҳрёр, 
Тавонгар шудӣ марди парҳезгор. 

МУРДАНИ КАЙКОВУС 

Чу бо эминӣ гашт Ковус ҷуфт, 

Ҳама рози дил пеши 3 Яздон бигуфт. 

Чунин гуфт, к-«Эй бартар аз рӯзгор, 

Чу бошӣ ба ҳар некӣ омӯзгор. 

Зи ту ёфтам фарру аврангу бахт, 
Бузургиву гурдиву дайҳиму тахт. 

Накардӣ касеро чу ман баҳраманд 
Зи ганҷу зи тахту зи номи баланд. 4 

2435 Зи ту хостам, то яке номвар 5 

Ба кини Сиёвуш бубандад камар. 

Набера бидидам ҷаҳонбини хеш 6 
Куҷо кини ман кард чун кини хеш. 7 


1 . М-хуршед. 

2. ИЛ-зи. 

3. Л-роз як сар ба. 

4. И-б. 2432-2434 нест. 

5. И-ман яке кинавар. 

6. Л-ман. 

7. Л- Ба фарҳангу тадбиру оини ман. 


431 


Ҷаҳонҷуй бо фарру бурзу хирад 
Зи шоҳони гетӣ ҳаме бугзарад. 

Чу солам се панҷоҳ бар сар гузашт, 
Сари мӯйи мушкин чу кофур гашт. 

Ҳамон сарви нозанда шуд чун камон 
Надорам гарон, гар сар ояд замон. 

2440 Басе барнаёмад бар ин рӯзгор, 

К-аз ӯ ном монд 1 аз ҷаҳон ёдгор. 

Ҷаҳондор Кайхусрав омад зи гоҳ, 
Нишаст аз бари тирахоки сиёҳ. 

Аз эрониён ҳар кӣ буд номҷӯй, 
Пиёда бирафтанд берангу бӯй. 

Ҳама ҷомаҳошон 2 кабуду сиёҳ, 

Ду ҳафта бибуданд бо сӯги шоҳ. 

Зи баҳри сутудон-ш кохи баланд 
Бикарданд, болои ӯ даҳ каманд. 

2445 Бибурданд пас пойкорони шоҳ 
Дабиқиву дебои румӣ сиёҳ. 

Бар ӯ рехта уду кофуру мушк, 
Танашро бад-ӯ- дар бубастанд хушк. 

Ниҳоданд зер- андараш тахти оҷ, 

Ба сар-бар зи мушку зи кофур тоҷ. 

Чу баргашт Кайхусрав аз пеши тахт, 
Дари хобгаҳро бубастанд сахт. 

Касе низ Ковуси Кайро надид, 

Зи кину зи овардгоҳ орамид. 


1. ИЛ-шуд. 

2. Л-ҷомаҳои. 


432 


2450 Чунин аст расми сарои сипанҷ, 
Намонӣ дар ӯ ҷовидонӣ 1 ба ранҷ. 

На доно гузар ёбад аз чанги марг, 

На ҷанговарон зери хафтону тарг. 

Агар шоҳ бошему гар Зордишт, 2 
Ниҳолӣ зи хок асту болин зи хишт. 

Ба шодӣ нишину 3 ҳама ком ҷӯй, 
Агар коми дил ёфтӣ, ном ҷӯй. 

Чунон дон, ки гетӣ туро душман аст, 
Замин бистару гӯр пероҳан аст. 

2455 Чиҳил рӯз сӯги ниё дошт шоҳ, 

Зи шодӣ шуда дур в-аз тоҷу гоҳ. 

Ба чиҳлу якум рӯз бар 4 тахти оҷ 
Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ. 

Сипоҳ анҷуман шуд ба даргоҳи шоҳ, 
Радону бузургони зарринкулоҳ. 

Ба шодӣ 5 бар ӯ офарин хонданд, 

Бар он тоҷ-бар гавҳар афшонданд. 

Яке сур буд дар ҷаҳон сар ба сар, 

Ки бар тахт биншаст пирӯзгар. 

2460 Бар он гуна то солиён гашт шаст, 
Ҷаҳон шуд ҳама шоҳро зери даст. 6 


1 . ИЛ- ҷовидона, маранҷ. 

2. Л-зардиҳишт. 

3. Л-бозу ниёзу. 

4. ИЛ- Чиҳил як нишаст аз бари. 

5. ИЛ-шоҳӣ. 

6. ИЛ-б. 2460 нест. 


433 


РАҲО КАРДАНИ КАЙХУСРАВ ҶАҲНРО АЗ БАНД 
ВА ДОДАН ПОДШОҲИИ ТУРОН ӮРО 

Бифармуд то Ҷаҳни Афросиёб 
Биёранд дар пеш бо ҷоҳу об. 

Бирафтанд фармонбарон пеши ӯй, 

Ба наздики Ҷаҳн овариданд рӯй. 

Чу диданд мар Ҷаҳнро пойбанд, 

Шикастанд он бандро бегазанд. 

Бибурданд пас мардро пеши шоҳ 
Биёмад бад-он номвар пешгоҳ. 

2465 Чу чашмаш баромад бар он шаҳрёр 
Заминро бибӯсид бечоравор. 

Чу наздики он шоҳи некон расид, 

Зи дил мавҷи хунаш ба мижгон расид. 

Ҳаме буд гирён бари шаҳ ба пой, 

Яке номвар буд фархундарой. 

Чу Хусрав бад-он гуна меҳраш бидид, 

Яке боди сард аз ҷигар баркашид. 

Зи хуне ки буд баҳраи модарӣ, 

Биҷӯшиду шуд чеҳрааш озарӣ. 

2470 В-аз он пас фурӯ рехт бар чеҳра об, 

Басе ёд кард аз рад Афросиёб, 

Ки гар ӯ нашустӣ ба хун даст пеш, 

Нигаҳ доштӣ дину оину кеш. 

Накардӣ ба хун сурх риши сапед, 

Нагаштӣ зи буму зи бар ноумед. 

Манаш будаме пеш фарзандвор, 

Нахондам ман ӯро магар шаҳрёр. 


434 


Валекин чунин аст бад рузгор, 

К-аз ӯ барг заҳр асту бор аст мор. 

2475 Чу Ҷаҳн ин шунид аз лаби шаҳрёр 
Ба ҷон эминӣ ёфт аз рӯзгор. 

Басе офарини бузургон бигуфт 
Бад-он, к-аш бурун оварид аз нуҳуфт, 

Ки «Ҷовид бодӣ ту бо тоҷу тахт, 
Ҳамеша ба ҳар ҷой фирӯзбахт! 

Меҳони ҷаҳон пеши ту бандаанд, 

Бад-он бандагӣ сарфарозандаанд. 

Ман акнун раҳии сарои туам, 

Ба ҳар ҷо ки бошам, барои туам. 

2480 Замин ҷуз ба фармони ту наспарам, 

В-аз он ч-ам ту фармон диҳӣ, нагзарам». 

Чу ин гуфт ӯ, шоҳ бар пой хост, 
Нишондаш бар он тахт бар дасти рост. 

Бигуфташ, ки «Чунӣ дар ин рӯзгор, 

Ки дидӣ ҳама панди омӯзгор? 

Баросой акнуну бар хӯр зи бахт, 

Туро дод хоҳам яке тоҷу тахт. 

Ҳамон кишвари Тур додам ба ту, 

К-аз он тухмаи Тур шодам ба ту. 

2485 Набера Пашангӣ, фаридуннажод, 
Набояд, ки печӣ ту сарро зи дод. 

Маро бо ту меҳр асту пайванди хун, 
Набояд ки оӣ зи пандам бурун. 

Бибояд ки гирӣ ту гетӣ ба ҳеч, 

Зи дониш раҳи додро сар мапеч! 


435 


В-агар з-он ки аз дод печи ту сар, 
Саратро бибуррам ба сони падар. 

Падар-т аз бадӣ кард гетӣ раҳо, 

Ба дӯзах шуд андар дами аждаҳо. 

2490 Чу девон бадӣ роҳу оин гирифт, 

Зи Яздон буриду ками дин гирифт. 

Сиёвахшро бегунаҳ чун бикушт, 

Ба чора ман овардам ӯро ба мушт. 

Ба мардиву аз роҳи оини хеш 
Биҷустам аз ӯ ман ҳама кини хеш. 

Сарашро буридам ба сони чаков, 
Биғалтид дар хок бе тӯшу тов. 

Ба хун сурх шуд ришу мӯи сапед, 

Ба ночор гашт аз ҷаҳон ноумед. 

2495 Набигрист бар вай касе ҳеч зор 
Бад-он, к-аш бадӣ буд оину кор. 

Зи Заҳҳоку Тур аз ситамкорагон 
Бигӯям, ки буданд хунхорагон, 

Ки Заҳҳок куштаст Ҷамро ба кин, 
Дигар Тур кушт Эраҷи покдин. 

Ба Яздон нигар, то зи дасти ду шоҳ 
Бар эшон чӣ овард дар размгоҳ. 

Фаридун фиканд он каманди ялӣ 
Ба нерӯи Яздону аз пурдилӣ. 

2500 Гирифт он ситамгора Заҳҳокро, 

Зи тахт андаровард нопокро. 

Бибурду фикандаш ба чоҳ-андарун, 
Ниҳодаш яке кӯҳ бар сар нагун. 


436 


Бирастанд мардум зи озори уй, 

Сар омад ҳама ҷангу пайкори ӯй. 

Дигар бин Манучеҳр он додгар, 

Ки баст аз паи кини Эраҷ камар, 

Зи Эрон бирафту бишуд то ба Чин, 
Дилаш пур зи боду сараш пур зи кин. 

2505 Ба нерӯи Яздони пирӯзгар 

Зи Тури ситамгар ҷудо кард сар. 

Чунин аст фармони Яздони роҳ, 

Ки ҳар кас, ки буррад сари бегуноҳ, 

Сарашро бибурранд бетарсу бок, 
Супоранд нопокдилро ба хок. 

Нигар, то набошӣ ту з-инҳову бас, 

Ки касро надиданд фарёдрас». 

Ба посух баророст Ҷаҳн он замон, 

Ки «Эй додгар шаҳрёри ҷаҳон, 

2510 Ба фармони ту ман бубандам камар, 
Ниҳам пеши тахти ту бар хок сар. 

Ҳам аз бандагони ту ман кеҳтарам, 
На бо тахту тоҷу на бо афсарам. 

Ба Туронзамин гар фиристӣ маро, 
Ниёиш кунам пеши Яздон туро. 

Фиристам ба ҳар сол ман божу сов 
Ба пеши ту, з-он ч-ам бувад тӯшу тов. 

Ба ҳар чанд гоҳе бубандам камар, 
Биёям, бубинам рухи тоҷвар. 

2515 Бибӯсам замин пеш тахти туро, 
Кунам офарин тахту бахти туро. 


437 


Нисор оварам уду мушку абир, 
Заминро бипӯшам ба чинӣ ҳарир. 

Яке орзу дорад акнун раҳӣ 
Бад-ин номвар пешгоҳи меҳӣ, 

Ки пӯшидарӯёну фарзанди ман, 
Ҳамон хоҳаронрову пайванди ман 

Бубахшӣ ба ман, то ба Турон барам, 
Чунин орзуро агар дарх(в)арам». 

2520 Чу бишнид аз ӯ шаҳрёр ин сухун, 

Бар он орзу посух афканд бун. 

Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, 
Бибурданд қиртосу мушку абир. 

Навиштанд маншур бар парниён 
Ба оини шоҳону расми каён, 

Чунон чун Фаридун ба Тур он замин 
Супурду бигуфташ, ки ту беш аз ин 

Маҷӯ аз ҷаҳон баҳраи хешро, 

Бидеҳ доди мазлуму дарвешро. 

2525 Ба ганҷур гуфт он замон шаҳрёр, 

Ки рав, хилъату тоҷи шоҳона ор. 

Биёвард ганҷур тоҷи каён 
Або хилъату бораи меҳтарон. 

Бифармуд, то тоҷ бар сар ниҳод, 
Бираст аз газанду шуд аз шоҳ шод. 

Ҳамон хоҳаронрову пайванди ӯй, 

Ки буданд ҳар як аз ӯ чораҷӯй, 

Фиристодашон шаҳрёри ҷаҳон 
Ба наздики Ҷаҳн он замон шодмон. 


438 


2530 Сазовори ҳар як басе хоста 
Або хилъату тоҷи ороста. 

Фиристода гуфто: Равед ин замон 
Або Ҷаҳни хуррам сӯи хонумон!» 

Ҳамон гаҳ бифармуд, то шуд дабир, 
Навишташ яке номае бар ҳарир 

Ба наздики Густаҳми Нӯзар, ки ӯй 
Биёяд ба Эрон пур аз обрӯй. 

Супорад ба Ҷаҳн он заминро тамом, 
Насозад дирангу нагирад мақом. 

2535 Ба шабгир ҳангоми бонги хурӯс 
Зи даргоҳи Ҷаҳн омад овои кӯс. 

Нишаст аз бари аспу шуд сӯи Тур 
Ҳама роҳ бо шодмониву сур. 

Чу наздикии шаҳри Турон расид, 
Фиристодаи некпай баргузид. 

Бигуфташ, ки «Наздики Густаҳм пӯй, 
Ҳама кори мо пеши ӯ бозгӯй». 

Фиристода чун гуфти шоҳаш шунид, 
Ба кирдори боди дамон раҳ бурид. 

2540 Чу наздики Густаҳм шуд некхоҳ, 

Бигуфташ, ки Ҷаҳн омад аз сӯи шоҳ. 

Чу Густаҳм аз он кор огоҳ шуд, 
Пазира бари Ҷаҳн дар роҳ шуд. 

Ҳама шаҳри Турон биёростанд, 

Маю руду ромишгарон хостанд. 

Чу Ҷаҳн андаромад сӯи шаҳри хеш 
Ба оини шоҳон, ки буданд пеш, 


439 


Ба ҳар ҷой дебо даровехтанд, 

Ҳама кӯю барзан дирам рехтанд. 

2545 Нишаст аз бари гоҳи Афросиёб, 
Ҳама хуфтаро сар баромад зи хоб. 

Ду ҳафта або Густаҳам буд шод, 
Бад-ӯ хилъату чиз бисёр дод. 

В-аз он пас дари ганҷҳо боз кард, 
Фиристодани Густаҳам соз кард. 

Супурд он ҳамаро ба Густаҳму гуфт, 
Ки «Эй гурди бо донишу ҳуш ҷуфт, 

Бубар ин ҳама ҳадяҳо пеши шоҳ, 
Бигӯяш зи додори гетипаноҳ. 

2550 Ту шоҳиву мо бандагони туем, 

Ба ҳар ҷо парастандагони туем». 

Пазируфт Густаҳму кардаш дуруд, 
Ки «Бодӣ ҳамеша ту бо кому руд!» 

Ҳама шаб бибурданд бо кому ноз, 
Ба пеш андаруншон бутони Тароз. 

Сапеда чу бар чарх лашкар кашид, 
Шаби нилгун домон андаркашид. 

Ба зин андаромад шаҳи Нӯзарӣ 
Ба оини шоҳон, ба некахтарӣ. 

2555 Зи Турон сӯи шаҳри Эрон кашид, 

Ба наздики шоҳи далерон кашид. 

Г авон чун аз ӯ огаҳӣ ёфтанд, 

Пазира шудан зуд биштофтанд. 

Бишуд Тус бо паҳлавонон бараш, 

Чу диданд гурдон сару афсараш. 


440 


Фуруд омад он гаҳ, бишуд пеши Тус, 
Канораш гирифту бараш дод бӯс. 

Дигар паҳлавонону гарданкашон 
Ҳама пеш рафтанд ҳам з-ин нишон. 

2560 В-аз он пас нишастанд гурдон бар асп, 
Биронданд бар сони озаргушасп. 

Чу Густаҳм дар шаҳр шуд бо меҳон 
Ба наздики даргоҳи шоҳи ҷаҳон, 

Або паҳлавонон ба даргаҳ расид, 
Пиёда шуду пеши даргаҳ давид. 

Чу чашмаш бар омад бар он рӯи шоҳ, 
Заминро бибӯсид дар пешгоҳ. 

Чу дидаш варо шоҳ бо кому ноз 
Ба бар даргирифташ замони дароз, 

2565 Пас он гаҳ нишондаш бар он гоҳ шоҳ, 
Бипурсидаш аз Ҷаҳну туронсипоҳ. 

Ба посух бигуфташ, ки «Эй шаҳрёр, 

Зи Ҷаҳнат дуруду фаровон нисор. 

Ҷуз аз ёди ту нест ӯ як замон, 

Ба фармон-т дорад камар бар миён». 

Ҳамон гаҳ ба солор гуфт: «Эй ҷавон, 
Бипаймой ҷому биёрой хон. 

Чу аз хӯрдани хон бипардохтанд, 

Маю руду ромишгарон сохтанд. 

2570 Ҳама шаб бибуданд бо ною руд, 

Ҳаме дод ҳар кас ба Хусрав дуруд. 

Чу хуршед бинмуд зарриначеҳр 
Ҷаҳонро бишуст аз сиёҳӣ ба меҳр. 


441 


Биёвард Густаҳм он хоста, 

Ки Ҷаҳнаш фиристод ороста. 

Ба наздики шоҳи ҷаҳон оварид, 

Ки Хусрав мар онро ҳама бингарид. 

Бубахшид ҷумла ба эрониён, 

Нишаст аз бари гоҳи шоҳи ҷаҳон. 

НОУМЕД ГАШТАНИ КАЙХУСРАВ 
АЗ ҶАҲОН 

2575 Пурандеша шуд моявар ҷони шоҳ 
Аз он эзадӣ кору он дастгоҳ. 1 

Ҳаме гуфт ҳар ҷой обод бум 
Зи Ҳинду зи Чин-андарун то ба Рум, 2 

Ҳам аз Ховарон то дари Бохтар 
Зи кӯҳу биёбону аз хушку тар 

Саросар зи бадхоҳ кардам тиҳӣ, 

Маро гашт фармони тахти меҳӣ. 

2580 Ҷаҳон аз бадандеш бебим гашт, 
Фаровон маро рӯз бар сар гузашт. 

Зи Яздон ҳама орзу ёфтам, 

Дигар дил ҳама сӯи кин тофтам. 

Равонам набояд, ки орад манӣ, 

Бад андешаду 3 кеши оҳарманӣ. 

Шавам бадкуниш ҳамчу Заҳҳоку Ҷам, 
Ки бо Туру Салм андароям ба ҳам. 


1. И-б. 1-1 15 нест. 

2. Л-б. 1-116 нест; Ин 116 байт дар дигар нусхаҳо низ мавҷуд нест. Ниг. 
Шоҳнома, нашри Теҳрон, ҷилди 5, саҳ. 1400, эзоҳи 3. 

3. Л- бадандешиву. 


442 


Зи як су зи 1 Ковус дорам нажод, 2 
Дигар сӯ зи 3 Турон пур аз кину бод. 4 

2585 Чу Ковусу чун ҷоду Афросиёб, 

Ки ҷуз рӯи кажжӣ надидӣ ба хоб. 

Ба Яздон шавам ногаҳон носипос, 
Ба равшанравон андарорам ҳарос. 

Зи ман бугсилад фарраи эзадӣ, 
Гироям ба кажживу нобихрадӣ. 

В-аз он пас бар он тирагӣ бугзарам, 
Ба хок андарояд сару афсарам. 

Ба гетӣ бимонад зи ман номи бад, 
Ҳамон пеши Яздон саранҷоми бад. 

2590 Табаҳ гардад ин рӯю ранги рухон, 
Бипӯсад 5 ба хок-андарун устухон. 

Ҳунар кам шавад, носипосӣ ба ҷой, 
Равон тира монад ба дигар сарой. 

Гирифта касе тоҷу тахти маро, 

Ба пой андароварда бахти маро. 

Зи ман монда номи баде ёдгор, 

Гули ранҷҳои куҳан гашта хор. 6 

Ман акнун чу кини падар хостам, 
Ҷаҳонро* 7 ба хубӣ биёростам, 


1. ИЛ-рӯ. 

2. ИЛМ -ниё. 

3. ИЛ-чу. 

4. ИЛМ - кимиё. 

5. ИЛМ-Бирезад. 

6. Л-б. 2597 нест. 

7. М-ҷаҳоне. 


443 


2595 Бикуштам касеро, ки боист кушт, 

Ки буд кажжу бо покяздон 1 дурушт. 

Ба ободу вайрона ҷое намонд, 

Ки маншури теғи* 2 маро барнахонд. 

Бузургони гетӣ маро кеҳтаранд, 
Агарчанд бо тахту бо афсаранд. 3 

Сипосам зи Яздон, ки ӯ дод фар 
Бад-ин гардиши ахтару пову пар. 

Кунун он беҳ ояд, ки ман роҳҷӯй 
Шавам пеши Яздон пур аз обрӯй. 4 

2600 Магар ҳам бад-ин хубӣ андар ниҳон 
Фиристодаи комгори ҷаҳон 

Равонам бар он ҷои некон барад, 

Ки ин тоҷу тахти каӣ бугзарад. 

Наёбад касе з-ин фузун ному ком, 
Бузургиву хубиву орому ҷом. 

Шунидему 5 дидем рози ҷаҳон, 

Баду некро 6 ошкору ниҳон. 

Кашоварз бошад в-агар 7 тоҷвар, 
Саранҷом бар марг 8 бошад гузар. 

2605 Ба солори навбат бифармуд шоҳ, 

Ки ҳар кас ки ояд бад-ин боргоҳ, 


1 . ИЛ-роҳи яздон. 

2. М-бахти. 

3. Л-б. нест. 

4. Л-б. нест. 

5. И-расидему. 

6. И-нек аз. Л-нек ҳам. 

7. Л-дидему ҳам; И-дидему гар. 

8. И-хок. 


444 


222 


Сабук бозгардон ба неку сухун, 

Ҳама мардумӣ ҷӯю тундӣ макун. 

Чу ин гуфта шуд, сӯи боғ он замон* 1 
Хурӯшон биёмад кушода миён. 

Зи баҳри парастиш сару тан бишуст, 
Ба шамъи хирад роҳи Яздон биҷуст, 

Бипӯшид пас ҷомаи нав сапед, 
Ниёишкунон рафту дил пурумед. 

2610 Биёмад хиромон ба ҷои намоз, 

Ҳаме гуфт бо довари пок* 2 роз. 

Чунин* 3 гуфт, к-эй бартар аз ҷони пок, 
Барорандаи оташу боду хок, 4 

Нигаҳ дору чанде хирад деҳ маро, 

Ҳам андешаи неку бад деҳ маро. 

Туро то бибошам, ниёиш 5 кунам, 
Абар 6 некуиҳо физоиш кунам. 

Биёмурз карда гуноҳи маро, 

Зи кажжӣ бикаш дастгоҳи маро. 

2615 Бигардон зи ҷонам бади рӯзгор, 

Ҳамон чораи деви омӯзгор. 

Бад-он то чу Ковусу Заҳҳоку Ҷам 
Нагирад ҳаво бар равонам ситам. 

Чу бар ман бубандад 7 дари ростӣ, 

Ба нерӯ шавад кажживу костӣ. 


-Бубаст он дари боргохи каён. 

- нек. 

-Ҳаме. 

4. ИЛ-оташ аз тирахок. 

5. И-Ба донишситоиш; Л-Ба оташ ситоиш. 

6. ИЛ-Бар ин. 

7. ЛМ-бипӯшад. 


445 


Бигардон зи ман девро дастгоҳ, 

Бад-он то надорад равонам табоҳ. 

Равонам бад-он ҷои некон расон, 

Нигаҳ дор бар ман ҳамин достон». 1 

2620 Шабу рӯз як ҳафта бар пой буд, 

Тан он ҷову ҷонаш дигар ҷой буд. 

Сари ҳафтаро гашт Хусрав навон, 

Ба ҷои парастиш набудаш тавон. 

Ба ҳаштум зи ҷои парастиш бирафт, 

Бари тахти шоҳӣ хиромид тафт. 

ПИЖӮҲИШ КАРДАНИ БУЗУРГОН АЗ БОР 
БАСТАНИ КАЙХУСРАВ 

Ҳама паҳлавонони эронсипоҳ 
Шигифте фурӯ монд 2 аз кори шоҳ. 

Аз он номдорони рӯзи набард, 

Ҳаме ҳар яке дигар андеша кард. 

2625 Чу бар тахт шуд номвар шаҳрёр, 

Биёмад ба даргоҳ солори бор. 

Бифармуд, то парда бардоштанд, 
Сипаҳро ба даргоҳ бугзоштанд. 

Бирафтанд бо дасти карда ба каш 
Бузургони аспафкану шерфаш.* 3 

Чу Тусу чу Гударзу Геви далер 
Чу Гургину Бежан, чу Руҳҳоми шер. 


1. Л-роҳусон. 

2. Л-монда. 

3. М-пилафкан. 


446 


Чу Шедушу чун Зангаи Шоварон, 
Фарибурзу Густаҳму номоварон. 1 

2630 Чу диданд, бурданд пешаш намоз, 
Аз он пас ҳама баркушоданд роз, 

Ки шоҳо, далеро, саро, сарваро,* 2 
Ҷаҳондору бар меҳтарон меҳтаро, 3 

Чу ту шоҳ наншаст бар тахти оҷ, 
Фурӯғ аз ту гирад ҳама меҳру моҷ. 4 

Фарозандаи ҷавшану зину* 5 асп, 
Фурӯзандаи фаррух озаргушасп. 

Натарсӣ зи ранҷу нанозӣ ба ганҷ, 

Ба гетӣ зи ганҷат фузун аст ранҷ. 6 

2635 Ҳама паҳлавонон туро бандаем, 
Саросар ба дидори ту зиндаем. 

Ҳама душманонро супурдӣ ба хок, 
Ба гетӣ намондат зи кас тарсу бок. 

Ба ҳар кишваре лашкару ганҷи туст, 
Ба ҷое ки пай барниҳӣ, 7 ранҷи туст. 

Надонем, к-андешаи шаҳрёр 
Чаро тира гашт андар ин рӯзгор. 

Туро з-ин ҷаҳон рӯзи бархурдан аст, 
На ҳангоми тимору пажмурдан аст. 


1. ИЛ-б. 2623 нест. 

2. М-гаво, доваро. 

3. ТПЗ - Аз он гаҳ ки Яздон ҷаҳон офарид, 

Фалак баркашиду замин густарид. 

4. ИЛМ-тоҷ. 

5. М-теғу. 

6. И-б. 2533, 2634 нест. Л-б нест. 

7. И-Ба ҳар ҷойгаҳ кӯшишу. 


447 


2640 Гар аз мо ба чизе биёзурд шоҳ, 

В-аз озори ӯ ҳаст моро гуноҳ, 

Бигӯяд ба мо, то дилаш х(в)аш кунем, 
Пур аз хун руху дил бар оташ кунем. 

В-агар душмане дорад андар ниҳон, 
Бигӯяд ба мо шаҳрёри ҷаҳон. 

Ҳама тоҷдорон, ки буданд шоҳ, 

Бар ин доштанд арҷ тахту кулоҳ, 

Ки то сар 1 ситонанд ё сар 2 диҳанд, 

Чу тарги далерон ба сар барниҳанд. 

2465 Ниҳоне ки дорад, ки гӯяд 3 ба мо, 
Ҳама 4 чораи он биҷӯяд ба мо. 

Чунин дод посух гаронмоя шоҳ, 

Ки «Эй паҳлавонони ҷӯяндароҳ. 

Ба гетӣ зи душман маро нест ранҷ, 
Нашуд низ ҷое пароканда ганҷ. 

На озор дорам зи кори сипоҳ, 

На андар шумо ҳаст марди гуноҳ. 

Зи душман чу кини падар хостам, 

Ба доду ба дин 5 гетӣ оростам. 

2650 Ба гетӣ паи хоки тира намонд, 

Ки мӯҳри нигини маро барнахонд. 

Шумо теғҳо дар ниём оваред, 

Маи сурху симина ҷом оваред. 


1. И-гар. 

2. И-В-агар; Л-агар сар. 

3. ИЛ- бигӯяд. 

4. ЛМ - Ҳамон. 

5. И-деҳиш. 


448 


Ба ҷои хуруши камон ною чанг 
Бисозед бо бодаву бӯю ранг, 

Ки мо ҳарчи боист, барсохтем, 

Зи душман ҷаҳонро бипардохтем. 1 

Ба як ҳафта бар 2 пеши Яздон ба пой 
Бибудам пурандешаву некрой. 3 

2655 Яке орзу дорам андар ниҳон, 

Ҳаме хоҳам аз кирдгори ҷаҳон. 

Бигӯям кушода, чу посух диҳед, 

Ба посух маро рӯзи фаррух ниҳед. 

Шумо пеши Яздон ситоиш кунед, 
Бад-ин кому шодӣ ниёиш кунед, 

Ки ӯ дод бар неку бад дастгоҳ, 
Ситоиш мар ӯро, ки бинмуд роҳ. 

В-аз он пас ҳама шодмонӣ кунед, 

Зи бадҳо равон бегумонӣ кунед. 

2660 Бидонед, к-ин чархи нопойдор 

На парварда донад, на парвардгор. 4 

Ҳаме парварад пиру барно ба ҳам, 
Аз ӯ дод бинему ҳам з-ӯ ситам». 

Ҳама паҳлавонон зи наздики шоҳ, 
Бурун омаданд аз ғамон дил табоҳ. 

Ба солори бор он замон гуфт шоҳ, 
Ки «Биншин паси пардаи боргоҳ. 


1. ИЛМ-2653 нест. 

2. ИМ-ман. 

3. ИЛМ-покрой. 

4. ИЛ-Надонад ҳаме лашкару* шаҳрёр. 
* И-кеҳтару. 


449 


Касеро мадеҳ бор дар пеши ман, 

Зи бегонагон* 1 мардуму хеши ман». 

2665 Биёмад ба ҷои парастиш ба шаб, 

Ба додори доранда букшод лаб. 

Ҳаме гуфт, к-«Эй бартар аз бартарӣ, 
Физояндаи покиву беҳтарӣ, 2 

Ту бошӣ ба мину маро раҳнамой, 

Чу ман 3 бугзарам з-ин сипанҷӣ сарой. 

Ба кажжӣ дилам ҳеч нотофта, 

Равон ҷои равшандилон ёфта. 

ХОНДАНИ ЭРОНИЁН ЗОЛ ВА РУСТАМРО 

Чу як ҳафта бугзашту нанмуд рӯй, 
Баромад басе ғулғулу гуфтугӯй. 

2670 Ҳама паҳлавонон шуданд анҷуман, 
Бузургони фарзонаву ройзан. 

Чу Гударзу чун Туси нӯзарнажод 
Сухан рафт чанде зи бедоду дод. 

Зи кирдори шоҳони бартарманиш, 

Зи яздонпарастону аз бадкуниш 

Ҳама достонҳо заданд аз меҳон 
Бузургону фарзонагони ҷаҳон. 

Падар Гевро гуфт, к-«Эй некбахт, 
Ҳамеша парастандаи тоҷу тахт. 

2675 Аз Эрон басе ранҷ бардоштӣ, 

Бару буму пайванд бугзоштӣ. 


1. М-бегонаву. 

2. -меҳтарӣ. 

3. ЛМ-магар. 


450 


Ба пеш омад акнун яке тира кор, 

Ки онро нашояд, ки дорем хор. 

Бибояд шудан сӯи Зобулситон, 
Саворе фиристӣ ба* 1 Кобулситон. 

Ба Золу ба Рустам бигӯӣ, ки шоҳ 
Зи Яздон бупечиду гум кард роҳ. 

Дари бор бар номдорон бубаст, 
Ҳамоно, ки бо дев дорад нишаст. 

2680 Басе хоҳишу пӯзиш оростам, 

Ҳаме з-он сухан доди ӯ хостам. 

Фаровон шунид, эч посух надод, 
Дилаш хира бинему сар 2 пур зи бод. 

Битарсем, к-ӯ ҳамчу Ковусшоҳ 
Шавад кажжу деваш бупечад зи роҳ. 

Шумо паҳлавонеду донотаред, 

Ба ҳар буданӣ-бар тавонотаред. 

Кунун ҳар кӣ доред покизарой 
Зи Қаннуҷ в-аз Данбару Марғу Мой. 

2685 Ситорашиносони Кобулситон 
Ҳама покроёни Зобулистон. 

Ба Эрон хиромеду бо хештан 
Биёред аз ин дар яке анҷуман. 

Шуд ин подшоҳӣ пур аз гуфтугӯй, 

Чу пӯшид Хусрав зи мо рою рӯй 

Фикандем ҳар гунае рой бун, 

Зи Дастон кушояд ҳаме ин сухун». 


1 . М-Ба пеши сипаҳдори. 

2. И-дидему лаб. 


451 


Суханҳои Гударз бишнид Гев, 

Зи лашкар гузин кард мардони нев, 

2690 Барошуфту андеша андаргирифт, 

Аз Эрон раҳи Систон баргирифт. 

Чу наздики Дастону Рустам расид, 
Бигуфт он шигифте, ки диду шунид. 

Ғамӣ гашту бо номвар Зол гуфт, 

Ки «Гаштем бо ранҷи бисёр 1 ҷуфт». 

Ба Рустам чунин гуфт, к-«Аз бихрадон 
Ситорашиносону ҳам мӯбадон 

Зи Кобул бихону зи Зобул бихоҳ 
Бад-он,* 2 то биёянд бо мо ба роҳ, 3 

2695 Ҳама сӯи Дастон ниҳоданд рӯй, 

Зи Зобул ба Эрон ниҳоданд рӯй. 

Ҷаҳондор бар пой буд ҳафт рӯз, 

Ба ҳаштум чу бифрӯхт гетифурӯз, 

Дари парда бардошт солори бор, 
Нишаст аз бари тахти зар шаҳрёр. 

Ҳама паҳлавонон або мӯбадон 
Бирафтанд наздики шоҳи ҷаҳон. 

Фаровон бибуданд пешаш ба пой 
Бузургони пурдонишу раҳнамой. 

2700 Ҷаҳондор чун дид, бинвохтшон, 

Ба расми каён 4 ҷойгаҳ сохтшон. 


1. И-ранҷу ғам ёру. 

2. М- Ҳаме. 

3. Л-б. 2579 нест; 

ТПЗИ - Шуданд анҷуман мӯбадону радон, 
Ситорашиносону ҳам бихрадон. 

4. расме, ки буд. 


452 


Аз он номдорони хусравпараст, 

Кас аз пой наншасту накшод даст. 

Кушоданд лаб, к-«Эй сипеҳри равон,* 1 
Ҷаҳондори* 2 бододу равшанравон, 

Тавоноиву фарри шоҳӣ турост, 

Зи гил то ба хуршеду 3 * 4 моҳӣ турост. 5 

Ҳам паҳлавонон туро бандаем, 

Ба гуфтору роят сарафкандаем, 6 

2705 Ҳама бандагонем пешат ба пой, 

Ҳама паҳлавонони фархундарой. 

Бад-он то зи мо худ бад-ин боргоҳ 7 
Чӣ омад, ки бар мо бубастӣ ту роҳ? 

Кунун рӯзгоре бар ин баргузашт, 

Дили мо пурозору 8 тимор гашт. 

Гар эдун, ки букшояд ин роз шоҳ 
Бар ин марзбонони гумкардароҳ. 

Агар ғам зи дарёст, хушкӣ кунем, 
Ҳама чодари хок мушкӣ кунем. 

2710 В-агар кӯҳ бошад, зи бун барканем, 

Ба ханҷар дили душманон бишканем. 

В-агар чораи ин барояд зи ганҷ, 
Набинад ба ганҷу дирам низ ранҷ. 


1 . М- К-эй шаҳи мӯбадон. 

2. М-Сарафрозу. 

3. Л-хуршед то бурҷи. 

4. М-хуршед то пушти. 

5. ТПЗИМ - Ҳама буданиҳо ба равшанравон 

Бидонй, бигардон ба дониш забон* 
* И-ҳама ошкору ниҳон. 

6. ИЛ -б. 2704 нест. 

7. Л-пойгоҳ. 

8. ИЛ-пур аз дарду. 


453 




Ҳама посбонони ганҷи туем, 

Пур аз дард, 1 гирён зи ранҷи туем. 

Чунин дод посух ҷаҳондор боз, 

Ки «Аз паҳлавонон наям бениёз, 

Валекин надорам ҳаме дил ба ранҷ, 

Зи нерӯи дасту зи мардону ганҷ. 

2715 На дар кишваре душман омад падид, 

Ки тимори он бад бибояд бидид.* 2 

Яке орзу хост равшан дилам, 

Ҳаме бар дил он орзу нагсилам. 

Бад-ин орзу дорам акнун умед 
Шаби тира то гоҳи рӯзи сапед. 

Чу ёбам, бигӯям ҳама рози хеш, 

Барорам ниҳон карда овози хеш. 

Шумо бозгардед пирӯзу шод, 

В-аз андеша бар дил магиред ёд»! 

2720 Ҳама паҳлавонони озодамард 

Бар ӯ хонданд офаринҳо бадард. 3 

ДАР ХОБ ДИДАНИ КАЙХУСРАВ СУРУШРО 

Чу эшон бирафтанд, бедоршоҳ 
Бифармуд, то пардаи боргоҳ 

Фурӯҳишту биншаст дарбон ба дар* 4 
Ба навмедӣ аз шоҳи пирӯзгар.* 5 


1. ИЛ-дарду 

-кашид. 

■2720 нест. 

-гирён ба дард. 

-Ҳаме буд печону рух ложвард. 


454 


Ҷаҳондор шуд пеши бартархудой, 
Ҳаме хост то бошадаш раҳнамой. 

Ҳаме гуфт, к-эй кирдгори сипеҳр, 
Фурӯзандаи некиву доду меҳр. 

2725 Аз ин шаҳрёрӣ маро суд нест, 

Гар аз ман худованд хушнуд нест. 

Зи ман гар накӯиву гар рафт* 1 зишт, 
Нишасти маро ҷой деҳ дар биҳишт. 

Чунин панҷ ҳафта хурӯшон ба пой 
Ҳаме буд дар пеши бартар Худой. 2 

Шаби тира аз ранҷ нағнуд шоҳ 
Бад-он гаҳ, ки барзад сар аз чарх моҳ, 

Бихуфт ӯву равшан равонаш нахуфт, 
Ки андар ҷаҳон бо хирад буд ҷуфт. 

2730 Чунон дид дар хоб, к-ӯро ба гӯш 
Нуҳуфта бигуфтӣ хуҷаста Суруш, 

Ки «Эй шоҳи некахтари некбахт, 
Бисуда* 3 басе ёраву тоҷу тахт. 

Кунун он чи ҷустӣ, ҳама ёфтӣ, 

Агар з-ин ҷаҳон тез биштофтӣ. 

Ба ҳамсоягӣ довари пок ҷой 
Биёбӣ, дар ин 4 тирагӣ-дар мапой! 

Чу бахшӣ, ба арзониён бахш ганҷ, 
Касеро супор ин сарои сипанҷ. 


1 . М- некӯӣ рафту бисёр. 

2. ЛМ - пеши ҷаҳонкадхудой; И-бар пеши гетихудой. 

3. М- бисудӣ. 

4. ИЛ-бад-ин. 


455 


2735 Тавонгар шави, чунки 1 дарвешро 
Навозиву 2 ҳам 3 * 4 мардуми хешро. 5 

Касе гардад эмин зи чанги бало, 

Ки ёбад раҳо з-ин дами аждаҳо. 

Ҳар он кас, ки аз баҳри ту ранҷ бурд, 
Чунон дон, ки ранҷ аз паи ганҷ бурд. 

Бубахшу ба арзониён бахш чиз, 

Ки эдар намонӣ ту бисёр низ. 

Сари тахтро подшоҳе гузин, 

Ки эмин шавад мӯр аз ӯ бар замин. 

2740 Чу гетӣ бубахшӣ, маёсой ҳеч, 

Ки омад туро рӯзгори басеч. 

Зи Лӯҳросп ояд бад ин сон ҳунар, 
Бад-ӯ деҳ ту шоҳиву тахту камар. 

Чунон чун биҷустӣ зи Яздон ту ҷой, 
Ба бемарг бархезу он ҷо гирой. 

Басе чизи дигар ниҳонӣ бигуфт, 

В-аз он огаҳӣ омад ӯро шигуфт. 6 

Чу бедор шуд ранҷдида зи хоб, 

Зи хай дид ҷои парастиш пуроб. 

2745 Ҳаме буд гирёну рух бар замин, 

Ҳаме хонд бар кирдгор офарин. 

Ҳаме гуфт, агар тез биштофтам, 

Зи Яздон ҳама коми дил ёфтам. 


1. И-бикун марди. 

2. Л-кунӣ шоду. 

3. Ҳама шод кун. 

4. М-кунӣ шодмон. 

5. ТПЗ- Ки бедодгар бугсилад аз ҷаҳон, 

Яке бошадаш ошкору ниҳон. 

6. ИЛМ-б. 2741-2743 нест. 


456 


Биёмад, абар 1 тахти шоҳи нишаст 
Яке ҷомаи нобисуда ба даст. 

Бипӯшиду бар шуд бар он 2 тахти оҷ, 
Ҷаҳондор беёраву тавқу тоҷ. 

АНДАРЗ КАРДАНИ ЗОЛ КАЙХУСРАВРО 

Шашум 3 ҳафтаро 4 Золу Рустам ба ҳам 
Расиданд бе кому дил пур зи ғам. 

2750 Чу эрониён огаҳӣ ёфтанд, 

Ҳама доғдил пеш биштофтанд. 

Чу Рустам падид омаду Золи Зар, 

Ҳамон мӯбадони 5 фаровонҳунар. 

Ҳар он кас, ки буд аз нажоди Зарасп, 
Пазира шуданро барангехт асп. 

Ҳама номдорони зарринакафш 
Бирафтанд* 6 бо ковиёнӣ дурафш. 

Чу Гударз пеши Таҳамтан расид, 
Сиришкаш зи мижгон ба рух барчакид. 

2755 Сипоҳӣ ҳаме рафт рухсора зард 

Зи Хусрав ҳама дил пур аз доғу дард. 

Бигуфтанд бо Золу Рустам, ки «Шоҳ 
Ба гуфтори Иблис гум кард роҳ. 

Ҳама боргоҳаш сипоҳ асту бас, 

Шабу рӯз ӯро надидаст кас. 


1. Л-сари. 

2. ИЛ-биншаст бад. 

3. ИМ-сари. 

4. Л-Паси ҳафтае. 

5. И-ҳама мӯбадон бо. 

6. М-Ҳамон Тус. 


457 


Аз ин ҳафта то он дари боргоҳ 
Кушоянду пӯему ёбем роҳ. 

Ҷуз он аст Кайхусрав, эй паҳлавон, 

Ки дидӣ ту шодону равшанравон. 

2760 Шуда кӯз болои сарви саҳӣ, 

Гирифта гули сурх ранги биҳӣ. 

Надонам, ки чашми бад омад бар ӯй, 
Чаро пажмурид он чу гулбарг рӯй. 

Магар тира шуд бахти эрониён, 
В-агар шоҳро з-ахтар омад зиён? 

В-агар дев бурдаст ӯро зи роҳ, 

Ба якборагӣ кард гетӣ табоҳ». 1 

2765 Бад-эшон чунин гуфт Золи далер, 

Ки «Бошад, ки шоҳ омад аз гоҳ сер. 

Дурустиву ҳам дардмандӣ бувад, 

Гаҳе хушшиву гаҳ нажандӣ бувад. 

Шумо дил мадоред чандин ба ғам, 

Ки аз ғам шавад ҷони хурам дижам. 2 

Бигӯем бисёру пандаш диҳем, 

Ба панд ахтари судмандаш диҳем. 

В-аз он пас ҳар он кас, ки омад зи роҳ, 
Бирафтанд пӯён сӯи боргоҳ. 

2770 Ҳамон гаҳ зи дар парда бардоштанд, 
Бар андозашон шод бугзоштанд. 

Чу Дастону чун Рустами пилтан, 

Чу Тусу чу Гударзу он анҷуман, 


1. ИЛМ-б. 2763-2764 нест. 

2. Л-б. 2767 нест. 


458 


Чу Гургину чун Бежану Густаҳам 
Ҳар он кас, ки рафтӣ 1 зи гурдон ба ҳам. 

Шаҳаншоҳ чун рӯи Дастон бидид, 

Ҳам аз парда овои 2 Рустам шунид. 

Пурандеша аз тахт бар пой ҷаст, 
Бипурсидаш аз ҷою месуд даст. 

2775 Зи донандагон ҳар кӣ буд Зобулӣ, 

Зи Қаннуҷ в-аз Данбару Кобулӣ, 

Якояк бипурсиду бинвохтшон, 

Ба расми меҳӣ ҷойгаҳ сохтшон. 

Ҳамон низ з-эрониён ҳаркӣ буд, 

Бар андозашон пойгаҳ барфузуд 3 . 

Бар ӯ офарин кард бисёр Зол, 

Ки шодон бизӣ, то бувад моҳу сол! 

Зи гоҳи Манучеҳр то Кайқубод 
Аз он номдорон, ки дорем ёд, 

2780 Ҳамон Завви Таҳмоспу Ковуси Кай 
Бузургону шоҳони фархундапай, 

Сиёвуш маро худ чу фарзанд буд, 

Ки бо фарру бо бурзу авранд буд, 

Надидам касеро бад-ин бихрадӣ, 
Бад-ин ному ин фарраи эзадӣ, 

Ки шоҳ асту бодо ҳамеша ба ҷой, 

Ба пирӯзиву мардиву доду 4 рой.* 5 


1 . Л-будӣ. 

2. Л-Ба парда- дар овози. 

3. ТП - Якояк бибурданд пешаш намоз 

Ҳама паҳлавонони гарданфароз. 

4. Л-кому фарҳангу. 

5. М- меҳру. 


459 




Бигашти ҳама руи гети 1 ба дод, 

Ба бозомадан низ пирӯзу шод. 

2785 Чӣ меҳтар, ки пои туро хок нест, 

Чӣ заҳр он ки номи ту тарёк нест?! 

Яке носазо огаҳӣ ёфтам, 

Бад-он огаҳӣ 2 тез биштофтам 3 . 

Аз Эрон кас омад, ки пирӯзшоҳ 
Бифармуд, то пардаи боргоҳ 

Набардорад аз пеш солори бор, 
Бипӯшад зи мо чеҳри худ шаҳрёр. 4 

Ман аз дарди эрониён чун уқоб 
Ҳаме тохтам ё чу киштӣ бар об. 

2790 Бад-он то бипурсам зи шоҳи ҷаҳон 
Зи чизе ки дорад ҳаме дар ниҳон. 

Ситорашиносону кундоварон, 

Зи ҳар кишваре он ки дидам сарон. 

Зи Қаннуҷу аз Дамбару Марғу Мой 
Бирафтанд бо зичи ҳиндӣ зи ҷой. 

Бад-он то биҷӯянд рози сипеҳр, 

К-аз Эрон чаро шоҳ* 5 бубрид меҳр. 

Ба се чиз ҳар кор некӯ шавад, 

К-аз он* 6 тахти шоҳӣ беоҳу шавад. 


1. Л-ту рӯи замон. 

2. И- Чу хира шудам. 

3. ТПЗ- Бигӯем бо шоҳи Эрон ба роз, 
Нашояд, к-аз ӯ роз дорем боз. 

чеҳраи шоҳвар. 

-пок. 

-ҳамон. 


460 


22 


2795 Ба ганҷу ба ранҷу ба мардони мард, 
Ҷуз ин нест оини нангу набард. 


Чаҳорум ба Яздон ситоиш кунем, 
Шабу рӯз ӯро 1 ниёиш кунем, 

Ки ӯй аст фарёдрас бандаро, 

Ҳам ӯ боздорад газояндаро. 2 

Ба дарвеш бахшем бисёр чиз, 

Агарчанд чиз арҷманд аст низ. 

Бад-он то равони ту равшан кунад, 
Хирад пеши ту мағз ҷавшан кунад». 

ПОСУХ ДОДАНИ КАЙХУСРАВ ЗОЛРО 

2800 Чу бишнид Хусрав зи Дастон сухун, 
Яке донишӣ посух афканд бун. 

Бад-ӯ гуфт, к-Эй пири 3 покизамағз, 
Ҳама рою гуфторҳои ту нағз. 

Зи гоҳи Манучеҳр то ин замон 
Наӣ ҷуз беозору некигумон. 

Ҳам он номвар Рустами пилтан- 
Сутуни каён, нозиши анҷуман 

Сиёвахшро парваронанда 4 буд, 

Бад-ӯ некуиҳорасонанда 5 буд. 

2805 Сипоҳе ки диданд кӯполи ӯй, 

Бару* 6 миғфару шерфаш* 7 ёли ӯй, 


1 . ИЛ-пешаш. 

2. Л-б. 2797 нест. 

3. Л-марди. 

4. Л-Сиёвушро парваронид. И-парваронид. 

5. ИЛ-расонида. 

-Сару. 

-пилфаш. 


461 


Басе ҷанг нокарда бугрехтанд, 

Дару дашт тиру камон рехтанд. 1 

Ба пеши ниёкони ман кинахоҳ 
Чу дастури фаррух намояндароҳ. 

В-агар номи ранҷи ту гирам ба ёд, 
Бимонад сухан тоза то сад нажод. 

Зи кирдори хуб ар пижӯҳиш бувад, 
Туро ин ситои ттт накӯҳиш бувад. 

2810 Дигар ҳар чӣ пурсидӣ аз кори ман, 

Зи нододани бору озори ман, 2 

Бигӯям туро ин сухан сар ба сар, 

Ки то ту бидонӣ ҳама дар ба дар.* 3 

Ба Яздон яке орзу доштам, 

Ҷаҳонро ҳаме хор бугзоштам. 

Кунун панҷ ҳафта-ст, то ман ба пой 
Ҳаме хоҳам аз довари раҳнамой, 4 

Ки бахшад гузашта гуноҳи маро, 
Бияфрӯзад ин тира моҳи 5 маро. 

2815 Барад мар маро з-ин сарои сипанҷ, 

Намонад зи ман дар ҷаҳон дарду ранҷ. 6 

Набояд, к-аз ин ростӣ бугзарам, 

Чу шоҳони пешин бупечад сарам. 


1. И-б. 2806. 

2. Л-б. 2810 нест. 

3. М-аё пурҳунар. 

4. Л-б. 2813. 

5. И-Дурахшон кунад тира роҳи; Л-тирароҳ. 

6. ТПЗМ - Зи боғи биҳиштам диҳад хуб ҷой, 

Бувад дар ҳама некиям раҳнамой. 
Л-пас аз б. омада: 

Зи додори довар расидам ҷавоб, 
Суруш омаду гуфт ҳангоми хоб. 


462 


Кунун ёфтам ҳарчи ҷустам зи ком, 
Бибояд басечид, к-омад хиром. 

Саҳаргаҳ маро чашм биғнуд дӯш, 

Зи Яздон биёмад хуҷаста суруш, 1 

Ки барсоз, к-омад гаҳи рафтанат, 
Сар омад нажандиву нохуфтанат. 

2820 Кунун боргоҳи ман омад ба сар, 
Ғами лашкару тоҷу тахту камар». 

Ғамӣ шуд дили паҳлавонон зи шоҳ, 
Ҳама хира гаштанду гумкардароҳ. 

Чу бишнид Зол ин сухан, бардамид, 
Яке боди сард аз ҷигар баркашид. 2 

Ба эрониён гуфт, к-ин рой нест, 
Хирадро ба мағз-андараш ҷой нест, 

Ки то ман бубастам камар бар миён, 
Парастандаам пеши тахти каён, 

2825 Зи шоҳон надидам, ки ин кас бигуфт, 
Чун* 3 ӯ гуфт, моро набояд нуҳуфт, 

Набояд будан эч хамдостон, 

Чу ӯ пеш ронад чунин достон. 

Магар дев бо ӯ ҳамовоз гашт, 

Ки аз роҳи Яздон сараш боз гашт? 

Фаридуну Ҳушанги яздонпараст 
Бад-ин шох ҳаргиз набурданд даст. 


1. Л-б. 2815, 2816-2818 нест. 

2. ТПЗ - Бупечиду рух сӯи эронгурӯҳ, 

Ба дил барфитода зи андӯҳ кӯҳ. 

3. М-ки. 


463 


Бигуям бад-у ман ҳама рости, 

Гар ояд ба ҷон-андарун костӣ. 

2830 Чунин ёфт 1 посух аз 2 эрониён, 

К-аз ин сон сухан кас нагуфт аз каён, 

Ҳама бо туем, он чи гӯӣ ба шоҳ, 

Мабодо, ки ӯ гум кунад расму роҳ. 

НАКӮҲИШ КАРДАНИ ЗОЛ КАЙХУСРАВРО 

Шунид ин сухан Золу бар пой хост, 

Чунин гуфт, к-«Эй хусрави 3 роду рост, 

Зи пири ҷаҳондида бишнав сухун, 

Чу каж оварад рой, посух 4 макун, 

Ки* 5 гуфтор талх аст бо ростӣ, 

Бубандад 6 ба талхӣ дари костӣ. 

2835 Набояд, ки озор гирӣ зи ман 
Аз ин ростӣ пеши ин анҷуман. 

Ба Туронзамин зодӣ аз модарат, 

Ҳам он ҷо буд орому обишх(в)арат. 

Зи як сӯ набера рад Афросиёб, 

Ки ҷуз ҷодувӣ шаб надидӣ ба хоб. 

Чу Ковуси дижхим дигар ниё, 

Пурожанг рух, дил пур аз кимиё. 

Зи Ховар варо буд то Бохтар 
Бузургиву шоҳиву тоҷу камар. 


1. И-дод. 

2. И-Зи. 

3. Л-довари. 

4. Л-фармон. 

5. М-Чу. 

6. Л-зи. 


464 


2840 Ҳаме хост, к-аз осмон бугзарад, 

Ҳамон гардиши ахтарон бишмарад. 1 

Бар он-бар басе пандҳо додамаш, 
Ҳамин талх гуфтор букшодамаш. 

Басе панд бишниду суде 2 накард, 

Аз ӯ бозгаштам пур зи доғу дард. 

Чу бар шуд, нагун андаромад ба хок, 
Бубахшуд бар ҷон-ш Яздони пок. 

Биёмад ба Яздон шуда носипос 
Сари пур зи кину дили пурҳарос. 

2845 Ту рафтиву шамшерзан сад ҳазор 
Зиреҳдор бо гурзаи говсор. 

Чу шери жиён сохта размро, 
Биёростӣ дашти Хоразмро. 

Зи пеши сипаҳ тез рафтӣ ба ҷанг, 
Пиёда шудӣ пеши ҷангӣ 3 Пашанг. 

Гар ӯро будӣ бар ту-бар дастёб, 

Ба Эрон кашидӣ рад Афросиёб. 

Зану кӯдаки хурди эрониён 
Нарастӣ, набастӣ ба кин кас миён. 

2850 Туро Эзад аз дасти ӯ раста кард, 
Бубахшуду рои ту пайваста кард. 

Бикуштӣ касеро, ки буд з-ӯ ҳарос 
Ба додори доранда буд носипос. 


1. И-б. 2839-2840 нест. 

2. И-фармон. 

3. И-пури. 


465 


Чу гуфтам, ки ҳангоми ором буд, 

Гаҳи пӯшишу бахшишу ҷом буд. 

Биёсуд аз ранҷ шоҳу сипоҳ 
Ҳаме тоза дорем ҷон солу моҳ. 1 

Ба Эрон кунун кор душвор гашт, 
Фузунтар бар он дил пурозор гашт. 

2855 Кунун барнаваштӣ раҳи эзадӣ, 

Ба кажжӣ кашидиву роҳи бадӣ. 

Аз ин бад набошад танат судманд, 
Наёяд* 2 ҷаҳонофаринро писанд. 

Гар ин бошад, эй шоҳ, сомони ту, 
Нагардад касе гирди фармони ту. 

Пушаймонӣ ояд туро з-ин сухун, 
Барандешу фармони девон макун. 

В-агар низ ҷӯӣ чунин роҳи дев, 
Бибуррад зи ту фари кайҳонхидев. 

2860 Бимонӣ пур аз дарду тан пургуноҳ, 
Нахонанд аз ин пас туро низ шоҳ. 

Ба Яздон паноҳу ба Яздон гирой, 

Ки ӯяст бар некуӣ 3 раҳнамой. 

Гар ин панди ман сар ба сар нашнавӣ, 
Ба аҳримани бадкуниш бигравӣ, 

Намонад дуруду намонад-т бахт, 

На авранги шоҳӣ, на тоҷу на тахт. 


1. ИЛМ -б. 2853 нест. 

2. М-набошад. 

3. И-Мар бандаро; ЛМ - неку бад. 


466 


Хирад бод ҷони туро раҳнамун, 

Ки роҳи дароз аст пеш-андарун. 1 

2865 Хирадманд бодиву пирӯзрой, 

Ба покӣ бимонод мағзат ба ҷой!» 

Суханҳои дастон чу омад ба бун, 

Ялон баркушоданд яксар 2 сухун, 

Ки «Мо ҳам бар онем, к-ин пир 3 гуфт, 
Набояд дари ростиро нуҳуфт». 

ПОСУХ ДОДАНИ КАЙХУСРАВ ВА ПӮЗИШ 
КАРДАНИ ЗОЛ 

Чу Кайхусрав он гуфти эшон шунид, 
Замоне барошуфту дам даркашид. 

Ба андеша гуфт: «Эй ҷаҳондида Зол, 

Ба мардӣ беандоза бишмурда 4 сол. 

2870 Агар сард гӯям-т дар анҷуман, 

Ҷаҳондор напсандад ин бад зи ман. 

Дигар он ки Рустам шавад дардманд, 

Зи дарди вай ояд ба Эрон газанд. 

Дигар он ки гар бишнавам ранҷи ӯй, 
Фузун ояд аз номвар ганҷи ӯй. 

Сипар карда пешам тани хешро, 

Набуд хобу хӯр з-ӯ бадандешро. 

Х,ама посухатро ба хубӣ кунам, 

Дилатро ба гуфтори бад нашканам. 


1. ЛМ-б. 2864 нест. 

2. И-як-як. 

3. Л-гурд. 

4. ИЛ-паймуда. 


467 




2875 Чунин гуфт Хусрав ба овози сахт, 
Ки «Эй сарфарозони бедорбахт, 

Суханҳои Дастон шунидам ҳама, 

Ки бархонд онро ба пеши рама. 

Ба доранда Яздони кайҳонхидев, 

Ки дурам ман аз роҳу фармони дев. 

Ба Яздон гирояд ҳаме ҷони ман, 

Ки он дидам аз ранҷ дармони ман. 

Бидид он ҷаҳонро дили равшанам, 
Хурӯшад зи бадҳои ӯ ҷавшанам». 

2880 Ба Зол он гаҳе гуфт: «Тундӣ макун, 
Бар андоза бояд, ки ронӣ сухун. 

Нахуст он ки гуфтӣ зи туроннажод 
Хирадманди бедор ҳаргиз назод. 

Ҷаҳондор пури Сиёвуш манам, 

Зи тухми каён шоҳи боҳуш манам. 1 

Набера ҷаҳондор Ковуси Кай, 
Дилафрӯз пурдонишу 2 некпай. 

Зи* 3 модар ҳам аз тухми Афросиёб, 
Ки бо хашми ӯ гум шудӣ хурду хоб. 

2885 Набера Фаридуну пури Пашанг, 

Аз ин гавҳарон худ 4 маро нест нанг, 

Ки шерони Эрон ба дарёи об 
Нашустӣ тан аз бими Афросиёб 


1. ИЛ- руитанам. 

■бо донишу. 

-Ба. 

4. ИЛ-мар. 


468 


Дигар он 1 ки Ковус сандуқ сохт, 

Сар аз подшоҳӣ ҳаме барфарохт. 

Чунин дон, ки андар фузунӣ мани ттт 
Насозанд бар подшо сарзаниш. 

Кунун ман чу кини падар хостам, 
Ҷаҳонро ба хубӣ биёростам. 2 

2890 Бикуштам касеро, к-аз ӯ 3 буд кин, 
В-аз ӯ ҷавру бедод буд 4 бар замин. 

Ба гетӣ маро низ коре намонд, 

Зи бадгавҳарон шаҳрёре намонд. 

Ҳар он кас, ки андеша гардад дароз 
Зи шоҳиву аз давлати дарёз. 

Чу Ковусу Ҷамшед бошам ба роҳ, 
Чу Эшон зи ман гум шавад пойгоҳ. 

Чу Заҳҳоки нопоку Тури далер, 

Ки аз ҷаври эшон ҷаҳон гашт сер. 

2895 Битарсам, ки чун рӯз бар ях кашанд, 
Чу эшон маро сӯи дӯзах кашанд. 

Дигар он ки гуфтӣ, ки бо Шеда ҷанг 
Бароростӣ чун диловар наҳанг, 

Аз он буд, к-аз Эрон надидам савор, 
На аспафкане аз дари корзор, 

Ки танҳо бари ӯ ба ҷанг омадӣ 
Чу рафтӣ ба размаш диранг омадӣ. 


1 . И-Ва дигар. 

2. ИЛМ - пирӯзӣ оростам. 

3. И-ки з-ӯ. 

4. -ҷаврбудӣ ҳаме. 


469 


Ҳаме хор буди ба ҷанги Пашанг, 

Аз Эрон бад-ин ман шудам тезчанг. 1 

2900 Касеро куҷо фарри Яздон бувад, 
Дигар ахтараш низ рахшон 2 бувад. 

Бад-ин панҷ ҳафта, ки ман рӯзу шаб 
Ҳаме б-офарин баркушоям ду лаб. 

Бад-он то ҷаҳондор Яздони пок 
Раҳонад маро з-ин ғаму тирахок. 

Шудам сер аз ин лашкару тоҷу тахт, 
Сабук боз 3 гаштему бастем рахт. 

Ту эй пири фархунда* 4 Дастони Сом, 
Маро дев гуфтӣ, 5 ки бинҳод дом. 

2905 Ба ториву кажжӣ бигаштам* 6 зи роҳ 
Равон гашт бе мояву дил сиёҳ. 7 


1. Л- Ҳама хок будӣ ба ҷанги наҳанг, 

Аз Эрон ба Турон шудам з-ин ба ҷанг. 

2. Л- чандон. 

3. Л-сабукбор. 

4. М-бедори. 

5. ИЛ- гӯӣ. 

6. М-нагаштам. 

7. ТПЗ. - Агар дев бурдӣ маро дил зи роҳ, 

Табаҳ кардаме бештар з-ин сипоҳ. 
Радонро саросар биёзурдаме, 

Гавонро ҳаме хуни дил хурдаме, 
Кашоварзро тухм бубридаме, 

Зи бедод ҳаргиз напурсидаме. 

Бидидй зи ман оташи тез «жанд» 
Надодӣ ба некӣ дилам низ панд. 

Дар оташкада об дарбастаме, 

Тани мӯбадонро ҳаме хастаме. 

Чу ман дурам аз ин ҳама бадхавӣ, 

Ба мину ҳаме раҳ барам аз навӣ. 
Бидонед, к-ин кори ман эзадист, 

На фармони дев асту нобихрадист. 
Надонам бад-инҳо, ки гуфтӣ ба ман 
Чӣ бад бинй, эй Зол, аз хештан. 


470 


Надонам, ки бодафраи эзади 
Куҷо ёбӣ аз рӯзгори бадӣ». 

Чу Дастон шунид ин сухан, тира гашт, 
Ҳама чашмаш аз рӯи ӯ хира гашт. 

Хурӯшон шуд он гоҳу бар пой ҷаст, 
Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи яздонпараст, 

Зи ман буд тезиву нобихрадӣ, 

Туӣ поку фарзонаи эзадӣ. 1 

2910 Сазад, гар бубахшӣ гуноҳи маро, 

Агар дев гум кард роҳи маро. 2 

Маро солиён шуд фузун аз шумор, 
Камар бастаам пеши ҳар шаҳрёр. 

Зи шоҳон надидам, к-аз ин гуна роҳ 
Биҷустӣ зи дидори хуршеду моҳ. 

Кунун гашт Кайхусрав омӯзгор, 

К-аз ӯ дур бодо бади рӯзгор! 

Нахоҳам, ки бошам зи Хусрав ҷудо, 
Хирад бод бар тира ҷонам гуво. 

29 1 5 Фузун аст аз он ранҷ 3 кирдори шоҳ, 

Ба Эрон ба наздики ҳар некхоҳ, 

Ки моро ҷудоӣ бувад орзӯй, 

Аз ин* 4 додгар хусравӣ некхӯй? 


1. Л-2907-2909 нест. 

2. ТПЗ - Аз он буд куҷо ин сухан дар ҷаҳон, 

Набуд гуфта кас аз кеҳону меҳон. 
Кунун гаштам огоҳ, к-он эзадист, 
На аз роҳи оҳарманиву бадист. 

3. Л-ранҷу. 

4. М-ту. 


471 


Суханҳои Дастон чу бишнид шоҳ, 
Писанд омадаш пӯзиши некхоҳ. 

Биёзиду бигрифт дасташ ба даст, 

Бари хеш бурдаш ба ҷои нишаст. 

Бидонист, к-ӯ ин сухан ҷуз ба меҳр 
Набинмуд бар шоҳи хуршедчеҳр. 1 

АНДАРЗ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БА 
ЭРОНИЁН 

2920 Чунин гуфт пас шоҳ бо Золи Зар 
Ки «Акнун бубандед яксар камар. 

Туву Рустаму Тусу Гударзу Гев, 

Дигар ҳар ки ӯ номдор асту нев, 

Саропарда аз шаҳр берун баред, 
Дурафши ҳумоюн ба ҳомун баред. 

Зи хиргоҳу аз хайма чандон, ки ҳаст, 
Бисозед бар дашт ҷои нишаст. 

Дурафши бузургону пилу сипоҳ, 
Бисозед равшан яке базмгоҳ!» 

2925 Чунон кард Рустам, ки Хусрав бигуфт, 
Бибурданд пардасарой аз нуҳуфт. 

Ба ҳомун кашиданд эрониён, 

Ба фармон бубастанд яксар миён. 

Замин кӯҳ то кӯҳ пурхайма буд, 
Сапеду сиёҳу бунафшу кабуд. 

Миён-андарун ковиёнӣ дурафш, 

Ҷаҳон з-ӯ шуда сурху зарду бунафш 


1. Л-2919нест. 


472 


Саропардаи Зол наздики шоҳ 
Кашиданд бар дашт пеши сипоҳ. 1 

2930 Ба дасти чапаш Рустами паҳлавон, 

Зи Кобул бузургони равшанравон. 

Ба пеш-андарун Тусу Гударзу Гев, 
Дигар Бежану гурд Гургини 2 Нев. 

Паси пушт Шопур бо 3 Густаҳам, 
Бузургон, ки буданд бо ӯ ба ҳам. 

Шаҳаншоҳ бар тахти заррин нишаст, 
Яке гурзаи говпайкар ба даст. 

Ба як дасти шаҳ 4 Золу Рустам ба ҳам 
Чу пили сарафрозу шери дижам. 

2935 Ба дасти дигар Тусу Гударзу Гев, 

Чу Гургини Фарҳоду Шопури 5 нев. 

Ниҳода ҳама чашм бар чеҳри шоҳ, 
Бад-он то чӣ гӯяд зи кори сипоҳ. 

Ба овоз гуфт он замон шаҳрёр, 

Ки «Эй номдорони мардони кор, 6 

Ҳар он кас, ки доранд 7 рою 8 хирад, 
Бидонанд, 9 к-ин неку бад бугзарад. 10 


1 . ИЛМ - Барафрохта з-ӯ дурафши сиёҳ. 

2. ЛМ -Чу Гургину Харроду Шопури. 

3. ИЛМ-пушти ӯ Бежану. 

4. ЛМ-дасти ӯ. 

5. Л-Дигар Бежани гурду Гургини; ИМ-Чу Руҳҳому Шопуру Гургини. 

6. ЛМ -беҳрӯзгор. 

7. ЛМ-доред 

8. И-доред хушу. 

9. ИЛ-Бидонед. 

10. ТПЗ- Зи ҳар даст чизе фароз оварем, 

Ба душман супорему худ бугзорем* 

Намонад касе худ ба гетӣ дароз, 

Ки н-омад мар ӯро ба рафтан ниёз. 


473 


Гузаштан кунун беҳ, ки бо лашкарем, 
Набояд, ки бедастгаҳ бугзарем. * 1 

2945 Кунун гов моро ба чарм-андар аст, 
Ки подошу бодафраи дигар аст. 

Битарсед яксар зи Яздони пок, 
Набошед эмин дар ин тирахок, 

Ки ин рӯз бар ҳар касе* 2 бугзарад, 
Замона дами мо ҳаме бишмарад. 

Зи Ҳушанги рад то ба Ковусшоҳ, 

Ки буданд бо фарру тахту кулоҳ, 

2950 Ҷуз аз номи эшон ба гетӣ намонд, 
Касе номаи рафтагон барнахонд. 

Аз эшон басе носипосон буданд, 

Ба фарҷом аз ин бад ҳаросон буданд. 

Чу эшон ҳамон ман яке бандаам, 
В-агарчанд бо ранҷ кӯшандаам. 3 

Бикӯшидаму ранҷ бурдам басе, 
Надидам, ки эдар бимонад касе. 

Кунун ҷону дил з-ин сарои сипанҷ 
Бикандам, баровардам аз дард ранҷ. 


Бад-он гаҳ, ки хам гирадат ёлу пушт, 
Ба чуз бод чизе надорӣ ба мушт. 
Гаронӣ дарояд туро дар ду гӯш, 

На тан монадат бар яке сон, на ҳуш. 
Набинӣ ба чашму напӯӣ ба пой, 
Бигӯӣ ба бонги баланд, эй Худой, 
Маро пеши худ бар ба зудй, на дер. 
Ки гаштам ман аз хоки торик сер. 

* ИЛМ- танҳо 60 якум мавчуд аст. 

1. ИЛМ-б. 2825 нест. 

2. М-мо ҳаме. 

3. И-б. 2832 нест. 


474 


Кунун он чи* 1 ҷустам, ҳама ёфтам, 

Зи тахти каӣ 2 рӯй бартофтам. 

2955 Ҳар он кас, ки дар пеши ман бурд ранҷ, 
Бубахшам бад-ӯ ҳар чи хоҳад зи ганҷ. 

Зи кирдори ҳар кас, ки дорам сипос, 
Бигӯям ба Яздони некишинос. 

Ба эрониён бахшам ин хоста 
Силеҳу ҳамон 3 ганҷи ороста. 

Ҳар он кас, ки ҳаст аз шумо меҳтаре, 
Бубахшам ба ҳар меҳтаре кишваре. 

Ҳамон бадраву бардаву чорпой 
Барандешам, орам шумораш ба ҷой. 

2960 Бубахшам, ки ман роҳро сохтам, 

В-аз ин тирагӣ дил бипардохтам. 

Шумо дасти шодӣ ба хӯрдан баред, 

Ба як ҳафта-андар чамеду чаред. 

Бихоҳед, то з-ин сарои сипанҷ 
Гузар ёбаму дур монам зи ранҷ». 

Чу Кайхусрав ин пандҳо баргирифт, 
Бимонданд гурдон аз ӯ дар 4 шигифт. 

Яке гуфт, к-«Ин шоҳ девона шуд, 

Хирад бо дилаш ҳамчу 5 бегона шуд. 6 


1 . М-ҳарчи. 

2. И-каён. 

3. ЛМ-зару. 

4. Л-гурдони Эрон. 

5. И-сахт. 

6. ТПЗ - Ҷуз ӯ пеш аз ин ин сухан кас нагуфт, 

Ҳар он, к -ӯ хирад дошт бо рой ҷуфт. 
Бузургон бимонданд яксар ғамӣ, 

Зи шодӣ шуда дуру аз хуррамӣ. 


475 


2965 Надонам бар у- бар чи хоҳад расид, 
Куҷо хоҳад ин тоҷу тахт орамид. * 1 

Бирафтанд яксар гурӯҳогурӯҳ, 
Ҳама дашт лашкар буду роғу кӯҳ. 

Ҳама кору гуфтори ӯ эзадист. 

На аз роҳи кажживу нобихрадист. 

Ғави ною овози аспон 2 зи дашт 
Ту гуфтӣ ҳаме аз ҳаво баргузашт. 

Бибуданд, як ҳафта з-ин гуна шод, 
Касеро наёмад ғаму ранҷ ёд. 


Ҳаме ин бад-он, он бад- ин бингарид, 
Мар ин бандро кас надидаш калид. 
Бимонданд сар пеш бар пой- бар. 

Чу девона гаштанд бар ҷой- бар, 
Чунин гуфт Зол он гаҳе дар сухан 
Миёни бузургону он анҷуман. 

1. ТПЗ - Чӣ дорад ба дил номбардор шоҳ? 

Чӣ фармон гузорад ба кори сипоҳ? 

2. ИЛ-мастон. 


476 


ФЕҲРИСТИ ФУСУЛИ ҶИЛДИ ПАНҶУМ 

Достони дувоздах рух. Оғози достон 5 

Дархондани Афросиёб сипоҳро 6 

Фиристодани Кайхусрав Гударзро ба ҷанги турониён 10 

Паём бурдани Гев аз Гударз назди Пирон 18 

Рафтани Гев ба Висагирд ба назди Пирон 24 

Саф кашидани ҳар ду лашкар 27 

Рафтани Бежан ба назди Гев ва разм хостан 35 

Дастурии набард хостани Ҳумон аз Пирон 40 

Разм хостани Ҳумон аз Руҳҳом 43 

Разм хостани Ҳумон аз Фарибурз 47 

Разм хостани Ҳумон аз Гударз 50 

Огоҳ шудани Бежан аз кирдори Ҳумон 56 

Додани Гев диръи Сиёвуш ба Бежан 64 

Омадани Ҳумон ба ҷанги Бежан 69 

Кушта шудани Ҳумон ба дасти Бежан 74 

Шабехун кардани Настеҳан ва кушта шудани ӯ 79 

Ёрӣ хостани Гударз аз Хусрав 85 

Посухи номаи Гударз аз Хусрав 90 

Лашкар оростани Хусрав 95 

Номаи Пирон ба Гударзи Кашвод 99 

Посухи номаи Пирон аз Гударз 108 

Посухи пайғоми Пирон аз Афросиёб 121 

Ёрй хостани Пирон аз Афросиёб 125 

Разми эрониён ва турониён ба анбӯҳ 131 

Разми Гев ва Пирон ва фурӯ мондани аспи Гев 137 

Паймон кардани Гударз ва Пирон ба ҷанги ёздаҳ рух 143 

Сухан кардани Пнрон бо номдорони хеш 153 

Номзад кардани Гударз ва Пирон гавонро барои ҷанги ёздаҳ рух 157 

Ҷанги Фарибурз бо Калбод 163 

Разми Гев бо Гурӯи Зиреҳ 164 

Разми Гуроза бо Сиёмак 165 

Разми Фурӯҳил бо Зангӯла 166 

Разми Руҳҳом бо Бормон 167 

Разми Бежан бо Рӯин 169 

Разми Ҳаҷир бо Сипаҳрам 170 

Разми Гургин ва Андаримон 171 

Разми Барта бо Кӯҳрам 172 

Разми Зангаи Шоварон бо Ахвост 173 


Разми Гударз бо Пирон 175 

Бозомадани Гударз ба назди гавони Эрон 180 

Зорӣ кардани Лаҳҳок ва Фаршедвард бар Пирон 184 

Роҳи Турон гирифтани Лаҳҳок ва Фаршедвард 190 

Рафтани Густаҳм аз паси Лаҳҳок ва Фаршедвард 193 

Рафтани Бежан аз паси Густаҳм 197 

Кушта шудани Лаҳҳок ва Фаршедвард ба дасти Густаҳм 201 

Дидани Бежан Густаҳмро ба марғзор 204 

Дахма кардани Кайхусрав бар Пирон ва сарони Турон 

ва куштан Гурӯи Зиреҳро 209 

Зинҳор хостани турониён аз Кайхусрав 215 

Бозомдани Бежан бо Густаҳм 219 

I [одшохии Кайхусрав. Ҷанги бузурги Кайхусрав бо 

Афросиёб. Андар ситоиши Султон Маҳмуд 224 

Оғози достон. Лашкар оростани Кайхусрав бо Афросиёб 232 

Огоҳӣ ёфтани Афросиёб аз кушта шудани Пирон ва лашкар 

оростани Кайхусрав 241 

Огоҳӣ ёфтани Кайхусрав аз омадани Афросиёб ба ҷанги ӯ 252 

Омадани Пашанг наздики падар Афросиёб 254 

Пайғом фиристодани Афросиёб ба наздики Кайхусрав 259 

Посух фиристодани Кайхусрав ба Афросиёб 266 

Посух фиристодани Кайхусрав Афросиёбро 271 

Разми Кайхусрав бо Шеда - писари Афросиёб 274 

Кушта шудани Шеда бар дасти Хусрав 281 

Разми ду лашкар ба анбӯҳ 285 

Ҳазимат шудани Афросиёб 295 

Фатҳнома навиштани Кайхусрав ба Ковус 297 

Расидани Афросиёб ба Гангдиж 298 

Гузаштани Хусрав ба Ҷайҳун 301 

Разм кардани Кайхусрав бори дигар бо Афросиёб 305 

Паноҳ гирифтани Афросиёб дар Гангбиҳишт 309 

Номаи Афросиёб наздики фағфури Чин 315 

Омадани Кайхусрав пеши Гангдиж 317 

Омадани Ҷаҳн бо пайғоми Афросиёб назди Кайхусрав 320 

Посух додани Кайхусрав Ҷаҳнро 326 

Разми Кайхусрав бо Афросиёб ва гирифта шудани Гангдиж 332 

Гурехтани Афросиёб аз Ганг 338 

Зинҳор додани Хусрав Афросиёбро 340 

Панд додани Кайхусрав эрониёнро 346 

Номаи Кайхусрав ба Ковус ба навиди фирӯзӣ 348 

Огоҳӣ ёфтани Кайхусрав аз омадани Афросиёб бо лашкари фағфур 351 

Номаи Афросиёб ба Кайхусрав 354 

Ҷанги эрониён бо турониён 357 

Шабехун кардани Афросиёб бар Кайхусрав ва шикаст ёфтан 359 

Расул фиристодани хоқони Чин назди Кайхусрав 366 


Баргузаштани Афросиёб аз оби Зиреҳ 368 

Фиристодани Кайхусрав бандиён ва ганҷ назди Ковус бо нома 372 

Посухи номаи Хусрав аз Ковусшоҳ 379 

Пайғом фиристодани Кайхусрав наздики фағфури Чин 

ва шоҳи Мукрон 381 

Разми Кайхусрав бо шоҳи Мукрон ва кушта шудани шоҳи Мукрон 385 

Гузаштани Кайхусрав аз оби Зиреҳ 391 

Расидани Кайхусрав ба Ганг 395 

Бозгаштани Кайхусрав аз Гангдиж сӯи Сиёвушгирд 398 

Бозгаштани Кайхусрав аз Турон ба Эронзамин 405 

Бозомадани Кайхусрав ба назди ниё 408 

Гирифтор шудани Афросиёб бар дасти Ҳум аз нажоди Фаридун 413 

Гурехтани Афросиёб аз дасти Ҳум 417 

Омадани Ковус ва Хусрав наздики Ҳум 421 

Гирифтор шудани Афросиёб бори дувум ва кушта шудани 

ӯ ва Гарсеваз 424 

Боз омадани Ковус ва Хусрав ба Порс 429 

Мурдани Кайковус 431 

Раҳо кардани Кайхусрав Ҷаҳнро аз банд ва додан 

подшоҳии Турон ӯро 434 

Ноумед гаштани Кайхусрав аз ҷаҳон 442 

Пижӯҳиш кардани бузургон аз борбастани Кайхусрав 446 

Хондани эрониён Зол ва Рустамро 450 

Дар хоб дидани Кайхусрав Сурушро 454 

Андарз кардани Зол Кайхусравро 457 

Посух додани Кайхусрав Золро 461 

Накӯҳиш кардани Зол Кайхусравро 464 

Посух додани Кайхусрав ва пӯзиш кардани Зол 467 

Андарз кардани Кайхусрав ба эрониён 472 


"АХТАРОНИ АДАБ" (СИЛСИЛА) 
ИБОРАТ АЗ 50 ҶИЛД 


Ҷилди 7 


Абулқосим Фирдавси 

ШОҲНОМА 

Ҷилди V 


Муҳаррири ороиш 
Муҳаррири 
саҳифабандӣ 
Мусаҳҳеҳон 

Тарроҳ 

Ҳуруфчинони 

компютерӣ 


Р. Шерали 

М. Саидова 
А. Хоҷаев ва 
Т. Одинаева 
Ф. Раҳимов 

Ш. Мирзоева 
С. Воҳидова 
Р. Атоева 


Ба матбаа 04.08.2008 таҳвил гардид. Чопаш 22.09.2008 ба 
имзо расид. Коғази офсет. Чопи офсет. Ҳуруфи адабӣ. Ан- 
дозаи 60x90 ‘/ . Ҷузъи чопии шартӣ 30,0. Адади нашр 5000 нус- 
ха. Супориши №79/08. 

Нашриёти "Адиб"-и Вазорати фарҳанги 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734018, ш. Душанбе, 
кӯчаи Неъмат Қаробоев, 17а. 


Дар матбааи нашриёти «ЭҚ02)» чоп шудааст. 

734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36. 

Тел.: 221-95-43. Е-таП: е|’оёйг@таЦ.ги . 

18В^ 978-99947-32-84-5